пятница, 24 августа 2012 г.

АЗ МАН ХОТИРҶАМЪ БОШЕД


Дар тарабхона занони зиёде, ки гўё бозорро кўчонда оварда бошанд, ба якдигар навбат надода, гап мезаданд ва мехўрданду менўшиданд. Занги телефони дастии яке баланд шуд. Вай, ки дар тан либосҳои гаронбаҳо  дошт ва ғарқи тилловорӣ буд, норозиёна аз ҷой хеста, бо ҷуссаи ҷуволмонандаш чанд касро аз ҷой хезондаву курсиҳоро афтонда, ба як гўшаи камғавғотари тарабхона рафт ва тугмачаи телефонашро пахш карда, тўтӣ шуд:

РАСМУ ОДАТИ НАМЕШУДАГӢ


Дар тарабхона тӯй ба охир расиду чизҳои зиёде, ки ба рўбинони арўс афтода буд, дар як мошини алоҳида ба хонаи домод оварданд. Аз рўи табиати зотӣ модари домод  чизу чораҳои рўбинонро бетоқатона аз назар мегузаронд. Дар паҳлӯи ӯ дугонааш – меҳмони хориҷа низ буд: ки имшаб меҳмон мешуд. Вай аз ин чизҳои зиёд ба ваҷд омада, аз дугонааш пурсид:
          --Ҳамаи инҳо тўҳфаанд?
          --Ҳа, - бо ғурури тўйдорона гуфт дугонааш, - расму оини мо ҳамин хел. Рўзи тўй келинро одамони тарафи арўсу домод, рўбинони мекунанд. Дар ин вақт ҳам пул медиҳанду ҳам тилловорӣ. Ҷевону шкаф, қолину палос, яхдону, чангкашак, видеову телевизор ва дигар чизҳо меафтад.

ХУДО ДИҲАМ ГЎЯД...


Рўи дастархон пур аз нозу неъмат буд. Вале зеби асосии дастархон - шишаи арақ ба чашм наменамуд. Меҳмон ҳамаи онҳоро тамошо мекард, вале ба чизе даст намебурд. Соҳиби хона аз рўи таомул муроот кард:
 --Канӣ, марҳамат. Шарм надоред.
 -Раҳмат, амакҷон, мегирем, - гўён меҳмон ҳамон ба чизе даст дароз намекард. - Ҳавлию ҷоятон олиҷаноб будааст, илоҳо насиб кунад.

АЗ ПУЛЧАСПОНӢ ЧӢ ФОИДА?


--Э монед-е! Ман шуморо як ҷўраи ҷонии нағзам гўям, дупула одам набудед?!
          --Чаро ин хел мегўед, ҷўраҷон? Арзан барин камбудие содир карда бошам, аз як қошуқ хунам гузаред. Мани сарсахт боз чӣ гуноҳе кардаам, ки ба таги борони таънаву маломати шумо мондам?
          --Тўй дар ёдатон?
          --Албатта, хабар кардед, ҳазору як кору ташвиш дошта бошам, ки барои ҳурмату эҳтироми шумо аз баҳри ҳамааш баромада, ба тўй рафтам. Аз аввал то охир шиштам. Бемалол, хўрдаву нўшида, дам гирифтам.

ТЕЛЕФОНИ ЗЎР


Ҷавони олуфтанамое дар автобус рост меистод ва аз телефони дастиаш сурудҳои хориҷӣ мешунавид. Телефони ў қариб дар баробари гўши мўйсафеди зиёинамое, ки дар курсии автобус менишаст, баробар меомад ва ўро нороҳат месохт.
          Мўйсафед сабру таҳаммулро пеша кард. Вай гумон дошт, ки ҷавон ё телефонашро мекушад ва ё мефарояд. Вале гумонаш хато баромад. Ҷавон на мефаромаду на телефонашро мекушт. Асабҳои мӯйсафед ба дод омаданд. Вай аз рўи ҳурмату эҳтиром кинояомез  бо мулоимат пурсид:

ЮБИЛЕЙ


 --Хайр, мардакҷон, юбилей чӣ хел гузашт?! -- Мард нав  аз ҷашн баргашта, акнун дар хона  либос иваз мекард, ки зан ҳамчун прокурори хонагӣ ба пурсуҷў даромад. -Рўи дастархонашон зўр буд? Ба хўроки якумаш гўҷа кашиданд, ё мастова?
          --Не, маърўза.      
          --А? Маърўзааш боз чӣ хел хўроки навбаромад будааст?
          --Маърўзааш хўрок не, сафсаттаи хушку холӣ.
          --Вай ман мурам? Набошад ба юбилей ҷеғ зада, бо гапҳои хушку холӣ зиёфат карданд?! Хайр, дуюмаш чӣ буд?

ҶОНВАРИ БИҲИШТӢ


          Раиси ферма барои хабаргири ба бошишгоҳ омад. Ду гўсфанд даруни боғчаи назди бошишгоҳ мечарид.
          --Ин гўсфандҳои кӣ? - ғазабаш ҷўшида дод зад раис. -Чаро дар даруни боғ сар дода мондаанд?
          --Надонам? - китф дарҳам кашид ҷавоне, ки аз одаму олам бехабар буд. -Мумкин гўсфандҳои сардор бошад.
          --Сардор шох надорад. Ин ҷо боғи очакалонаш не, ки гўсфандпоӣ кунад. Симчўб барин нигоҳ карда мешинӣ?! Ниҳолҳоро маиб накарда, зада аз боғ пеш кун! - ба ҷавон ғазабомез нигариста, фармон дод фермер.
  

КАМ-КАМ МУМКИН


          --Саломатӣ - гавҳари ноёб, - баъди муоина гуфт духтур ба беморе, ки дар палата мехобид.
-Онро эҳтиёт кардан даркор.
          --Барои ғамхориҳоятон раҳмат, духтур, - миннатдорӣ баён кард бемор. -Шумо душмани беморӣ, ман тарафдори саломатӣ, хулоса мақсадамон як. Хайр, барои саломатӣ кам-кам нўшидани ман мумкин аст?.
          --Кам-кам мумкин, вале танҳо не.
          --Бо кӣ мумкин, духтурҷон?
          --Бо ман. Чунки касал шавед, боз худам табобат мекунам.
         

МУСАЛЛАСИ ЗЎР


Ду кас дар роҳ мерафтанд. Яке мардеро дида, бо эҳтиром салом дод ва дурудароз аҳволпурсӣ кард.
          --Ин ягон бойбачаи даҳонкалон буд, ки ин қадар меҳратон тофта, дуру дароз аҳволпурсӣ кардед? - пурсид ҳамроҳаш.
          --Не.
          --Набошад, мансабдор будааст-дия. 
          --Не, одами оддӣ. Боғу ток дорад.
          --Як одами оддӣ будаасту чаро ин қадар тавозўву илтифот кардед?
          --Вай дар хонааш мусалласи зўр дорад.

ПИСАРИ ШЕФ


Дар роҳи калон мошине муқобили ҳаракати роҳ босуръат пеш меомад. Ба ранги сурхи светофор эътиборе надод, кампири раҳгузареро қариб мезад. Бо вуҷуди он суръаташро суст накарда, аз болои хатти яклухта роҳ ба сўи нозире, ки дар канори роҳ навбатдорӣ мекард, омад. Садои мусиқии радиояш аз ҳад баланд буд. Одамоне, ки ин кору рафтори ўро медиданд, сад фоиз боварӣ доштанд, ки тамом, ҳозир инспектор вайро дошта, онаи зорашро аз Учқўрғон нишон медиҳад, ин хел мошинрониаш аз биниаш баромада, камаш ду-се сол пиёда мегардад.

КАСБИ ХУБ


          Бо вуҷуди пур будани автобус ронанда дар ҳар қадам истода, одам мегирифт. Дар сари роҳ баъзе одамон даст бардоштан не, ҳатто гўш хоранд, ки мошинро нигоҳ медошт. Касеро дар қади роҳ бинад, ба умеди савор шуданашон мошинро суст мекард. Автобус, ки сангпуштвор пеш мерафт, одамон асабонӣ мешуданд. Чанд нафар аз ин гуна баднафсии ронанда ба танг омада, эрод гирифтанд.
          --О мо ҳам дигар чӣ кор кунем? - пинакашро вайрон накарда, ҷавоб медод ронанда. -Бензин қимат, нархи балонҳо дар осмони ҳафтум, аккумлятор ба як сол хизмат накарда, аз кор мебарояд. Боз план калону пассажирҳо кам. Планро буд накунем, бегоҳ ба гараж роҳ намедиҳанд. Шумо ҳам фаҳмед, охир мо зану бача дорем, дар хона чириққос зада, роҳи маро поида шиштаанд. Онҳоро хўрондану пўшондан даркор...

КОРАШ НАҒЗ БАРИН


--Эргашҷўраат дар куҷо? Кай боз наменамояд, - пурсид яке аз шиносаш.
--Э бахти вай хандидагӣ, вай ҳозир дар Америка, - ҷавоб дод ошнояш.
-Ўҳ-ҳў, қанд занад. Хурўси йигитҳо ҳамин хел мешавад-дия. Ё шаҳри бузург рав, ё кўҳи баланд, гуфтаанд. Кораш вадаванг бошад, ба таги доллар ғўтидагист?
--Намедонам, амак, худаш чӣ кор карда истоданашро нагуфт. Вале баъзе ҳолдонҳое, ки дар ҳамон ҷо будаанд, мегўянд, ки ба як пиракии шали ноҷунбон нигоҳубин мекунад. Кораш нағз барин, ки аввал зану бачаҳояшро ҷеғ зада гирифт, ба қарибӣ бошад, модараш ҳам рафтанд.
  

КИТОБИ ФАЧ


          --Ин китобро бинед, ака, фачу лач. Дар об маза ҳасту дар ин - не. Ин хел китобҳоро ягон кас мехонда бошад?
          --Албатта, мехонад.
          --Кӣ?
          --Ҳеҷ кас набошад, ки муҳарриру мусаҳҳеҳ мехонад.
          --Хайфи вақт, ҳайфи нури чашм, ҳайфи каллаи бечора. Аҷаб аҳмақ будаанд онҳо.
          --Не, онҳо барои хонданашон пул мегиранд.
          --А? Ин хел бошад, аҳмақ ман будаам, ки ҳам пул дода ин китобро харидааму ҳам вақту нури дида сарф карда хондаам?

ПОЙГОҲ ПЕШГОҲ МЕШАВАД


          --Аз боло гузаред, акаҷон, ҷои шумо ин ҷо не.
          --Шумо ташвиш накашед. Барои ман ҳамин ҷо ҳам мешавад. Меҳмонӣ пойгаҳу пешгоҳ надорад.
          --Шумо одами калонсол, акаҷон, ҳурмату иззататон баланд. Дар дунё субурдинатсия гуфтани гапҳо ҳаст. Мувофиқи синну сол, обрўву эътибор ҷои шумо аз пешгоҳ.
          --Пешгоҳ ё пойгоҳ чӣ фарқ дорад? Ҳама ҷо як ҷо.
          --Не, акаҷон, пешгоҳ нағз. Шумо меҳмон охир! Мо шуморо ҳурмату эҳтиром мекунем...
          --Агар маро ҳурмату эҳтиром кунед, арақу кабобро оварда, дар пеши ман монед. Анна он вақт пойгаҳ ҳам пешгоҳ мешавад!