среда, 6 августа 2014 г.

ДАР СОҲИЛИ ДАРҒАМ


(Қисса)
            Мӯйсафед аз сари ҷойнамоз хест. Онро ба шохи чормағз меовехт, ки қиёфаи зане дар болои пули Дарғам ба назар расид. Дар ин бевақтии рӯз дар болои кӯпрук касе пайдо намешуд. Аз ин кӯпруки кӯҳна ҳоло қариб, ки касе намегузарад. Вале аз болои кӯпруки нав, ки каме болотар сохтаанд, одаму мошинаҳо қатор.  Агар роҳгузаре мебуд, албатта наистода, ғарқи фикру андешаҳои худ гузашта мерафт. Ҳатто ба тарафи чапу росташ нигоҳе намекард. Аз чунин одам баъди ба манзил расиданаш пурсед, ки оби Дарғам кам ё бисёр аст, ҷавоби аниқе дода наметавонист.
            ‒ Аз болояш гузаштаму вале ба ҳаминаш эътибор надодаам, - бо мақсади худро сафед кардан нимғурма мегуфт вай.
            Вале он шабеҳе, ки мӯйсафед аз дур дуруст дида наметавонист, аввал ба панҷараи кӯпрук наздик шуд. Аз байни панҷараҳои чӯянин ки қариб ба сари синааш баробар меомад, ба наҳр нигарист. Боз чанд қадам гузошт. Баъд панҷараи чӯянии пурнақшу нигори пулро дошта – дошта, қариб ба чоряки аввали болои пул расид. Боз ба қаъри наҳр назар афканд. Пул аз худи Дарғам тахминан 20 – 25 метр баландтар ҷойгир шуда буд.