пятница, 27 марта 2015 г.

ПИРАЗАНИ ФАРРОШ, НАБЕРАИ Ӯ ВА КАЙКАК



            Дар як корхонаи калон пиразане фаррош шуда кор мекард. Наберааш ҳамроҳи ӯ рафта, ба корҳояш ёрӣ мерасонд. Вазифаи ӯ дар байни коргарони он аз ҳама паст бошад, ки кору ҷунбуҷӯлаш аз ҳама зиёд буд. Вай ба кор аз ҳама аввал омада, аз ҳама охир мерафт. Аз пагоҳии барвақт ба рӯфтану тоза кардани роҳраву долонҳо, хонаҳои кори ходимон, маҷлисгоҳ, қабулхонаву кабинети сардор машғул мешуд. Фаршҳоро мешуст, хонаи тортонакҳоро мерӯфт, мизу курсиҳоро пок мекард ва хасрӯбаю қоғазмайдаҳоро ба партовҷо бурда, мепартофт, ки рӯз бегоҳ мешуд. Ба болои ин баъзе коргарҳои беинсоф ба ӯ корҳои худро мефармуданд, ки пиразан «не» гуфта наметавонист. Баъзеҳо кору хизматҳои ӯро қадр мекарданд:
            − Беҳуда азоб накашед, холаҷон. Зарур шуда монад, ҷойи корамонро худамон рӯбучин мекунем. Ба гарду ғубор дуо рафтагӣ: бо рӯфтану шустан ҳеҷ тамом намешавад. Беҳтараш камтар шишта нафас рост кунед. Як пиёла чой            нӯшед. Набераатон ҳам дам гирад.

ХАЗИНАИ БЕПОЁН



            Дар як замоне дар як маконе бойе буд. Вай ҳамин тавр як бойи оддӣ не, бойи бадавлату басарвате буд. Боғу токзори бепоён, замини кишти беҳадду ҳудуд ва моли беҳисобу китоб дошт. Ӯ бар замми бойи бадавлату басарват буданаш ҳамчун як шахси дасткушоду саховатманд ном бароварда буд. Ба таги дараш беваю бечорагон, гадою ғарибон оянд, ки ноумед шуда намерафтанд. Барои кор мардикорони бисёре низ меомаданд. Бойи бадавлату басарват мувофиқи хоҳиш ва қудрату тавони ба онҳо кор мефармуд. Бегоҳ рафтан нахоҳанд, дар хонааш ҷой медод. Барояшон рӯзе се маҳала хӯрокҳои ишкамсерӣ тайёр мекард. Як рӯз, як ҳафта, як моҳ, як сол истода кор кардан хоҳанд, ки бойи бадавлату басарват кордор намешуд. Ихтиёри ҳар мардикор дар дасти худаш буд. Рафтан хоҳанд, ба пеши бойи бадавлату басарват омада, ҳаққи хизматашонро талаб мекарданд. Бойи бадавлату басарват ҳам дар додани музди хизмат сахтакӣ намекард. Ба хӯрокворӣ, либосворӣ ё пулу мол эҳтиёҷ дошта бошанд, ҳатто аз чашмдошти мардикорон бештар медод. Баъзе мардикорҳо ҳатто соҳиби бузу гӯсфанд ва гову асп мешуданд.

ПОДОШИ АМАЛ



            Буд набуд, як ятимписараке буд. Падару модараш дар хурдсолии ӯ аз олам чашм пӯшида буданд. Вай яккаву танҳо дар як кулбаи аз падару модараш меросмонда зиндагонӣ мекард.
            Писарак бо азобу машаққат рӯз мегузаронд. 14–сола шуда бошад, ки бисёр корҳо аз дасташ меомад. Либосҳои танаш садҳо дарбеҳ дошта бошанд, ки дар қафаси синааш дили софу беғубор ва пур аз меҳру садоқат ҷӯш мезад. Масалан, вай дар кулбааш як бурда нони қоқашро ба оби косаи нимшикаста тар карда хӯрда истодааст. Ҳамин вақт саг ё гурбаи гуруснае пайдо шавад, дилаш ба ҳолаш месӯхт. Гуруснагии худаш аз ёдаш мебаромад ва ҳамон як бурда нони нимхӯрдаашро ба саг ё гурба медод.

ҲУНАР – КОНИ ЗАР



            Буд набуд як Малахаки сиёҳ буд. Вай тӯю сурро дӯст медошт. Чунки дар ин хел рӯзҳо ҳама шодиву хурсандӣ мекунанд. Ҳофизон бо  савту суруд тӯйҳоро тафсонда, бо мардум завқу хушҳолӣ мебахшанд. Барои суруду мусиқӣ бошад, карнаю сурнай, доираву думбак ва ғиҷҷаку рубоб зарур аст. Малахак мехост, ки ҳамин хел асбобҳо созад ва ҳама навохта, хурсандӣ кунанд. Аҳдаш, ки қатъӣ буд, вай ба сохтани асбобҳои мусиқӣ сар кард. Вале сохтани онҳо кори осон набуд. Дар он гирду атроф ягон устои ин соҳа набуд, ки аз вай ёд гирад. Бинобар ҳамин, аз рӯйи донишу тасаввуроти худ қуттичаи доирашаклеро ёфта, аз он доира месохт. Аз ҳар ҷойи қамиши лаби дарё сӯрох карда, ҳамчун най менавохт. Бо чӯбаке ду тор баста, ба рӯйи торҳо нохун мезад. Чӣ қадаре кӯшиш накунад, овози асбобҳои сохтааш табъи дилаш намешуданд. Малахаки сиёҳи санъатдӯст онҳоро вайрон карда, аз сари нав ба сохтан медаромад.

БОЙБОБО



            Буд набуд як бойи бадавлате буд. Ончунин давлатманде буд, ки ба ҳисоби пулу молҳояш худаш сарфаҳм намерафт. Бинобар ҳамин, ҳама ӯро «Бойбобо» мегуфтанд.    
            Бойбобо аз молу мулк ва давлату сарват ҳама чиз дошту фақат фарзанд – не. Чанд сол пеш занаш ҳам мурда буд. Пулу бойигарӣ ва ғулому хизматгорони зиёде, ки дошт, аз дасти ӯ бисёр корҳо меомад. Вале бо вуҷуди он пеши роҳи пиршавии худро гирифта наметавонист. Ҳазорон тангаи тиллоӣ сарф кунад, ки илоҷи ҷавонтар шудан надошт. Хулосаи гап, вай мурдан намехост.
Ҳар сол, ки мегузашт, як хиште аз умри Бойбобо кам мешуд. Вай бо чоҳи ғаму андӯҳ меғӯтид. Аз фикру андешаҳои бисёр шабҳо хобаш намебурд. Чӣ кор карданашро намедонист. Барои аз касе маслиҳат пурсидан бошад, шарм медошт.

ТАХТИ МОДАР



Ҷавонписаре бо модари пираш дар як кулбаи тангу торе мезист. Барои ба воя расидани ӯ кампир чӣ қадарҳо азоб кашидааст, нағз медонист. Бинобар ҳамин, ба хизмати модараш аз таҳти дил миён баста, ҳар як талабу хоҳиши ӯро бо дилу ҷон иҷро мекард. Худро ба теғу табар мезад, ки ба домани модараш гарде нашинад, ҳар чизеро, ки дилаш хоҳад, хӯраду пӯшад. Ӯ гоҳо ба модараш мегуфт:
− Ман барои шумо, модарҷон тахте сохта, ба болои он шинонда мемононам, ки дар охири умр бо роҳату фароғат зиндагӣ кунед, аз ягон чиз камбудие надошта бошед.
− Тахт барои ман чӣ даркор, бачем?! – мегуфт модари пираш. – Тахт зеби подшоҳон аст.

ЧОРМАҒЗИ ҶОНСАХТ



            Дарахти чормағз ҳосили зиёде кард. Байни онҳо як Чормағзеи ҷонсахте буд. Вай пӯсту пӯчоқ ва думчаи ғафсе дошт. Бо гузашти рӯзҳо ҳосили чормағз пухт. Соҳиби боғ он дарахти чормағзро ба ходаи дарозе афшонд, вале он чормағз ба замин нарехт.
            Ҳаво хунук гашта, шамолҳои тунду тез вазид. Вале зӯри шамол ҳам ба он Чормағзи ҷонсахт нарасид. Баргҳо тамоман рехта, дарахти чормағз урён гашт. Он Чормағзи ҷонсахт дар шохи дарахт яккаву танҳо монд.

ҶОНПАЙВАНД



            Ҳар сол тирамоҳ соҳиби як хонадон токҳои воишашро мебурид. Навдаҳои беҳосили токро қайчӣ карда, шохҳои хубу серҳосилашро мемонд.
            Ин тирамоҳ ҳам ӯ токҳои воиши рӯйи ҳавлиашро бурид. Ҳатто як шохе, ки нарангушт барин ғафсӣ дошт ва ҳар сол ҳосили хубе мекард, саҳван ба ҷойи навдаи муфтхӯри беҳосил бурид. Аз ҷойи буридааш дошта кашид. Вале шоху навдаҳои дигар, ки ба якдигар часпида буданд, ба кашиад гирифтан имкон надоданд. Онҳо чун додару хоҳарони ҷонӣ аз якдигар ҷудо шудан намехостанд.
            − Хайр, − гуфт худ ба худ соҳиби ток. – Сонӣ гирифта мепартоям.
Вале баъд гирифта ба замин партофтани он навдаи буридааш аз ёдаш баромад.
            Мағз–мағзи ҷони он навдаи бурида, ки дард мекард, ба оҳу нола даромад. Ҷойи буридааш ғарқоби хун шуда, чак–чак ба замин мечаккид. Фақат хуни ток сурх не, сафед буд.

МУШКИ АНБАР



Бачаҳо аз ҳама бештар рӯзи таваллуди худро дӯст медоранд. Бесаброна фаро расидани он рӯзро интизор мешаванд. Як соли дароз интизор мешаванду он ҳамагӣ дар як рӯз барпо мегардад ва худи ҳамон рӯз ба охир мерасад. Афсӯс мехӯранд, ки чаро зодрӯзи одам соле се-чор маротиба неву ҳамагӣ як бор аст? Кош ҳар рӯз зодрӯзашон мебуд ва онҳо дар ҳалқаи дӯсту ҷӯраҳояшон онро ботантана ҷашн мегирифтанд. Дилгир нашав, ҷони бобо, оғози афсонаам дароз шуд. Гапи мӯйсфедон бисёр мешавад-дия, акнун ҳаракат мекунам, ки суханам кӯтоҳтар шавад.
Дар рӯзи таваллуди Ҷовид  ҷӯраҳояш ҳар хел тӯҳфа бахшиданд. Дар паси мизи орододаи модараш нишаста, хӯрок хӯрданд, шарбатҳои ширину гуворо нӯшиданд. Мазаи торти калони сеқабатаро чашиданд. Баъди ду-се соати нишастан, сӯҳбат кардан ва рақсидану бозидан ҳама шоду мамнун ба хонаҳои худ рафтанд.

БОЙЧЕЧАК



Буд набуд дар ҳақиқат, дар як замонҳои хеле қадиме буд. Дар рӯи замин ҷамъияти ибтидои қабилавӣ ҳукмронӣ менамуд. Одамон мисли ҳозира хона надоштанд. Онҳо дар ғорҳо ё ҷару баландиҳо сарпаноҳ сохта, зиндагонӣ мекарданд. Аз як қабилаи бузург танҳо ду нафар -  набера ва бибии ӯ аз чанголи аҷал раҳо ёфта буданд ва ҳар рӯз онҳо барои зинда мондан мубориза мебурданд. Афсонаи  имрӯзаи мо, ана дар бораи ҳамин Кампиру Писарак аст, асали бобо. 
       Кампир бо пухтупаз машғул буд. Ӯ барои худ ва набераи азизаш хӯрок мепухт ва ҳоло чашм ба дег медӯхт.