воскресенье, 14 августа 2022 г.

ДАРАХТИ ХУШКИ ОЛБОЛУ

 (Ҳаҷвия)

Як дарахти олболуи рӯйи ҳавлӣ  хушк шуда буд. Ҳар рӯз ба он чашмам афтад, дилам хира мегашт. Дарахти хушк хосият надорад. Чанд сол боз канда, ба ҷояш ниҳоли дигаре шинонданӣ мешаваму ҳеҷ не, ки вақт расад. Ин саҳарӣ -  рӯзи истироҳат барвақт аз хоб хестам, ки ҳамин корро ба ҷо меорам. Ва аз ҷоғу манаҳи занак, ки “ҳамин корро имрӯз-фардо гуфта, ба қафо мепартоед”, мегӯяд, ҷонам халос мешавад.

Пас аз нонушта сару либостҳои “ҷангӣ”-ро ба бар кардам. Ба поям мӯзаро пӯшида, ба сарам рӯймолча бастам. Бо ғайрати ҷӯшон ба майдони ҳарбу зарби меҳнат – ба берун баромадам.

ҚАНДАША ХӮРАД!

 Шоҳназар махлуқи аҷоиб ул-хилқат! Бӯқаламун дар пеши вай номаъқул кунад. Як корҳое аз дасташ меояд, ки ақли ману шумо дар сад сол ҳам ба онҳо намерасанд.

Гап бемисолу далел мисли оши  бенамак фачи бемаза мешавад. Барои исботи суханон мисол биёрем. Масалан, мо дар маъракае нишастаем. Дар мо чӣ бисёр? Гап! Дар рафти гапфурӯшӣ ягон нафар ҳатман маддаи дилашро, яъне масалан, мекафонад, ки ду-се сол боз писарча ва ё набераашро ба ягон боғчаи престижний монда наметавонад.

ТӮҲФА БАРОИ ХУДАМ

 (Ҳаҷвия)

 Ҳар сол дар арафаи Соли нав дилам хонаи ғаму андӯ мешавад. Фикри тӯҳфаву ластовез аз чор тараф ба мани сарсахт ҳуҷум мекунанд. Ҳар сол ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор ба гирифтани тӯҳфаҳои солиавӣ одат кардаанд, падарқусурҳо, интизор мешаванд. Нафристам ё набарам, баъд худашон шарм надошта, гила ҳам мекунанд.

-Ҳамон чорта савғотиҳои солинавӣ худаш ҳеҷ гап не, вале ин ҳам як нишонаи меру муҳаббати одамгарӣ аст. Аз мо дареғ надоред, ягон ҷоятон кам намешуд...

воскресенье, 21 февраля 2021 г.

ПУЛ

 Ҳаҷвия

Акнун аз автобус фаромаданӣ будам, ки дар ҷойи нишастгоҳи худ чашмам ба як даста пул афтод. Гӯё як бағал пул ёфта бошам, оҳиста онро ба киса задам.

Аз автобус фаромада мамнун ба сӯйи хона чорхез задам. Дар дилам ид ҳукмрон буд. Охир ман пул ёфтам! Муфтакак, бе ҳеч як душворӣ ва меҳнат! Ин хел бахт ба ҳар кас ҳам муяссар намешавад.

“Ана, акнун занак аз норасоии пул ғурунгӣ кунад, - аз дил гузаронидам,- бо ҳамин пул ба даҳонаш мезанам, ки миёнаш шиканад!”

ҲУСНИ БОЗОРГИР

 Ҳаҷвия

-Туф-туф, чашм нарасад, духтарҷон, ҳусну ҷамолат бозоргир. Ман ин гапҳоро барои хушомадзанӣ намегӯям, ки пагоҳ-фардо соҳиби ягон мансаби калоне шавӣ, ба ман ёриат мерасад? Не! Ин дар ҳақиқат, ҳамин хел аст. Бӯйи ояндаи дурахшонатро ман ҳамчун брокерҳои беҳамтои соҳаи мансабёбӣ аллакай ҳис карда истодаам. Дар ин бобат ман оламу боз камтари дигар таҷриба дорам. Ба худат бовар накунӣ, ки ба ман дусад фоиз бовар кун. Ҳа, ба шарофати ман чӣ қадар одамон соҳиби мансабу ҷой шуданд, ҳадду ҳисоб надорад.

ҒУЛОМИ ЗАН

Дар айни авҷи базм занак нихта кард:

 -Ҳӯ ана ба он мардаки рӯ ба рӯ зеҳн монед. Чӣ қадар ба занаш меҳрубон аст. Гули рӯйи дастархонро  ба пеши занаш мегузорад.

Аз доноии он мард қоил шуда, зуд ба вай пайравӣ кардани  шудам:

-Азизам, ман аз вай дида, даҳчанд бештар туро дӯст медорам, - агар дар базм набошем, ҳатман як мушт ба пешонаам мезадам. – Мана аз ин гӯшти яхнӣ хӯр. Ҳозир фантаи хунукак ҳам рехта медиҳам. Дилат чизе хоҳад, як  ба ҳамон нигар, ман зуд дар пешат муҳайё мекунам.

БАР ПАДАРАКИ ИН НАФС ЛАЪНАТ

 Ба назди молҳо равам, ба умеди хӯрок додани ман ба сӯям меҳрубонона менгаранд.

Бардурӯғ “ту-ту” гӯям, мурғҳо ба наздам давида омада, маро ҳалкқасон печонида мегиранд.

Ба замин хам шавам, сагу гурбаҳо ба як санг роҳ мегурезанд.

Аз хона баромада, ба таъзия рафта истода бошаму ягон кас пурсад, ки ба куҷо меравам, ба “тӯй” гӯям, боварт мекунад.