пятница, 26 июня 2026 г.

СИРРИ ОШПАЗИИ МАН

 (Ҳаҷвия)

Рӯзи истироҳат  бо ҷӯраҳо аз назди хонаамон мегузаштему мани нодон як даҳон гуфтам, ки дароед, як пиёла чой мекунам. Аслан, ин таклифи ман аз рӯйи таомули миллӣ буд. Дар ин хел вақтҳо ҳамроҳон мувофиқи одат, “ташаккур, насиб бошад ягон рӯзи дигар” гуфта, бояд монда мерафтанд. Не, падарқусури ҳамкорон таклифи маро рост пиндошта, “ҳозир” гуфтанд. Аъзамҷон мошинашро дар канори роҳ гузошт. Ҳамкорони шилқин дарозу кӯтоҳ шуда, пешопас ба ҳавлӣ даромаданд. 

СЕҲРИ СУХАН

             Мо ба тӯй мерафтем. Амакам мошинро мепарронд. Худаш дар паси рулу ҳушаш ба куҷоҳое сайр мекард. Ба вуҷуди он, даҳонаш дам намегирифт. Ман дар паҳлӯйи амакам аз тарсу воҳимаи ба ягон ҷо рафта назадан зери лаб ҳазору як бор «аузу биллоҳ»-ро гаштаву баргашта такрор мекардам.

            Ногоҳ нозири роҳ аз паси дарахте пайдо шуд ва бо ишорачӯбаш канори роҳро нишон дод.

            -- Худо зад! – аз дил гузарондам. – Ана акнун ҷазоятон медиҳад!

ПИРӢ НАҒЗ

 (Ҳаҷвия)

   Пирӣ нағз. Баъде ки одам пир шуд, ба нафақа мебарояд. Баъзеҳо вақти ба нафақа баромадан юбилей ташкил мекунанд. Юбилей ин репетитсияи пешакӣ барои мурдан не, юбилей ин - зиёфатхӯрӣ.  Фақат аз аввал то охири зиёфат соҳибҷашнро таърифу болобардор кардан шарт. Дар ин хел рӯзҳо, албатта, маддоҳон зиёд мешаванд. Ҳама ба воситаи таърифу болобардориҳои худ тамоми  он чизҳое, ки мехӯраду менӯшад, бояд ҳалол кунад.

ОЙТИМУЛЛО

                                                          (Ҳаҷвия)

-Ойтимуллом чӣ хел?

Саволро бинед. Вақте ба кор меомадам, як ҷавонзани ситорахунук набурдаву наоварда чунин савол дод. Зуд фаҳмидам, ки аз тарафи “немисҳо” - ягон ҳамсояи давраи духтарии янгаатон. Боз ба “ойтимулло” гуфтанаш сӯзам? Янгаатон синфи ҳафтро базӯр тамом кардаасту он кас “ойтимулло” будаанд?! Садқаат  шавам, Худоё, ба ин занҳои мо баъде, ки ҳусну ҷамол додӣ, фаҳму фаросатро ҳам дареғ надорӣ намешуд?! Бо як саволаш диламро шаби ялдои зимистон кард-е! Охир кӯр набошад, бо чашмони сараш намебинад, ки ба кор аз ҳама барвақт омада, аз ҳама охир меравам. Дар корхона гузаронидани рӯзҳои дамгирӣ ҳам ҷавоби тайёри саволаш нест? Мисли барфҳои қуллаҳои кӯҳи Эверест сафед шудани мӯйҳои сарам,  як илик ба косахонааш чӯкидани  чашмонам аз чӣ хел будани ойтимуллояш дарак намедиҳад?.. Худоё, вай чашм ё пешонӣ? Кай ақли шумо медорояд, ки савол надода, ҷавобашро ёбед?!

ОБИ ХОЛӢ

 -- Ака, кирои хӯрдан одам арақи нағз хӯрад. Ҳамту не?

-- Ҳамту.

--Ҳозир мо ягон касро мефиристем. Аз ҳамон арақи зӯраш харида мебиёрад. Номаш «Асалин» Шишааш ҳам антиқа. Худи шишаашро мебинеду ошиқи шайдо мешавед. Шиша не, асари нодири санъат.

МО АҲМАҚЕМ

   Нафси мо ганда. Хӯроки муфту сергӯштро бинем, мурдаамонро ба болояш мепартоем. Ончунон яклунҷаву дулунҷа мезанему хоидаву нахоида фурӯ мебарем, ки то кекиртакамон меояд. Ишкам, ки пур шуд, кори меъда даҳчанд зиёд ва ҳазми таом душвор мегардад.

  -Барои ҳазми таом! – мегӯему аз болояш мева ё шириниҳоро ҳам ба воситаи гулӯ ба қаламрави шикамба равона мекунем.

  Ҳӯрт-ҳӯрт нӯшидани чойи талху заҳар ҳам таъсир накунад, мисли ҷиниҳо қаду бари кӯчаҳоро ҳамчун заминченкунҳо ба ченкунӣ оғоз менамоем.

МАХЛУҚИ НОСЕРАМ

             Ба бегонаҳо ёрӣ медиҳам? Вале ба хешу табор барои пуле додан раги дастам мекашад?! Садақаи сар гуфта, ба ту ҳам ягон чиз диҳам?! Албатта, хешамон медиҳам! Танга як тараф истад, аз он калонтарашро ҳам доданам мумкин. Пул, хешамон, аз ту зиёд не. Вай меҳмон барин гап. Имрӯз дар кисаи ман, пагоҳ дар кисаи ту. Ҳамаро ҷинӣ карда, мисли турист аз як киса ба кисаи дигар даромадаву баромада, дар рӯйи олам чарх зада мегардад. Вале ман одами дурдандеш. Болои уштур савор набошам, ки дурашро ҳам дида метавонам.