(Ҳикояи ҳаҷвӣ)
Ман ба баъзе мардҳо ҳайронам. Афту сумоташон одамбашара
бошад, ки дар асл девонатабиатанд. Ба ноомадҳои корашон занашон гунаҳкор
барин, бо ҳар гуна сабабу баҳонаҳои беҳуда қасдашонро аз онҳо мегиранд. Ҳамсари
бечораашонро дар паҳлӯи сафедори кӯча бинанд, ки рашк бурда, ғурбат
мебардоранд. Баъзан аз ҳад гузаронида, мушту лагадашонро ҳам ба кор мебаранд.
Ин ҷангу ҷанҷолҳои онҳо ба қаҳру ситеза, суду судбозӣ ва ҳатто хонавайронӣ
оварда мерасонад. Э, хомкаллаҳои ношуду ноӯҳдабаро-е! Худо мардро нимта
офаридааст. Бо ҳамсараш яктои бутун мешавад. Одам нисфи худаша худаш чӣ хел
мезанад?! Бе занҳо, ки рӯзи мардҳо нагузарад, ҳазору як роҳи ҳаёти оилавии
беҷангу ҷанҷол вуҷуд дорад.