воскресенье, 2 июня 2019 г.

Нарзи даст


(Ҳаҷвия)

Ассалому алайкум, ҳаммаатон нағз-мӣ? Сиҳату саломат ҳастетон-мӣ? Бисёр интизор кардем аз афташ?! Ҳеҷ гап не, дер ояду шер ояд мегӯянд. Худо ба шумо меҳмони нав дод: аз таҳти дил ҳамекатона табрик мекунем. Писарча! Дадаи бача ҳамин ҷо? Падарарӯсу модарарӯс, хоҳару авсунҳо, қудоҳо… Э шумо ҷудо кам-ку. Хайр, шоҳписар муборак шавад! Писар ин тоҷи сари падар. Хурсанд шавед. Шумо марди Хоҷаи Хизр назаркарда будаед. Қалпоқатона ба осмон партофта, дошта нагиред. Ҳа, ба ин хел шараф ҳар кас ҳам мушарраф намегардад…

Меҳмонхона


(Ҳикояи ҳаҷвӣ)

Барои одам хушбахтии бузург соҳиби хонаву ҷойи алоҳида шудан аст. Ба мани бечора ҳам чунин бахти бузургро Худо насиб гардонд. Соҳиби замин шудаму ба хонасозӣ миён бастам.
- Неку бади одамро ба чор иқлими олам меҳмонон овозаву дарвоза мекунанд, - пеш аз оғози корҳои бетонрезӣ фикри мӯътамади худро пешниҳод кард ҳамсари оқилаву донои ман. – Дар қатори дигар чизҳо як меҳмонхонаи хушрӯякак ҳам сохтан лозим. Вай музей барин хушрӯву дилкаш бошаду як кас даромада ояд, одам шарм надорад.
Ин таклифи ҳамсари дурандеши худро напазируфтан гуноҳи азим буд. Охир меҳмониравию меҳмондорӣ ҷону дилам. Ба ягон ҷо меҳмон шуда равед ҳам, зиёфат мехӯреду меҳмоне ба хонаатон қадам ранҷа намояд ҳам, ишкаматонро хурсанд мекунед. Аз ҳама ҳам, вақте ки хешу табори ҳамсаратон меҳмон шуда ба хонаатон оянд, базми ҷамшедӣ барпо мегардад. Дар ин хел рӯзҳо аз забони ҳамсаратон шаҳду шакар меборад, бонуи хонадон дар меҳмондорӣ Ҳотами той мешаванд.