воскресенье, 19 июня 2016 г.

ЛАТИФАҲО


ЯК ГУФТ-ДИЯ
            -- Ҷӯраатон ин қадар «ба хона дароед», «хӯрок тайёр», «садта–садта мекунем» гуфту шумо надаромадед? – пурсид яке аз ошнояш.
            -- Вай ҳамин хел як гуфт-дия. Ба ҳамаи гапи одамон бовар кардан лозим не.
            -- Барои чӣ?
            -- Чунки худи ман ҳам ҳамин хел. Асосе надошта бошад, ки ҳар хел гапҳоро гуфтан мегирам.  

РӮЗҲОИ ҲАФТА
            Марде шахси дурӯғгӯйеро шарм дорондани шуда, аз ӯ пурсид:
            -- Бародар, ман медонам, ки ҳозир бе гапи дурӯғ зиндагӣ карда намешавад. Росташро гӯед, ки шумо кадом рӯзҳои ҳафта дурӯғ намегӯед?
            -- Мебахшед, ин хел рӯз нест. Тамоми ҳафта рӯзҳои Худо, ба хафа кардани ягон рӯзи он дилам намешавад.


ТАЛОҚ
            -- Рафиқон, маро маҷбур накунед, ман дигар арақ наменӯшам. Ба талоқ доданам як моҳ шуд.
            -- Э қанд занед! Ана мешудааст - ку! Акнун умуман ба даҳон намегиред?
            -- Албатта, арақа не. Лекин ман ҳозир ба коняк гузаштагӣ.

ҚАРЗ
            -- Вай марди савдогар хеш ё ошноят аст, ки ин қадар ба вай саломативу барори кору бозорашро хостӣ?
            -- На хешу на ошно, вале дигар илоҷ надорам. Вай муттаҳам аз ман қарздор аст. Ҳамеша дуои нек мекунам, ки илоҳо саломат бошаду корҳояш пешрав шаванд ва зудтар қарзи маро диҳад.
           
ҲУРМАТУ ЭҲТИРОМ
            -- Чаро одамони бою бадавлатро ҳама ҳурмату эҳтиром мекунанду донишмандони бузургро не?
            -- Чунки дониши онҳоро мисли давлату сарвари одамони бой бо чашм дида намешавад.                 

ОБИ ҲАЁТ
            Набера аз бобояш пурсид:
            -- Бобо арақ неши касофат асту ҳамаи арақхӯрҳо касал шуда мемуранд мегӯед-а?
            -- Ҳа.
            -- Охир ин гапатон дурӯғ будааст - ку.
            -- Чаро ту ин хел мегӯйӣ, ҷони бобо?
            --Охир Мӯҳсинамак пагоҳи барвақт бо асо лангон–лангон ба шаҳр мераванд. Дар он ҷо арақа зада, бегоҳӣ асояшонро бозӣ доронда меоянд. Арақаш оби ҳаёт барин будааст - дия!
КИТОБ
            -- Китобро хонам, намефаҳмам.
            -- Ин нағз-дия, бештар китоб харед.
            -- Барои чӣ?
            -- Одам китобро барои нафаҳмидан не, барои фаҳмидан мехонад.

ФИШОРИ ХУН
            Меҳмон пас аз хӯрдани кабоби гӯшти гӯсфандӣ аз чой рӯ гардонд. Дилаш қаҳваи талхи бешакар хост ва пурсид:
            -- Ҳозир яктоӣ қаҳва занем, фишори хун баланд мешавад-а?!
            Соҳиби хона хӯрдани як табақ гӯштбирёни меҳмон ва лесидани таги табақро ба хотир оварда, гуфт:
            -- Фишори хуни шуморо намедонам, вале қаҳва нанӯшида ҳам, аллакай фишори хуни ман баланд шуд!

САБАБИ ХУШМУОМИЛАГӢ
            -- Бозорчиҳо аз ҳад зиёд хушмуомилаанд. Шуморо бо чеҳраи кушод пешвоз мегиранд, аввалин шуда салом медиҳанд, чизе нагиред, миннатдор месозанд, ки аз нағз–нағзаш баркашида доданд. Боз ба халтача андохта, ба дастатон медиҳанд, ки бардошта бурданатон осонтар шавад.
            -- Ҳа, хушмуомилагиву ширинзабонии онҳо бесабаб не.
            -- Сабабаш чист?
            -- Пула додед, акнун дафъ шавед! Ман боз дигаронро фиреб доданам даркор аст!    

МОҲОНААМ НАМЕРАСАД
            Чанд нафар аз назди ошхонаи моҳипазӣ мегузаштанд. Моҳиҳои калон – калон дар пеши деги моҳипазӣ овезон буданд. Нархашон ҳам ба чашм мерасид.
            Яке гуфт:
            -- Моҳиҳои олиҷанобе будааст. Моҳонаро гирам, ягон рӯз бо аҳли оила омада, як шикамсерӣ моҳихӯрӣ мекунем.
            Дигаре гуфт:
            -- Вале ман ин корро дар сад сол ҳам карда наметавонам.
            -- Барои чӣ?
            -- Барои он ки аз ҳад қимат аст. Моҳонаам намерасад.

КАЛОНГАПӢ
            Марде дар байни ду гап ба Толибҷон ташаккур мегуфт, изҳори миннатдорӣ мекард. Яке аз маъракашинон аз ҳампаҳлӯяш пурсид, ки Толибҷонаш кист ва ин мард ин қадар ӯро таъриф мекунад.
            Марди ҳампаҳлӯ, ки ҳолдон буд, хандида, дар ҷавоб гуфт:
            -- Толибҷон писараш аст. Вай ба ӯ мошин харида додаасту ҳоло калонгапии вай аз паси ҳамон писараш мебошад!

МУАММОИ ГЛОБАЛӢ
            Ҳозир ягон муаммои ҳалнашаванда нест. Тамоми проблемаҳоро бо пул ҳал кардан мумкин аст. Фақат ёфтани пули калон муаммои глобалӣ шудааст.
           
МАБЛАҒИ БАРЗИЁД
            Мудири ошхонае ба як ошнояш шикоятомез гуфт:
            -- Пешиниҳо як чарх зада ҳам намеоед. Хӯрокҳои мо ҳам бад не. Ё назаратон намегирад?
            --Не-е, ин хел нагӯед. Фақат ҳозир ба беморхона афтода, ба табобат гирифтан маблағи барзиёд надорам.

БӮЙИ АРАҚ
            Зане баъди бӯсобӯс аз дугонааш маҳрамона пурсид:
            -- Шумо ҳам арақ менӯшед?
            -- Не, чӣ буд?
            -- Аз шумо доимо бӯйи арақ меояд.
            -- Шавҳарам менӯшанду аз ман чаро бӯйи арақ меояд, худам ҳам ҳайрон?!

МАСТ МЕШАВАМ
            Марде бо рӯзноманигори шиносаш рӯ ба рӯ омада, ҳазломез гуфт:
            -- Ҳамин газетаатонро ба даст гирам, маст мешавам.
            -- Аз хондани хабару мақолаҳои зӯраш?
            -- Не, аз бӯйи арақаш. Аз афт, ҳамаатон менӯшед, ки бӯяш ҳатто аз газета фах зада, одамро гаранг мекунад!

ХУЛОСАИ ДУРУСТ
            Марди майзадае як рӯз худ ба худ андешид: ҳар рӯз сарам гиҷу баъзан дилам хала мезанад. Бар замми инҳо пойҳоям дард мекунанд. Гумон кардам, ки ҳамааш аз арақхӯрӣ аст. Се рӯз нанӯшидам. Тағйироте ба амал наомад: ҳамон сарам гиҷу дилам хала мезанад ва пойҳоям дард мекунанд.
            Ва ӯ ба хулосае омад, ки арақ нӯшад  – нанӯшад, ки аҳволаш мисли пештара аст, боз ба нӯшидан қарор дод. 

ФОТЕҲАХОНӢ
            Баъди сад - сад кардани дӯстон яке гуфт:
            -- Эшонбобо мурдаанд-дия. Як фотеҳахонӣ ҳам нарафтем.
            -- Чаро ҳаминро барвақттар нагуфтӣ?! Арақ намехӯрем, як сари қадам ба фотеҳахонӣ мерафтем…
            -- Арақ хӯрдем, нағз-дия! Агар намехӯрдем, мурдани Эшонбобо ҳам ба хотирамон намеомад.

ЯК ПИЁЛА
            -- Ака, гиред, як пиёлааш ҳеҷ кор намекунад. Шумо натарсед. Дар роҳ милитсаҳо доранд, ман худам ҷавоб медиҳам.
            -- Хайр, чӣ гуфта ҷавоб медиҳед?
            -- Дурӯғгӯ - душмани Худо. Ман росташро мегӯям, ки шумо ҳамагӣ як пиёла арақ нӯшидед!

ДӮСТДОРИ МОДАРАРӮС
            Дар як маърака кампире ба ҳампаҳлӯяш таъриф кард.
            -- Як келинчак ба якуним миллион сӯм барои модарарӯсаш ҳалқа харида додааст. Ана дӯстдори модарарӯсҳо ҳам будаанд.
            -- Ҳа. Фақат он аз ҳисоби нафақаҳои худи модарарӯсаш.
            -- Ин ҳам нағз-дия. Ҳар кас ҳам ин хел корро намекунад.
            -- Рост. Фақат келинаш вақти бахшидан гуфтааст, ки ҳалқаро рӯзи тӯйи наберааш ба гӯши духтараш гузаронад.

ДАРДИ ИШКАМ
            Марде, ки аз дӯкони самбӯсапазӣ дирӯз самбӯса хӯрда буд, имрӯз барои бурдан самбӯса гирифт:
            -- Самбӯса маъқул шуда, имрӯз ба бачаҳоятон ҳам мебаред? – пурсид самбӯсапаз.
            -- Не, ба ҷӯраҳо. Муттаҳамҳо, ин қадар самбӯсаҳои шуморо таъриф карданд. Ҳоло барои ҳамонҳо самбӯса мебарам. Акнун онҳо ҳам хӯрда, як дарди ишкам шаванд.

ЖУРНАЛИСТҲОИ ХАСАКӢ
            -- Ба журналистон нӯшидан намезебад. Шумо доимо нӯшида мегардед, айб нест?
            -- Не. Журналистҳои ҳақиқӣ менӯшанд.
            -- Баъзеҳоро дидам, ки умуман наменӯшанд!
            -- Онҳо журналистҳои хасакӣ!

ДОЛЛАР ЁБЕД
            Ҷӯгизане аз назди марде дур намешуд. Дӯлчаи ҳазорӯсфандаш ба чапу рост алвонҷ додаву ҳама ҷоро дуду дудғола карда, садақа мепурсид.
            -- Э шумо занаки хира бедуд-ку! – норозиёна гуфт мард ва яксӯмаро аз киса бароварда, ба ӯ дароз кард. – Ман гиред, пагоҳӣ аз кӯча ёфта будам.
            Ҷӯгизан пулро гирифта истода, иллатомез гуфт:
            -- Худатон ҳам як одами бетолеи ношуд будаед-дия! Кирои ёфтан долларашро ёбед намешуд?!

ОРЗУИ ХОМ
            Яке аз дӯсташ дилсӯзона пурсид:
            -- Худоё, ягон рӯз ҳушёр гаштани шуморо дидан мумкин аст?
            -- Хафа нашавед, ҷӯраҷон, ин орзуятон, аз афташ, то мурдани ман ҷомаи амал намепӯшад.

БУЗУРГӢ
            -- Устод, шумо дар мақола ва баромадҳоятон доимо таъкид мекунед, ки мо ба қадри бузургон баъди сари онҳо мерасем.
            -- Дуруст. Интиҳои умри бузургон ибтидои шӯҳрати онҳост.
            -- Шумо ҳам бузургед, устод. Фақат мо инро ҳозир намефаҳмем.

САДТА – САДТА
            Дӯстон бо якдигар вохӯрданд.
            --Аз аҳволи молу ҳолат намепурсам. Ба мошину добу дастгоҳат коре надорам. Ҳавливу ҷоят ҳам ба роҳи худаш…
            -- Чаро?
            -- Чунки онҳо чизи асосӣ не.
            -- Хайр, чизи асосӣ чист?
            -- Саломатӣ! Ман аз саломатиат мепурсам. Чунки саломатӣ барои инсон бойигарии асосӣ аст! Акнун рафтем, ба саломатии сари якдигар садта–садта занем.

ҲУРМАТИ МӮЙИ САФЕД
            -- Ба хаёл ғӯтида, суръати мошинро саҳл баланд бардоштаам, ки нозири роҳ нигоҳ дошт. Ҷавони нағз будааст. Мӯйи сафеди сарамро ҳурмат карда, ҷарима наситонд.
            Ҷӯрааш ин гапҳои ӯро шунида, гуфт:
            -- Нағз–ку! Агар кал мебудӣ, вой бар ҳолат будааст-дия!

ДАНДОН
            Шахсе духтарча бедандонеро дида пурсид:
            -- Ҳа, дандонатро муш хӯрд?
            -- Не, акаам бо сараш зад.

ТАНБАЛ
            Муаллим: Чаро одамони ҷамъияти ибтидоӣ гӯштро хом мехӯрданд?
            Талаба: Танбал буданд. Барои пухта хӯрдан хушашон намеомад.   

ГУЛ ВА ПУЛ
            -- Чаро мухлисон бо ҳурмату эҳтиром ба ҳофизон гудаста мебахшанду онҳо гулро назарногирона ба ягон гӯшаи саҳна мепартоянд?
            -- Э ҳаминро ҳам намедонед! Охир онҳо аз гул дида, пулро бештар дӯст медоранд!

ПАЙ НАМЕБАРАД
            -- Бобо, бобо, медонед, ман калон шавам, кӣ мешавам?
            -- Не, ҷони бобо, кӣ мешавӣ?
            -- Артисти дастаи хор.
            -- А?! Чаро?
            -- Чунки дар байни 40–50 кас ман суруд нахонам, ҳеҷ кас пайхас намекунад.

ГАПИ РОСТ
            -- Шумо дурӯғчӣ-е! Ягон бор гапи рост гуфтанатонро нашунидам.
            -- Барои гуфтани гапи рост ягон кас пул надиҳад, дигар чӣ кор кунам?!

БАНКЕТ
-- Чаро дар бораи рисолаи номзадии унвонҷӯ, ки ҳама хому хатал ва ба ду пули пучак намеарзад, ягон кас хеста танқид намекунад?
-- Ҷим-е, нодон! Баъди маҷлиси ҳимоя банкет аст. Танқиду айбҷӯйи пас аз банкет сар мешавад.

ОДАМИ НАҒЗ
            -- Ҳамин ҳамсояаамон бисёр одами нағз–дия.
            -- Чӣ хел нағз?
            -- Салом диҳед, алейк мегирад.

МАЙНААШОН БАНД
            -- Ҳозир панду насиҳатҳои пирон ба ҷавонон таъсир намекунад. Сад бор гӯед, ки аз як гӯшашон даромада, аз гӯши дигираш баромада меравад.
            -- Чунки ҳушу ёди онҳо ҳамеша ба пул ё ишқу ошиқӣ банд аст.

      ПЕШРАВИИ КОР
            -- Мебахшед, ман имрӯз ба корҳои шумо ёрдам дода наметавонам.
            -- Ҳеҷ гап не. Баъд, ёрӣ додан чандин муҳим не.
            -- Муҳимаш чист?
            -- Ба пешравии кор халал нарасонидан!

ДАСТИ ЧАП ВА РОСТ
            Талабае бо дасти баста ба мактаб омад. Вақти дарс нанавишт.
            -- Чаро ту наменависӣ? – пурсид муаллим аз ӯ. – Охир дасти ростат не, дасти чапат шикастааст?
            -- Дуруст муаллим, дар ҷавоб гуфт ӯ. –Агар ман бо дасти чапам дафтарро дошта наистам, бо дасти ростам навишта наметавонам.
           
ДУОИ БАД
            Гапи ду нафар гурехту яке ба дуоибадкунӣ даромад. Аз ин дигаре шӯрида гуфт:
            -- Э худат кистӣ, ки аз дуои бадат тарсам? О ту як фосиқ - ку?!
            -- Аз ҳаминаш тарс! дар ҷавоб гуфт ӯ. Ҳозир дуои фосиқон даргир аст!
МОҲИДОРӢ
            --Ҳой бародар, дар ин ҷо моҳӣ доштан мумкин нест!
            -- Не-е. Ҳозир милисионере омада чизе нагуфт – ку!
            -- Наход?
            -- Ҳа.
            -- Ба сатилатон нигоҳ кард?
            -- Нигоҳ кард.
            -- Сатил моҳӣ дошт?
            -- Ду дона.     
            --Ана барои кам буданаш чизе нагуфтааст. Баъде, ки сатил пур шуд, мумкин набуданашро фаҳмонда, сатилатонро гирифта меравад.

ПАРАВОЗ
            Зани олуфтанамое аз назди як гурӯҳ сигоркашон пуф–пуфкунон гузашта истода гуфт:
            -- Худоё, ин мардҳо дар дил чи ғаму аламе доранд, ки ин қадар сигор кашида, ҳама ҷойро бӯй мегиронанд?
            Ҳама, ки ғарқи дафъи савдо буд, яке аз хумориҳои ҷавон гуфт:
            -- Э хола, шумо дарду алами моро аз куҷо медонед? Агар мо – мардҳо барин зан медоштед, ана баъд худатон ҳам паравоз мешудед.

САЛОМАТӢ
            -- Саломатии ҳар кас дар дасти худаш мегӯянд, инро чӣ хел фаҳмидан мумкин аст?
            -- Оддиякак. Агар нодонӣ карда, ба дасти духтурон афтад, тамом, ҳам пулу ҳам саломатиашонро бой медиҳад.

ОДАМГАРӢ
            Марде як шиносашро дар кӯча дида, аз ӯ ҳолу аҳволи дӯсташро пурсид.
            --Корҳояш нағз, саломатиашон баҷо. Ҳозир нӯшиданро партофта, мусулмон шудааст.
            Марди пурсанда бо надомат нидо баровард:
            -- Вай ҳам аз одамгарӣ баромадааст-дия!

УСУЛИ ТАРБИЯ
            -- Муаллим, синну солатон ба ҷое расидаасту риш мондед, намоз мехонед, рӯза медоред, вале ҳамон дашному ҳақоратро напартофтед-дия.
            -- Чаро партоям, писар? Охир ин ҳам як усули тарбия-дия.
            -- Чӣ хел?
            -- Шогирдонам мисли ман нашаванд!

АРАҚИ ХУДАМ БУД
            -- Дина хуб нӯшидем-дия.
            -- Дасту поятонро баста, ягон кас зӯран ба гулӯятон рехт?
            -- Не.
            -- Набошад, чаро бисёр нӯшидед?
            -- Арақи худам буд. Агар худам намехӯрдам, дигарон бештар мехӯрданд ва ба худам ҳеҷ чиз намемонд.
 
НАХОНЕД, ХАТОЯШРО НАМЕЁБЕД
            Муҳаррир газетаи навро ба сӯе гузошта, ба ходими навкор рӯ овард.
            -- Газетаро хонда баромадам. Якчанд хато гузаштааст.
            -- Ман наёфтам-ку,  - ҷавоб дод ходим.
            -- Чӣ хел? Хатоҳоро ман меёбаму шумо не?
            -- Шумо, муаллим, ман барин нахонед, хатояшро ҳам намеёбед.

ШАКАЛОД
            -- Боз «ту-ту»? Ҳӯ, шери бобо, - мӯйсафеди бозоррав аз роҳаш баргашта, батаънӣ ба наберааш ба фаҳмондан даромад. – Ту калонсолонро ҳурмат кун. Чунки онҳо калон. Барои ҳамин онҳоро «шумо - шумо» гуфтан даркор. Фаҳмидӣ?
            -- Фаҳмидам.
            -- Акнун гап зан: ту чӣ гуфтан мехостӣ, шери бобо?                        
            -- «Шумо - шумо», ба ман аз бозор шакалод харида биё!

ДАРДИ САР
            Арӯси ҷавон ба дидорбинии модараш рафт.
            Модараш ӯро танҳо дида пурсид:
            -- Чаро танҳо омадӣ? Бо шавҳарат биёӣ, намешуд, духтарам?
            -- Он кас ҳам меомаданд, вале аз дарди сар шудан метарсанд.
            -- Чӣ хел дарди сар?
            -- Э модарҷон, ҳаминро ҳам намедонед? Аз ҷоғу манаҳи шумо-дия!

САБАБ
            -- Ин ҳамкорамон чӣ хел одам-а? Сад бор зориву тавалло кунем, ки моро ба ошхона ё тарабхона таклиф намекунанду шуморо доим ба тантанаву зиёфатҳо бурдан мехоҳанд?
            -- Чунки ман намеравам-дия!

РӮЗОНА ТОҚАТ КУНУ…        
            Арӯси навхонадоре бо дугонааш вохӯрда, хурсандона иддао кард:
            --Шавҳарам маро дӯст медораду зиндагониямон нағз аст. Гоҳо аз хушбахтиву хурсандӣ дар куртаам намеғунҷам.
            Дугонаи шаттоҳаш ин хел гапҳоро шунида, зуд маслиҳат дод:
            -- Ин хел бошад, рӯзона тоқат куну шабона куртаатро кашида хоб рав.

ДУШМАНИ ОДАМ
            -- Арақ душмани одам аст, чаро менӯшӣ?
            -- Мақсади ман нест кардани душман аст!

ДАР ГӮРИСТОН
            -- Дар хонаатон гази табиӣ ҳаст?
            -- Газ ба назди очаам рафтагӣ.
            -- Очаатон дар куҷо?
            -- Дар гӯристон!

ОБРӮ ПУЛУ МАНСАБ
            -- Э вай худаш як ваҷаб бачаву чаро ҳама ба ӯ ҳармату эҳтиром зоҳир мекунанд. Пештар фақат иззату ҳурмати пиру мӯйсафедон баланд буд.
            -- Гапатон дуруст, фақат ин хел расму оинҳо ҳоло кӯҳна шудаанд. Ҳозир замона дигар: ба ҷойи одамони пиру калонсол одамони пулдору амалдорро ҳурмат мекунанд. Охир ҳама ба пирӣ расад, ки на ҳама пулдору мансабдор мешавад.

НАҚШАИ ХАРАҶОТ
            Зане маошашро гирифта, ба дастаи пулҳо нигарист ва оҳе кашида гуфт:
            -- Уф-ф, ман акнун ин пулҳоро чӣ мекунам?
            Кассир аз шунидани ин гапҳо ҳайрон шуда, пурсид:
            -- Худоё, ман дар қади умрам бори аввал занеро мебинам, ки ба вай пул даркор набудааст.
            Зан аз ин гапи ӯ ба шӯр омада, гуфт:
            -- Ман пул даркор не, нагуфтаам, балки гуфта истодам, ки ин пулҳо ба нақшаи хараҷотҳо намерасанд.

ОДАМИ ДАРКОРӢ
            -- Шумо, ака, назару писанд накунед, ки мо ҳам одами баобрӯву даркорӣ будаем! – бо ғурур гуфт марди ҳатӯлкоре ба ҳамкораш.
            -- А?! Аз куҷо ба ин хел хулосаи нестдарҷаҳон омадед?
            -- Носашон тамом шудаасту сар хам карда, худи шефи калон ба наздам омаданд.

ҲИЛЛАИ ШЕФ
            -- Ба ҳурмату эҳтироми шефамон қоил! Худашон як одами калон бошанд, ки ҳар пагоҳ бо коргарон оғӯш кушода, вохӯрдиву аҳволпурсӣ мекунанд!
            -- Вай самимияту эҳтироми сардоратон не, балки вақти оғӯшкашиву аҳволпурсӣ нӯшидагӣ ё нанӯшидагии коргаронро фаҳмидан мехоҳад.
            -- А?! Ӯҳ одами бало-е!

ҲУСНИ ХАТ
            -- Ман ҳам духтур шавам, мешудааст.
            -- Чаро ин хел мегӯед?
            -- Ҳусни хатам бад, ҳеҷ кас онро хонда наметавонад.
            -- Ин ба духтурӣ чӣ муносибат дорад?
            -- Охир хати онҳо ҳам бад-ку. Як хатчаи маро ҳам бачаҳо ёфта, хонда натавонистаанд. Ретсепт гумон карда, ба дорухона баранд, як олам дору додаанд.


ТӮЙ ТАБЪИ ДИЛ НАШУД
            -- Ба тӯй хабар карда будед. Рафтем. Нағзакак шиштаву дам гирифтем. Раҳмат ба шумо. Хайр, ҳамааш нағз гузашт?
            -- Не, тӯй нағз нашуд.
            -- Барои чӣ? Одама натарсонед. Ягон кас бисёртар нӯшида, ҷангу ҷанҷол бардошт?
            -- Афсӯс, ки ҷангу ҷанҷол нашуд-дия. Охир тӯйи беҷангу ҷанҷол чӣ хел тӯй аст?! Агар ҷангу занозанӣ мешуд, чандин вақт дар хотир мемонд.

ТАКЛИФИ ХУБ
            Чанд нафар дӯстон, ки кайҳо боз ҳамдигарро надида буданд, дар тӯй бо ҳам вохӯрданд. Яке таклиф кард:
            -- Ҷӯраҳо, биёед, аввал зудтар сӯҳбат кунем. Хӯрдану нӯшидан сонитар ҳам мешавад.
            -- Чаро? – дигаре зид баромад.
            -- Э нодон, гуфт ӯ, – ҳозир ҳофизони тӯй ба «гулӯдаронӣ» дароянд, на сӯҳбат карда ва на дуруст хӯрок хӯрда мешавад. Фақат гурехта ҷонамонро халос кардан мумкин аст.

КОР
--Корҳо читу?
-- Зӯр.
-- Эъ, якбора чӣ хел зӯр шуд?
-- Ҳозир бекор-дия!

ШУМО ГАНДА
            Меҳмон аз писараки соҳиби хона пурсид:
            -- Додаат нағзанд ё очаат?
            -- Шумо ганда! – ҷавоб дод писарак. – Моро ҷанг андохтан мехоҳед?

ТАМОШО КУНЕД
            -- Э қадат занад, ҷиян, ҳамин қадар корҳо аз дастат меомадаасту як маст намешавӣ-а?
            -- Шумо тоғо, аввал арақа гирифта диҳед, баъд, мастии маро тамошо кунед.

НАРХИ БОДОМ
            -- Нархи бодом чанд сӯм, ҳӯ бародар?
            -- Панҷоҳ ҳазор, амакҷон.
            -- Эҳ-ҳе, мабодо маст-паст нестӣ, ки ин хел мегӯйӣ?
            -- Не, сад килояшро харед, ҳатман маст мешавам.

САЛОМ
            -- Салом духтари нағз…
            -- Ман бо шумо шинос неву чаро салом медиҳед.
            -- Барои шинос шудан-дия. Э дар дунё саломи бетаъма мешавед?!


  


Комментариев нет:

Отправить комментарий