ҚУЛФИ ДАҲОН
Дар бошишгоҳи саҳроӣ се ҷӯраҳо
нӯшонӯш мекарданд. Яке гуфт:
-- Афсӯс, ки бодринг нест. Агар
бодринг мебуд, арақ равған барин мерафт.
-- Ҳамсоя дар заминаш бодринг
коридагӣ, – гуфт соҳиби боғ. -- Лекин худаш несту нопурсиш гирифтан дуздӣ ба
ҳисоб меравад. Агар ду ҳазор сӯм диҳед, ман ба чашми виҷдонам хок пошида,
бодринг чинда меомадам.
-- Шудааст, – розӣ шуд ӯ.
Вай рафта, ду–се кило барин бодринг чинда
овард.
-- Эъ хурӯси мардҳо, худатон, - ӯро
рӯҳбаланд карда, ҷӯрааш ду ҳазорро аз кисааш бароварда дод. – Ман бо ҳар кас ҳам
дӯст намешавам. Одаме, ки ба ваъдааш вафо кунад, марди майдон аст, – ва
бодрингро ба рӯймолаке баста, ба паҳлӯяш гузошт.