БОЛОР
Дар хонаи як бевазани деҳа чанд адад
болорҳои сафедор мехобид. Шавҳари раҳматиаш онҳоро афтонда, чен карда, чорметрӣ
бурида буд. Вале дар сохтмони иморатҳояш истифода бурдан насиб накарда будааст,
ки бандагиро ба ҷо овард. Сохтмони бино чала монду болорҳо се–чор сол боз дар таги
офтоб ва барфу борон мехобиданд.
Ба марди ҳамсоя барои пӯшидани боми
ошхонааш ду дона болор нарасид. Бо андешаи он, ки ба бевазани сербача ёриаш
расад, ба хонаи ӯ рафт ва ду дона чӯб пурсид:
-- Янга, агар хоҳед, пулашро гиред,
нахоҳед - ба ҷояш чӯбҳои дилхоҳатонро харида медиҳам. Ҳозир ман барои ду дона
чӯб ба бозор рафта нашинам.