Ҳаҷвия
Акнун аз автобус фаромаданӣ будам, ки дар ҷойи нишастгоҳи
худ чашмам ба як даста пул афтод. Гӯё як бағал пул ёфта бошам, оҳиста онро ба
киса задам.
Аз автобус фаромада мамнун ба сӯйи хона чорхез задам. Дар
дилам ид ҳукмрон буд. Охир ман пул ёфтам! Муфтакак, бе ҳеч як душворӣ ва
меҳнат! Ин хел бахт ба ҳар кас ҳам муяссар намешавад.
“Ана, акнун занак аз норасоии пул ғурунгӣ кунад, - аз дил гузаронидам,- бо ҳамин пул ба даҳонаш мезанам, ки миёнаш шиканад!”