воскресенье, 21 февраля 2021 г.

РӮЗИРАСОНИ БЕҲАМТОИ МАН

 Одамон ошиқи чиҳое намешавнд. Вале ман туро дӯст мекдорам. Ҳамеша ҳурмататро ба ҷо меорам. Барои он ки монда нашавӣ, ба ҷойи кор ба сари китфонам  бардошта мебараму бардошта меорам. Дар ягон ҷо танҳо гузорам, дилам хавотир мешавад. Охир дигарон ба ту чашм ало карданашон мумкин. Аз чашми одамони баду бало худо туро дар паноҳаш нигоҳ дорад.

Нишони дӯстдориамро медонӣ: ба бекористии ту роҳ намедиҳам. Ҳар чӣ қадар бо ту кор кунам, ту ҳамон қадар зебо, дилрабо ва ҷилодор мегардӣ. Ҳусну ҷамоли  туро дида, меҳрам ба ту зиёдтар мегардад.

Муҳаббати мо дутарафа аст. Ту ҳам вақти нафасросткунӣ ҳамчун асо такягоҳам мешавӣ, ҳангоми модаву лактотшавиам креслоям мегардӣ, дар вақти бо ҳайвоноти бадхаш рӯ ба рӯ омадан силоҳи беҳамтоям мешавӣ. Рӯйи сурхам, қади ростам, тани сиҳату солимам, ишками серат, туӣ, КАЛАНДҶОН!

Комментариев нет:

Отправить комментарий