Мардуми мо аҷибанд. Гап аз кадом мавзӯе оғоз наёбад, ҳама донишманди ҳамон соҳа мешаванд.
-Каду чизи нағз, - дар маъракае яке бичаки кадугиро ба даст
гирифта, ба таърифи он даҳон кушод. - Шамоли мизонро хӯрад, исту бисташ дору
мешавад.
-Дар даруни маҳсулоти полизӣ каду ягона маҳсулотест, ки хуни тодамро тоза мекунад, - ба таърифи бичакхӯр ҷомаи нав пӯшонд дигаре. – Одам ҳар сол як ишкамсерӣ каду хӯрад, рангу рӯяш ҳам тоза мешавад.
-Фоидааш ба дилу ҷигар ҳам калон, - суст наомад боз яке ва
ба оташи сӯҳбат ҳезуми нав гузошт. - Ҳар сол одам чор-панҷ маротиба кадуи
буғпаз хӯрад, дар қади умраш рӯйи дарду балоро намебинад.
-Аслан номи ин каду не, кадуҷон аст, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд
марди ҳаззол ҳам. – Аз ҳама фоидаи он ба ишкамба калон аст.
-Чӣ хел? – ба ҳайрат афтода, баробар пурсиданд чанд нафар.
-Пур мекунад!
Комментариев нет:
Отправить комментарий