--Аз боло гузаред, акаҷон, ҷои шумо ин
ҷо не.
--Шумо ташвиш накашед. Барои ман ҳамин
ҷо ҳам мешавад. Меҳмонӣ пойгаҳу пешгоҳ надорад.
--Шумо одами калонсол, акаҷон, ҳурмату
иззататон баланд. Дар дунё субурдинатсия гуфтани гапҳо ҳаст. Мувофиқи синну
сол, обрўву эътибор ҷои шумо аз пешгоҳ.
--Пешгоҳ ё пойгоҳ чӣ фарқ дорад? Ҳама ҷо
як ҷо.
--Не, акаҷон, пешгоҳ нағз. Шумо меҳмон
охир! Мо шуморо ҳурмату эҳтиром мекунем...
--Агар маро ҳурмату эҳтиром кунед, арақу
кабобро оварда, дар пеши ман монед. Анна он вақт пойгаҳ ҳам пешгоҳ мешавад!
Комментариев нет:
Отправить комментарий