--Хайр, мардакҷон, юбилей чӣ хел
гузашт?! -- Мард нав аз ҷашн баргашта,
акнун дар хона либос иваз мекард, ки зан
ҳамчун прокурори хонагӣ ба пурсуҷў даромад. -Рўи дастархонашон зўр буд? Ба
хўроки якумаш гўҷа кашиданд, ё мастова?
--Не, маърўза.
--А? Маърўзааш боз чӣ хел хўроки
навбаромад будааст?
--Маърўзааш хўрок не, сафсаттаи хушку
холӣ.
--Вай ман мурам? Набошад ба юбилей ҷеғ
зада, бо гапҳои хушку холӣ зиёфат карданд?! Хайр, дуюмаш чӣ буд?
--Ё худоё тавба! - бо ду даст ба сар
зад ҳамсараш, - худи журналистҳо гапфурўши ашаддӣ-ку, наход дар ҳамин хел рўз ҳам
ҷоғу манаҳашон тафсид?! Хайр, дадаҷонаш, сад задани сўзангару як задани оҳангар
мегўянд. Ақаллан хўроки сеюмашон дакаданг шуд?
--Балоя! Мизи шведӣ оро дода будаанд.
Нўшбодгўӣ авҷ гирифт. Як тостҳое гуфтанд, ки одам навишта гирад, як ҷилд-ҷилд
китоби ғафсе мешуд.
--Боз ин столи шведияш чӣ хел?
--Аз нозу неъматҳои рўи дастархони
дарвешон ҳам бадтар. Дар ҳар-ҷо ҳар ҷо миз мемонанд. Ба болояш ҳар хел газаку
обҳои рангоранг ва виною арақу коняк. Меҳмонҳо рост истодаву сўҳбаткунон
кам-кам менўшанду як чиз-ним чизҳои рўи мизҳоро ба даҳон меандозад, яъне
закуска мекунанд. Фаҳмо?! Акнун чорумашро напурс.
--И-е, ҳоло чорумаш ҳам буд?
--Чорумаш, ин ҷоғу манаҳи ту, эъ
занаки падарлаънат! Манаҳатро баста, зудтар дастархон кушо, ки аз гуруснагӣ
мурдам!
Комментариев нет:
Отправить комментарий