Ду кас дар роҳ
мерафтанд. Яке мардеро дида, бо эҳтиром салом дод ва дурудароз аҳволпурсӣ кард.
--Ин ягон бойбачаи даҳонкалон буд, ки
ин қадар меҳратон тофта, дуру дароз аҳволпурсӣ кардед? - пурсид ҳамроҳаш.
--Не.
--Набошад, мансабдор будааст-дия.
--Не, одами оддӣ. Боғу ток дорад.
--Як одами оддӣ будаасту чаро ин қадар
тавозўву илтифот кардед?
--Вай дар хонааш мусалласи зўр дорад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий