Нағзии аз ҳад нағз ҳам бад аст.
***
Мӯй ки сафед шудан гирифт, дафтари аъмоли умри инсон
ҳам сиёҳтар шудан мегирад.
***
Бо роҳи беобрӯйӣ зуд соҳиби иззату обрӯ шудан мумкин
будааст.
***
Бо бадахлоқу бетавфиқон гашта, ҳанноти гузаро нашавед,
донед, ки тараққиёт дар ҳаётатон рух намедиҳад.
***
Агар касе шуморо гов ë хар гӯяд, хафа нашавед. Зеро
одамон барои якдигар оинаанд.
***
Виною арақу нашъаву сигор нанӯшеду накашед, солим
мегардед ва охиру оқибат соғу саломат мемуред.
***
Аблаҳ аз аблаҳии худ оқилона истифода бурда натавонад,
дар ҳақиқат аблаҳ аст.
***
Занон бухсу ғубори дилашонро ҳамчун қурбоққа бо
қур-қур набароранд, торс кафида мемуранд.
***
Ақли дурбин гоҳо наздикро ҳам намебинад.
***
Боварӣ ба худ аз нодонӣ сар мезанад.
***
Суханони аҳмақонаву аблаҳонаро фикр карда, чаппаи онро
гӯед, ҳикмат мешавад.
***
Дар роҳи росту ҳамвор ҳам, пешпо хӯрда афтодан ҳунар
аст.
***
Тарки адаб дар миёни аҳли адаб камоли адаб аст.
***
Гоҳ-гоҳ касал нашуда истодан ҳам нишонаи касалист.
***
Онҳое, ки на худ кор карда метавонанд ва на мемонанд,
ки дигарон кор кунанд, ба қуллаҳои баланди мансаб мерасанд.
***
Дар рафти сӯҳбат ягон чиз гуфтан хоҳед, ҷим шинед:
гапи шуморо ҳама мефаҳманд.
***
‒ Ман ҳақиқати ҳолро худам дуруст намедонам, вале аниқ
медонам, ки шумо ҳақ нестед.
***
Одам ҳар чӣ қадар қаллобу фиребгару беномус шавад,
ҳамон қадар бою бадавлат мегаштааст.
***
Хамирмояи кулли молу давлат дуздӣ будааст.
***
Барои пойдории оила гоҳ-гоҳ зану шавҳар бояд бо ҳам
ҷанг карда истанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий