Ҳамеша ва дар ҳама ҷо забондароз бошед: забони дароз
барои лесидани таги косаву табақ олоти беҳамтост.
***
Хӯред, хӯред, агар муфт бошад, боз хӯред!
***
Забони хориҷӣ омӯзед: он ҳангоми ҳақорат додани
модарарӯсатон аҳамияти калон дорад.
***
Агар хоҳед, ки як умр сарвари оила бошед ва гапатон ба
ҳама гузарад, зан нагиред.
***
Рӯзе, ки дурӯғ нагӯед, фиреб надиҳед ва моли мардум
нахӯред, он рӯзатонро дар ҳаёт ботил шуморед.
***
Аз назди се ‒ чор нафар занон беғайбату тӯҳмат
гузаред, тасаввур кунед, ки аз болои пули Сирот гузаштаед.
***
Фиребу найрангатон ба кор наравад, донед, ки фурсати
намозхониву рӯзадориатон фаро расидааст.
***
Ба душманонатон ҳамеша барору комёбиҳо хоҳед. Онҳо ба
гапи шумо бовар карда, тохта пеш рафтан хоҳанд, ҳатман пешпо мехӯранд.
***
Меҳмон аз дар надаромада, кай рафтанашро пурсидан ҳам,
аз рӯйи таомули миллии мост.
***
Агар хоҳед, ки шуморо дар рӯйи замин касе пайхас
накунад, ба мардуми олам эътибор надиҳед.
***
Ба худ қиёфаи мутафаккирона гирифта, дар сӯҳбатҳо
хомӯширо авло донед, ҳама шуморо донишманд мепиндоранд.
***
Аз ранҷу бемориҳои худ дилшикаставу малӯл нашавед:
марг ба ҳамааш даво мебахшад.
***
Роҳбарон ҳаргиз нодуруст гап намезананд. Мабодо аз
даҳонашон ягон амру фармони нодрусте ҳам барояд, шумо онро дуруст фаҳмед.
***
Агар хоҳед, ки ба касалии астма гирифтор нашавед,
дарду алами дили худро ҳамчун хасрӯба ба сари ҳамсояҳо пош дода истед.
***
Ҳар чӣ қадар ба роҳбарон хам шуда, самимона салом
диҳед, ҳамон қадар ба пояҳои баланди мансаб мерасед.
***
Кӯшиш кунед, ки ҳамеша ҳамаро фиреб диҳед: набошад
худатон фиреб мехӯред.
***
Арақу зиёфатро танҳо хӯреду қарзу ғаму аламро бо
дӯстон баҳам бинед.
***
Ба умеди ҳамсояҳо шуда, ҳеҷ гоҳ занозанӣ накунед, ки
омада халос намекунанд.
***
Ба дурӯғгӯён осон нагиред: барои он ки ба гапи
дурӯғашон дигарон бовар кунанд, боз калла об карда, сад дурӯғи дигар бофтанашон
зарур аст.
***
Ганда шавед! Аз одами ганда ҳама метарсаду ҳурмату
эҳтиром мекунад. Ҳурмату эҳтиром, ки карданд, болошиниву пешгоҳи маъракаҳо аз
они шумост.
***
Дар байни ду табақ муштарак бошед ҳам, кӯшиш кунед, ки
бо баднафсу ишкамғафс ҳамтабақ нашавед.
***
Аз ёд набароред: аз тӯтиҳо ҳамоне дертар мезияд, ки
камтар гап занад.
***
Ҷойи кори пастноми равғанинро бо ҷойи кори хушки
баландном иваз накунед, ки то рӯзи қиёмат пушаймон мешавед.
***
То бад кор карда тавонистанро ёд нагиред, пеш
намеравед.
***
Агар ба ягон роҳбар баҳои ҳақиқӣ додан хоҳед, баъди аз
вазифа сарғалтон рафтанаш аз мардум пурсед.
***
Аз тазъиқи ҳамкорон дилгир нашавед: он пешрафти
корҳоятонро таъмин месозад.
***
Ҷойи шишту чойи дасту сухани даҳонатонро ба ҳеҷ кас
надиҳед.
***
Агар қадру қимати худатонро худатон надонед, шумо
шахси бебаҳоед.
***
Касе шуморо девона гӯяд, шумо ӯро ҷинӣ хонед, ҳарду
баробар мешавед.
***
Ба меҳмонӣ мабодо дастовезе карда равед, кӯшиш кунед,
ки аз он тараф дар
ишкам бисёртар карда оред.
***
Ғарқи обу орзуҳои зиёд нашавед, ки аз ҳамин рӯзатон
ҳам мемонед.
***
Қусури айбу гуноҳҳои худро аз дигарон гиреду обрӯю
нуфузи дигаронро ба худ нисбат диҳед.
Комментариев нет:
Отправить комментарий