Одам ба калонҳо хизмат кунад, ба назари хурдҳо ганда
менамояду ба хурдҳо хизмат кунад, калонҳо бад мебинанд.
***
Пул набошад, шабҳо хобатон намебарад, ки чӣ хел ёбед?
Пул бошад, боз шабҳо бедорхобӣ мекашед, ки чӣ хел онро зиёд кунед.
***
Баъзеҳо чунон фарбеҳанд, ки зимистон берун бароянд,
гӯшташон ях мекунаду тобистон бароянд, равғанашон об мешавад.
***
Ба ҷуз қонуни тағйирёбии табиат тамоми чизҳо тағйир
меёбанд.
***
Чизе даркор шавад, он гоҳ мефаҳмед, ки он чиз дар
ҳақиқат даркор аст.
***
Дар як рӯз сад хирадманд мурад, ки як нодон дарди сар
намешавад.
***
Баъзеҳо рӯйирост дурӯғ гуфта истода, ҳатто сурх
намешаванд.
***
Занон худ намедонанд, ки чӣ мехоҳанд, вале таъмини
иҷрои бечунучарои онро аз мардҳо талаб мекунанд.
***
Баъзеҳо доноӣ карда, аз худашон фарсахҳо пеш мераванд.
***
Аҳмақон ҳамеша хушбахтанд: зеро онҳо аҳмақии худро
намедонанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий