Мо ба тӯй мерафтем. Амакам мошинро мепарронд. Худаш дар паси рулу ҳушаш ба куҷоҳое сайр мекард. Ба вуҷуди он, даҳонаш дам намегирифт. Ман дар паҳлӯйи амакам аз тарсу воҳимаи ба ягон ҷо рафта назадан зери лаб ҳазору як бор «аузу биллоҳ»-ро гаштаву баргашта такрор мекардам.
Ногоҳ нозири роҳ аз паси дарахте
пайдо шуд ва бо ишорачӯбаш канори роҳро нишон дод.
-- Худо зад! – аз дил гузарондам. – Ана акнун ҷазоятон медиҳад!
Амакам бепарво аз мошин фаромад.
-- Эъ, эъ ин ту–ку мезакин! – якбора
ба «ту-ту» гузашта, ӯро оғӯшкашон чалап – чулуп аз сару рӯяш гаштаву баргашта
бӯсид. – Э қадат занад, ҳамин қадар калон шудӣ-а?! Бачагият дар ёдат ҳаст? Як
бор бардошта, навозиш кардани будам, ки ту, падарқусур, аз сари синаам то
туфлиҳои поям тар кардӣ… Э қанд зан. Ана акнун туро шинохта намешаванд. Чанд
боре, ки ба хонаатон равам, нестӣ. Дидаму шинохтам. Ту нигоҳ намедоштӣ ҳам,
худам меистодам. Хайр, худат, зану бачаҳоят ҳама нағзанд? Дадет, ҷӯрем, чӣ хел?
Э бале, қадат занад. Ман бо дадет на танҳо ҷӯра, ҳатто додару бародар. Э-ҳе, чӣ
қадар якҷоя гаштем, ба куҷоҳое нарафтем, чӣ гуна рӯзҳое аз сарамон нагузашт,
гӯям аз китоби «Ҳазору як шаб» ҳам дарозтар мешавад. Ба хонаатон равӣ, албатта,
ба падарат салом гӯ…
Амаки гапдонам дар як лаҳза нозирро
сеҳру ҷоду кард: вай кунду карахт шуд. Забонаш лол гашт. Баъди лаҳзае ба худ
омада пурсид:
-- Ба куҷо ин қадар саросема?
Суръатро баланд кардед–ку, амак?
-- Э ҳоло суръати мошин баланд буд?
– ҳайрон шуд амакам. – Худам нафаҳмида мондаам. Ба ҷаноза саросема, ҷиян, ба
ҷаноза!
-- Хайр, ин қадар мошинро сур
накунед, амак. Роҳҳо вайрон. Ягон кору ҳоле шуда монад, нағз не. Бохабар шавед.
-- Шудааст, писари ҷӯрем. Гапи ту
барои мо қонун!
Амакам боз бо ӯ оғӯшкашон хайрухуш
карда, омада ба мошин нишаст. Оҳу уфгӯён бо лабу лунҷи турш мошинро ба роҳ
андохт.
-- Э падарқусур! Шаб, аз афташ, хуб
нӯшидааст, ки аз бӯю тафаш дилам беҷо шуд.
-- Писари ҷӯраатон будааст, камтар
нӯш нагуфтед - дия?
-- Кадом ҷӯраам? Бори аввал мебинам.
Аз пеш ҷӯй - пӯй барояд, зудтар дасту рӯй шӯям…
Комментариев нет:
Отправить комментарий