(Ҳаҷвия)
Рӯзи истироҳат бо ҷӯраҳо аз назди хонаамон мегузаштему мани нодон як даҳон гуфтам, ки дароед, як пиёла чой мекунам. Аслан, ин таклифи ман аз рӯйи таомули миллӣ буд. Дар ин хел вақтҳо ҳамроҳон мувофиқи одат, “ташаккур, насиб бошад ягон рӯзи дигар” гуфта, бояд монда мерафтанд. Не, падарқусури ҳамкорон таклифи маро рост пиндошта, “ҳозир” гуфтанд. Аъзамҷон мошинашро дар канори роҳ гузошт. Ҳамкорони шилқин дарозу кӯтоҳ шуда, пешопас ба ҳавлӣ даромаданд.