-- Э, занакҷон, ба қади пачақат мурам-дия! Ту ғурбат набардор! Бе ҷангу ҷанҷоли ту ҳам мағзи сарам орухона. Ман аз як сар гӯям, ту хапу дам гӯш кун. Худат медонӣ, ки ман ба маърака рафта будам. Фотиҳа бошад, ки аз тӯй зӯртар гузашт. Наравӣ, нашавад. Зуд аз қатори одаму одамгарӣ мебароранд. Ту ҳам, ҳаргиз намехоҳӣ, ки шавҳари яккаву ягонаат аз қатори одамон монад. Ман нагӯям, ки худат панҷ-панҷаат барин нағз медонӣ: маъракаҳои ҳозира беарақу коняк намешавад. Ба пеши баъзеҳо шутур кушта зиёфат диҳӣ, ки арақу винояш набошад, он маъракаро маърака ҳисоб намекунанд. Баробари нозу неъматҳои зиёд дар ин фотиҳа ҳам нӯшокиҳо сероб буд. Як ҷӯраи нағзам илтимос кард, ки ба ҷойи ӯ як пиёла гирам. Худат гӯй, ки як кас илтимос кунаду ту илтимосашро ба замин гузорӣ, ин аз рӯйи одоб аст? Албатта не. Ман ҳам илтимоси ӯро рад карда натавонистам.
Ҷигари дигар кас касал будааст.
Духтурон ба ӯ гуфтаанд, ки агар арақ хӯрад, ҳамон замон пояшро дароз карда, ҷо
ба ҷо мемурад. Вай ҳам ба зориву тавалло даромад, ки ӯро аз мурдан халос кунам.
Дилам нашуд, ки ӯ мураду бачаҳояш ятим монанд. Хулоса, як пиёла ҳаққи ӯро ҳам
нӯшидам.
Боз як одами мошиндор бо зану
бачаҳояш ба фотиҳа омада будааст. Худат аз рӯйи инсоф гӯй: вай нӯшаду бо зану
бачаҳояш ба фалокати автомобилӣ дучор шавад, хуни ноҳақ ба гардани ман
намеафтад?! Ба зану бачаҳояш дилам сӯхта, ба ҷойи вай ҳам як пиёла пур карда
задам.
Боз ду каси дигар баҳонаҳое пеш
оварданд, ки ҳатто профессорони соҳаи ҳуқуқ ҳам садҳо ҷилд кодексҳоро омӯхта,
рад карда наметавонанд. Хайр, дар дунё одаму одамгарӣ гуфтани гапҳо ҳаст. Ман
имрӯз мушкили онҳоро осон кунам, фардо онҳо муаммоҳои ҳаёти моро ҳал месозанд.
Хулоса, боз ба ҷойи киҳо ва чанд пиёла арақро ба таги бинӣ рехтам, рости гап,
худам аниқ намедонам. Агар ягон буғгалтер ё иқтисодчӣ дар ҳамон ҷо мебуд, вай
боз аниқашро мегуфт. Бовар кун, занакҷон, ба ту дурӯғу ба Худо рост, барои
худам ягон қатра нӯшида бошам, дар ҳамин ҷойи истодам, кафида мурам. Ҳа, қади
пастакат занад, занакҷон, беҳуда ба сарам ғурбат набардор. Ман дар он ҷо
ишкамсерӣ нӯшида не, чанд касро аз мурдану бадбахтиҳо нигоҳ дошта, қаҳрамонӣ
нишон дода омадам. Дар пеши виҷдонам оина барин софу беғубор. Ба одами бегуноҳ,
қаҳрамони даврон тӯҳмат кардан нағз не. Иғвогару тӯҳматчӣ душмани Худо. Душмани
Худо имрӯз ҷазо нагирад, рӯзи қиёмат азоби дӯзах барояш муқаррар.
Аз азоби дӯзах тарс, э занаки беақлу
фаросат!
Комментариев нет:
Отправить комментарий