-- Давлат муборак шавад!
-- Чӣ хел давлат?
-- О писардор шудед, писар ин
давлати падар-дия! Хӯш, ба йигит чӣ ном мондед?
-- Э номашро асло напурсед, бародар. Ин як мазҳакаи гиряовар барин шуд. Ҳанӯз фарзандамон ба дунё наомада, барои номмонӣ ҷангу ҷанҷол хест. Бобоям одами диндору намозхон. Гуфтанд, ки набераам одами ҳалолу пок ва бодину диёнат шавад, Қутбиддин ном монем.
-- Хӯш?
-- Бибиаш ду даст боло бардошта,
зид баромаданд, ки олама вайрон мекардагиҳо ин диндору намозхонҳо. Он кас
гуфтанд, ки дар дами пириям набераам ба ман ғамхору меҳрубон шавад. Бинобар
ҳамин, номашро Диловар мемонем. Диловар ҳам номи нағзу ҳам ба гӯш форам
мерасад.
-- Хайр, ҳамин хел шуд?
-- Не, авлоди янгаатон ба як по
истодаанд, ки ҳозир спортсменҳо одамҳои машҳуру серпул. Хоҳед – нахоҳед, номаш
бояд Чемпион шавад. Рафту ба бахти мо чемпиони ҷаҳон гардад, ба таги пул монда,
обрӯю эътиборамон ба ҳафт иқлими олам паҳн мешавад.
-- Хайр, Чемпион ҳам номи ганда
не. Янга розӣ шуданд?
-- Умуман гирем, ба янгаатон номи
Фахриёр маъқул буд. Мехост, ки фахри ёраш шаваду зиндагиашон ширу шакар барин
гузарад.
-- Э конкурси номмонӣ эълон
мекардед, мешудааст. Хайр, дар ин конкурс кӣ ғолиб омад?
-- Ҳеҷ кас. Ман, ки ятиму нодор
ба воя расидаам, номашро Қорун мондан мехостам Қоруна медонед–а, як шахси
афсонавие, ки фақат калиди дари ганҷинаҳояш ба 40 уштур бор мешуданд, худаш ба
ҳисобу китоби давлату сарваташ сарфаҳм намерафтааст… Лекин рӯзи таваллудаш бовар
кунед, ки тамоми кормандони таваллудхона барои шодиёнагирӣ баромада, моро гадои
кӯча карданд. Аз фаррошу посбону боғбонаш қарздор гардидам. Гирифтани
шаҳодатнома ҳам муфт набудагист. Ҷинигиам дошту номашро Қиматбек мондам. Бобову
бибӣ, аммаву хола, тағову амакҳо, хулоса, хешу табор аз ман хафа шуданд. Лекин
ман ба онҳо ваъда додам, ки ин дафъа занам дар хона зояд, ҳатман номи ёфтаи
онҳоро мемонем.
Комментариев нет:
Отправить комментарий