(Ҳаҷвия)
Пирӣ нағз. Баъде ки одам пир шуд, ба нафақа мебарояд. Баъзеҳо вақти ба нафақа баромадан юбилей ташкил мекунанд. Юбилей ин репетитсияи пешакӣ барои мурдан не, юбилей ин - зиёфатхӯрӣ. Фақат аз аввал то охири зиёфат соҳибҷашнро таърифу болобардор кардан шарт. Дар ин хел рӯзҳо, албатта, маддоҳон зиёд мешаванд. Ҳама ба воситаи таърифу болобардориҳои худ тамоми он чизҳое, ки мехӯраду менӯшад, бояд ҳалол кунад.
Аслан, пир шудан чандон ҷойи
бадие надорад. Шуморо бо ҳурмату эҳтиром аз боло ҷой медиҳанд. Гули хӯрокиҳоро
ба пешатон мегузоранд, ки нӯши ҷон созед. Онҳоро дида, ашк дар чашмонатон
ҷӯшида мебарояд. Дар ҷавонӣ дандон доштеду гӯшт не, ҳатто устухонпорае
намеёфтед, ки хоида, маза кунед. Акнун бошад, гӯшт ҳасту дандон - не. Насибаи
худро ба пеши набераатон тела медиҳед. Вай ба ҷойи миннатдор шудан шикоятомез
ғурунгос мезанад:
-Бобоҷон, худатон хӯред. Ба гӯштхӯрии шумо
ҳавасам меояд. Кайф-кайфи шумо. Дандонатон, ки нест, лӯққа-лӯққа фурӯ додан
мегиред. Ман хӯрам, ба мағзи дандонҳоям дармемонад. Баъд аз кофтан безор
мешавам...
Тазоди дунёро бинед: мо дар
ҳаваси зираи дандонҳои онҳову онҳо бедандонии мӯйсафедонро орзу мекунанд. Охир
даҳони бедандони мӯйсафедону даҳони лаҳади гӯр ҳарду як аст...
Пирӣ нағз. Албатта, дар ин синну сол як кор-ним кор аз дастатон
ояд, боз хубтар. Ҳамчун завхоз ё хизматгори хонадон аз пагоҳ то бегоҳ ҷунбуҷӯл
карда мегардед. Ягон кас шуморо зиқшавӣ намемонад. Калонҳои хонадон ҳам кор
мефармоянду набераҳои тирмизакатон ҳам. Ҳатто келинмулло “ҳамин набераатонро як
нафас дошта истед, ман ба гову гӯсола нигоҳ кунам” гуфта, кӯдаки ширмакашонро
ба дастатон медиҳанду худашон се-чор соат гум шуда мераванд. Саргарми ин гуна
корҳо дарди пову миёнатон ҳам фаромӯш
мегардад. Фикру хаёлатон ҳамеша ба як чиз банд мешавад: гап нашунавед! Баъзан
худ ба худ алам мекунад, ки баъди ба нафақа баромадан магар чунин орзу
мекардед?.. Боз васвасаи шайтонро пеш карда, худ ба худ шукр мекунед, ки
ҳаракат кардан ба саломатӣ фоида дорад...
Пирӣ нағз. Ба сари одами пир гоҳо чӣ фикрҳои хому хаталае намеояд. Баъзан
гумон мекунед, ки аҳли хонавода аз шумо дида, бештар нафақапулиатонро дӯст
медоранд. Ҳа, одам ҳар моҳ нафақапулии
калоне гирад, на танҳо бойбобо, ҳатто азизу мӯътабар ҳам мегардад. Дар ин хел
рӯзҳо меҳри писару келинҳо, духтару домодҳо ва як олам набераву
абераҳо фавворасон ҷӯш мезанад, ҳама ба шумо меҳрубон мешаванд. Фарзандҳо ба қавли худашон “қарз”
пурсанд, набераҳо бо эркагию ширинзабонӣ
ба мағзи гӯшту пӯстатон медароянд.
- Бобоҷон, ман шуморо нағз мебинам, - тахтапушт ё поятонро молида истода
мегӯяд яке.
Шумо ҳам, қарздор нашуда, дар ҷавоб мегӯед:
- Ман ҳам туро дӯст медорам, асали бобо.
- Ман ба ҳамаи гапҳоятон гӯш мекунам-а?
- Албатта, асали бобо, худат бачаи нағз-дия, -
ҷавоб медиҳед шумо.
- Ҳар коре фармоед, ман “не” нагуфта, иҷро мекунам-а?
- Ту тилло, ҷони бобо, - мисли равғани зарди зери офтоб об мешавед шумо.
- Медонед, бобоҷон, дигарҳо ба набераҳояшон компутер харида додаанд.
Шумо ҳам ба ман якта компутер харида диҳед. Он тарафаш 5-6 миллион-дия! -
илтиҷоомез ятимакҳо барин сар каҷ мекунад набераатон.
Шумо дар як вазъияти ногувор мемонед. Чунки аз ӯ пештар писаратон
кисахарҷӣ гирифтааст. Келин “равған нест”, “гӯшт тамом шудагӣ”, “нон харидан
даркор” гуфта, қариб нисфи нафақапулиро харҷ кардааст. Дигар набераҳо ҳам “ҳаққи” худро рӯёнда
гирифтаанду шумои сарватманд муфлис шудаед. Акнун ноилоҷ монда, гапатонро гум
мекунед:
- Кампири ту... Э компоти ту ... Э ҳоло чӣ гуфтӣ?
- Кампутер! - аз болои нодонии
шумо хандида, зуд ислоҳ мекунад набераатон.
- Не, дар ин моҳҳои наздик харида
наметавонам, шери бобо – гунаҳкорона иқрор мешавед ва набераатон ба
ҳисоботдиҳии шумо имкон надода, таънаомез мегӯяд:
- Ин қадар сахтакӣ накунед, бобоҷон.
Ҳамон пулатонро хӯрда намеравам. Шумо
барин мӯйсафед шуда, ман ҳам нафақахӯр шавам, пулатонро боз гардонда медиҳам.
Албатта, пирӣ нағз аст. Ҳар касро
ҳам Худо ба ин синну сол лоиқ намебинад. Пир, ки шудед, занатон ҳам дигар рашк
намебарад. Шумо ҳам хотирҷамъ: кампиратон хушрӯ шуда, ба кӯча барояд, ки ба ҳар
гуна гумону шубҳаҳо намеравед. Чунки дигар ҳеҷ кас ба шумо ё кампиратон бо
чашми харидорӣ нигоҳ намекунад. Лекин нисбати мо занҳо дилҷавонанд. Худашон пир
шаванд, ки орзуҳояшон пир намешаванд.
Рӯзе дар хона будам, ки овози
кампирам баланд шуд. Гӯш андозам бо нозу истиғно мегӯяд:
- Бобойҷон, ҳӯ бобойҷон!
Аз афташ
даркор шудам, ки “бобойҷон” шудаам. Дигар вақтҳо ман “бобойкӯҳна”.
-
Лаббай.
-
Давраҳои ҷавонӣ, вақти келинчакиам дар ёдатон? Баъзан муччӣ кардани шуда, аз
рӯям чунон сахт мегазидед, ки чанд рӯз изаш намерафт. Ҳозир ҳамонро ба ёд
оварда дилам гум зада рафт...
-
Ҳозир-дия, - аз мақсадаш огоҳ шуда, аз ҷо хеста аз дар мебаромадам, ки боз
овозаш баланд шуд:
- О ман
дар ин ҷо?
-
Медонам, - гуфта, аз пайи иҷрои фармони кампир шудам. Барои ин аввал калӯшро
пӯшида, асоро ба даст гирифтанам лозим. Баъд бояд айнакро кобам. Бо айнак дандони сохтаамро
ёфтан осонтар. Бо он дандонҳо бӯсам, изаш нағзтар мемонад. Калӯшро пӯшида, ба
хонаи дигар гузаштам. Дар хонаи дигар барои чӣ даромадам, аз ёдам фаромӯш гашт.
Ҳа, пирӣ нағз-дия, склероз гуфтани як касалӣ ошиқи пирон мешавад. Хулоса, ҷонам муфт аз азоби бӯсидан халос
шуд. Вале кампир давраҳои ҷавониаш барин як ҳафта бо ман гап назада, қаҳрӣ
гашт.
Пирӣ фахр аст. Вале... пештар агар ягон кас ба шумо “ака” гуфта муроҷиат
кунад, ба гӯшатон мефорид. Солҳо гузаштанду ба “тағо” ё “амак” табдил ёфтед.
“Амак” ё “тағо” ҳам чандон гӯшхарош
нест. Вале “бобо” гуфта муроҷиат кардан ба гӯшро канда гирифтагӣ барин ба одам
сахт мерасад. Охир аз “бобо” болотар ягон ном ё унвоне нест, ки онро ба забон
гирифта, ба шумо муроҷиат кунанд. Он тарафаш, яъне баъди бобо чӣ шуданаш ба
худатон ҳам маълум.
Ҳоло баъзан ҷавониро ба ёд
оварда, ба ягон зани зебое ҳазл кунед,
зуд ба ғазаб омада мегӯяд:
- Э ҷим шинед-е, бобойкӯҳнаи гӯр!
Як поятонт ба лаби гӯр расидаасту боз ҳазл мекунед-а?!
Ҳам бобой, ҳам кӯҳна ва ҳам дӯғ
мезанад, ки ҷим шинед. Ӯ нагуфта ҳам шумо шабу рӯз ҷим! Ҷим шиштан фақат ба худи
занҳо маъқул нест!
Пирӣ нағз. Чунки пирон шахсони дуогӯю батадбир мешаванд. Он қадар донишу
таҷрибае ҷамъ кардаанд, ки акнун чӣ кор карданашонро намедонанд. Таҷрибаи
зиндагӣ ҳасту харидоре нест. Касе барои омӯхтану дар ҳаёт татбиқ кардан шавқе завқе
надорад. Шогирде ё давомдиҳандае пайдо намешавад. Кони ҷавоҳирот шумову ҳама
худро ба порутӯда мезанад. Ҳа, ҳозир гап-гапи мардони пулдору маслиҳат
маслиҳати шахсони мансабдор аст!
Як пирамарде ҳам бо мошин ба манзил расида, барои хизмат ронандаро дуо
кардани шудааст. Ронанда зуд раъйи мӯйсафедро гардонда гуфтааст:
- Бобоҷон, пулаша диҳеду дуо
накунед ҳам майлаш. Дар хона дуогӯ дорам.
Пирӣ нағз. Гӯшҳо вазнин шавад, боз нағзтар аст. Бо гузашти солҳо нури
чашмонаш рехта, хотирааш ҳам заиф мегардад. Масалан, шумо дар болои кати рӯйи
ҳавлӣ нишастаед. Набераатон дуртар аз шумо саргарми бозии худ аст.
Шумо аз ҷойи шиштаатон дод мезанед:
- Саттор!
Ҷим.
- Ғаффор!
Оромӣ.
- Ҳӯ Аҳрор, ба ту мегӯям!
Диққат нол.
- Ҳӯ кари Мухтор! – ғазабатон
ҷӯшида баландтар дод мезанед, - ман ба ту гуфта истодаам. Ҳоло номат чӣ буд?
- Асрор! - ҷавоб медиҳад вай.
- О Саттор-мӣ, Аҳрор-мӣ, бало-мӣ,
бадтар-мӣ, баъде ки ҷеғ задам, чаро “лаббай, бобоҷон” гуфта, давида намеоӣ,
падарлаънат?!
- Падарам охир писари шумо-ку,
бобо, - механдад Асрор.
- Э бар падари писарам ҳам
лаънат! - ба ҷинӣ шудан наздик гардида,
ин суханон аз даҳонатон баромада меравад. – Ягон номро, ки гирифта ҷеғ задам,
давида биё-дия!
- Ана давида омадам, бобо, чӣ
мегӯед?
- Боз ба ту чӣ мегуфтам?! Хумораш
кушт-ку! Рав, носкадуи маро ёфта биё, э аҳмақ!
Пирӣ
нағз аст. Вале гузашти умр ганда. Пеши пириро ҳеҷ чиз гирифта наметавонад. На
дорую дармон, на табобату муолиҷа, на курорту санатория, на сеҳру ҷоду.
Оператсияҳои пластикӣ, ранг кардани мӯйи сар ва ғайраву ва ҳоказо ҳам бефоида
аст. Узвҳои одамизодро мисли қисмҳои мошин бо наваш иваз карда намешавад.
Узвҳо, ки пиру солхӯрда гарданд, иҷрои
вазифаҳо барояшон душвор мешавад. Дар байни онҳо аз ҳама бақувваттаринашон
забон аст. Дасту по аз кор монад, ки забон кор кардан мегирад. Ҷавоне ҳам аз
серҷоғии падараш ба як дӯсташ шикоят кардааст. Ҷӯраи мулоимхунукаш аз ӯ
пурсидааст:
- Хайр, дадаат туро баъди ба дунё овардан
хӯрондаву пӯшонда калон карданд?
- Калон карданд, - ҷавоб додааст
ҷавон.
- Хононданд?
- Хононданд.
- Мошин харида доданд?
- Харида доданд.
- Зандор карданд?
- Карданд.
- Хонаву ҷойи алоҳида сохта
доданд?
- Сохта доданд.
- Боз ягон кори нокардаашон монд?
- Не, намонд.
- Ин хел бошад, - гапашро хулоса
карда маслиҳат додааст ҷӯрааш, - ду-серӯза хӯрокашонро гирифта, ба кӯҳ бурда
парто. Ҳамаи вазифаҳояшонро иҷро карда бошанд, дигар дада ба одам даркор не,
бигузор мурда раванд!
Умуман, пир шудан ҷойи бадие надорад. Чунки
шумо роҳи зиёдеро тай карда, ниҳоят ба қуллаи баланди умри худ расидед. Аз
баландӣ ҳама ҷову ҳама чиз ва ҳама касро мебинед. Ҳам онҳое, ки нав ғалтону
хезон дар роҳи ҳаёт қадам мегузоранд, ҳам онҳое, ки ба қуллаи нишастаи шумо
акнун хазидаву лағжидаву часпида мебароянд, бараъло намоён аст. Аз он баландии
қуллаи ҳаёт ишқу ошиқии ҷавонону духтаронро дида, ба ҳолашон механдед, ки ҳамаи
хушиву хурсандии онҳо то остонаи ЗАГС аст. Аз он остона, ки гузаштанд,
бадбахтиҳои оилавӣ сар мешаванд. Чашматон ба қасру кӯшки дигаре афтода, худ ба
худ писханд мезанед: ин қасру кӯшкҳо камаш
500-600 сол пойбарҷо меистанд, вале соҳибаш чанд сол умр дидан мехоҳад?
Мошини дакаданги харидаи дигаре ба назари шумо мисли тобуташ менамояд. Такопӯи
донишҷӯёнро дида, дилатон месӯзад ва дод гуфтанатон меояд, ки ҳӯ, аҳмақҳо, ба
доношавӣ накӯшед. Доноӣ заҳр асту нодонӣ - шакар!.. Хулоса, ҳамчун авлиё касе як корро сар
накарда, бо чӣ анҷом ёфтанашро пешакӣ медонед ва ба ҳоли ҳама механдед. Шояд
дигарон ҳам аз поён истода, ба ҳоли шумо ханданд, ки имрӯз ё пагоҳ аз он қуллаи
баланд каллапаррон меравед! Шумо ба ин тарафаш эътибор надиҳед. Инро тақдир
медонаду он мӯҳтоҷи пешгӯйӣ нест. Охир як камон садҳо тирро ба хок пинҳон
мекунад.
Пирӣ нағз! Шумо аз пирӣ не, бояд пирӣ аз шумо тарсад. Ҳарчанд пиронро
бесаброна марг интизор аст, шумо зада пеш рафтан гиред. Ҳар сол юбилей гузаронед.
Мо ҳоло бисёр зиёфат хӯрдан мехоҳем!
Комментариев нет:
Отправить комментарий