Дар бошишгоҳи саҳроӣ се ҷӯраҳо нӯшонӯш мекарданд. Яке гуфт:
-- Афсӯс, ки бодринг нест. Агар бодринг
мебуд, арақ равған барин мерафт.
-- Ҳамсоя дар заминаш бодринг коридагӣ, – гуфт соҳиби боғ. -- Лекин худаш несту нопурсиш гирифтан дуздӣ ба ҳисоб меравад. Агар ду ҳазор сӯм диҳед, ман ба чашми виҷдонам хок пошида, бодринг чинда меомадам.
-- Шудааст, – розӣ шуд ӯ.
Вай рафта, ду–се кило барин бодринг
чинда овард.
-- Эъ хурӯси мардҳо, худатон, - ӯро
рӯҳбаланд карда, ҷӯрааш ду ҳазорро аз кисааш бароварда дод. – Ман бо ҳар кас
ҳам дӯст намешавам. Одаме, ки ба ваъдааш вафо кунад, марди майдон аст, – ва
бодрингро ба рӯймолаке баста, ба паҳлӯяш гузошт.
-- Бодрингро ин ҷо гиред, шуста,
реза кунем, – хоҳиш кард соҳиби боғ.
-- Не! – бо қатъият гуфт ӯ. –
Ҳамсояатон биёяд, дуздӣ карданатро гуфта, инро ҳамчун далели шайъӣ ба ӯ нишон
медиҳам.
-- Э барои ду кило бодринг ин хел
накунед-е! Бе ҳамин ҳам муносибатҳо ҳавои абролуд барин. Болои мастӣ як ҷинигӣ
кардем–дия. Овозаю дарвоза шавад, кор расо мегардад.
-- Чор ҳазор сӯм диҳед, ман ба
даҳонам қулф мезанам.
Комментариев нет:
Отправить комментарий