пятница, 26 июня 2026 г.

МО АҲМАҚЕМ

   Нафси мо ганда. Хӯроки муфту сергӯштро бинем, мурдаамонро ба болояш мепартоем. Ончунон яклунҷаву дулунҷа мезанему хоидаву нахоида фурӯ мебарем, ки то кекиртакамон меояд. Ишкам, ки пур шуд, кори меъда даҳчанд зиёд ва ҳазми таом душвор мегардад.

  -Барои ҳазми таом! – мегӯему аз болояш мева ё шириниҳоро ҳам ба воситаи гулӯ ба қаламрави шикамба равона мекунем.

  Ҳӯрт-ҳӯрт нӯшидани чойи талху заҳар ҳам таъсир накунад, мисли ҷиниҳо қаду бари кӯчаҳоро ҳамчун заминченкунҳо ба ченкунӣ оғоз менамоем.

  -Беҳуда бисёре хӯрдаам-дия! Э нафсаки бади ман гӯр! – гӯён худро маломат мекунем.

 Нодон-дия мо! Барои камтар хӯрдан, нафсро барои дар вақташ нӯхта задан ақламон кӯтоҳӣ мекунад.

Арақро бинем, худро гум мекунем. Ба нӯшидан, ки сар кардем, тормоз аз ёдамон фаромӯш мешавад. Рӯзи дигар аз хоб мехезем: сар мисли хум варам, гӯшҳо самолёти реактивӣ барин ғуввос мезананд,  дарун дуд мекунад, ақлу ҳушамон карахт, тамоми баданамон фаҳӯлу лунҷ, аз даҳонамон бӯйи баде меояд... Ин аҳволро дида, диламон аз худамон беҷо мешавад, тамоми ҷисму ҷонамон спиртолуд, гӯгирд занед, дармегирад.

  - Э дина бегоҳ гов барин нӯшидем-дия, - гӯён барои рафъи дарди сар чора меҷӯем.

  Бекалла-дия мо, камтар нӯшем, ба ин аҳвол намеафтодем, ё умуман нанӯшем, ҷо ба ҷо мурда намемондем!

  Доноҳо касал нашуда барои пешгирии бемориашон ба назди духтурон мераванд. Мо бошем, баръакс. Касал шавем, аввал худамон табобат карданӣ мешавем. Табобат наёбем, дардамонро ҳамчун дастархон дар пеши мардум мекушоем. Ҳар кас ҳар чӣ гӯяд, ҳамчун қонун ба ҷо меорем. Бо вуҷуди ҳазору як чораву тадбир, доруву дармонҳои халқӣ, дуохониву назру ниёз аҳволамон ба ҷойи беҳ шудан бадтар мешавад.

   Танга барин захм табақ барин калон шуда, аз по афтем, духтурро ҷеғ мезанем. Дар беморхона хобида сиҳат, ки шудем, афсӯс мехӯрем:

  -Э каллаи кадуям пӯсад, ҷонамро азоб надода, якбора ба духтурхона мерафтам, мешудааст-ку!

  Барои пулёбӣ мо ба ҳама кор тайёр. Ҳатто ба ҳориҷа меравем. Ба хориву зориҳои гӯшношунидаву чашмнодида тоб оварда, се-чор танга, ки ҷамъ кардем, ба зодгоҳамон бармегардем. Аллакай фукамон чухту қадамзаниҳоямон дигар - мардикориҳоямонро аз ёд бароварда, бойбача мешавем. Барои дабдабаву худнамоӣ мошини зӯре мехарем. Бо мақсади шодии дӯстону сӯзонда куштани душманон чанги кӯчаҳоро ба осмон бардошта, ба чор тараф мошин метозанем. Қоидаҳои роҳ писанд не, ҳушамон ба духтарони соҳибҷамол. Ҳангоми чашмакзанӣ мошин ба дарахт, девор ё мошини дигаре рафта мезанад, ки худамон бехабар мемонем. Як чашмакӣ задани мо ба нархи як мошин баробар мегардад.

  -Э мани аҳмақ, беҳуда ҳамин рӯз ба кӯча баромадаам-дия?! Пиёда мебаромадам, ягон ҷоям кам намешуд?! Ана акнун каттагию мошинсаворӣ аз бинаям мебарояд! – гӯён аз карда ҳазор пушаймон мешавем.

  Иморат ғорат аст. Ёфтагию тофтагиамонро ба иморат мечаспонем. Хона месозем, таҳхона месозем, болохона месозем, меҳмонхона месозем, ошхона ва чандин чизҳои дигар месозем, бо вуҷуди он ҳамаи инҳо кам. Хулоса месозему месозему месозем. Чунки баъзе иморатҳои аввал сохтаамон ё вайрон мешаванд, ё маъқул намешаванду мо аз наву месозем. Даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ бошад, ки худамон дар яктояш зандагонӣ мекунем. Ҳамин вақт сарамон ба санги мантиқ мезанад, ки аҷаб одами бемағзе будаам. Дар як хона зиндагӣ карда мешудаасту сохтани ин қадар иморатҳои қатору боҳашамат ба чӣ ҷонамон даркор будааст?

  Ба Худо, ки ҳамаи мо мӯтоҷи таърифу навозиш ҳастем. Бемории иззатталабию шӯҳратгадоӣ дар рагу пайвандҳои мо ҷорист. Барои баланд гаштани иззату обрӯямон даҳҳо сол нахӯрдаву напӯшида меғундорему захира менамоем ва тӯй мекунем. Яъне зарра-зарра бо сӯзан ҷамъкардаамонро дар як рӯз бо панҷшоха ба бод медиҳем. Аз таърифҳои бардурӯғи мардум ки “кирои тӯй додан одам ҳамин хел тӯй диҳад”, “тӯйи зӯр шуд!”, “тӯйи баъзеҳо азо барин бошад, ин тӯй, дар ҳақиқат тӯйи шоҳона шуд” ва ғайра, равған барин об мешавем.

   Баъди ду-се рӯзи тӯй мебинем, ки дар хона ҳеҷ чиз несту ба болояш хешу табор қарзашонро пурсида меоянд, ҳушамон ба сарамон мезанад.

  -Э майнаам хушк шавад! – муште ба сар зада худ ба хад мегӯем мо. –Бутун девона будаам-дия. Умуман, ин қадар тӯйи калон додан чӣ лозим буд?! Кошки ин мардуми мо миннатдор шаванд!

  Солҳо ба ҳамин аҳвол мегузаранд. Рӯзе фаро мерасад, ки бо ин дунё хайрухуш кунем. Умри худро ҳисобу китоб карда мегӯем:

  -Э ман бутун ҷинӣ будаам-ку! Дар ин умри кӯтоҳам кучук барин ин қадар давутоз кардан, қатор-қатор хонаву ҷой сохтан, тӯй додан чӣ лозим буд? Охиру оқибат ҳамаашро партофта мерафтаам-ку...

  Зиқ мешавем, афсӯс мехӯрем, худро маломату надомат мекунем. Аҳмақ-дия мо, аҳмақ! Мемурему акнун ҷонамон аз ғаму андӯҳ, азобу машаққат, беҳудакориҳо ва ғайра халос мешавад, хурсанд намегардем.

Афсӯс...

Комментариев нет:

Отправить комментарий