(Ҳаҷвия)
-Ойтимуллом чӣ хел?
Саволро бинед. Вақте ба кор меомадам, як ҷавонзани ситорахунук набурдаву наоварда чунин савол дод. Зуд фаҳмидам, ки аз тарафи “немисҳо” - ягон ҳамсояи давраи духтарии янгаатон. Боз ба “ойтимулло” гуфтанаш сӯзам? Янгаатон синфи ҳафтро базӯр тамом кардаасту он кас “ойтимулло” будаанд?! Садқаат шавам, Худоё, ба ин занҳои мо баъде, ки ҳусну ҷамол додӣ, фаҳму фаросатро ҳам дареғ надорӣ намешуд?! Бо як саволаш диламро шаби ялдои зимистон кард-е! Охир кӯр набошад, бо чашмони сараш намебинад, ки ба кор аз ҳама барвақт омада, аз ҳама охир меравам. Дар корхона гузаронидани рӯзҳои дамгирӣ ҳам ҷавоби тайёри саволаш нест? Мисли барфҳои қуллаҳои кӯҳи Эверест сафед шудани мӯйҳои сарам, як илик ба косахонааш чӯкидани чашмонам аз чӣ хел будани ойтимуллояш дарак намедиҳад?.. Худоё, вай чашм ё пешонӣ? Кай ақли шумо медорояд, ки савол надода, ҷавобашро ёбед?!
“Ойтимуллом чӣ хел?”
Ин занҳо ақаллан саволдиҳиро намедонанд-е! Охир салом чӣ
хел бошад, алейк ҳам ҳамон хел мешавад. Ба ин саволи нимдумбули он кас ман чӣ
ҷавоб диҳам? Агар савол конкреттар мебуд, ҷавобаш дарди бахайр буд. Ба ин
саволаш “раҳмат, ойтимуллотон нағз” гуфта ҷавоб гардонам, ӯ хурсанду ман на
танҳо хафа, балки суп-сурх дурӯғчӣ мешудам. Агар бад гӯям, вай мотам мегирифту
ман шод мегаштам. Ана баъд ба ин ҷавоби
ман ҳазору як гапи дигарро аз худаш
ҳароҳ карда, ба чор тараф карнайнавозӣ мекард. Ҳа, Худои таоло ба бехи забони занҳо барака ато кардагӣ. Аз
қуллаи баланди кӯҳ афтед, фақат гардан ё миёнатон шиканад, ба забони занҳо афтед, Рустами достон бошед, ки
ҷо ба ҷо мемуред!
Саволро бинед:
“ойтимуллом чӣ хел?”
Оҳ, ин занҳо ақаллан ба прокурору муфаттишон тақлид
карда, саволдиҳиро ёд гиранд, намешуд?! Масалан, вай мепурсид, ки ойтимуллояшон
дар давраи духтариашон нағз буданд ё баъди ба шавҳар баромадан? Дар ин сурат
ман чӣ хел ҷавоб доданамро аниқ медонистам... Ташаккур, ташаккур! Шумо ҳам
аллакай чӣ ҷавоб доданамро фаҳмидед. Саломат бошед, ақлатон дарозу фаросататон расо.
Ё мепурсид, ки
ойтимуллояшон шабона нағз ё рӯзона?.. Не, шумо маро дуруст фаҳмед. Ҳа, ин
фикратон беҷо. Ман бо он маъние, ки шумо гумон мекунед, намегӯям. Шабона тамоми
занҳо фариштаҳо барин нағз. Чунки хобашон барад, гӯши шавҳаронашон отпуск
мегирад, хӯрдагиашон ош мешавад, бо хотири ҷамъ хобанд, хобҳои ширин
мебинанд...
Ё савол медод, ки
ойтимуллояшон кадом рӯзҳои моҳ нағз? Ба ин пурсиш низ ман нотарсона ҷавоб
доданам мумкин буд: рӯзҳои маошгирии ман! Дар ин хел рӯзҳо чашмаи меҳру
муҳаббати ойтимуллояшон балақ – балақ меҷӯшад. Ҳурмату эҳтироми ман як бар сад
зиёд мешавад. Ба тагам ҳафт қабат
кӯрпача партофта, барои бо ҳузуру ҳаловат ёзида дам гирифтан зери каш болиштҳои
пари қу мемонад. Дар як дам рӯйи дастархонро мисли тӯйи бойбчаҳо бо гули нуқлу неъмат сеқабатаву чорқабата пур карда,
ба ҷойи чой ҳатто шишаи арақро оварда мемонад... Ана чашмони баъзе мардҳо барқ
зада, даҳонашон мисли калушкӯҳна шуд-а?! Маълум... Илоҳо ҳар рӯз маош гиреду
маош гирем! Кош ягон ҷойи коре бошад, ки ҳар рӯз моҳона диҳад, Агар донед, ба
ман адресашро гӯед. Як умр эркатулфори занак шуда мегаштам!
“Ойтимуллом чӣ хел?”
Ҳеҷ набошад, пурсиданаш мумкин буд, ки нисфи болоии
ойтимуллояшон нағз аст ё нисфи поинаш? Шумо даррав даҳон инҷ карда, фикратонро
ба дигар тараф набаред. Аз барои Худо, ман он чизе, ки шумо аз дил мегузаронед,
дар назар надорам, ҳатто он гапу корро ба гӯшаи хаёлам ҳам наовардаам. Албатта,
агар ман гӯям, ки нимаи поини занҳо хуб аст, шумо гӯшатонро наҷунбонда бовар
кунед. Ҳа, барои исботи ин суханам як ҷуволу боз ду пали хӯрҷин далел оварданам
мумкин аст. Асоситаринаш қаҳр карда, бо пойҳои худ ба хонаи падару модараш
меравад. Акнун ба ҳамин монад боз даҳҳо мисол оварданам шарт набудагист... Дар
Тайга зани як марди чукчаро поезд задааст. Мардуми авулаш ба ӯ гуфтаанд, ки
“рав, ҷасади занатро гирифта биёр, гӯр кунем”. Мардак рафта дидааст, ки поезд
занашро ба ду ҳиссаи баробар тақсим кардааст, ними поинашро ба китфаш бардошта,
ба авул овардааст. Мардум сабаби ин амалашро пурсанд, вай ҷавоб додааст: “Ман
бо нимаи поёнии занам ҳеҷ гоҳ ҷанҷол намекардам!..” О сабабашро фаҳмидед?
Мардкуши занҳо - забонашон дар қисми болоии танашон ҷойгир аст. Акнун мақсади
ман тир барин ба мағзи ақлу идркатон рафта расид? Э саломат бошед-е!..
“Ойтимуллом чӣ
хел?”
Не, баъде, ки чунин саволи подарҳаво дод, ман дар ҷавоб,
яъне масалан, гӯям, ки “ойтимуллотон ганда, гирифта бареду ба нағзаш иваз карда
биёред”, дилакаш сӯхта, раҳмаш омада, ба мани сарсахти бечора дигарашро ёфта
медод? Балоя! Баръакс, аз хурсандӣ қабат
– қабат гӯшту равған мегирифт, ки чӣ хел нағз! “Ҳамин хел як мардаки
дуппа-дуруста ойтимуллом боб карда гашта будаанд. Ҳа, ҳаққатон! Ин ҳоло гулаш,
аз ин бадтар - мевааш дар пеш аст! Ҳамдеҳаи мо аноӣ не, тоқат кунед, ҳоло
хокатонро ҳам мебезад!”
Ойтимуллояшон чӣ хел будааст?!
Умуман гирем, чӣ
хел будани ойтимуллояшон ба он кас чӣ дахл дорад? Ё шипионӣ мекунад, ки вазъияти оилавии моро вайрон созанд? Охир ҳар
оила мисли давлати алоҳида бошад,
президенту сарвазир ва органҳои дахлдори дигари давлатдорӣ дошта бошад, аз рӯйи
қонунҳои байналхалқӣ дахолати каси бегона ба он раво нест! Оила, ки давлат ба
ҳисоб равад, сирри давлатӣ ҳам дорад.
Бинобар ҳамин, ман ба саволи ӯ чунин
ҷавоб додам:
-Пагоҳӣ, шақ-шақи
гӯшхарошашон шаҳодат медод, ки ойтимуллоятон ганда набудагӣ барин буданд...
Сарашу равғанаш.
Ана акнун чӣ хел будани ойтимуллояшро худаш фаҳмаду гирад...
Комментариев нет:
Отправить комментарий