(Ҳаҷвия)
Ман ба одамон ҳайронам. Онҳо калла надоранд. Рост, каллаи
баъзеҳо аз фарбеҳӣ ба танашон часпидааст, ки ба назар ҳамчун давоми тану
тӯшашон менамояд. Не, ман инро дар назар надорам. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки онҳо
майна, яъне мағзи сар надоранд. Ҳеҷ кас илтимос ё хоҳиш накарда бошад, ки
ҷиниҳо барин худ ба худ ба мусобиқаи ҳасудхӯрӣ миён мебанданд.
Хайр, як ҳамсоя мошини «Волво» харидааст, харидааст – дия!
Ба шумо чӣ? Албатта, каме ақлу фаросат мехарид, беҳтар буд. Не, онҳо ҳам
мехоҳанд, ки соҳиби чунин мошин шаванд. Агар илоҷашро ёбанд, як парда аз он
болотарашро харанд, тоқиашонро ба осмон мепартоянд. Худро хушбахту масрур
мешуморанд. Эҳ, нодонҳое! Ман бошам, аз надоштани чунин мошин, ҳатто аз ҳама
оддитаринаш ҳам хурсанд. Охир мошин нишонаи илму хирад ё ягон бартарии дигари
одам нест, балки воситаи рафтуост. Аниқтараш, тобути равон. Ҳар лаҳза метавонад
риштаи умри одамро канад. Ба ҳамон ҷое, ки бо «Волво» меравед, велосипеди шалақ
ҳам мебарад. Фақат саҳл барвақттар неву каме дертар. Ман на танҳо аз мошин
надоштанам, ҳатто аз соҳиби велосипед набуданам ҳам хурсанд. Аз мошингардӣ,
пиёдагардӣ ҳазорҳо маротиба беҳтар. Ҳам дар ҳавои тоза мегардед, ҳам дар роҳ бо
шиносу ошноҳо вомехӯред ва боз, аз ҳама муҳимаш, ба кисаву саломатиатон фоида
дорад.