-- Э, занакҷон, ба қади пачақат
мурам-дия! Ту ғурбат набардор! Бе ҷангу ҷанҷоли ту ҳам мағзи сарам орухона. Ман
аз як сар гӯям, ту хапу дам гӯш кун. Худат медонӣ, ки ман ба маърака рафта
будам. Фотиҳа бошад, ки аз тӯй зӯртар гузашт. Наравӣ, нашавад. Зуд аз қатори
одаму одамгарӣ мебароранд. Ту ҳам, ҳаргиз намехоҳӣ, ки шавҳари яккаву ягонаат
аз қатори одамон монад. Ман нагӯям, ки худат панҷ-панҷаат барин нағз медонӣ:
маъракаҳои ҳозира беарақу коняк намешавад. Ба пеши баъзеҳо шутур кушта зиёфат
диҳӣ, ки арақу винояш набошад, он маъракаро маърака ҳисоб намекунанд. Баробари
нозу неъматҳои зиёд дар ин фотиҳа ҳам нӯшокиҳо сероб буд. Як ҷӯраи нағзам
илтимос кард, ки ба ҷойи ӯ як пиёла гирам. Худат гӯй, ки як кас илтимос кунаду
ту илтимосашро ба замин гузорӣ, ин аз рӯйи одоб аст? Албатта не. Ман ҳам
илтимоси ӯро рад карда натавонистам.