Ҳама насиҳат мекунанд, ки шароб сарчашмаи тамоми
бадбахтиҳосту аз он худдорӣ мебояд кард. Вале чаро баъзеҳо рӯзе нанӯшанд, ҳамон
рӯз дар хонаашон бадбахтӣ рӯй медиҳад?
***
Барои чӣ ҷилави даҳони баъзеҳо дар дасти пул аст?
***
Мегӯянд, ки одам шоҳ бошад, ақлаш вазир аст. Агар
вазир одамро ба дуздӣ талқин созад, шоҳ чӣ бояд кунад?
***
Ба чашми зебои духтарон чашм расад, чашми кадоме осеб
мебинад?
***
Ҳама ба хонасӯхтагон мадад мерасонанду чаро ба
дилсӯхтагон не?
***