(Ҳикояҳо барои бачаҳои синни томактабӣ
ва хурди мактабӣ)
СЕГОНИКҲО
Устои
кафшергар дар як гӯшаи ҳавлӣ
дари оҳанин месохт. Ӯ дар ҳавои гарми тобистон ғарқи обу арақ шуда буд. Ташнагӣ
азобаш медод. Дилаш дуд мекард. Ягон каси калони соҳибони хона дар гирду атроф
наменамуд. Саҳл дуртар писараки панҷ‒шашсолаи соҳибхона бо мошинчааш хок
мекашонд.
‒Ҳӯ
шери тағо, ба ман як коса об намебиёрӣ? ‒ ба ӯ рӯ оварда, пурсид усто.
‒Ҳозир,
‒ гӯён вай мошинчаашро кашолакунон ба сӯи хонаашон рафт.
Усто
боз ба кори худ машғул шуд.
Ҳамин
вақт айнан мисли ҳамон писараке химчаеро «асп» сохта «чу‒чу» гӯён ба назди ӯ
омад.
‒Ҳӯ
ҷӯра, ман ба ту об биёр гуфтам, ‒ ба ӯ рӯ овард усто, ‒ ба шарораҳои кафшер
нигоҳ накун, ки чашмонат касал мешаванд. Рав, зуд як дӯлча об биёр.
‒Хуб
шудааст, амак, ‒гӯён писарак «асп»ашро қафо гардонид ва ба сӯи хонаашон маҳмез
зад.
Аз байн хеле вақт гузашт. Дарунаш бедуд месӯхт.
Вале аз об ҳамон дараке набуд. Ҳамин вақт ҳамон писарак боз велосипедсавор
омад.
‒Ҳӯ,
ҷӯра! ‒ ба сӯи ӯ нигариста, бо оҳанги норозиёна овоз баланд кард усто. ‒Ман ба
ту об биёр гуфта будам, канӣ об? Э ҷӯрагӣ ин хел нашудааст‒дия!
‒О,
ба ман нагуфтед‒ку, амак, ‒ ҳайрон шуд писарак, ‒ ҳозир мебиёрам.
Ӯ
педалзанон велосипедчаашро ба сӯи хонаашон давонд.
‒Э,
ин бачаҳо чӣ хел‒а? Як гапро сад бор гӯед, ки намекунанд, ‒ зери лаб ғурунгосзанон
боз ниқоби айнаки сиёҳдорашро ба рӯяш кашида, ба кораш идома дод.
‒Амак,
мана об!
Усто
бо сари хам саргарми кори худ буд, ки ин овоз ба гӯшиш расид.
Ӯ
сар бардошта дид, ки се писарак ‒ яке дар дӯлча, дигаре дар коса ва сеюмӣ дар
чойник об оварда, дар пеши ӯ рост меистоданд. Ҳар се як хел рӯйю мӯй, чашму абрӯ,
қаду баст, сару либос доштанд. Усто ҳайрон шуда, ба чашмонаш бовар намекард.
‒Ҳа,
амак, чаро ҳайрон шуда мондед? ‒ гуфт писараки мобайнӣ. ‒Мо сегоник мебошем,
нашинохтед? Анна, об!
‒Э, қанд занед! ‒ ба худ омада,
бо ҳавас ба сӯи онҳо нигарист ва дар даст асбоби кафшергарӣ дар ҷояш шишта
монд.
Усто
се писараки якхеларо дида, обхӯрӣ аз ёдаш баромада буд!