пятница, 24 августа 2012 г.

МАН ҲАЙРОНУ ТУ САРСОН


            Э ҷони тоғо, гап ин хел нашудааст-дия! Ба хонаатон рафтам, дарро тақ-тақ кардам, ҳеҷ кас набаромад, гашта омадам гуфтанат чӣ?! Ту одами бегона не, ҷону ҷигари худамон-ку!
            Рафтӣ, раҳмат. Ҳурмат карда, дарро тақ-тақ кардӣ, миннатдор. Охир ҳеҷ кас набаромада бошад, худат дарвозаро як лагад зада даро буд. Чӣ? Бо пой дарро зада кушодан ҳеҷ хел беодобӣ не! Охир дастонат банд бошанд, дарро бо пой  мекушоӣ-дия. Бо сар душвор. Сар кафиданаш мумкин! Ҳа, дарамон диламон барин ҳамеша кушода. Аз рўзе, ки ман соҳиби хонаву ҷой шудам, дару дарвозаи мо рўи қулфро надидааст. Қулф карда мондан, ҷони тоғо, хосият надорад.
  
          Нопурсиш даромадан хуб не мегўӣ?! Дуздҳо ин  хел рафтор мекунанд! Э ҷияни беақли ман-е! О касаливу беморӣ ҳам ба тану ҷону одам аввал пурсида, сонӣ медарояд? Э қоил ман-е?!
            Худат вақти сохтмони ҳавливу ҷой лойхўрак шудӣ, ба обу лой ҷўлида, хуб ёрӣ расондӣ. Дарвозахона чӣ хел, айвон дар куҷо, меҳмонхона дар кадом тараф, ошхона дар куҷо ҷойгир аст, ҳамаашро панҷ панҷаат барин нағз медонӣ-ку, ҷони тоғо. Бемалол ба меҳмонхона даро буд. Худатро худат иззату ҳурмат карда, ба тагат се-чор қабат кўрпача парто буд. Каттагӣ карда каҷпаҳлў задан хоҳӣ, барои ин хел роҳату фароғат тахмон пури лўлаву болишт! Не, каҷпаҳлўзанӣ маъқул набошад, болои кресло банкирҳо барин ғўддаӣ карда шишта, каме интизор шав буд. Э ҳаминро ҳам ба ту ёд дода шинам акнун? Ақли кўтоҳи қишлоқиат ба ҳамин ҳам нарасид? Ту бо ин хел гапу рафтори беҷоят тоғота хафа мекунӣ. Телевизора мон буд, видеоро тамошо кун буд. Дар замин ё болои кресло шиштан маъқул нашавад, ба рўи диван дароз каш буд.
            Ҳеҷ кас наояд, чӣ кор мекардам мегўӣ?! Э нодон, э бекалла! Ҳайфи думчаи мурўд барин гарданат, ки ҳамин қадар каллаи калони хушку холии туро бардошта мегардад. Охир ҳамин ҳам проблемаи глобалии ҷаҳон шуд-а?! Дараки ҳеҷ кас нашавад, худат ҷунб. Охир кўҳ пеши Муҳаммад наояд, Муҳаммад ба пеши кўҳ меравад. Ту ҳам аз ҷоят ҷунб буд, ҳаракат кун буд. Ҳа, ҷунбуҷўл ба саломатӣ фоида дорад. Ин ҳам варзиши бадан барин як гап. Ба ошхона даро буд, ин тараф он тарафро хабар гир буд. Одами боақл аввал даруни яхдона разведка мекунад, ки чӣ ҳасту чӣ нест. Баъд ба ҳамон нигоҳ карда, корбарӣ менамояд. Э ҳафтафаҳм, агар калларо кор фармоӣ, ҳама чиз мешавад, ҳатто дўзахро ба ҷаннат табдил додан мумкин. 
            Плитаи газ тайёр. Вайро одами кўр ҳам даррав меёбад. Сари якдигарашро хўрда дегу табақ, кафгиру чойкаш ва дигар зарфҳо аскарҳо барин қатор истодаанд. Дега болои плита мон. Гўшти гову гўсфанд ё мурғро аз даруни яхдон ёфта, ягон чизи дилхоҳатро паз буд. Наход ту барин як ҷияни азизам ба хона меҳмон шуда биёиву даҳони хушку холӣ гашта равӣ?! О баъде, ки омадӣ, ақаллан иззату ҳурмати худро ба ҷо оварда, худата худат меҳмондорӣ карда натавонӣ, ҷони тоғо, ин айб аст! Ҳатто шармандагии калон, ки ман ин хел шармондагиро бардошта наметавонам. Охир худат нимчаповури бедиплом. Ақлат мегирад, дасту панҷаат ба шустушў набошад, ки ба пухтупаз мечаспад. Даррав оши палав, гўштбирён, мурғкабоб ё лўлакабоб намепазӣ? Одам хўрокиҳое, ки дар хонадони бегона мепазад, ширину бомаза мешавад. Маҳсулотҳоро, ки худаш нахаридааст, дилаш намесўзад ва бебаркаш ба дег андохтан мегирад... А? Ин чӣ хел мешавад мегўӣ? Э зўр мешавад-дия, ҷони тоғо, зўр! Ҳамин, ки хўрокат пухт, пеш аз кашидан якта ҷирингӣ карда, ба ман занг мезадӣ, тамом, вассалом. Номери телефони дастии маро нағз медонӣ-ку. Ман дар таги замин ё дар авҷи осмон бошам, ки зуд ёфт шуда меомадам. Ту соҳибхона мешудию ман - меҳмон. Ана баъд, ҷони тоғо, дукаса садта-садта зада, хуб маишат мекардем. Э ба ҳамин ҳам ақлат нарасад, ман ҳайрону ту сарсон-дия, ҷиян!

Комментариев нет:

Отправить комментарий