четверг, 28 марта 2013 г.

АСАЛИ БОБО



(Ҳикояҳо барои бачаҳои синни  томактабӣ
ва хурди мактабӣ)


СЕГОНИКҲО
            Устои кафшергар дар як гӯшаи ҳавлӣ дари оҳанин месохт. Ӯ дар ҳавои гарми тобистон ғарқи обу арақ шуда буд. Ташнагӣ азобаш медод. Дилаш дуд мекард. Ягон каси калони соҳибони хона дар гирду атроф наменамуд. Саҳл дуртар писараки панҷ‒шашсолаи соҳибхона бо мошинчааш хок мекашонд.
            ‒Ҳӯ шери тағо, ба ман як коса об намебиёрӣ? ‒ ба ӯ рӯ оварда, пурсид усто.
            ‒Ҳозир, ‒ гӯён вай мошинчаашро кашолакунон ба сӯи хонаашон рафт.
            Усто боз ба кори худ машғул шуд.      
            Ҳамин вақт айнан мисли ҳамон писараке химчаеро «асп» сохта «чу‒чу» гӯён ба назди ӯ омад.
            ‒Ҳӯ ҷӯра, ман ба ту об биёр гуфтам, ‒ ба ӯ рӯ овард усто, ‒ ба шарораҳои кафшер нигоҳ накун, ки чашмонат касал мешаванд. Рав, зуд як дӯлча об биёр.
            ‒Хуб шудааст, амак, ‒гӯён писарак «асп»ашро қафо гардонид ва ба сӯи хонаашон маҳмез зад.
            Аз  байн хеле вақт гузашт. Дарунаш бедуд месӯхт. Вале аз об ҳамон дараке набуд. Ҳамин вақт ҳамон писарак боз велосипедсавор омад.
            ‒Ҳӯ, ҷӯра! ‒ ба сӯи ӯ нигариста, бо оҳанги норозиёна овоз баланд кард усто. ‒Ман ба ту об биёр гуфта будам, канӣ об? Э ҷӯрагӣ ин хел нашудааст‒дия!
            ‒О, ба ман нагуфтед‒ку, амак, ‒ ҳайрон шуд писарак, ‒ ҳозир мебиёрам.
            Ӯ педалзанон велосипедчаашро ба сӯи хонаашон давонд.
            ‒Э, ин бачаҳо чӣ хел‒а? Як гапро сад бор гӯед, ки намекунанд, ‒ зери лаб ғурунгосзанон боз ниқоби айнаки сиёҳдорашро ба рӯяш кашида, ба кораш идома дод.
            ‒Амак, мана об!
            Усто бо сари хам саргарми кори худ буд, ки ин овоз ба гӯшиш расид.
            Ӯ сар бардошта дид, ки се писарак ‒ яке дар дӯлча, дигаре дар коса ва сеюмӣ дар чойник об оварда, дар пеши ӯ рост меистоданд. Ҳар се як хел рӯйю мӯй, чашму абрӯ, қаду баст, сару либос доштанд. Усто ҳайрон шуда, ба чашмонаш бовар намекард.
            ‒Ҳа, амак, чаро ҳайрон шуда мондед? ‒ гуфт писараки мобайнӣ. ‒Мо сегоник мебошем, нашинохтед? Анна, об!
            ‒Э, қанд занед! ‒ ба худ омада, бо ҳавас ба сӯи онҳо нигарист ва дар даст асбоби кафшергарӣ дар ҷояш шишта монд.
            Усто се писараки якхеларо дида, обхӯрӣ аз ёдаш баромада буд!



ТУХМБИРЁН
            Тухмбирён ҷону дили Лазизбек аст. Вай ҳар боре, ки ба хонаи модаркалонаш ояд, дар пешаш дастархон кушода, ӯро меҳмон мекунад. Бо ошҳои бомазза, равғану мураббо ë тухмбирён зиёфат медиҳад.
            Ин дафъа пас аз ғундоштани дастархон бибиаш аз ҷой хест, ки ба мурғ дон диҳад.
            ‒Ман диҳам, бибиҷон, ‒ хоҳиш кард Лазизбек.
            ‒Майлаш, асали бибӣ, ‒ розӣ шуд модаркалонаш ва ҷои донро гуфта истода, таъкид кард. ‒Фақат як каф деҳ. Бисёр диҳӣ, луқмаи паррандаҳо мешавад.
            Лазизбек давида берун баромад. Мурғ кайҳо дар паси дар интизори дон хӯрдан қут‒қуткунон гаштугузор менамуд.
            ‒Ту‒ту‒ту! Ту‒ту‒ту! ‒ гӯён ӯ як каф дони гандуму ҷуворимаккаро ба рӯи суфа, назди мурғ пошид.
            Мурғ аз онҳо ҳанӯз як‒ду дона чинда нахӯрда, ду майнаи шумшук аз болои воиш парида фароманданд ва ба дони мурғ часпиданд. Ин аҳволро дида, мурғ аз паси яке давид. Вай рӯи суфа 5‒6 метр гурехта, фаррӣ парид ва, ба болои воиши ток рафта нишаст. Дар ин вақт майнаи дигар гурусначашмона донро чида мехӯрд. Мурғ гашта омада, онро пеш кард, ки майнаи болои воиш парида омада, ба дон часпид. Инашро сур кунад, ваяш меомад. Хулоса, мурғи бечора дуруст доне нахӯрда, майнаҳо дони пошидаи Лазизбекро топ ‒ тоза хӯрда монданд.
            Лизизбек боз рафта, як каф дон овард. Вай донро ба чор тараф пош надода, ба пеши мурғ рехт. Майнаву мусичаҳо аллакай зиёд шуда буданд. Худи Лазизбек ҳам «киш‒киш!» гӯён бо дасту по онҳоро ронд. Бо вуҷуди он аз чор тарафи мурғ онҳо донро чинда мехӯрданду мегурехтанд.
            Ин дафъа Лазизбек донро ба косачае андохта, ба пеши мурғ монд. Акнун майнаву мусичаҳо дар гирду атрофи мурғ гарданд, ки барои аз коса дон гирифта хӯрдан метарсиданд.
            Лазизбек аз кашфиёти худ қаноатманд гашта, ба назди модаркалонаш омад ва маслиҳатомез гуфт:
            ‒Бибиҷон, шумо минбаъд ба мурғ дар коса дон диҳед. Набошад, майнаву мусичаҳо ҳаққи вайро мехӯрдаанд.
            ‒Албатта, асали бибӣ, ‒ аз пешонаи наберааш бӯсида, ваъда дода модаркалон.
-Набошад, аз дасти ин майнаву мусичаҳои шумшуку берӯ ба мурғи бечора рӯз нест.
           

ТАРАФГИР
            Довар дар курсичаи таги дари кӯча нишаста, фиқ‒фиқ мегирист. Ин аҳволи ӯро дида, мӯйсафеди раҳгузаре ба пешаш омад ва пурсид:
            ‒Ҳа, ҷӯра, чаро гиря мекунӣ?
            Довар аз пайдо шудани чунин як шахси ғамхор боз баландтар ба гиря даромад.
            ‒Ба ту барин як писараки паҳлавоннусха гиря кардан намезебад, бас кун, ‒ мӯйсафед дар паҳлӯи писарак нишаста, сари ӯро сила кард. ‒Кӣ зад?
            ‒Акаам, Беҳзод, ‒ оби чашмонашро бо пушти даст пок карда истода ҷавоб дод Довар.
            ‒Ба Беҳзод зӯрат намерасад? ‒ Мӯйсафед боз саволи дигар дод, ки Довар гиряро зудтар бас кунад.
            ‒Не, вай аз ман чор сол калон.
             ‒Ин гапат ҳам дуруст… Акаат аз ҳеҷ кас наметарсад.
            ‒Вай аз апаам метарсад, ‒ як ба сӯи мӯйсафед нигариста гуфт Довар.
            ‒Хайр, ҷӯра, ба апаат гӯй. Тарафи туро гирифта, як адаби акаатро дода монад.
            ‒Апаам ҳам тарафи маро намегиранд, ‒ оҳе кашида гуфт Довар.  ‒Баръакс, он кас худамро ҷанг мекунанд, ки ҳаққат, ҳамааш айби худат. Ту ҷувонмарг шӯхию балогӣ накунӣ, шаллоқ ҳам намехӯрӣ…
            ‒Хайр, ту ҳам бачаи қобилу гапдаро шав‒дия. Он гоҳ туро ҳеҷ кас хафа намекунад. Набошад, дар хонаатон апаат аз ҳама зӯр будааст‒дия.          
            ‒Балоя! Апаам аз модарам метарсанд. Гарданғафсӣ карда, ягон кори фармудаи модарамро накунанд, мурданивор гап мешунаванд. Очаам аз дадаам метарсанд…
            ‒Набошад дадаам аз ҳама зӯр гӯй?
            ‒Не, он кас ҳам аз Кабир метарсанд.
            ‒Кабир кӣ? Бобоят?
            ‒Укачаам. Вай як доду фарёдро бардорад, ҳама ҷим мешаванд. Ҳатто бобову бибиам ҳам аз вай метарсанд. Ҳозир дар хона ҳукми вай раво… Вай маро нағз мебинад.
            ‒Ин хел бошад, ба Кабир гӯ, тарафи туро гирифта, ҷазои акаатро диҳад?
            ‒Мегуфтаму вай ҳоло думоҳа, ҳеҷ гапро намефаҳмад. Фақат хӯрдану хоб рафтанро медонад. Зӯрии вай ҷинқарча, фақат доду фарёд бардоштан аст.
            Довар ба гап дода шуда, гиряро тамоман фаромӯшкарда буд. Мӯйсафед ин аҳволи ӯро дида, тап‒тап ба китфи Довар зада, ғамхорона гуфт:
            ‒Азобат зӯр будааст, ҷӯра. Ин хел бошад, то калон шудани тарафгират бачаи қобилу гапдаро шуда гард. Кори накун гуфтаро накуниву намон гуфтаро намонӣ, ҳеҷ кас туро намеранҷонад.
            Довар, эҳтимол, то калон шудани укааш чӣ қадар вақт лозим буданашро пеши назар оварда, оҳе кашида монд.
           
ДАСТГИРӢ
            Ду хоҳарон ‒ Сарвинозу Сарафроз ба кӯча баромаданд. Фасли зимистон, ки ҳукмрон буд, онҳо дар тан палточа, дар сар кулоҳ ва дар даст дастпӯшакҳо доштанд. Барфи ғафс рӯйи заминро ҳамчун кӯрпа пӯшонида буд. Дар зери шуои офтоби нисфирӯзӣ чашми одамро мебурд.
            ‒Ваҳ, замин лағжонак барин, ‒ гуфт Сарвиноз, ‒ ман меафтам.
            ‒Ҳа, ‒ тасдиқ карда Сарафроз, ‒ таги туфлиам силлиқ. Ман ҳам аз афтидан метарсам.
            Онҳо дастонашонро ҳамчун болҳои парранда ба ду тараф ёзонда, каме пеш рафтанд.
            Аз хавфи афтодан Сарвиноз таклиф кард:
            ‒Биё, ман аз дасти ту дорам.
            ‒Дор, ‒ гуфт Сарафроз, ‒ ман ҳам аз дасти ту мегирам.
            ‒Дастӣ ба даст меравем.
            ‒Ту афтӣ, ман медорам, ман афтам ‒ ту.
            Ҳарду хоҳарон аз дасти якдигар дошта, рӯ‒рӯйи барф тохтанд. Акнун аз лағжида афтодан наметарсиданд. Чӣ шуду чӣ монд, ки ногоҳ онҳо баробар афтоданд ва ба якдигар нигариста, хандида фиристонданд. Сарвиноз гуфт:
            ‒Зӯр афтидем‒а?
            ‒Ҳа, ‒ розӣ шуд Сарафроз, ‒ агар аз дасти якдигар намедоштем, сахт меафтодем. Дастгирӣ нағз будааст.
           
БОБ КАРД
            Ду ҷӯраҳо ‒ Дониёру Бахтовар бо навбат велосипедсаворӣ мекарданд. Яке савор мешуду дигаре аз пасаш тела медод. Вақти велосипедсавории Бахтовар Дониёр сахттар тела дод магар, ки велосепед яктарафа шуда, Бахтовар афтид. Қаҳри Бахтовар омада, ҷанҷол бардошт. Дониёр ҳам суст наомад. Онҳо хурӯсчӯҷаҳо барин ба якдигар дарафтоданд. Дониёр, ки калонтар буд, ба ӯ зӯри Бахтовар нарасид ва шатта хӯрд.
            ‒Ҳозир исто! ‒ ба сӯйи Дониёр дӯғ зада гуфт Бахтовар. ‒Туро чунон боб кунам, ки…       
            Ӯ гирён ба сӯйи хонаашон тохт. Хоҳарчааш Шукрона бо лӯхтакчааш бозӣ мекард. Шукрона аз ӯ хурд бошад, ки бало буд. Баъзан бо Бахтовар ҷанҷол карда, зӯраш нарасад, мегазид. Дар ин хел вақтҳо ӯ ба модараш шикоят мекард, ки дандонҳои Шукронаро канда партоянд. Ҳоло Бахтовар хурсанд буд, ки хайрият дандонҳои хоҳарчаашро накандаанд.
            Бахтовар ба ӯ рӯ оварда, бо оҳанги зориву тавалло гуфт:
            ‒Дониёр маро зад. Гард укаҷон, як ҳамонро сахтакак газ!
            Шукрона лӯхтакашро ба токча гузошта, аз ҷой хест. Акаву ука ба кӯча баромаданд. Дониёр тарафгири Бахтоварро дида, хандид. Вале Шукрона бо даҳони кушода нотарсона ба ҳуҷум гузашт.
            Дониёр тарсида гурехт.

ҲЕҶ КАС КАСАЛ НАШАВАД
            Азизҷон шамол хӯрда буд. Табъ мекард. Бибияш дасту пойҳои ӯро молида истода, сарзанишомез гуфт:
            ‒Э ҷони бибӣ, ба гапам гӯш накардӣ. Сарлучу пойлуч ба кӯча давида, шамол хӯрдӣ. О ба ҷои ту ман касал шавам, намешуд.
            Азизҷон бибиашро дӯст медошт. Ҳар лаҳзаву ҳар соат, ки меҳрубониҳои зиёди бибиашро медид, гуфт:
            ‒Не, бибиҷон, шумо не, кучукамон касал шавад.
            ‒Майлаш, ‒ розӣ шуд бибӣ. ‒Дарду балои ту ба Маллабой занад.
            Сагчаашон ‒ Маллабой майдаяки зебо буд. Ҳангоми сиҳат будани Азизҷон гирд‒гирдаш тохтаву ҷастухезкунон бозӣ мекард. Нон диҳад, миннатдорона ба сӯяш нигариста, дум меликконд. Шояд ҳаминҳоро аз хаёл гузаронд, ки Азизҷон аз раъяш гашт.
            ‒Не, Маллабой не, камазчаам касал шавад.
            ‒Камазчаат касал шавад, ‒ барои дилбардории наберааш гуфт пиразан .
            Ҳамин вақт чашмони Азизҷон ба мошини «КамАЗ»‒чааш афтод. Вай дар як гӯшаи хона бе Азизҷон ятимчаҳо барин якпаҳлӯ мехобид. Азизҷон ба он ресмон баста, барои «сохтмон»‒и иморатҳои одамон қуму рег ë хокро мекашонд. Вай бо чӣ хаёл боз аз гапаш гашта, гуфт:
            ‒Не, бибиҷон, ҳеҷ кас касал нашавад.
            ‒Илоҳо ҳамин хел шавад, ‒ мамнунона аз пешонаи наберааш бӯсида гуфт бибӣ.
‒Ҳеҷ кас касал нашаваду ба беморони рӯи олам Худои меҳрубон шифо бахшад.
           

АҚЛ
            Ворис вақти бозӣ укаашро зад. Хоҳаракаш доду ғирев бардошт. Овози ӯро шунида, модараш ба сари онҳо омад.
            ‒Ворис зад, мӯйи лӯхтакчаамро канд, ‒ ба модараш гирёну нолон шикоят кард Рухшона.
            Ворис гӯë ҳеҷ коре накарда бошад, мусичаи бегуноҳ барин саргарми бозии худ буд. Модараш ба ӯ рӯ оварда, гилаомез гуфт:
            ‒Ба ту чӣ шуд, Ворисҷон?! Дина гуфтӣ, ки ақлам даромад, акнун ман бачаи қобилу гапдаро мешавам, бо укаам ҷангу ҷанҷол намекунам. О ин боз чӣ номаъқулӣ ‒ а?
            ‒Ақлам якбора баромада рафт‒дия.
            ‒О вай чӣ хел ақл будааст, ки мебарояд? Аз куҷоят баромад?
            ‒Аз болои сарам, ‒ бо даст теппаи сарашро нишон дод Ворисҷон.
            ‒Набошад, ду‒се мушт ба сарат занам, ки дигар набарояд? ‒ аз ин гапи Ворис хандаашро базӯр руст карда, гуфт модар.
            ‒Не, не, очаҷон ‒ ҳозирҷавобӣ карда гуфт Ворис, ‒ ба ҷойи вай боз аз даҳонам ақли нағз даромад. Дигар бо укоям ҷанг намекунам.
           

НОМИ ДИГАР КАСРО МЕГӮЯМ
            Мӯйсафед набераи шӯху шатармаи худро ба наздаш ҷеғ зад.
            ‒Канӣ, ин ҷо биё. Мардак барин дурустакак шин. Як бо ту гапзанон кунам.
            Калимаи «мардак»‒ро шунида, Шаҳриёр калонворона пеши бобояш ба рӯи кӯрпача нишаст ва дастонашро рӯи зонувонаш монд.
            ‒Ин чӣ гап‒а, шери бобо?! – бо оҳанги сарзаниш ба гап сар кард бобо. ‒Ҳама аз дасти ту ба доду фарёд омадаанд‒ку?! Накуну намона надонӣ, ту чи хел бача‒а?
            ‒Ман ҳеҷ кор накардаам‒ку, бобоҷон, ‒ сарашро каҷ карда гуфт Шаҳриёр.
            ‒Ҳоло ҳеҷ кор накарданат ҳамин? Гурбаи ҳамсояро задӣ, Миҷгонаро гирёндӣ, гови Баёнамакро рамондӣ. Вай гурехта ба заминӣ картошка даромада, ҳама ҷоро поймол кардааст… Боз мегӯӣ, ки ҳеҷ кор накардаам. Ман аз ин кору рафтори ту шарм медорам. Ман муаллим бошам, ба бачаҳои мардум таълиму тарбия диҳаму набераи худам шӯху бадахлоқ бошад, одамон чӣ мегӯянд?! Дар ҳаққи ман лаънат намегӯянд?!
            ‒Не бобоҷон, шумо аз ин тарафаш ғам нахӯред.
            ‒Чӣ хел ғам нахӯрам? Аз шарм замин намекафад, ки одам дарояд.   
            ‒Ин дафъа ман шӯхию балоӣ кунам, пурсанд, ки набераи кӣ, ман номи ягон одами дигарро мегӯям.

МОШОНИ БЕАҚЛ
            Ду чашми гиряолуди Ҷавоҳир ба роҳи бибиаш дӯхта шуда буд. Модаркалонаш ӯро ниҳоят дӯст медорад. «Дадаҷон» гуфта навозиш мекунад ва ҳамеша тарафашро мегирад.
            Баробари аз дар даромадани модаркалонаш Ҷавоҳир даҳони халтаи шикояташро кушод.
            ‒Бибиҷон, бибиҷон, дадаам маро заданд!
            ‒Э дасти вай шиканад! ‒ модаркалонаш навозишомез аз пешонаи Ҷавоҳир бӯсида, ба сила кардани сараш пардохт. Вай чӣ ҳақ дорад, ки дадаҷони ширини маро мезанад? Канӣ худаш? Ҳоло ҳамин ҷо биёяд, адабашро дода мемонам, ‒ ва ба Ҷавоҳир рӯ оварда пурсид, ‒ боз айби худат набошад, дадаҷон? Шӯхиву балогӣ накардӣ?!
            ‒Не, бибиҷон, ‒ ба худсафедкунӣ гузашта гуфт Ҷавоҳир. ‒Ман ҳеҷ хел балогӣ накардам. Бо Мошин бозӣ мекардам. Дастамро бо панҷаҳояш харошид. Заданӣ шудам, гурехт. Аз пасаш сур кардам. Рафта ба ошхона даромад. Дарро аз болояш пӯшида, ҷазояшро доданӣ шудам, мошони беақл ба болои рафҳои косаву табақҳо ҷаҳида баромад. Ба чӯб задани шудам, ки коса, табақҳоро афтонда шикаст. Охир ин айби ман не‒ку…
            ‒Иъ‒е? Агар ҳамин хел бошад, дадаат боб кардааст. Ман худам ба вай пулашро дода, таъин карда будам, ки Ҷавоҳир ягон шӯхиву балоӣ кунад, зан!
            Модаркалон дасташро аз болои сари Ҷавоҳир гирифт.
            Лабу лунҷи Ҷавоҳир овезон шуд. Сар хам карда, ба сукут рафт. Пас аз лаҳзае боз лаб инҷ карда ба бибиаш рӯ овард:
            ‒Бибиҷон, ҳӯ бибиҷон?
            ‒Ҳа. Боз чӣ гуфтан мехоҳӣ, шатармаҷинӣ?
            ‒Ҳеҷ гап не. Ҳамон пулро ба худам медодед, нағз буд.
            ‒Ту чӣ кор мекардӣ?
            ‒Э шумо аҷиб‒а, бибиҷон? Баъди шӯхию балогӣ кардан худамро худам мезадам.
           
БО ДАСТОНИ БИБӢ
            Ораш саргарми давутозу бозии худ буд, ки модараш ҷеғ зад. Вай тозон назди модар омад. Модар сарзанишомез лаб ба сухан кушод:
            ‒Э‒ҳе, писарҷон, ба рангу раҳмони ту нигоҳ карда намешавад‒ку. Ин чирку чарматро бин, худи гӯлахиҳо барин шудӣ‒е?! Рафтем, вақти хӯрокхӯри шуд. Дасту рӯятро шӯям.
            ‒Не, об хунук, ‒ якравӣ карда, баҳона пеш овард Ораш.
            ‒Ман бо оби гарм мешӯям.
            ‒Не…
            ‒Писарҷон, ақаллан дастатро шӯем. О бо ин дастонат чӣ хел ош мехӯрӣ.
            ‒Дастамро ҳам намешӯям.
            ‒Шустан даркор, ‒ бо оҳанги тавалло гуфт модар. –Агар одам пеш аз хӯрок дастонашро нашӯяд, касал мешавад.
            ‒Ман касал намешавам.
            ‒Чӣ хел? Бо ҳамин хел дастони чиркин  ту хӯрок хӯрдан мехоҳӣ?
            ‒Не, бо даҳонам, ‒ Ораш бо ҳамон аҳвол ба ошхона давида даромад ва ба бағали бибиаш нишаста, илтиҷоомез  гуфт. ‒Ман гушна мондам, бибиҷон, тезтар ба дастони худатон ба ман ошу нон диҳед.

ШАКАЛОД
            Манучеҳр бомазахӯрак шуда буд. Ҳар рӯз аз падар, модар ва ë бибиаш пул гирифта, аз дӯкони деҳаашон сникерс, шакалод, чулучупсӣ ë вафлӣ харида мехӯрд. Як рӯз дар хона танҳо бо бобояш монд. Вай бо гардани каҷ аз бобояш пул пурсид.
            ‒Пулам нест, ‒ гуфт бобояш.
            ‒Чаро нест, ‒ ҳайрон шуд Манучеҳр. ‒ Шумо одами калон‒ку, наход пулатон набошад.
            ‒Ҳоло нафақапулиам наомадааст. Барои ҳамин ҳозир ман бепул.
            ‒Кай меояд?
            ‒Надонам, ҷони бобо! Ҳоло он наомада, аллакай дарди сар. Барои майда‒чуйдаҳои рӯзгор якчанд чиз хариданамон даркор.
            Манучеҳр баъди шунидани ин суханон давида ба хона даромад ва қуттии доруи дарди сарро бароварда, ба бобояш гуфт:
            ‒Ана бобоҷон, ин доруи дарди сар. Ба нафақапулиатон диҳеду гӯед, ки дигар дарди сар нашавад. Ман шакалод хӯрдан мехоҳам.
           
МЕҲРУБОНӢ
            ‒Дада, дада, ман ба шумо яхмос харидам.
            ‒Э бале, шери дадеш. Канӣ биёр, хӯрем.
            ‒Нест.
            ‒Об шуд?
            ‒Не, ман худам хӯрдам.
            ‒Пас, яхмосро барои манн не, балки барои худат харида будаӣ‒дия?
            ‒Не. Ман ҳам барои худам харида будаму ҳам барои шумо. Аввал аз они худамро хӯрдаму баъд аз они шуморо.
            ‒Чаро аз они маро хӯрдӣ?
            ‒Ман медонам, ки шумо онро нахӯрда боз ба ман медодед. Барои ҳамин шуморо интизор нашуда, худам хӯрдам. Раҳмат гӯед.
            ‒Ҳазор раҳмат, ки маро аз яхмосхӯрӣ халос кардӣ.
            ‒Акнун пулашро диҳед. Пагоҳ ман боз барои худаму барои шумо яхмос мехарам.

АДАБАШРО ДОДЕМ
            Тоҳиру Зоҳир Асрорро мезаданд. Инро дида, муаллим онҳоро ба наздаш ҷеғ зад ва сарзаниш намуд:
            ‒Ин чӣ номаъқулӣ‒а? Чаро дукаса Асрорро мезанед?
            ‒Айби худаш, муаллим, ‒ гуфт Зоҳир.
            ‒Ҳа, муаллим, ‒ илова кард Тоҳир. ‒Худатон доимо мегуфтед, ки бо якдигар ҷангу ҷанҷол накунед. Вале Асрор моро ҷанг андохтанӣ шуд. Барои ҳамин мо якҷоя адаби ӯро додем.

АСАЛИ БОБО
            Тобистон. Ҳаво аз пагоҳӣ метафсид.
            Бобо заминро побел карда, ба кишти дубора тайёрӣ медид. Наберааш ба назди ӯ омад.
            ‒Бобо, ман ҳам кор кунам?
            ‒Кани ин хел шавад, асали бобо, ‒ хушҳол шуда гуфт бобо. ‒Ғайратат ҷӯшида истода бошад, сатилчаатро гирифта, ба бехи ҳо, ана он ток об рез, ‒ бо даст ба як гӯшаи ҳавлӣ ишора кард, ки навтоке акнун қад мекашид. ‒Худаш ҳам аз ташнагӣ «об!», «об!» гуфта, азоб кашида истодааст. Аз об сер шавад, ба ту «раҳмат» мегӯяд.
            Азимҷон шоду мамнун, ки ба корҳои бобояш ёрӣ мерасонад, ба обкашонӣ сар кард. Ҳар боре, ки як сатилча обро бурда, ба чуқурчаи бехи ток мерехт, аз бобояш мепурсид:
            ‒Бобоҷон, ток аз об сер шуд?
            ‒Ҳоло не, ‒ дар ҷавоб мегуфт бобо.
            ‒Сер шуданашро чӣ хел мефаҳмем?
            ‒Ҳамин, ки обро хоку решаҳои ток хуб кашида гиранду чуқурча лаболаб пур гардад, ток аз об сер мешавад.
            Азизҷон ҳафт ‒ ҳашт сатилча об кашонд. Ниҳоят ҳавзчаи бехи ток аз об пур шуд.
            ‒Бобоҷон, ток аз об сер шуд! ‒ хурсандона ба бобояш мужда расонд Азимҷон. Акнун «раҳмат» мегӯяд?
            ‒Албатта, асали бобо. Кори нағз беподош намемонад.
            ‒Кай, бобоҷон? ‒ ҳайрон шуд Азимҷон. ‒Охир, ток забон надораду чӣ хел «раҳмат» мегӯяд?
            ‒Ягон рӯз. Гулу ниҳолҳо ва ҷонварони безабон ҳам «раҳмат» мегӯянд. Фақат ту камтар тоқат кун. «Раҳмат» гуфтанашро ту нафаҳмӣ, ман худам мефаҳмонам.
            ‒Хайр, бобоҷон…
            Баъди он Азимҷон ҳамин, ки бобояш саргарми корҳои деҳқониву боғбонӣ мегардид, сатилчаашро ба даст гирифта, ба бехи ток ва дигар ниҳолҳо об мекашонд. Нашъунамои ток ҳам рӯз аз рӯз хуб мегашт. Бобояш шоху навдаҳои барзиёди онро бурида, ба тартиб меовард, баргҳои гирду атрофи ғӯраҳои ангурро мечид, ки онҳо  шамол хӯранд ва нури офтоб расанд.
            ‒Бобо, ток кай «раҳмат» мегӯяд? ‒ ҳар дафъа баъди обдиҳӣ бетоқатона аз бобояш мепурсид Азимҷон.
            ‒Тоқат кун, асали бобо, ‒ доимо дар ҷавоб мегуфт бобояш, ‒ фурсаташ фаро расад, ҳатман «раҳмат» мегӯяд.
            Рӯзҳо мегузаштанд. Моҳи охирини тобистон фаро расид. Сарҳои ангури ҳусайнӣ калон шуда, ба ширабандӣ даромаданд. Бо таъсири шамол, гармии ҳаво, равшании моҳтоб ва нурҳои заррини офтоб ғуҷумҳои ангур мисли кӯзачаҳои пурасал ранги тиллоӣ мегирифтанд.
            Як пагоҳӣ Азимҷон дар рӯи дастархон табақи пур аз ангурро дид. Бобояш ба сӯйи Азимҷон ишора кард, ки хӯрад.
            Донаҳои ангури ҳусайнии тиллоранг ширину гуворо буданд. Зери дандонҳои Азимҷон кирс‒кирс овоз мебароварданд. Вай ангурро бо ҳузуру ҳаловати беандоза мехӯрду мамнунона ба сӯи бобояш менигарист.
            ‒Ана ҳамин ҳосили ширину гуворо «раҳмат» гуфтани ток аст! ‒ гуфт бобо.
            Азимҷон аз ангури дасташ як хӯшаашро канда, ба бобояш дод ва гуфт:
            ‒Бобоҷон хӯред, ток ба шумо ҳам «раҳмат» гӯяд.
           

БАЧАИ ҚОБИЛУ ГАПДАРО
            Беҳрӯз ҳангоми бозӣ бо Моҳрӯ ҷанҷол кард ва ӯро зада афтонд. Вай доду фарёд бардошта, ба сӯи ҳавлиашон давид. Беҳрӯз ба лаб кулӯх молида, ба хонаашон омад ва боз ғарқи мошинчабозӣ шуд.
            Модари Моҳрӯ ба хонаи онҳо омад ва аз ин рафтори Беҳрӯз ба модараш шикоят кард.
            ‒Мебахшед, ҳамсояҷон, вақти бозӣ Беҳрӯз надониста афтондагист‒дия, ‒ гуфт модари Беҳрӯз. ‒Умуман гирем, Беҳрӯз бачаи нағз. Ҳозир рафта узр мепурсад ва боз об ба лаби ҷӯ баробар мешавад.
            Модараш ӯро ҷеғ зада, фармуд:
            ‒Беҳрӯзҷон, ту Моҳрӯро зада гирёндӣ? Дигар ин хел накун. Ҳозир рафта, аз Моҳрӯ узр пурс: мебахшӣ, ман надониста туро зада афтондаам, дигар такрор намекунам гӯй. Фаҳмидӣ?
            Ӯ рафту ҳамсоязанҳо саргарми сӯҳбат шуданд.
            Пас аз чанд дақиқа Беҳрӯз гашта омад.
            ‒Ана, Беҳрӯз узр пурсида гашта омад, ба таърифи Беҳрӯз даромад модараш. ‒Писарам бачаи қобилу гапдаро, холаҷонаш. Ақлаш даромада, минбаъд бачаи боодоб мешавад. Ҳамту не, Беҳрӯзҷон?
            ‒Ҳа, ‒ гуфт Беҳрӯз. ‒Ин дафъа Моҳрӯро кӯфтани шавам, аввал «мебахшӣ» мегӯям.
            Ҳамсояҳо хандиданд.
           

КУЛЧАҚАНД
            Зарнигор аз мактаб омад. Вай ҳанӯз сару либосашро иваз накарда, халтачаи шириниро дар пешаш монд ва дулунҷа ба хӯрдани кулчақанд даромад.
            Дина рӯзи таваллуди Зарнигор буд. Бо хешу табор зодрӯзашро қайд карданд. Модараш ин пагоҳӣ халтачаи пур аз шириниҳоро ба сумкааш андохта гуфт, ки ба дугонаҳояш барад, аз нӯги нозу неъматҳои рӯзи таваллуд дугонаҳояш ҳам даҳон ширин кунанд.
            Модараш ба хона даромад. Ин рафтори ӯро дида, бо ҳайрат пурсид:
            ‒Зарнигорҷон, охир аз ширинҳои зодрӯзат дугонаҳоятро зиёфат накардӣ?
            ‒Кардам. Лекин онҳо нахӯрданд.
            ‒Чӣ хел? ‒Ба ҳайрат афтод модар.
            ‒Ҳамин хел. Ба Нилуфар «конфет мехӯрӣ?»‒гуфтам. «Не» гуфт. «Шоколад диҳам?» гуфта аз Ирода пурсидам. «Намехӯрам» гуфт. Ба Нигина «кулчақанд диҳам?» гуфта пурсидам. Вай «раҳмат, ишкамам сер» гуфта ҷавоб гардонд.
            ‒Аҷиб‒ку?! Чаро ин хел шуд?
            ‒Намедонам. Ман халтачаи конфетро аз сумкаам набароварда, аз онҳо пурсидам.
            Чеҳраи Модараш якбора тира гашт.
            Зарнигор ба модараш эътибор надода, ҳамон кулчақанд мехӯрд.
           
ТАРС
            Анварҷон дар саҳни биноҳо ба чор тараф давутозкунон бозӣ мекард, ки ногоҳ аз паси буттадевор гурбаи сиёҳи калоне баромад. Вай сӯи Анварҷон панҷаҳояшро боло карда, «мияв» гӯён фаххос зад. Аз чашмонаш оташ мепариданду мӯйҳои баданаш рост хеста, ба назар хеле калону бадвоҳима тофт. Анварҷон баробари дидани вай тарсида қафо гашт ва гиряро бардошт.
            Ин гурба гурбаи Содиқамак буд. Ҳамсоя ин аҳволро дида, Анварҷонро ба бағал гирифт ва гуфт:
            ‒Ин мардака бинанд‒а, аз як гурбача метарсад?
            ‒Вай майда не, ‒ ҳамон аз тарс ларзида ҷавоб дод Анварҷон.
            ‒Лекин калон ҳам не. Охир ту мард‒ку?!
            ‒Ман ҳоло бача ‒ худро сафед кардани шуд ӯ.
            ‒Дуруст, духтарбача не, писарбача! Ҳамин тавр?
            ‒Ҳа.
            ‒Хайр, гӯй: калон шавӣ, мардак мешавӣ?
            ‒Албатта.
            ‒Дар оянда як мардаки калони мӯйлабдор шавӣ, аз як гурбачаи ошолуд тарсидан ба ту мезебад?
            ‒Не! ‒ ҷасуртар гашта ҷавоб дод Анварҷон. Гурба дар ин гирду атроф аллакай наменамуд.
            Рӯзи дигар вақти бози саги калони ҳамсояро дид. Афту башарааш бадвоҳима буд. Дандонҳояш дароз ‒ дароз, забонаш овезон. Гӯë хӯрам мегуфт. Вай тарсид. Хост роҳашрто дигар кунад, ë ягон касро ба ёрӣ ҷеғ занад, вале зуд аз раъйаш гашта, худ ба худ гуфт:
            ‒Охир ман мард‒ку. Ба мард аз сагу гурба тарсидан айб!
            Вай инро аз дилаш гузаронда, аз паҳлӯи саг гузашт.         
            Саг ҳам фориғболона як ба ӯ нигаристу кордор нашуд.
           

ПАНД
            Фаршед дар рӯи ҳавлӣ ғарқи бозӣ буд. Падараш ҷевони либоси хонаро соз мекард. Аз кушода пӯшиданҳои зиёд ошиқу маъшуқҳои он аз ҷояш хеста, дарҳояш шалақ шуда буданд. Ин, албатта, кори Фаршед буд. Ӯ дари онро бо даст кушояд, бо пой мепӯшид.  Падараш ӯро ҷеғ зада фармуд, ки аррачаро ëфта орад.
            Ҳушу ёди Фаршед, ки ба бозӣ банд буд, бо дили нохоҳам пурсид:
            ‒Аррача дар куҷо?
            ‒Дар анборхона.
            ‒Дар куҷои анборхона?
            ‒Аз дар дароӣ, ба тарафи дасти рост, ‒ асабонӣ шуда бошад, ки падараш батаъни ба Фаршед фаҳмонд. ‒Даруни сандуқи асбобу анҷомҳо бояд бошад.
            Заршед дар анборхона хеле ғайб зад.
            Баъди чанде аз он ҷо овозаш баланд шуд.
            ‒Нест‒ку аррача, дада?
            ‒Ҳаст. Дурусттар бин.     
            ‒Ҳама ҷояшро дидам: мехкашак ҳаст, табарча ҳаст, аррача нест.
            Падар бетоқат шуда, хашмолуд гуфт:
            ‒Чашмонатро калонтар кушода, дурусттар бин. Мумкин дар даруни қуттии токча бошад.
            ‒Ана дидам. Дар даруни қуттӣ ҳам нест.
            ‒Ба шифт овезон не?
            ‒Не.
            ‒Ҳозир худам рафта ёфта диҳам?
            ‒Биёед.
            Падар корро партофта, худаш омад. Аррача дар мехи девори анборхона овезон буд.
            ‒Ту кӯр барин ҳеҷ чизро намебинӣ‒а? Ана, аррача дар ҳамин ҷо будааст‒ку?!
            ‒Э ман аз куҷо донам, ки аррача дар мехи девор овезон аст, ‒ норозиёна ғуррунгос зад ӯ.
            ‒Дигар ин хел ношуду ноӯхдабаро нашав. Калон як корро фармояд, зуд иҷро карданро ёд гир.
            ‒Хуб шудааст, ‒ ваъда дод Заршед.
Баъде, ки падараш боз саргарми кори худ гардид, Заршед норозиёна зери лаб гуфт:
            ‒Худашон омада, аррачаро меёфтаанду маро гаранг беҳуда карда, аз бозиям нигоҳ доштанд‒е… 
                                  
ҲАСИБИ ДУДХӮРДА
            Миҷгона ба майдончаи бозӣ баромад. Аз дугонааш Рухшона бошад, ҳамон дарак набуд. Бетоқатона ба сӯи айвончаи қабати саввум менигарист, Рухшона дар роҳрав намудор гардид. Даҳонаш меҷунбид.
            -Хӯрок мехӯрдӣ, ки дер кардӣ, дугонаҷон? ‒ пурсид Миҷгона.
            ‒Не, ресмони арғунчакамро кофтам. Укачаам гирифта будааст.
            Аз ӯ бӯи ҳасиби дудхӯрда меомад. Дили Миҷгона ҳам ба ҳамон хел ҳасиби бомазза гум зад.
            ‒Дилам калбаса мехоҳад.
            ‒Дили ман ҳам, ‒ ҷавоб дод Рухшона ва худ ба худ табъ бурда, илова кард. ‒Лекин ман он хел калбаса нахӯрдаам. Мебуд, якҷоя мехӯрдем. Бовар накунӣ, ана бин, ‒ вай аз болои кисаҳояш тап‒тап зада мон. ‒Кисаҳоям хоп‒холӣ.
            Вале аз дасту даҳони Рухшона ҳамон бӯи хуши ҳасиби дудзада меомад.
            Дигар шавқи бозӣ дар дилашон ҷӯш намезад.

ҶАЗО
            Дар дасти Хусрав химчае афтод. Вай бо он хуб дар рӯи замин хаткашӣ кард. Ба нӯгаш латта баста, байрақчавор болои сар бардошта, давутоз намуд «Аспча» сохта, чорхеззанон ба чор тараф «асп» давонд. Вақте, ки ба ҳавлӣ даромад, химчаро болои сар ҳамчун шамшер алвонҷ дода, ба танаи гулу ниҳолҳо ва токҳо мезад. Вай ғарқи бозии худ бобояшро, ки ин кору рафтори ӯро наззора мекард, намедид.
            ‒Ҳӯ шери бобо, ту чӣ кор карда истодаӣ‒а? Уболу савоб чӣ, ту медонӣ?! Бо ин корат гулу ниҳолҳоро ҷувонмарг мекунӣ‒ку?!
            Ин гуна сиёсати бобояшро дида, Хусрав дар ҷояш шах шуда монд ва номаълум химчаро ба сӯе партофт.
            Бобояш химчаро ба даст гирифта, як‒ду маротиба ба банди пояш зад. Хусрав ба доду фарёд сар кард:  
            ‒Ин ба ту фандёд шаваду дигар ин хел номаъқулиатро такрор накунӣ, ‒гуфт бобояш. Ниҳолҳоро азоб додан убол аст.
            Хусрав гирёну нолон химчаро аз дасти бобояш кашола карда гирифт.
‒Ҳоло ту маро мезанӣ? Ана акнун ҷазоятро бин!
            Вай бо қаҳру ғазаби беандоза инро гуфта химчаро шикаста, ба чанд пора тақсим кард ва бурда ба даруни оташдон партофт.

«ҶӮРАГӢ»

            Шахриёри хурдсол аз чӯбаки ҳалвои чуличупси дошта, онро бо роҳату фароғат ба даҳон мебурд, мемакид ва берун бароварда, мелесид. Он лӯнда ва сурхи зебо буд. Як дафъа, вақте ки ҳалворо аз даҳон баровард, оруе омада, ба он нишаст.
            ‒Дукаса мехӯрем, ‒ аз ин ҳол ба завқ омада гуфт Шахриёр. ‒Чуличулпсӣ ширин. Аз як тарафаш ту, аз тарафи дигараш ман мехӯрам.
            Вай чуличупсиро ба даҳон барад, ору аз болои он мепарид ва гӯë интизори навбати худ мешуд. Аз даҳон бароварда дошта истод, ору ба он менишаст ва шираву шарбати ҳалворо нӯши ҷон мекард.
            Ин кору рафтори ӯро дида, модараш хавотиромез таъкид кард:
            ‒Шахриёрҷон, бохабар бош! Боз ору нагазад?!
            ‒Не, оча, ‒ дар ҷавоб бо як боварии ба худ хос гуфт ӯ. ‒Ман бо ору ҷӯра шудам. Ҷӯра‒ҷӯра чуличупсӣ мехӯрем. Ору маро намегазад.
            Вай бепарво ҳамон ҳалвохӯрии худро давом медод. Як дафъа пои ору ба ҳалво сахт часпид ва ë ору баднафсӣ карда, ба зудӣ аз болои чуличупсӣ напарид, ки ӯ боз ба даҳон бурд. Ҳамин вақт ору аз лаби Шахриёр газид. Доду фарёди Шахриёр ба осмон печид.
            Модараш давида омада, ӯро ба оғӯш кашид ва ба ҷои оругазидаи лабаш атр молид.
            ‒Гуфтам‒ку, Шахриёрҷон, бохабар шав, ору мегазад. Ана ниҳоят гуфтаи ман шуд, ору газид!
            ‒Ман аз куҷо медонам, ‒гирён худро сафед кардани шуда гуфт Шахриёр. ‒Ҷӯраам гуфтаам‒дия.
            Ҳамин вақт чашмаш ба чуличупсӣ афтод, ки дар рӯи замин мехобид. Ору бепарвоёна ба рӯи он нишаста, дар танҳоӣ чуличупсӣ мехӯрд. Бо ҷаҳл бо пояш зада маҷақ кардани шуд, ки ору парида рафт.
            ‒Мур‒е, чашмгушна! Ҷӯрагӣ ҳам ҳамин хел мешавад. Ман дигар бо ту ҷӯрагӣ намекунам!
            Аз ин гапу кори Шахриёр дар лабони модараш табассум гул кард.

ПУШАЙМОНӢ
            Мизроб ҷӯрааш Анушервонро ҷеғ зада гуфт:
            ‒Рафтем, бозӣ мекунем. Ман як ҷойи бозии зӯре ёфтам.
            ‒Рафтем.
            Онҳо ба сари кӯча баромаданд. Ду‒се ҳавлӣ болотар, дар таги дари ҳамсояе барои андова як мошин хоки сурх рехта буданд. Он ҳамчун косаи чаппакардашуда як теппачаи баланд ҳам дошт.
            ‒Ана ҷойи бозии зӯр! ‒ Мизроб чорпо ба болои теппаи хок баромад ва аз он ҷо хандону шодон ғеҷида фаромад. Боз баромада, ин корашро такрор кард. Дафъаи саввум давида баромадани шуд, ки афтид. Аз афтоданаш ба завқ омада, болои хок ғелғелакон кард.  
            Баъд бо як ифтихори ба худ хосе, ки ин бозии навро ӯ кашф кардааст ва завқовар аст, ба Анушервон гуфт:
            ‒Чаро ту ҳайкал барин ноҷунбон истодаӣ? Ту ҳам бозӣ кун. Ë ба теппаи хок баромада наметавонӣ?
            ‒Метавонам.
            ‒Тавонӣ, баро. Ман барин бозиву ғелғелакон кун. Хок кӯрпа барин мулоим. Кайф…
            ‒Не, ман очаамро хафа кардан намехоҳам.
            ‒Модарат чаро хафа мешаванд?
            ‒Ман хокбозӣ кунам, либосҳоям чиркин мешаванд. Баъд он кас зиқу зардоб шуда, ҷомашӯйи карданашон даркор. Ман ҳоло ақламро нахӯрдаам, ки ба ҷойи ёрдам додан корҳои он касро зиёд кунам.
            Мизроб ба сару либосаш нигоҳ кард. Вай мисли гӯлахиҳо ба чангу хок ғӯтида буд. Аз шарм сурх шуда, сар хам кард, бо даст чангу хокҳои либосҳояшро афшондани мешуд, аммо либосҳояш бештар чиркин мегаштанд.

ТУ НАЗАНӢ, ВАЙ ҲАМ НАМЕЗАНАД
            Бежан аз ресмони мошинчааш дошта, онро ба пеш мекашид. Саргарми бозӣ сараш ба танаи дарахт заду гиряро бардошт.
            ‒Ҳа, Бежанҷон, чӣ шуд? ‒ модараш тозон омада, сари ӯро ба оғӯш гирифт ва аз асли воқеа огоҳ шуда, гуфт: ‒Бохабар шав буд-дия, бачем. Худат задӣ, акнун гиря накун.
            ‒Ман не, дарахт зад, ‒ овозашро баландтар намуда, шикоят кард Бежан.
            ‒Э мурад ин дарахт! ‒ барои ором кардани писараш гуфт модар. ‒Дадет оянд, мегӯем, аз беху бунаш канда мепартоянд.
            Вай аз ин гапҳои модар рӯҳбаланд гашта, қасдарашро гирифтаи шуд ва ба танаи дарахт як лагади обдоре зад. Пояш дард карда, боз шикоятомез ба модараш гуфт:
            ‒Оча, боз зад?!
            Модараш зери лаб хандида маслиҳатомез гуфт:
            ‒Ту назанӣ, бачем, вай ҳам намезанад.



ВАРАМ
Ҳанӯз ба нозу неъматҳои рӯи дастархон омин накарда, оруе ба лаби Азимҷон нишаст. Киш гуфта нагуфта, аз лаби мураббоолудаш газид. Азимҷон доду фарёд бардошт.
‒Ҳеҷ гап не, ‒ ба лаби ӯ атр молида истода гуфт модараш. ‒Ҳозир дардаш мемонад. Ору ҳам доно! Медонад, ки аз лаби ширини кӣ бӯсад. Бас, Азимҷон, ҳамааш нағз мешавад.
Вале Азимҷон ҳамоно ҳиққосзанон мегиристу аз ду бари рӯяш ашк мешорид.
Ҳама хеста ба корҳои хона ва замини рӯи ҳавлӣ машғул шуданд. Азимҷон дар дил хурсанд шуд, ки ору газиданаш нағз шуд, акнун ҷонам аз кор халос хӯрд, бемалол дар кӯча бо ҷӯраҳояш бозӣ карда гаштанаш мумкин.
Вай гиряро бас карда буд. Вале ҳамон ҷойи газидаи ору дард мекард. Дасташро ба лабу лунҷаш бурд, ки варам кардааст. Тозон назди оинаи барқад рафт: аз оина ба сӯйи ӯ як бачаи ними рӯяш варамидаи чашмтанге менигарист.
            Бо роҳбарии бобояш ҳама хушу хурсандона дар рӯи ҳавлию замин кор мекарданд. Азимҷон худ ба худ шарм дошт ва аз дил гузаронд: «Кор мекардам, хуб будааст. Беҳуда ору газид гуфта хурсанд шудаам. Бо ин аҳвол ба кӯча ҳам баромада намешавад…»

НАМУНАИ ИБРАТ
            Бибӣ аз рӯи одати ҳаррӯза Ардашерро ба боғча овард. Худ диккак нишаста пойафзол ва либосҳои рӯи ӯро кашид. Ба ӯ либосҳои боғчагардиашро пӯшонд. Пойафзол ва либосҳояшро аз рӯи тартиби муайян дар ҷевонаки либосҳо ҷо ба ҷо гузошт.
            Дар паҳлӯи ҷевончаи ӯ ҷевончаи писараки дигаре ҷойгир буд. Гоҳ‒гоҳ онҳо дар як вақт омада монанд, медиданд, ки либосҳои Ардашерро бибиаш иваз кунад, он писарак тамоми ин корҳоро худаш ба ҷо меовард. Вай ин гуна корҳоро бо як оҳистагӣ ва меҳру муҳаббат иҷро мекард. Ҳатто палточаашро кашида, аввал онро дар либосовезак кашол мекард ва баъд дар даруни ҷевонча меовехт. Ҷӯробҳояшро кашида, пой ба пой даруни туфличаҳояш мегузашт ва баъд дар қабати поини ҷевонча мемонд. Аз он ҷо попӯши дигарашро гирифта, ба по мекард.
            Як рӯз бибии Ардашер он писаракро намунаи ибрат нишон дода гуфт:
            ‒Корро аз ин писараки хушрӯ ёд гир. Вай чӣ қадар бачаи боақлу одоб аст. Ту бошӣ «худатон либосамро пӯшонед», «худатон туфличаамро кашед» гуфта, баъзан ҷанҷолу арбада мебардорӣ.
            Писараке, ки бибиаш ба Ардашер намунаи ибрат нишон дода буд, гуфт:
            ‒Очаву додом ҳам худашон либосҳояшонро кашида, таҳ ба таҳу ҷо ба ҷо мекунанд. Ман онҳоро дида, мисли онҳо амал менамоям. Агар онҳо ба ҷои ман либосҳои маро кашида пӯшонанд, ё ба тартиб биёранд, ман шарм медорам.
            ‒Ин гапҳои ӯро шунади, Ардашер ба модаркалонаш гуфт:
            ‒Бибиҷон, ман худам, ‒ гуфт ва ба писараки ҳамбоғчааш тақлидкунон худ либосҳояшро кашида як‒як дар шикофча ҷой дод.
            Бибиаш аз ин кори ӯ мамнун хандид.

СӮЗАНДОРУ
            Манучеҳр баъди бозӣ бо дастони ношуста, ба сари дастархон омада нишаст.
            ‒Одам аввал дасташро мешӯяду сони ба сари дастархон мешинад,  ‒ аз ин беадабии наберааш норозӣ шуда, эрод гирифт бибиаш.
            ‒Хайр бибиҷон, дастонам тоза‒ку, ‒ эркагӣ карда гуфт ӯ. ‒Нашӯям, чӣ шудааст?
            ‒Ҳеҷ чиз намешавад, ‒ гуфт модаркалонаш. ‒ Вақти хӯрокхӯрӣ ҳамроҳи чирки даст микробҳои ганда ба шикамат медароянд.
            ‒Хай, дарояд чӣ мешавад?
            ‒Микробҳо ганда. Онҳо ҳар хел касалиҳоро дар бадани одам ба по хезонда, ба саломатии одам ҳуҷум мекунанд.
            Манучеҳр ҳамоно гапгардонӣ мекард ва умед дошт, ки нозу нузи ӯро бибиаш мебардорад.
            ‒Хайр, микробҳо касалиҳоро ба по хезонанд, чӣ мешавад?
            ‒Ҳеҷ чиз намешавад. Ту касал мешавӣ, сарат дард мекунад, табъат баланд мешавад, ба обу арақ ғӯтида, ба оҳу нолиш медароӣ. Ман ба додаву очаат мефармоям, ки туро ба духтурхона баранд.
            ‒Хайр, баранд чӣ?
            ‒Ҳеҷ чиз. Духтурҳо ба ту ҳар хел доруҳои талху заҳр барин медиҳанд, укол мекунанд…
            Манучеҳр аз сӯзандоруи духтурон метарсид. Бинобар ҳамин, баъди каме андеша дигар саволе надода, аз ҷой хест ва барои дастшӯӣ ба берун рафт.
           


ЁРӢ БО ОШХӮРӢ
            Рӯзи дамгирӣ мӯйсафед ҳезуми харидааш ‒ шоху токпилларо ба тартиб оварда, ҷо ба ҷо карданӣ буд. Бо ин мақсад табару аррача ва қайчии токбуриро гирифта, ба кор сар кард. Вай шохҳои ғафсро бо аррача, майдаҳояшро бо табар ва навдаҳоро бо қайчӣ бурида, даста мекард ва бо сим банд баста, ба дарун мекашонд. Ин кори ӯро дида, наберааш тозон назди бобояш омад.
            ‒Бобоҷон, ман ҳам кор кунам?
            ‒Кани ин хел шавад, шери бобо, ҷон мегуфтам‒ку, ‒ ӯро рӯҳбаланд карда гуфт бобояш. ‒Лекин аз дастат коре намеояд‒дия. Хайр, навдаҳоро чида, дар як ҷо даста кун.
            ‒Хуб шудааст, бобоҷон.
            Шоҳрух чаққон ба кор часпид. Навдаҳоро даста мекарду аз бобояш чашм намеканд. Бобояш бо қайчӣ навдаҳои борикро ғарч ‒ ғурч мебурид. Ҳавасаш ба қайчикунӣ рафта, ба бобояш рӯ овард:
            ‒Бобоҷон, ман қайчӣ кунам?
            ‒Ту ҳоло хурд, ‒ гуфт бобояш. ‒Ин кор аз дастат намеояд. Ту қайчӣ карда наметавонӣ.
            ‒Не, метавонам, метавонам, бобоҷон. Ман майда не, калон шудаам.
            ‒Хайр.
Мӯйсафед ноилоҷ қайчиро ба дасти ӯ дод. Худаш бошад, арачаро ба даст гирифт. Танаи шохҳои ғафсро мебуриду ду чашмаш ба сӯи наберааш буд. Метарсид, ки мабодо ӯ ягон ҷояшро набурад.
Шоҳрух зӯр зад, зӯр зад, вале бо қайчӣ навдаеро бурида натавонист. Гумон кард, ки арракунӣ осон аст, қайчиро партофта, ба назди бобояш омад.
‒Бобоҷон, ман арра кунам?
‒Зӯрат намерасад?
            ‒Мерасад.
            Бобояш абрӯ чин карда, аррачаро ба дасти Шоҳрух дод.
            Шоҳрух бо аррача ҳам шохеро бурида натавонист.
            Бобояш шохҳоро даста карда, банд мебаст. Шоҳрух аррачаро монда, ба бобояш рӯ овард.
            ‒Истед, бобоҷон, ман бандам.
            Бобояш медонист, ки не гӯяд, Шоҳрух доду фарёд мебарорад, гуфт:
            ‒Аз дастат ояд, марҳамат.
            Шоҳрух ин корро ҳам ӯҳда карда натавонист.
            Бобояш чӣ коре кунад, ӯ ба ҳамон кор мечаспид. Хулоса, ёрӣ не, ба корҳои бобояш халал мерасонд.
            То пешин бобояш чоряки корҳо ҳам ба охир расонда натавонист.
            Дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ Шоҳрух дар сари дастархон ба бибиаш худро таъриф кард.
            ‒Ман ба корҳои бобоям ёрӣ расондам.
            Аз ёрӣ дида ӯ, ки бештар халал расонда буд, бобояш кинояомез гуфт:
            ‒Ҳа, акнун ба хӯрокхӯрӣ ҳам ёрдам деҳ. Ин кор аз дастат меояд.
            ‒Албатт! ‒ мамнунона гуфт Шоҳрух ва аввалин шуда, ба косаи шӯрбо часпид.


ПУЛ ШИРИНӢ КАРД
            Баъде камее бозӣ дар ҳавои гарм Хуршед тозон ба хона омад. Аз модараш илтимос кард, ки пул диҳад, ӯ яхмос харида хӯрад.
            ‒Пулам нест, бачем, ‒ ҷавоб дод модараш.
            Хуршед ба назди бибиаш омад ва гардан каҷ карда, хоҳиш намуд:
            ‒Бибиҷон, пул диҳед, яхмос харида хӯрам?
            ‒Яхмосро чӣ кор мекунӣ, асали бибӣ. Ҳаво гарм, яхмоси хунукро хӯрӣ, гулӯят дард мекунад.
            ‒Ман гарм карда мехӯрам.
            ‒Э ҷинибой, яхмосро гарм карда намехӯранд. Одам онро гарм кунад, вай яхмос не, ширчойи ширин барин мешавад.      
            ‒Хайр, ман нахоида фурӯ мебарам. Лӯққӣ аз гулӯям мегузараду дарди гулӯ намешавам. Хайр, бибиҷон, пул диҳед.
            ‒Пулам нест. Ҳоло нафақапулиам наомадааст. Дилат бисёр яхмос хоҳад, аз пули худат харида хӯр. Пагоҳӣ дадаат боз пул дод‒ку?!
            Хуршед ҳар пагоҳ аз падараш пул мегирифт ва онҳоро дар як қуттичаи картонӣ руст карда мемонд. Мехост, ки пулаш агар як хона шавад, мошин мехарад.
            Аз ин ҷавоби модаркалонаш дамаш ба дарун афтод. Пули худаш ширинӣ кард. Бинобар ҳамин ба бибиаш гуфт:
            ‒Эҳ ҳазл кардам‒дия, бибиҷон. Ман умуман яхмос намехӯрам. Хӯрам, гулӯям дард карда, касал мешавам.
НАМУНАИ БАД НАШАВ
            Бибиву набера дар кӯча мерафтанд. Писарак шӯхиву балогикунон гоҳ пеш мерафту гоҳ ақиб мемонд. Баъзан болои сабзаҳои қади роҳ қадам занад, гоҳо аз даруни лойбаву хоктӯдаҳо мегузашт. Ин гуна рафтори нохуши ӯро дида, бибиаш сарзанишкунон гуфт:
            ‒Ин хел накун, ҷони бибӣ. Роҳро монда, одам бо бероҳа намегардад. Ту бачаи нағз‒ку. Ба дигарон намунаи бад нашав. Туро дида, дигар бачаҳо низ бадахлоқ машаванд.
            Набера ба қафо нигарист. Аз қафо як писарку духтараки дигар ҳам ба ӯ пайравӣ карда, бе ҳеҷ андешаву мулоҳиза ба даруни кӯлмаки об пой мегузоштанд ë майсаҳои қади роҳро лагадкорӣ мекарданд.
            Набера якбора тағйир ёфт. Акнун ӯ баробари бибиаш қадам зада, аз паҳлӯи кӯлмаку хоктӯдаҳо мегузашт ва гоҳ‒гоҳ ба бибиаш мегуфт:
            ‒Бибиҷон, бохабар шавед. Дар пеш чуқурӣ, сони кӯлмак. Мабодо ба дарунаш надароед, ки дарди по мешавед…
            Баъди чанде ӯ ба қафояш нигоҳ кард.
            Он ду писараку духтарак ҳам аз ӯ ибрат гирифта, дасти ҳамдигарро маҳкам дошта, ботартиб қадам монда меомаданд.

САВОЛИ БЕҶО
  Дар хонаи Шаҳзодино ҷӯраи падараш меҳмон буд. Вай Шоҳзодро ба пешаш ҷеғ зада, аҳволпурсӣ кард:
‒Хайр, Шаҳзодҷон, худат чӣ хел?
‒Зӯр! ‒ калонгирона ҷавоб дод ӯ.
‒Э, бале! ‒ ба завқ омад меҳмон. ‒Зӯр бошӣ, гӯй, ки писарчаи маро зада метавонӣ?
‒Не, вай аз ман майда.
‒Ӯҳ, балочае! Ба ту яхмос маъқул аст ë шакалодро?
‒Ҳеҷ кадомаш. Яхмос гулӯдард мекунад, шакалод хӯрам, дандонҳоям кирмхӯрда мешаванд.
‒Офарин! ‒ аз ин ҷавоби Шаҳзод ҷӯраи падараш бештар ба шавқ омада, ба ӯ саволи наве дод. ‒Хайр, гӯй, ки ту дадаатро дӯст медорӣ ë очаатро?
‒Ҳар дуяшонро.
‒Э аҷиб‒ку?! Хайр, кадомашон нағз: дадаат ë очаат?
‒Шумо ганда!
‒И‒е? ‒ ҳайрон шуд меҳмон. ‒Чаро ин хел мегӯӣ, Шаҳзодҷон?
‒Яктаашонро нағз гӯям, дигарашон хафа мешаванд. Чӣ шумо ба воситаи ман дар байни онҳо ҷанҷол хезонда, худатон тамошобин шуданӣ?!
Меҳмон аз кунҷковиаш ҳазор пушаймон шуд.

 «ГУРГ»‒И СИЁҲ
            Ромиш жемпери сиёҳи калони падарашро ба сараш кашид. Ду остини он мисли ду гӯши калон дар ду паҳлӯ овезон шуданд. Вай бо ду даст домани пеши жемперро каме боло карда, роҳро медид.
‒Ман гург! ‒ гӯë ба қиёфаи гурги бадҳайбате даромада гуфт ӯ. ‒Ҳозир шуморо
мехӯрам!
            Вай баъди ин суханон қадамзанон ба сӯи модараш рафт.
            ‒Вой, вой, маро нахӯр, гургҷон,  ‒ барои рӯҳбаланд кардани писараш худро каме қафо кашида таваллоомез гуфт модараш. ‒Ман ба ту ошу нон пухта медиҳам.
            ‒У‒у‒у! ‒ гӯён вай бо сӯи акааш омад.
            ‒Вой оча, ман аз ин гурги бадҳайбати сиёҳ метарсам! ‒ тарсону ларзон аз ҷой хеста, гурехт акааш.
            Ромиш аз тарсидани дигарон ба шавқ омада қоҳ‒қоҳзанон механдид. Як‒як ба пеши ҳар кадоме рафта, ӯро хӯрдани мешуд. Ҳама барои хурсандии ӯ гӯë тарсида мегурехтанд, руст мешуданд ва ë барои нахӯрданаш ба зориву тавалло медаромаданд.
            Ромиш ба сӯи апааш рафт. «Гург» ҳанӯз наздик нашуда, апааш доду фарёд кард:
            ‒Вай тарсидам! Гургҷон, маро нахӯр, ба ту конфету шакалод медиҳам…
            Ҳамин вақт пойи Ромиш ба мошинчаи худаш, ки рӯи хона буд, бархӯрда, рӯболо афтод. Жемпери калон ба сару рӯяш печид ва бо овози баланд ба гиря даромад. Ҳарчанд зӯр занад, ки сарашро аз даруни жемпер бароварда наметавонист.
            Модараш ӯро бардошт ва зид сарашро аз даруни жемпер берун бароварда пурсид:
            ‒Ҳа, Ромишҷон, ба ту чӣ шул? Чаро гиря кардӣ?!
            ‒Ҳама ҷо тип‒ торик буд. Аз гурги сиёҳ тарсидам, ки омада маро нахӯрад.
            Ҳама хандиданд.

АЙБИ ДАСТ
            Нӯги нарангушти Паҳлавон бо дока баста шуда буд. Вай ду чашм аз нӯги ангушти воҳимапечи худ наканда, оҳу нола мекард.
            Падараш аз кор омада, ин аҳволи ӯро дид ва пурсид:
            ‒Ҳа, Паҳлавонбек, ба дастат чӣ шуд?
            ‒Ҳӣ,‒ҳӣ,‒ҳӣ, ‒ гиряашро лаҳзае қатъ карда, ба шикоят гузашт ӯ. ‒Кадоме кордро дар токча монда будааст, дастамро бурид.
            ‒Бо корд бозӣ накун буд‒дия, ‒ худро ба нодонӣ зада, гуфт падараш. ‒Айби худат.
            ‒Айби ман не! ‒ қатъиян рад кард Паҳлавон.
            ‒Набошад айби кӣ?
            ‒Айби дастам. Дастам кордро аз токча гирифт. Корд бурид.
            ‒Хайр, ту чаро гиря мекунӣ? Айби дастат бошад, дастат ҷазояшро дид. Акнун вай дигар бо корд бозӣ намекунад.
            Дами Паҳлавон ба дарун афтод ва дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонист.
                                                          
АНИС БЕДОР НАШАВАД
            Рӯзи таваллуди модаркалон буд. Ҳамаи фарзандонаш дар хонаи ӯ ҷамъ омада буданд. Набераҳои зиёди пиразан ҳавлиро ба сар бардошта, давутозу бозӣ мекарданд.
            Бибӣ набераи калонии худ Воҳидҷонро ба наздаш ҷеғ зада гуфт:
            ‒Воҳидҷон, ту бачаи аз ҳама калон. Боз қобилу боодоб. Бачаҳоро ҷим кун. Овози шӯхию балогиҳояшон ба гӯши осмон расида истодааст. Анисро очааш бахӯр хобонд, вай бедор нашавад!
            Воҳидҷон тозон ба берун баромад. Ходаеро ёфта, ба даст гирифт ва бо овози баланд дод зад:
            ‒Ҳӯ гӯсолаҳои бешоху дум, ҷим шавед! Қаталоқзанию чорхеззанӣ бас! Анис хоб рафтааст. Бедор нашавад!
            Аз овози баланди худи ӯ Анис бедор шуда, ба гиря даромад.  

Комментариев нет:

Отправить комментарий