пятница, 27 марта 2015 г.

ХАЗИНАИ БЕПОЁН



            Дар як замоне дар як маконе бойе буд. Вай ҳамин тавр як бойи оддӣ не, бойи бадавлату басарвате буд. Боғу токзори бепоён, замини кишти беҳадду ҳудуд ва моли беҳисобу китоб дошт. Ӯ бар замми бойи бадавлату басарват буданаш ҳамчун як шахси дасткушоду саховатманд ном бароварда буд. Ба таги дараш беваю бечорагон, гадою ғарибон оянд, ки ноумед шуда намерафтанд. Барои кор мардикорони бисёре низ меомаданд. Бойи бадавлату басарват мувофиқи хоҳиш ва қудрату тавони ба онҳо кор мефармуд. Бегоҳ рафтан нахоҳанд, дар хонааш ҷой медод. Барояшон рӯзе се маҳала хӯрокҳои ишкамсерӣ тайёр мекард. Як рӯз, як ҳафта, як моҳ, як сол истода кор кардан хоҳанд, ки бойи бадавлату басарват кордор намешуд. Ихтиёри ҳар мардикор дар дасти худаш буд. Рафтан хоҳанд, ба пеши бойи бадавлату басарват омада, ҳаққи хизматашонро талаб мекарданд. Бойи бадавлату басарват ҳам дар додани музди хизмат сахтакӣ намекард. Ба хӯрокворӣ, либосворӣ ё пулу мол эҳтиёҷ дошта бошанд, ҳатто аз чашмдошти мардикорон бештар медод. Баъзе мардикорҳо ҳатто соҳиби бузу гӯсфанд ва гову асп мешуданд.

            Як рӯз ба таги дари ин бойи бадавлату басарват ҷавони зебои корҷуйе омад. Вай ниҳоят қоқу хароб ва лоғарандом буд. Дили бойи бадавлату басарват ба ҳоли ӯ сӯхт ва таклиф кард, ки чанд рӯз дар боғ кор кунад. Қувваю тавони ҷавон зиёд набошад, ки аз таҳти дил ба кор часпид. Ба дараҷаи олӣ ба парваришу нигоҳубини току дарахтон машғул шуд.
            Ана ҳамин ҷавони зебои қоқу хароб ва лоғарандом рӯзи саввум ба назди бойи бадавлату басарват омад. Бой ӯро аз рӯйи одати доимиаш бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, пурсид:
            − Хӯш ҷавони нағз, ба мо ягон гап ё хизмате доред?
            − Раҳмат, бойбобо, илоҳо давлататон боз ҳам зиёда гардад. Се рӯз нону намакатонро хӯрдем, як умр аз шумо миннатдорем. Агар рухсат диҳед, ман аз пайи зиндагонии худ шавам.
            − Кори боғ, ҷойи хоб ё хӯрокамон маъқул нашуд, ки даррав рафтан мехоҳед?
            − Ҳамааш нағз, ҳатто ба дараҷаи олӣ буд. Аз давлати шумо се рӯз ҳамчун меҳмон дар ин ҷо роҳату фароғат кардам. Ҳамаи мо, ки дар ин дунё меҳмонем, аз се рӯз зиёд меҳмони меҳмон шудан хуб нест.
            − Хайр, ихтиёратон, ҷавони нағз, − аз ин хел суханони пурҳикмати ҷавони зебои қоқу хароб ва лоғарандом ботинан шод шуда гуфт бойи бадавлату басарват. – Ба ивази меҳнататон чӣ гирифтан мехоҳед?
            − Агар мумкин бошад, ду–се дона китоб…
            Ин хоҳиши ҷавони зебои қоқу хароб ва лоғарандомро шунида, бойи бадавлату басарват лаҳзае сари калобаашро гум кард. Чунки то ҳол касе аз ӯ ин хел хоҳиш накарда буд. Баъд худро ба даст гирифта, ба ҷавон рӯ овард:
            − Шумо каме тоқат кунед, ман ҳозир меоям.
            Бойи бадавлату басарват пири зоҳиде дошт. Вай бо маслиҳату нишондоди пираш амал мекард. Пираш дар як кулбаи назди мазоре мезист. Дар ду рӯз як пиёла обу дар се рӯз як луқма нон мехӯрд. Бо як таҳорат як ҳафта ба тоату ибодат машғул мешуд.
            Бойи бадавлату басарват назди пираш рафта, воқеаро арз кард. Дар рӯйи пир нуре давид. Ғубори ғаму андӯҳ аз чеҳрааш дур шуд. Вай маслиҳат дод:
            − Бар замми китоб як миқдор пул, сарупойи дуруст, ғаллаву биринҷи бебаркаш ва ду–се сар гӯсфанду гов деҳ. Аспу ароба ҳам бахш, ки ҳамаашро бор карда, ба хонааш барад.
            − Хуб шудааст, тақсир, − гӯён бойи бадавлату басарват аз пойи иҷрои нишондоди пираш шуд. Вале пас аз соате боз ба назди пираш омада хабар дод:
            − Тақсир, вай ҷавон хонаву ҷой ҳам надоштааст.
            − Ин хел бошад, − маслиҳатомез гуфт пираш. – Аввал хонаву ҷойи кори калоне соз. Баъд ҳар хел хизматаш ба ҷо ор. Вай аз дарёфти рисқу рӯзӣ фароиғ шаваду ба хонишу корҳои илмӣ машғул гардад. Охир олим ба гӯр равад, ки илмаш дар китобҳо мемонад. Китобҳо бошанд, хазинаи бепоён ва аз онҳо ҳазорҳо ҳазор одамон баҳравар мегарданд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий