четверг, 26 мая 2016 г.

ЗАРРАҲАҶВИЯҲО


ТОРТ
            Дар табақчае зани соҳибхона ба пеши меҳмон торт овард:
            -- Тортамон саҳл бемаза бошад ҳам, айб намекунед - дия.
            Меҳмон мазаи тортро чашида, гуфт:
            -- Торт ширину нағз–ку, янга.
            -- Куҷои ҳамин торт нағз. Ба пухтан вақти ман нашуд. Ин амакатон дар бозору ӯчор нӯноқ. Як тортеро бардошта овардаанд, ки на қабатин асту на таъму мазаи дуруст дорад. Пула ба кӯча партофта омадаанд.
            -- Ин хел нагӯед, янга, барои ман ширину бамаза аст.
            -- Чаро шумо тарафи амакатонро мегиред?
            -- Ба амакам ман чӣ кор дорам? Барои муфт буданаш тортро таъриф карда истодам!

среда, 25 мая 2016 г.

ФОЛ



Пеши роҳатонро гурба бурида гузарад, фалокате дар пеш аст: саге, ки гурбаро сур карда истода бошад, онро дошта натавонад, ба шумо дармеафтад.
***
Саратон хораду ба хоридану шустан қатъ нагардад, ин нишонаи калшавии шумост.
***
Зоҳири ҳар зану духтаре, ки бозоргир бошад, аломати бад аст: ботинаш ончунон харобу валангор, ки зор‒зор гиристан кам аст.
***
Сардор саҳар бо ваҷоҳати вайрону лабу лунҷи овезон ба кор ояд, хурсанд шавед: ӯро дар боло ë хуб ҷанг кардаанд ë дар хона бо занаш даст ба гиребон шудааст.
***

ДУОИ БАДҲО



Илоҳо, рӯзакат ба моҳона монад!
***
‒ Хайр кунед, дуои мо мустаҷоб мегарданд: илоҳо Худо ба шумо як маъшуқаи мӯрчамиёни садафдандони оромиҷони бебачаву беғурбат диҳад.
***
‒ Ҳамаи ёфтаю тофтаат ба рӯзҳои неки хушдорҳои занат сарф шавад!
***
‒ Парвардигоро, аз дуою илтиҷо мурдем‒ку: аз ғайбакат ба мо, бечораҳои ғариб ҳам, як шиша арақу ду дона помидор расонӣ, давлату мартабаат кам мешавад?
***
‒ Илоҳо, келиндор шавию пеш ‒ пешакаш давида, хизматакашро карда, олқундӣ гардӣ.
***

ГУНГ ГУФТУ КАР ШУНИД



‒ Ба навиштан ҳавсала нест. Нависам, чоп намекунанд. Чоп кунанд, ҳаққи қалам намедиҳанд. Ҳаққи қалам диҳанд, ба носпулӣ намерасад. Э ном дораду нон не, гӯр ин касби журналистии мо шавад-дия!
***
‒ Ба шӯри Хуршедабону шӯрбо! Обу адо шудааст дугонаҷонам. Худаша ба теғу табар зад, ки келин биёрад. Келин оварду обу орзуҳояш барбод рафт. Келинаш келин не, аждарча баромад. Ана ‒ мана нагуфта, модарарӯсашро ба даст гирифт. Ҳоло келинаш ялалову таралло карда мегардаду Хуршедабону келинчакҳо барин пеш ‒ пеши вай давида, хизматашро мекунад.
***

ЗАРБУЛМАСАЛҲОИ НАВБАРОМАД



Китоб бехатову зан беҷафо намешавад.
***
Ин замона як рӯз қарсакиву як рӯз тарсакӣ.
***
Рӯ - моҳ, дарун - коҳ.
***
Мард бо чашм ошиқ мешаваду зан - бо гӯш.
***
Заминро об вайрон кунад, одамро - мансаб.
***
Пиёдагардӣ ба саломатӣ фоида дораду ба пойафзал - зарар.
***

САВОЛҲОИ МИЁНШИКАН



Ҳама насиҳат мекунанд, ки шароб сарчашмаи тамоми бадбахтиҳосту аз он худдорӣ мебояд кард. Вале чаро баъзеҳо рӯзе нанӯшанд, ҳамон рӯз дар хонаашон бадбахтӣ рӯй медиҳад?
***
Барои чӣ ҷилави даҳони баъзеҳо дар дасти пул аст?
***
Мегӯянд, ки одам шоҳ бошад, ақлаш вазир аст. Агар вазир одамро ба дуздӣ талқин созад, шоҳ чӣ бояд кунад?
***
Ба чашми зебои духтарон чашм расад, чашми кадоме осеб мебинад?
***
Ҳама ба хонасӯхтагон мадад мерасонанду чаро ба дилсӯхтагон не?
***

ПУЛ



Одамизод на танҳо аз норасоии витаминҳо, балки аз камии пул ҳам ба касалиҳо гирифтор мегардад.
***
Дуо не, пул гиред.
***
Пул: бо ту дилам кӯҳ барину бе ту дилам мӯ барин.
***
Гулӯи чархи гардунро бо пул равған кунед, буҷулатон ҳамеша олчӣ мехезад.
***
Пул қоғази бекора бошад, ки одамро ба маймунбозӣ медарорад.
***

ҲАДИСҲОИ БОБОКАЙФӢ



Арақ бошад, корро сар накарда ҳам, бомуваффақият ба охир расондан мумкин.
***
Тамоми расму оинҳои миллӣ кӯҳна шаванд, ки арақу арақхӯрӣ ҷавону ҷовидон мемонанд.
***
Бедоршавӣ аз хоб бошаду ҳушёршавӣ аз арақ не.
***
‒ Чаро ман ҳар рӯз менӯшам? Аз рӯйи зарурат! Табиат барои муҳофизати худ ҳама чизро ба ҳадди эътидол нигоҳ медорад. Ман ба ҷойи наменӯшидагиҳо ҳам менӯшам, ки дар ин бобат мувозинат дар ҷамъият барқарор нигоҳ дошта шавад.
***

ФАЛСАФАИ ЗИНДАГӢ



Нағзии аз ҳад нағз ҳам бад аст.
***
Мӯй ки сафед шудан гирифт, дафтари аъмоли умри инсон ҳам сиёҳтар шудан мегирад.
***
Бо роҳи беобрӯйӣ зуд соҳиби иззату обрӯ шудан мумкин будааст.
***
Бо бадахлоқу бетавфиқон гашта, ҳанноти гузаро нашавед, донед, ки тараққиёт дар ҳаётатон рух намедиҳад.
***
Агар касе шуморо гов ë хар гӯяд, хафа нашавед. Зеро одамон барои якдигар оинаанд.
***

АҶАБ ДУНЁЕ!



Одам ба калонҳо хизмат кунад, ба назари хурдҳо ганда менамояду ба хурдҳо хизмат кунад, калонҳо бад мебинанд.
***
Пул набошад, шабҳо хобатон намебарад, ки чӣ хел ёбед? Пул бошад, боз шабҳо бедорхобӣ мекашед, ки чӣ хел онро зиёд кунед.
***
Баъзеҳо чунон фарбеҳанд, ки зимистон берун бароянд, гӯшташон ях мекунаду тобистон бароянд, равғанашон об мешавад.
***
Ба ҷуз қонуни тағйирёбии табиат тамоми чизҳо тағйир меёбанд.
***

МАСЛИҲАТҲОИ БЕПУЛ



Ҳамеша ва дар ҳама ҷо забондароз бошед: забони дароз барои лесидани таги косаву табақ олоти беҳамтост.
***
Хӯред, хӯред, агар муфт бошад, боз хӯред!
***
Забони хориҷӣ омӯзед: он ҳангоми ҳақорат додани модарарӯсатон аҳамияти калон дорад.
***
Агар хоҳед, ки як умр сарвари оила бошед ва гапатон ба ҳама гузарад, зан нагиред.
***
Рӯзе, ки дурӯғ нагӯед, фиреб надиҳед ва моли мардум нахӯред, он рӯзатонро дар ҳаёт ботил шуморед.
***

РОМАНҲО ДАР ЧАНД САТР



Ҳамсояҳои мо
Чизе гиранд, намедиҳанд, ки склерозу ҳатто справка доранд. Вале чизе диҳанд, дар талаби он ҳеҷ гуна касалиашон маълум намешавад.
***
Корашон ба мошин афтад, ба ҳамсояи мошиндор ҳасад мебаранду мошини ҳамсоя вайрон шавад, хурсанд мешаванд, ки мошин надоранд.
***
Таърифро дӯст медоранд. Мабодо шахси таърифгаре наёбанд, худашон дар назди оина нишаста, як-як сифатҳои беҳтаринашонро ба забон меоранд.
***