пятница, 26 августа 2011 г.

ҲИКОЯҲОИ ҲАҶВӢ

ИН ДАФЪА

Бахти ошнои мо баланд. Вай зану фарзанд надошта бошад, ки хонааш дар дараи хушманзараи кӯҳӣ ҷойгир аст. Гоҳ-гоҳ мо, дарвешон як шудаву пул ҷамъ карда, бо дастовез меҳмони байтулэҳзони ӯ мешавем ва сарашро ба осмон мерасонем. Баъзан ягон касро ҳамчун туфайлӣ ҳамроҳ мегирем. Дар он рӯз аз рӯи харидамон таоме мепазем. Баъд дар гирди дастархони фақиронаи худ бо оби ҷонбахши Зам-зам сӯҳбатамон авҷ мегирад. Хавои тоза, манзараи нотакорори табиат ва сӯҳбату баҳсу мунозираҳои дилнишин аз ҳар гуна курорту доруву дармонҳо беҳтар аст.
Ин дафъа раиси корҳои ташкилии мо Саидшоҳ (ӯ дар корҳои ташкилӣ устухон надорад) роҳбарашро гуфта будааст. Дар вақти муайяншуда он ҷаноб ҳам дар ҷои ваъдагӣ ҳозир шуданд.
Саидшоҳ, ки бо мақсади нишон додани садоқати худ ба сардораш дар хароҷоти умумӣ дараҷаи баланди олиҳимматӣ нишон дода буд, дастовези мо аз ҳардафъаина дида, бообрӯтар гашт. Бо таксии доштаи Саидшоҳ мо ба сӯи манзили ошноямон раҳсипор гардидем.
Ошнои мо, ки рӯзҳои меҳмоншавии мо вазифаҳои мудири истироҳатгоҳ, ошпази калон ва фаррошу хизматгор ро ба ҷо меовард, аз ташрифи мо шод гардид. Вале баробари дидани шефи Саидшоҳ рангаш канда, каме дасту по хӯрд. Ҷанобашон бар замми тану тӯши ҷувозмонанд доштан боз соҳиби ҳайбати ашрафонаву овози амиронае буданд.

-Ҳикмат Неъматовичи азиз, мо медонем, ки дасти шумо ширин аст. Имрӯз хизмат шавад ҳам, худатон як ош мепазед-дия, -- баъди нишаста як пиёлагӣ чой нӯшидан тамаллуқомез ба сардораш рӯ овард Саидшоҳ. – Фақат шумо не нагўед, ин илтимоси коллективонаи мо.
Ман гумон доштам, ки ӯ «не» мегӯяду боз соҳибхона ош мепазад ва мо мисли ҳардафъа бо ҳузуру ҳаловат оши олиҷанобе хӯрда, хумори палавхӯриамонро мешиканем. Вале ҷанобашон танӯри ишкамашонро як ҷунбондаву баланд-баланд нафас кашида, гуфтанд:
--Майлаш.
Аз ин гап ранги рӯйи Шарифбек коҳ барин канд. Оши палав ҷону дили ӯ. Агар вай аз оши табъи дилаш як ишкамсерӣ хӯрад, рӯҳаш болида, табъаш хуш ва димоғаш чоқ гардида, ба таъбири худаш, чанд соат шоҳ мешавад.
Соҳиби хона, ки аз рӯи одати доимӣ ба тараддуди ошпазӣ афтода буд, зуд аз иҷрои ин вазифа даст кашид.
Ҳикмат Неъматович бо баҳонаи ошпазӣ дар ин ҷо ҳам лаҷоми ҳукмфармоиро ба даст гирифтанд. Мо ҳама шахсони баробарҳуқуқу соҳибихтиёр ба ёрдамчию дастиёри он кас табдил ёфтем.
--Сабзӣ сурх-ку! – сабзии шустаомадаи соҳиби хонаро дида, эрод гирифтанд Ҳикмат Неъматович. – Боз инҳо наракӣ набошанд?!
--Не, наракӣ не, устод, -- ду даст пеши бар гирифта, гуфт Саидшоҳ. –Сабзии сурх ширин аст. Боз ошаш лола барин суп-сурх мешавад.
--Хайр ин хел бошад, ситорапалав мекунем, -- гуфтанд Ҳикмат Неъматовичи мӯҳтарам. --Шумо, шаҳбозҳо, як хӯрда кайф кунед!
Ва худашон ба тоза кардани сабзӣ сар карданд. Вале дасту панҷаашон ба сабзитозакунӣ намечаспид – ношуду ноӯҳдабароёна сабзӣ пӯст меканданд. Аз афт, ба ҷои корд ба даст табар гирифта, ҳезумкафонӣ намоянд, он корро беҳтар ба ҷо меоварданд.
Баъди пӯст канда шудани сабзӣ бо фармони ҷанобашон онро дубора шустем. Худашон барои намуна нишон додан нимта сабзиро ба даст гирифтанд. Соҳибхона тахтачаеро бо латта пок карда, оварда ба пешашон гузошт.
--Тахтача ҳамвор не-ку?! – аз тахтача ҳам айб ёфтанд Ҳикмат Неъматович.
--Тахтача ноҳамвор бошад, ош бемаза мешавад? – ба ҷанобашон рӯ оварда, пурсид Шарифбек. –Агар ин хел буданашро медонистем, аз бозор навашро харида меомадем.
Ин эрод ба табъи нозукашон нафорид магар, ки эшон кар шуданд. Ин табақа мардум ҳамин хел. Гапи но маъқуле ба гӯшашон намедарояд, ҳақиқатро намебинанд. Аз болояшон тағора-тағора мағзоба резед, ки барои ғеҷида наафтодан ҳаракат мекунанд. Барои онҳо муҳимаш мансаб аз даст наравад.
Пиёзи бо ашки чашми шашқатор резакардаи ман ҳам ба завқи сарошпази мӯҳтарам мувофиқ наомад. Соҳибхона пиёзи дигар овард ва мувофиқи усули нишондодаи устод онро аз сари нав реза кардем.
Баъд соҳиби хона бо фатвои устод дар оташдони ошхона оташ гиронд ва омада пурсид:
--Тақсир, ба дег чӣ қадар рӯған андозам?
--Андохтан гиред! – лутфи худро дареғ надоштанд Ҳикмат Неъматович.—Баъд рафта ман мебинам. Кам бошад, боз меандозем, зиёд бошад, мегирем.
Соҳиби хона аз паи иҷрои фармон шуд.
Саидшоҳ пеш-пеши шефаш тохта, тамаллуқомез дастиёрӣ мекард.
Шарифбек табъи нозуки ҷанобашонро ба назар гирифта, зарфҳои бе ин ҳам каму лабпаридаву қадоқини соҳиби хонаро ғурғуркунон бо собун дубориву себорӣ мешуст.
Ман ба тоза кардани биринҷ машғул шудам. Ҳикмат Неъматович марҳаматашонро дареғ надошта, ба назди ман омаданд ва ба кори ман лаҳзае зеҳн монданд. Дурӯғ нашавад, ҳатто дасти муборакашонро расонданд.
--Мазаи биринҷ не-ку!
--Ин биринҷи кенҷа, устод, -- гуфт Саидшоҳ, ки ба муносибати ташрифи шефаш гӯё гули бозорро харида омада буд. –Ин биринҷ биринҷи пеши бозор, устод. Боз фурӯшандааш, устод, аз таги пештахта зӯрашро гирифта дод.
--Биринҷи девзира харидан даркор буд, -- надоматомез Саидшоҳро танбеҳ доданд Ҳикмат Неъматович. – Ош хӯрдан хоҳед, оши биринҷи девзираро хӯред. Вай дега мекафонад.
--Ин дафъа ҳамин хел мекунем, – ваъда дод Шарифбек.
Бо таклифи Саидшоҳ ҷанобашон дегро хабар гирифтанд. Ду даст дар киса аз дари ошхона яктарафа шуда, базӯр ба дарун даромаданд ва ба даруни дег чашм дӯхта, гуфтанд:
--Мешавад, -- ва ба каму зиёдии равған заррае эътибор надоданд.
Дуду дудғолаи ошхона ба табъи шарифашон нафорид магар, ки зуд берун баромаданд. Дар саҳни ҳавлӣ чуқур-чуқур нафас кашида, ба сари миз омаданд. Мо гӯштро барои пораву намак кардан омода месохтем.
--Гӯшт кам-ку! – як ба сӯи гӯшт чашм партофта, лаб бурма карданд калон.
Мо ҳар дафъа, ки ба ин ҷо меомадем, як порча-ним порча гӯштро барои соҳибхона нигоҳ медоштем: баъдтар ин мардаки берӯзӣ ягон дами гарме пухта хӯрад. Як сари қоқ дорам гуфта, ӯ аксаран бо чойю нони қоқ рӯз мегузаронд. Имрӯз ҳам, мо ҳамин хел карда будем.
--Ин кам не, устод, мерасад. Албатта, барои кабоб кам аст, вале барои палав ҳатто зиёдатӣ мекунад.
--Гӯштро аз спонсорҳо гирифтан даркор буд. Онҳо ҳам бепул ва ҳам бештар медоданд, --аз афт, Ҳикмат Неъматович одати азалии худро ба ёд оварданд, ки инро ба мо гӯшзад карданд. –Хайр, майлаш, -- ва ҳамчун сардору саркор гӯштро пора кардани шуданд. Гӯшт пешпардаи ишками мол буд. Дами корд ба он дуруст нагузашт. – Корд ҳам дар ин солҳои наздик рӯйи чархро надидагӣ барин-ку?! Дами табар шаву рав-е!
--Дафъаи оянда тез карда меоем, – боз ваъда дод Шарифбек.
Ҳикмат Неъматович бо дастони нафису нозукашон бо азоб аз гӯшт ду-се пора буриданд ва бо ҳамин ҳавсалаашон пир шуда, намуна нишон додани худро басанда ҳисоб карданд. Давоми кори он касро мо шарафи бузург дониста, гӯштро то охир пора кардем.
--Тақсир, равған дуд карда истодааст, гӯштро намеандозед? -- ба Ҳикмат Неъматович рӯ оварда пурсид соҳиби хона.
Ҳикмат Неъматович ба сӯи ошхона рафтанд. Саидшоҳ аз пасаш барои баҳузур дар сари дег нишаста, ош пухтан курсичаеро бардошта давид.
--Як пои курсӣ лиққонак буд, -- ду даст ба сар зада, дар ҷояш шишта монд соҳиб хона. –Мабодо ҷасади фарбеҳу захами он касро бардошта натавониста шиканад, худо зад гуфтан гиред. Тақсир афтода ягон кору ҳоле рӯй диҳад, мо шарманда мешавем, замин намекафад, ки дароем.
--Ҳеҷ гап не, -- ҳоли аҷиби ӯро дида, аз ханда базӯр худдорӣ кардам ман. --Курсии шумо курсии мансабашон не. Афтанд, ба замин меафтанд, замин ҳама чизро мебардорад.
--Гӯшта не, аввал пиёза андозед! - дар сари дег амр кардан Ҳикмат Неъматович. – Пиёз, ки заб-зард бирён шуд, баъд навбат ба гӯшт мерасад.
Аз рӯи ин фармони ҷанобашон соҳиби хона пиёзро ба дег андохт. Барои алавмонӣ Шарифбек мутасаддӣ гардид. Мо берун баромадем.
Дере нагузашта дуд ҳама чоро пахш кард. Дар рӯи ҳавлӣ ҳам, бепротивогаз гаштан душвор буд. Рафта бинам, Шарифбек ончунон хасу хошоки зиёдеро ба таги дег ҷой кардааст, ки алангаи оташ қариб ба шифти ошхона мерасид.
--Камандаи сӯхторхомӯшкуниро ҷеғ задан даркор не? – пурсидам ман.
--Не, -- бо лабу лунҷи овезон ҷавоб дод ӯ. -- Фармони ҷаноби олӣ ҳамин хел, шумо натарсед. Алангаи хасу хошок як баланд шуда, баъд зуд хомӯш мегардад.
Гӯшт ҳам даруни дег шуд. Баъд навбати сабзӣ расид.
--Нахӯд тайёр?
--Не, тар накардем.
--Қорақут ҳаст?
--Не.
--Зира?
--Камтарак ҳаст.
--Кам бошад, даркор не.
--Сирпиёз?
--Ду лӯнда.
--Кам. Кирои андохтан намекунад. Бисёртар сирпиёз гирифтан даркор буд.
--Ин дафъа!
Иҷрои ҳар як амалиёти ошпазии Ҳикмат Неъматович бо эродгирӣ ба охир мерасид. Ягон чиз табъи дилашон набуд. Ҳар маҳсулотеро, ки ба дег андохтан лозим меомад, гӯё аввал хуб дар зери пояшон маҷағу чаҷак карда, наҳ мезаданд ва баъд ба дег меандохтанд. Ба умрашон, худо барака ато кунад, дар кори наҳзанӣ лаҳзае барои худ танаффус эълон карданро ҳатто ба гӯшаи хаёлашон намеоварданд.
--Дар ин ҷойҳо газ набудааст-дия. -- Ҳикмат Неъматович аз ошхонаи сиёҳу дудзада ва тангу тор берун баромада гуфтанд. –Газ мебуд, дегдонро дар сояи ана он дарахт монда, ош мепухтем, зўр мешуд-дия.
--Худо хоҳад, ин дафъа ҳамин хел мекунем.
Ман ба сӯи Шарифбек чашм песондам: худи газ дар ин музофот набошад, дафъаи оянда аз куҷо меёбем, ҳӯ ақмақи бекалла, гапата дониста зан! Рафту ҷанобашон ин гуна ваъдаҳои подарҳавои туро маҳкам дошта гиранд, ҳоламон вой мешавад-ку?!
Вале вай ин хел чашмпесониву ҳақоратҳои дарунидилии маро намедиду намешунавид.
Таҳти роҳбарии беназири Ҳикмат Неъматовичи мӯҳтарам ҳамакаса ба пора кардани помидор сар кардем. Дар ин бобат ҳам, ҳар як нишондоди ҷанобашонро сармашқи кори худ қарор дода, бо тамоми ҳунару маҳорат яке помидор мешуст, дигаре пиёз пӯст меканд, саввумє кашнизу шибитро реза мекард. Дастамон ба кору гӯшамон ба сӯйи даҳани ҷанобашон сих буд. Ба шарофати фазлу дониши уқёнусвори он кас доираи фаҳмиши мо оиди кабудиҳо васеъ мегашт. Мо фаҳмидем, ки райҳон дар рагҳои одамизод хунро ғафс мекардааст, пиёз ба ҳазми таом ёрӣ мерасондааст, кашниз дармонбахши бемориҳои дил будааст, сирпиёз кори мӯътадили системаи асабро таъмин месохтааст, мурчу зира бар замми кони витаминҳо буданашон боз ошро хуштаъму лазиз мегардондааст.
Ҳикмат Неъматович корҳоро ба даҳону мо бо даст иҷро мекардем.
Баногоҳ ҳазратамон аз ҷой хеста, ба сӯи ҳоҷатхона рафтанд. Соҳибхона зуд дар як даст чанд варақи тозаи дафтар ва дар дасти дигар се-чор пора кулӯх бардошта, ба назди Саидшоҳ омад.
--Дар ҳоҷатхона набуд, инҳоро аз пасашон баред.
Саидшоҳ онҳоро ба даст гирифту ҳайкал шуд. Ранги рӯяш кулўҳ барин парид. Баъди лаҳзае ба худ омада, ғурунгос зад:
--Барвақттар нагуфтед-дия. Акнун дер шуд.
--Ҳоло ҳам дер нашудааст, - ман аз ханда қариб рӯдакан мешудам. Охир Саидшоҳ, ки шефашро ҷеғ задааст, вазифадор буд, ки ғами ин тарафи масъаларо ҳам хӯрад: пешакӣ қоғаз, ҳоҷатхонагии мулоими нави беҳтаринашро меёфт ё кулӯхро бо дандонҳояш тарошида, мувофиқи завқу табиати шефаш омода месохт. –Сурфа карда аз таги дари ҳоҷатхона дароз кунед, як олам савоба мегиред.
-- Дафъаи оянда! –Шарифбек ҳам заҳр зад.
Ҷанобашон зуд аз ҳоҷатхона баромаданд. Мо ботинан дарк кардем: хушбахтона ҷазои ҳоҷаташон майдаяки осонаш будааст, ки дар чеҳраашон пардаи ғубори норозигиву ғазаб дида намешуд. Саидшоҳ ба дастонашон об рехт, ман дастпок дароз кардам. Соҳибхона барои бофароғат нишастани ҳазратамон дар рӯи ҳавлӣ як хараки дарозрӯяи рах-рах кафидаву кӯҳнаеро ёфта овард. Саидшоҳ ба рӯйи он кӯрпача партофт. Аммо Ҳикмат Неъматович ба он нишастанро ба шаъни мубораки худ муносиб надиданд магар, ки ба зироати ҳотаву ниҳолу дарахтони рӯйи ҳавлӣ нигариста, ҳамчун агроному боғбони хизматнишондодаи мамлакат гуфтанд:
--Ду дарахти чормағз дар як ҷо буданаш нағз не. Лекин ҳамчун ҳезум кор нафармоед. Яктаашро аз беху бунаш канда, партоед. Чунки ба устоҳои каравотсоз танаашро ба пул задантон мумкин. Сояи дарахти чормағз ганда. Аз худ гази заҳромез хориҷ карда, ба одам зарари калон мерасонад.
--Хуб шудааст, тақсир, -- даст пеши бар гирифта, розӣ шуд соҳиби хона.
--Токҳо ҳархела будааст-дия. Ҳамаашон аз як навъ бошанд, ҳосилаш зӯр мешавад.
--Албатта, тақсир.
--Дарахти анҷиратон паттача шудааст. Майда-чуйдаҳояшро зада партоеду якта танаи асосиашро монед!
--Яктаашро мемонам, тақсир.
--Чаро ба помидору қаланфур об надодед?
--Об нест, тақсир. Ҳар сол дар тобистон аҳволамон ҳамин. Баъзан бо хар, тақсир, об кашонда ба ҷӯякҳояш мерезем…
--Якта моторчаи обкашӣ харида ба даруни чоҳ партоед, заминҳоро бемалол об додан мумкин. Он гоҳ ҳавлиатон сабзу хуррам мешавад.
--Ҳоло баъзеҳо ҳамин хел карда истодаанд, тақсир. Мо ҳам чунин ният дорем. Вале дасттангӣ барин гапҳо ҳаст.
--Набошад аз ягон чашмаи кӯҳ бо шланг об кашида биёед!
--Хуб шудааст, тақсир.
--Барои чӣ дар тобистон дар ин ҷойҳо об нест, медонед?
--Не, тақсир, намедонам.
--Барои он ки ана он баландиву теппаҳои кӯҳ, -- бо нӯги ангушти ишоратиашон нишон дода гуфтанд Ҳикмат Неъматович, -- ниҳолу дарахт надоранд. Агар ана ҳамон ҷойҳоро дарахтзор кунед, дар ин ҷойҳо об пайдо мешавад. Баъд ҳар як метри квадратии ин ҷойҳо як миллион сӯм арзиш пайдо мекунанд.
--Дарахтзор мекунем, тақсир, -- овози соҳибхона базӯр барояд, ки ба ин таклифи иҷронашаванда ҳам розӣ шуд.
--Ин ба бомазашавии ош дахл дорад?! – бо овози паст, гӯё худ ба худ гап мезада бошад, пурсид Шарифбек. Саидшоҳ ин писханди ӯро шунида имо кард: ҷим ист – е, аҳмақ! Ба миёни сухани устод лагад назан, ки кӯр мешавӣ!
Соҳиби хона ба обу арақ ғӯтида, дар як ҳолати ногуворе қарор дошт. Аммо истинтоқи прокурорвори шефи Саидшоҳ ҳамон давом меёфт. Охир бо вуҷуди бемаълумот будан мардаки бечора калла дошт. Даруни каллааш шояд ақлаш виҷ-виҷ меҷӯшид. Албатта, ақлаш ба харидани моторчаи обкашӣ ва ё ба воситаи шланг аз чашмаи кӯҳ об овардан мерасид, вале дасткӯтоҳӣ бемории аз ҳама бадтарини инсон аст. Ҳамеша орзуву ниятҳои одамизод дароз асту аз ҷиҳати иқтисодӣ дастонаш кӯтоҳ. Набошад на танҳо як ҳавлича, балки тамоми оламро чаманистон кардан кори чандон мушкил нест.
Ман бо мақсади аз вазъияти ногувор раҳондани соҳиби хона гуфтам:
--Ҳикмат Неъматович, боз таги дег нагирад?
--Не, намегирад, обаш бисёр! – ва барои он, ки ҳақ будани худро дар амал исбот кунанд, оҳу уф гӯён ба сари дег рафтанд. Ҳангоми қадамзаниашон гӯё замин меларзид. Ба пойҳои бечора ҳам, бардошта гаштани тану тӯши вазнини ҳашт - даҳпуда душвор-дия!
Мо ҳам аз пасашон мисли чӯҷаҳои очамурғ қатор шудем. Аз алангаи баланди оташ деги ош чунон сахт меҷӯшид, ки ҳатто донаҳои биринҷ даруни дег то ба баландии як ваҷаб ҷастухез мекарданд.
–Гуфтам-ку, обаш бисёр. Ҳоло ба дам кардан боз даҳ-понздаҳ дақиқа вақт ҳаст.
Ҳикмат Неъматовичи мӯҳтарам бо як дидан қаноат ҳосил карданд ва вазифаи худро иҷрошуда ҳисобиданд. Дуду дудғолаҳоро бо даст аз пеши чашму рӯйи худ дур карда, боз ба берун баромаданд. Ягон коре пеш ояд, он кас мегуфтанду мо дав-давон иҷро мекардем. Аз ҳама бештар дар сари дег соҳибхона ё Саидшоҳ ҷунбӯҷӯл доштанд.
Ҳезумкашонӣ вазифаи ман буд. Боз як даста ҳезумро ба ошхона бурдам, ки Саидшоҳ диккак нишаста, бо чашмони ашкбор намаки ошро месанҷид.
--Дар сари дег бисёр пашша нашавед, --ин аҳволи ӯро дида, ҳазломез гуфтам. – Мабодо ош ганда шавад, боз ба бало намонед!
Ин гапро шунида ӯ кафкирро бо иллат ба даруни дег партофт.
--Обрӯи шефатон обрӯи шумо, --илова кардам ман. – Агар хоҳед, ки шефатон беобрӯ шаванд, ихтиёратон.
Саидшоҳ зуд аз райъаш гашт. Дубора кафгирро ба даст гирифта, намакашро чашида дид ва алави таги дегро ба меъёр овард.
Аз ҳама бештар бечора соҳиби хона сертараддуд буд ва ба чор тараф давутоз мекард. Зеро талабу дархостҳои Ҳикмат Неъматович аввалу охир надошт. Мардаки бечора гоҳо аз надоштани ин ё он зарф, ё асбобу анҷоми рӯзгор мулзам мешуд. Хайр, аз рӯи инсоф гӯем, як кундаи гӯштмайдакунӣ ё ғалбер дар се-чор сол як бор даркор шавад, хариданаш чандон зарурат надорад. Лозим шавад, аз ҳамсояҳо гирифтанаш мумкин. Вале болои сӯхта намакоб ҷанобашон бедареғ маслаҳат медоданд:
--Корди ош барои ҳар як оила чизи зарурӣ! Албатта, аз он якта хариданатон даркор. Дар магазинҳои шаҳр сараша хӯрда хоб рафтааст. Шумо агар ба шаҳр равед, ба магазини «Ҳазору як майда-чуйда» дароед. Дар он ҷо зӯраш бисёр. Кирои харидан як корди оше харед, ки то охири умратон хизмат кунад. Ҳа, корди оши никелкардшудаашро харед. Ҳам дастааш нағзу ҳам худаш занг намезанад. Аз нархаш парво накунед. Қиммат бе ҳикмат не. Баъди сари шумо ба авлодҳои ояндаатон мерос мемонад.
Соҳиби хона дар мавридҳои маслиҳату маърӯзахониҳои Ҳикмат Неъматович гӯё сад бор мемурду аз нав зинда мешуд. Ва ваъда медод, ки ҳатман ҳамин хел мекунад, маслиҳатҳои мӯътабари он касро ба замин намегузорад ва агар Шарифбек дар ҳамин наздикиҳо бошад, «дафъаи оянда ҳатман ҳамин хел мекунанд!» гуфта аз номи ӯ ваъда ҳам дода мемонд.
Мардаки берӯзӣ барои он, ки камтар варсоқӣ шунаваду дар зери бори хиҷолат намонад, ба чор тараф медавид, аз чоҳ об мекашид, дегро хабар мегирифт, зарфҳоро гаштаву баргашта мешуст, пасмондаи сабзавотро ба қуттие бурда холӣ мекард. Хулоса, ба худ коре меёфту ҳаракат мекард, ки ба чашми Ҳикмат Неъматович камтар намояд.
Аз афт, Ҳикмат Неъматович гурусна монданд, ки бо ягона чангаки соҳиби хона намаки салатро чашида диданд ва фармон доданд:
--Акнун дастархонро партоем ҳам, мешавад!
Зуд мо рӯйи мизро тоза карда, дастархон паҳн кардем.
Нонҳоро гузоштем. Дар ду табақ мева гирифтем. Шишаҳо ҳам зеби дастархон шуданд.
--Ин арақи сохта! -- бо як дидан хулоса бароварданд ҳазратамон. --Арақа нағзаша гирифтан даркор буд.
--Ин дафъа, Ҳикмат Неъматович! -- Аз рӯйи одат ваъда дод Шарифбек. --Арақ маъқул нашавад, шумо вино хӯред.
--Майлаш, -- розӣ шуданд шеф. – Вино -- ин глюкоза. Ба дил фойда дорад. Ман вино мехӯрам.
Мо ҳар кадоме мувофиқи завқу хоҳиши худ арақ, вино ва ё пиво интихоб карда, якпиёлагӣ нӯши ҷон кардем.
Нӯшокӣ иштиҳоро қозгир кард. Бо имои ҷанобашон ошро кашидем.
Ба ош нигоҳ карда намешуд. Палав гӯем биринҷӯшак барин буд, шавла гӯем, картошка надошт. Як оши антиқа. Қисме аз биринҷ зинда буду як қисмаш сӯхтаву ҷинҷакшуда, дар баъзе гӯшаҳои табақ биринҷҳои атолашуда ҳам ба чашм мерасид. Оташи ҳуҷуме, ки барқвор ба сӯи табақи ош бояд сар мешуд, ошро дида, якбора ях баст. Ду-седаҳонӣ ош гирифта - нагирифта, аксарият нону помидор хӯрданро авло донистанд.
--Маҳсулоташ чандон табъи дил набуд-дия, барои ҳамин ош нағз нашуд, -- ин аҳволро дида, изҳори фазл карданд Ҳикмат Неъматович. – Набошад ман пири ин хел корҳо. Як ошҳое мепазам, ки мурда хӯрад, зинда мешавад.
--Худо хоҳад, дафъаи оянда! – ҷанобашонро аз вазъияти ногувор раҳондан хоста, боз гуфт Шарифбек.
Ман ба ӯ чашм ало кардам. Бечора, ҳоли худаш ҳам, ҳузновар буд -- фақат гиря намекарду бас.
Помидори поракардаамон намонд, нон камӣ кард, нӯшокиҳо нарасид, вале оши пухтаи ҷанобашон якзайл дар рӯйи табақҳо монд.
Мо ба Ҳикмат Неъматович барои вақташонро дареғ надошта, ба мо ҳамроҳ шуданашон, ош пухтанашон ва ба шарофати он кас нишастамон ба дараҷаи аъло гузаштанаш як ҷаҳон ташаккур гуфтем.
Ҳангоми ғундор-ғундор фурсати мувофиқе ёфта, оҳиста аз Шарифбек пурсидам:
--Э ҳӯ, мулло Шарифбек, шумо бисёр аз худ наравед. Чаро шумо аз касе напурсидаву намонда дангал ваъда медиҳед?
--Чӣ хел ваъда? – бо абрӯвони гирифта, дӯғомез пурсид ӯ.
--«Ин дафъа мешавад!», «Сафари оянда ба назар мегирем!», «Минбаъд ҳатман ҳамин хел мекунем!»… Э худаш чӣ гап?
--Шефи Саидшоҳ кайфа кӯр кард-ку! Мазмуни ваъдаҳои ман ин дафъа вай, падарлаънати ишкамкалони наҳси худозадаро умуман намегӯем. Фаҳмидед?

АДОИ ҚАРЗ
Замон замони наркуши модарпарвар аст. Мисоли равшанаш корхонаи мо. Дар корхонаи мо аз мардҳо дида, занҳо бисёранд. Албатта, ин аз як ҷиҳат нағз. Ба намоишгоҳи либосҳои мӯд рафтанатон шарт не. Хабарҳои тозатаринро дар ҷои кор мешунавед. Ҳар рӯз аз бӯю дами рангу ғозаҳои рӯю абрӯ ва ваҷ - вақи беохирашон каллаатон гиҷ ва масту махмур мегардед. Хулоса, зиқ намешавед. Чӣ тавр гузаштани рӯзи кориро нафаҳмида мемонед. Вале тарафи бадаш аламовар аст. Шумо кор мекунеду онҳо моҳона мегиранд.
Гуландом ном зане дувоздаҳ сол боз ҳамкори мо ба ҳисоб меравад. Вале ягон кас ӯро дуруст намешиносад. Вай пештар ҳамагӣ се моҳ кор кардааст. Ин ҳамон вақтҳое, ки нав мактабро хатм карда, ба кор омада будааст. Корро дуруст наомӯхта, бемор шудааст. Сиҳат шуда - нашуда барои таваллуд кардан ба мурахассӣ баромадааст. Баъди таваллуд декретной гирифтааст. Ду сол нагузашта, боз дар ишкамаш шудааст. Ҳамин тавр дуюмаш, сеюмаш, чоруму панҷумаш ба дунё омадааст. Агар аҳвол дар оянда ҳам ҳамин хел идома ёбанд, бо ҳамон собиқаи корӣ ба нафақа мебарояд... Рости гап, худи Гуландомро дуруст нашиносем, ки бо шавҳараш дӯстони қарин шудем. Вай зуд-зуд ба идора омада, ёрдампулии занашро мегираду аз нӯгаш барои мо зиёфат медиҳад.
Занони дигари корхона аз Гуландом ҳам мегузаронанд. Имрӯз якеашон наоянд, пагоҳ дигарашон. Лекин супоришҳоро иҷро кардан лозим. Яъне, кори онҳо ба кори мо зам шуда, сарбории гарон мешавад. Ба сардор шикоят кунем, ӯ ҳар дафъа мегӯяд:
-Ҳеҷ гап не, охир шумо мард-ку. Ҳамин дафъа ин корҳоро иҷро кунед, моҳи оянда он кас ба кор наоянд, аз худашон гила кунанд.
Вале байни онҳо чӣ гуфтушуниде мешаваду вазъият ҳамон тағйир намеёбад.
Ба ин хел азобу машаққат як сол - ду сол тоқат кардан мумкин. Вале ин аҳвол набояд то рӯзи ба нафақа баромаданашон давом кунад! Охир ҳар чиз ҳам ҳадду ҳудуд дорад?! Ин аҳвол, ки ба диламон зада буд, қарор додем, ки касе ин дафъа касал шавад, хабаргирӣ ба хонааш меравем. Аёдати бемор қарз аст. Адои қарз бошад, амали савобе мебошад.
Ҳафтаи нав оғоз ёфт. Вале Барнохон бедарак буданд. Се рӯз нигарон шудем, не наомаданд. Фаҳмем, бемор шудаанд. Хабаргирӣ рафтем. Албатта, дасти хушку холи не, як даста гулу торти калон гирифтем. Ба аёдати ӯ занонро ҳам таклиф кардем. Онҳо таклифи моро ҷон-ҷон гуфта қабул намуданд. Охир чаро не гӯянд?! Ба як ҷо, ки рафтанд, ана баъд барои айбу айбмониҳо ҳафтаву - моҳҳо мавзӯъ кофта намегарданд.
Барнохон аз ташрифи мо ончунон хурсанд шуданд, ки ҳатто чӣ хел касал будани худро фаромӯш карданд.
-Эҳ, мефаҳмидам, пешакӣ тайёрӣ медидам, - сурху сафед шуда гуфтанд он кас. -Ноомади корро бинед, ки дар хона ягон хел меваю ширинӣ надорам. Боз гӯштамон ҳам кам аст...
Ҳисси одамдӯстии мо ҷӯш заду намондем, ки Барнохон ташвиш кашанд.
-Ташвиш накашед. Мо ҳамин хел як хабаргирӣ омадем. Не, агар бо ҳамин баҳона моро меҳмондорӣ кардани бошед, илоҷаш ҳаст, - мулоимхунукона даст пеши бар гирифта, гуфт Мирзобадал. - Шумо хотирҷамъ бошед, асабонӣ ҳам нашавед. Ин кирои ғам хӯрдан намекунад. Бозорча дар пеши хонаатон будааст, даррав мо ташкил мекунем-дия.
Барнохон пул баровардани шуданд. Мо намондем.
-Ҳамон пулро медиҳед-дия, - гӯён Қиёмиддин аз раиси кассаи «сиёҳ» Рафоатбону як қабза пул гирифта, ба дасти Ёрбек дод, ки аз бозорча майда-чуйда харид карда ояд.
Ёрбек дар байни мо аз ҳама коргари ҷавон. Ҷавон бошад, ки бало. Дар бозору ӯчор устухон надорад. Салла гӯед, калларо ҳам бардошта меорад.
Барнохон дастархон кушодан хостанд. Зуд занон ин корро ба ӯҳда гирифта, ӯро аз сари нав ба бистар хобонданд.
Ба хонаи ҳар касе наравед, хоҳ-нохоҳ як пиёла чояшро менӯшед. Нанӯшед, хафа шуда, ба ҳазору як гумони бад меравад. Охир расми мо, тоҷикон ҳамин аст.
Беморро заҳмат надода, худамон чой мондем.
Соҳибхонаро хурсанд кардани шуда, ду нафар занонро ба корҳои ошпазӣ сафарбар намудем.
Дар хонаи худ раги сахтаки занон кашад, ки дар ҷои бегона Ҳотами Той мешаванд. То ки ошашон бомаза шаваду сазовори таърифу таҳсин гарданд, масолехи асосиро аз меъёр ду-се баробар зиёд андохтанд.
Дигар занҳо то пухтани ош ба дилбардории бемор машғул шуданд. Дар телевизор, ки футбол мерафт, мардҳо пеши телевизорро иҷора гирифтаанд.
-Одами касалро азоб надиҳем, - гӯён Адолатҷон вазифаи кадбонуи хонаро ба ӯхда гирифта, дастархон партофт. Моҳтобойи чаққон ба ҳар чизи нағзе, ки дар ҷевону яхдон чашмаш афтад, ба рӯи дастархон кашонд.
Ёрбек бар замми гӯшту биринҷ як себу анору ангурҳое харида омадааст, ки ба намоишгоҳ гузоред, ҷои аввалро мегирад. Шоколадҳои қимматбаҳои овардаи ӯ ба ҳусни дастархон ҳусни тоза бахшиданд.
Мо гӯё ба имо маҳтал бошем, бо таклифи соҳибхона ба ҳуҷум гузаштем. Як пиёлагӣ чой нанӯшида, Марҳабохон дар ду табақи калон ошро кашида оварданд. Буғи ош дар болояш фағона зада, бӯи мурчу зирааш одамро девона мекард. Аз биринҷи палав дида, гӯшташ бисёртар буд.
Дасти Рафоатбону дардро набинад, аз паси ош хӯришҳои тайёркардаашро ба рӯи дастархон кашонд. Вай аз кабудиву сабзавот хӯриш не, малҳам тайёр карда буд. Нахӯрам гӯед ҳам, хӯрданатон меояд.
-Бай-бай, - ошро дида оби даҳони Қиёмиддин чакид. - Ҳамин хел палаву хӯришҳои олиҷаноб бошаду барои сиҳатшавии бемор садтагӣ назанем, гуноҳи азим аст. Ин гуноҳро на худо мебахшаду на бандааш.
-Дар яхдон буд, - аз бистар каме нимхез шуда, бо рангу рӯи канда овоз бароварданд Барнохон. - Моҳтобҷон, бемалол бошад, ҳамонро гирифта биёред.
Моҳтобой аз яхдон як шиша арақи даҳанвое, ки ягон пиёлааш нӯшида шуда буд, хандону оғӯшкашон бардошта омаданд. Рафоатбону зуд аз ҷевон кадаҳчаҳои булӯринро гирифт.
Як қадаҳи пур карда ба саломатии бонуи хонадону ободии он макон нӯшида будем, ки арақ тамом шуд. Рости гап, баъди даҳон олондан иштиҳо кушода шуда, ош бардор мекард.
-Ош ба гулӯям дармонд, - ба соҳибхона рӯ оварда шикоят кард Мирзобадал. - Боз дар ягон ҷо нест?
-Не, бошад садақи саратон буд, - сурх шуданд Барнохон ва барои сафедкунии худ тамоми айбу гуноҳро ба сари мо бор карданд. - Ҳамааш айби худатон. Пешакӣ як даҳан хабар медодед, олам гулистон мешуд...
-Чӣ шумо ба ягон тараф мегурехтед? - луқма партофт Ёрбек.
-Не-е, - аз ин тарафи мазмуни гап хабардор шуда, ба тарзи инкор сар ҷунбонданд Барнохон, - агар пешакӣ мефаҳмидам, ҳамааш нағз мешуд-дия. Ба шавҳараам мегуфтам, аз таги замин бошад ҳам, сер-чор шиша ёфта меоварданд.
-Рӯзғор-дия, як рӯз ҳаст, як рӯз нест, аз ин асло хафа нашавед, - мутафаккирона ба сухан даромад Қиёмиддин. - Дар хонаи шумо набошад, дар хонаи ҳамсояҳо будагист. Дар ин хел вазъиятҳо ҳамсояҳор ҳаргиз ба шарм доштани шумо роҳ намедиҳанд.
Қиёмиддин дар бораи ҳаққи ҳамсоягарӣ ваъз хонда истода, ба Ёрбек имо кард. Вай ба куҷое ғайб заду пас аз панҷ дақиқа бо ду шиша арақ баргашт.
Бо онҳо чанги таги табақро баровардем.
Баъд ба торту ширинӣ гузаштем. Барои ҳазми таом мева хӯрда, мураббочой нӯшидем.
Меҳрубонии занон ҳам ба Барнохон аз ҳад зиёд буд: чой медоданд, як қалам-ним қалам себ дароз мекарданд. Ҳатто барои зудтар сиҳат шуда хестан риояи қатъии парҳезро талаб менамуданд.
Рӯи дастархон, ки топ-тоза шуд, Исохӯҷа - муллои идораамон як дуои дурударозе хонд. Аз рӯи дуои ӯ сиҳатшавии бемор он тараф истад, ҳатто мурда бояд зинда мешуд.
Занҳо даст ба даст табақу табақча ва чойнику пиёлаҳоро дар ошхона ғарам карданд. Барнохон ба шустани онҳо иҷозат надоданд.
-Не, ҳамин замон хоҳарам меояд, - гуфтанд Барнохон. - Вай ҳар рӯз омада, ба корҳоям ёрдам медиҳад. Шумо аз ин тарафаш парво накунед. Як сари қадам хабаргирӣ омадед, бо ҳамин сарам ба осмон расид.
Вақти хайрухуш меҳри занон боз ҷӯшид.
-Зудтар сиҳат шуда ба кор биёед. Бе шумо зиқ шудем, - гӯён гаштаю баргашта Барнохонро бӯсиданд.
-Ана дидед, - дар таги дар ба Барнохон рӯ оварда гуфт Мирзобадал. - Баъди омадани мо чеҳраатон хеле кушода шуд. Акнун худатонро эҳтиёт кунед. Саломатӣ гавҳари ноёб. Баъди ду - се рӯз мо боз ба хабаргирӣ меоем.
-Биёед, нури дида, тоҷи сар...
Рӯзи дигар Барнохон ба кор баромаданд. Баъди ҳамон хабаргирии Барнохон ҳоло дигар ҳеҷ кас касал намешавад. Ранги занҳо кандаву табъашон баланд бошад, ки ба кор меоянд.
Акнун мо, мардҳо, бемалол латифагӯию сигоркашӣ мекунем, соатҳои дароз вақтамонро бо шоҳмотбозӣ мегузаронему гоҳо ба орзуҳои ширин дода шуда мегӯем:
-Кош боз ягон кас бемор мешуд...

ҲИММАТИ РАИС
Зиёфат ба авҷи аълояш расиду кайфи раис таранг шуд. Дӯстам имо кард, ки ҳозир айни вақташ: фурсатро аз даст надиҳам. Бахт ба рӯи одам ҳар рӯз намехандад.
Оҳиста ба паҳлӯи раис гузаштам. Баъди ду - се қадаҳ мо ҳамчун додару бародар шудем.
-Раис, худатон медонед, ки ман эҷодкор. Як чиз - ним чиз менависам, - аз дур ба гап сар кардам.
-Медонам, зӯр менависед, - гапамро аз даҳонам зада гирифт. - Шумо Ҷек Лондони мо. Ман китобҳотона хонда кайф мекунам.
-Саломат бошед, раис. Лутфу карами шумо аз ҳад зиёд аст...
-Нотарсона гапатона задан гиред. Шумо - фахри халқу миллати мо. Ба шумо барин нависанда мо ёрдам надиҳем, кӯр мешавем-а?! Гӯед, чӣ ёрдам диҳем?
-Китоб чоп кардан даркор.
-Шудааст. Он тарафаш як даҳан гапи шумо. Як миллион сӯм гузаронам, мешавад? Ман барои шумо барин номбардорони миллат ҳеҷ чизро дареғ намедорам!
-Раҳмат, раис, мешавад. Худо давлататонро кам накунад.
-Счёт биёред, худи пагоҳ пула мегузаронем! - ваъда дод раис.
Мо аз хурсандӣ то дер гоҳ хӯрдему нӯшидему сӯҳбат кардем.

* * *
-Ин чӣ? - рӯзи дигараш счёт қоғазро ба даст гирифта, пурсид раис.
-Счёт. Аз рӯи гуфтаи худатон барои чопи китоб.
Ӯ суратҳисобро дурудароз хонд.
-А-ҳа, нағз. Майлаш, барои маънавияти халқу миллат 500-600 ҳазор медиҳем. Фақат ду-се рӯз баъдтар биёед. Ман бо бухгалтерҳо як маслиҳат карда бинам.
-Майлаш.

* * *
Пас аз се рӯз боз ба назди раис рафтам.
-Хӯш хизмат?
-Масъалаи чопи китоб...
-Ҳа, ҳа, дар ёдам ҳаст?! Нағз кардед, ки омадед Мо ҳисобу китоб карда баромадем. Барои маданияту маърифати халқ ҷонамона фидо мекунем. Фақат шумо камтар сабр кунед. Аз як ҷо ба мо пул афтоданаш даркор. Аз нӯги ҳамон 100-200 ҳазор мегузаронем. Ҳа, мо қавл диҳем, вафо мекунем. Шумо аз ин тарафаш хотирҷамъ бошед.

* * *
-Боз ин шумо-ку?! - дар рӯзу соати гуфтааш боз маро дида, бо дили нохоҳам гуфт раис. - Э одами бесабру қарор будед-дия, шумо. Гуфтаам-ку, аз рӯи имкон ҳамон 5-6- ҳазора мегузаронем. Обрӯи халқу миллат - ин обрӯи мо...
-Кай?
-Ҳафтаи оянда.

* * *
Раис ин дафъа маро дида, оҳи бадарде кашид.
-Ҳеҷ гоҳ гапи хона ба бозор рост намеомадааст. Ба шумо гуфта будам-ку, аз як ҷо ба мо пул афтоданаш даркор. Вай ташкилот банкрот шудааст. Боз ҳисобчиҳо пули налогу бало-батарҳои дигарро додаанд, ҳозир дар счёт ҳеҷ чиз нест. Мо худамон афтода монем, ки ғами эҷодкоронро мехӯрем. Ҳозир кассир дар ҳамин ҷо. Рӯи хотири фарҳангу миллат якта ариза нависед, 400-500 сӯм ёрдампулӣ диҳам...
Бо ғазаб аз наздаш баромадам.

* * *
Дӯсти маслаҳатгарам дар беморхона ба аёдатам рафта, оташ гирифт.
-Шумо аҷаб одами содда будаед-дия! Раис, ки ин хел гуфтааст, чаро ариза нанавиштед? Аз вай, муттаҳам, 500 сӯм рӯёндан ҳам қаҳрамонӣ аст.
-Ман гадой не-ку! Садақаашро ба сарам мезанам?!
-Э гаранг, - бо надомат гуфт ӯ, - онро гирифта арақ мезадеду мастомаст хуб ҳақорат дода, бухси дилатонро мебаровардед, бемор шуда, ба ин ҷо ҳам намеафтодед.

ЯКТА ИМЗО МОНЕД
-Шумо, Абдурауфҷон, ба футбол читу?
-А?
-Ман мепурсам, ки, қадатон занад, шумо футболбозиро дӯст медоред?
-Не.
-Тану тӯшатон айнан футболбозҳо барину наход ягон бор поятон ба тӯб нарасидааст.
-Рости гап, тӯби волейболро чанд маротиба бо поям зада будам.
-Ана дидед! Боз мегӯед, ки футболро дӯст намедорам. Ин хел гапҳо, қадатон занад, ба шумо намезебад. Ана ба ин ҷо якта имзо гузоред.
-Хайр... Дурӯғгӯи чӣ лозим, ман бозӣ карда наметавонам. Вале мухлиси футбол. Гоҳ-гоҳ аз телевизор тамошо мекунам.
-Э қадатон занад, Абдурауфҷон, мухлис ҳатман футболбоз мешавад!
-Чаро ҳамаи инҳоро аз ман пурсида истодаед, акаи Маҳмадшариф?
-Эъ, шумо хоб ё бедор? Худатон маро дар маҷлиси умумӣ якдилона роҳбари варзиши корхона интихоб кардеду аллакай ҳаммаашро фаромӯш намудед?! Қадатон занад, мо командаи футбол дорем. Ана дар ин қоғаз ҳам якта имзо монед.
-Инаш барои чӣ?
-Боз барои чӣ мешуд, қадатон занад. Охир шумо мунтазам ба машқҳо меоед, ба қариби сару либоси варзишӣ гирифтед.
-О ман ҳеҷ чиз нагирифтаам? Аъзои команда ҳам нестам?
-Нотарсона даст мондан гиред, қадатон занад, дигарон ҳам форма нагирифтаанду лекин имзо монданд. Шумо се сол боз футболбози зӯри корхонаву наход ҳаминҳоро надонед-а?!
-А? Охир ман ҳамин сол ба кор даромадам-ку!
-Ҳеҷ гап не, қадатон занад, обрӯи корхонаро рехтан нағз не. Командаи мо се сол пеш ташкил шудааст. Шумо ҳуҷумчии беҳтарини мо, қадатон занад, инро фаромӯш накунед...
-Охир ман...
-Лозим, лозим, қадатон занад. Обрӯи корхонаро баланд бардоштан даркор. Абдуазиз, Қорича, Ҳафиз, Ниёзи дароз, Бароти қоқ ҳам мисли шумо. Вале барои обрӯи корхона ҳеҷ чизро дареғ намедоранд.
-Ман фарбеҳи лаванд, ақаллан дуруст давида наметавонам. Боз хандахариши мардум нагардем?
-Парво накунед, қадатон занад. Аз ҳама муҳимаш мо команда дорем. Команда фахри корхонаи мо. Ана ба ин қоғаз ҳам якта имзои муборакатон лозим.
-Инаш боз барои чӣ?
-Акти хараҷот, қадатон занад. Якҷоя ба саёҳати даҳрӯза рафта будем.
-Ман ба ҳеҷ куҷо нарафтаам?
-Ғам нахӯред, қадатон занад, нарафта бошед, акнун меравед. Ҳамин хел накунем, намешавад. Ана дар ин ҷо ҳам якта имзочаи каҷакатонро дареғ надоред.
-Боз...
-Ҳа. Дарвоқеъ, қадатон занад, фаромӯш накунед, ки фардо рӯзи истироҳат вохӯрии рафиқона бо фабрикаи бофандагӣ-а?
-Акаи Маҳмадшариф, ман рафта наметавонам. Кор дорам.
-Дигарон ҳам кор доранд, қадатон занад.
-Ба худо, ки ман дар бозӣ иштирок карда наметавонам. Оши соли холаам... Ман наравам, дигарон нараванд, боз шумо шарманда нашавед.
-Парво накунед, қадатон занад, мо ҳеҷ гоҳ шарманда намешавем. Росташро гӯям, дигарон ҳам ба бозӣ рафта наметавонанд.
-Набошад...
-Эътибор надиҳед, қадатон занад, мо аллакай бо он корхона гуфтугӯ кардем. Онҳо ҳам намеоянд. Вале бозӣ мекунем: ҳисоб яку як мешавад. Фаҳмидед? Дар оши соли холаатон дар байни гап бемалол ба ҳама натиҷаи бозиро гӯед. Дигарон ҳам донанд, ки мо командаи футбол дорем, кор мебарем, пули давлатро муфт намегирем. Гап ана ҳамин, хел, қадатон занад, дар ин ҷо боз якта имзо монед...

МУКОФОТПУЛӢ
Гапро писари калониам Шукурҷон сар кард.
-Дада, - гуфт ӯ, - чаро шумо корфармоиро медонеду ҳақдиҳиро не?
Аз ин суханони ӯ кунду карахт шудам.
-Чи хел ҳақ?
-Дар корхонаҳо одамон кор карда, маошу мукофотпулӣ мегиранд. Мо ҳам дар хона бекор, чашмаки ман чашмаки ту карда нашишта, обу арақ мерезем. Яъне, ҳар моҳ маош набошад ҳам, ақаллан гоҳ-гоҳ шумо мукофотпулӣ дода истед!
Ӯҳ маҳмаддоное, гапашро бинед!
Хун ба сарам зад. Хостам ба даҳонаш якто фароварда, сиву ду дандонашро зада шиканам. Боз «астағфириллоҳ» гуфта, ғазабамро фурӯ бурдам. Қадаш як ваҷабу аллакай дилакаш чиҳо мехоҳад? Мехӯронаму мепӯшонам, инаш ҳисоб не. Вале ин чинқарча, як дастиёриашро миннат мекунад!
Бинам, як худи ӯ не, мақсади дигарон ҳам ҳамин хел. Бо умеди пул нигоҳашон мисли чашмони лӯлибачаҳо милтосзанон ба сӯи ман дӯхта истодаанд. Падарқусурҳо, аз афташ, пешаки гапро пазондаанду акаашон ҳамчун намояндаи халқи меҳнаткаш ба ман муроҷиат мекунад.
-Хуб шудааст, писарам, - гуфтам дар ҷавоб. - Шумо ҳаминро хоҳед, ман розӣ. Фақат дониста гиред, ки дар корхонаҳо барои пешқадамиву корҳои хуби ибратбахш ба коргарон мукофотпулӣ медиҳанд. Шумо ҳам нағз кор кунед, албатта, мукофотпулӣ мегиред.
Ман дар омади гап чунин гуфтаму онҳо инро рост пиндоштанд.
Худи ҳамон рӯз корҳои хонаро ҳамчун вазифаи ҷонӣ байни худ тақсим карда гирифтанд. Акнун мисли пештара «Ин кори ман не, кори ту», «Ман хар барин кор кунаму ту кайф карда шинӣ», «Ӯҳ гардан ғафсе, нон мехӯрӣ, ту ҳам кор кун-дия» барин гапҳо ба гӯш намерасид. Ягон нафар гапгардониву дангосагӣ намекард. Баръакс, барои иҷрои ин ё он кор байни худ ҷанҷолу хархаша менамуданд.
Панҷ нафар бачаҳо, ки ба кор мечаспиданд, ҳавлӣ намуди идона гирифт. Аз тозаву озодагӣ дар рӯи ҳавлӣ аксатонро дидан мумкин буд. Ба хона дароед, дилатон боғ-боғ мешукуфт. Бо заррабин кобед, ки гарде намеёфтед. Ошхонаамонро, ки як умр тартибу низоми қатъӣ надошту чизи даркориро солҳо ҷӯед, намеёфтеду лозим набошад, аз пеши биниатон мебаромад, шинохта намешуд. Тамоми зарфҳо, мизу курсиҳо оина барин яллақос мезаданд. Тартибу низом ба дараҷае расида буд, ки комиссияи сахтгире ояд, чени арзан камбудиеро ошкор карда наметавонист.
Оғилхона ҳам ба молхона монанд набуд. Ба молҳо нигаред, суқатон медаромад. Тагашон хушку тоза. Бадани гову гӯсфандон нав аз гармоба баомадагӣ барин ҷилодор. Ҳатто Моҳтобхони бадасту панҷа думи гову гӯсоларо мисли миллаи духтарон майдабофӣ кардааст. Кокулҳо ба гову гӯсолаҳо мезебид. Боз як корҳоеро ба амал баровардаанд, ки ба гӯшаи хаёли мутахассисони ин соҳа наомадааст. Масалан, онҳо дар деворҳои оғил гултубакҳо овехтаанд. Оғил мушкбезу муаттар. Ба оғил дароед, аз бӯи шошаву поруи молҳо дида, бештар ба димоғатон накҳати гулҳо мерасиданд. Аз бӯи хуш маст шуда, чашматонро пӯшед, худро дар хонаи наварӯсон тасаввур мекардед.
Ниҳолу дарахтҳо ҳуснафзои ҳавлӣ буданд. Ба онҳо гӯё дасти бобои Мичурин расида бошад, назаррабоиву сарафрози доштанд.
Замини обчакориро тавсиф накарда, бо як ҷумла тамоми бободеҳқонҳои зӯр аз ин ҷо таҷрибаи пешқадамро омӯзанд, меарзад гӯям, кифоя аст.
Нигоҳубини гулҳои хона ба зиммаи Манижабонуи чорсола афтода бошад ҳам, вай, балоча, иҷрои ин корҳоро бо почакзаниву беобрӯӣ ба гардани модараш бор мекардааст. Қандаша занад! Ҳар кас тавонаду дар намонад.
Дар ин муддат иззату ҳурмати ман ҳам даҳчанд афзуд. Пагоҳӣ ба кор рафтани шавам, сару либоси тозаву оҳарзада тайёр. Домодтӯраҳо барин дар хона сару либосамро пӯшида, аз остона мебароям, ки дар таги дар туфлии яллақосӣ дар даст занам маро интизор. Туфлиро ба поям пӯшонда худаш бароям оина мешавад. Гиребонҳоямро соз карда, шоназанон мӯямро ба тартиб меорад ва ба сари синаву пеши бари костюмам атр мезанад.
Аз кор баргардам, гул-гулшукуфон ба пешвозам мебарояд. Зуд кӯрпача партофта, ба таги кашам болинҳои пари қӯ мегузорад. Лаҳзае нагузашта, дастархон паҳн мекунаду чои гарм меорад. Телевизор ё радио мемонад, ки ман бо ҳузуру ҳаловат истироҳат намоям. Вақти дамгирӣ ҳатто тайёр аст, ки бо бодбезак шамол диҳад ва ё дасту поямро молад.
Ман аз ин хел зиндагӣ сархушу сармаст будам. Худро дар хона не, балки дар биҳишт мепиндоштаму зану фарзандонамро ҳамчун фариштаву малоикаҳои хизматгор тасаввур мекардам. «Ҳар рӯз ҳаёти одам чунин гузарад, - қабат-қабат гӯшт гирифта, меандешидам ман, - ҳазор сол умр бинад, ки боз кам аст!»
Охири моҳ аз ҷои кор пуламро гирифтам. Ягон тинашро ба арақ ё ҷӯрабозӣ сарф накарда, ба хона овардам. Мисли роҳбарони корхонаҳо фармоне интишор додам. Яъне, «барои корҳои хубу шоён ва рафтору одоби намунавӣ ба шахсони зерин мукофотпулӣ дода мешавад» гӯён аз рӯи алифбо як-як ному насаби аҳли оилаам ва миқдори сӯми мукофотпулиашонро навиштам. Баъд аз рӯи қоидаи маъмул ба ҳар кадомашон имзо гузошта, пулҳояшонро шумурда ба дасташон додам. Модари бачаҳо аввал нозу нуз кард. Вазифааш, ки аз рӯи тақсимоти меҳнат асосан нигоҳубини ман буд ва боз ҳамчун ҷонишини сарвари оила аз бачаҳо даҳ сӯм зиёд мегирифт, аз мукофотпулӣ рӯй гардондан хост. Гуфтам, ки нагирад, ихтиёраш, пулашро ба ягон ташкилоти хайрия мегузаронам. Зуд аз райъаш гашт. Нозаш зарари худаш-дия, ғурунгосзанон дар охири рӯйхат имзои якшохаашро монда, пулро ду маротиба шумурда, ба сари синааш пинҳон кард.
Манижбону, ки ҳоло хондаву навишта наметавонист, бо нӯги ангушти ранголудаш дар охири фамилияи худ ба ҷои имзо мӯҳр гузошт.
-Агар хоҳед, ки боз мукофотпулӣ гиред, - дар охири тақсимоти мукофот нутқи мутантане эрод кардам, - дар оянда ҳам, нағз кор кунед!
-Нағз кор мекунем, нағз кор мекунем! - ботантана ваъда доданд бачаҳо.
Одати деринаи оилавӣ ин дафъа вайрон шуд. Мисли моҳҳои пеш ман аз нӯги маошам чизе нахаридам. Дар хона равғану гӯшт тамом шудааст. Дигар маводи хӯрока кам монда буд. Аз байн як ҳафта нагузашта, бачаҳо ба шикоят даромаданд.
-Дада, шакарамон тамом шудааст, - ба самъи ман расонд Зариф. - Чӣ кор кунам?
-Надонам, - китф барҳам кашидам ман. -Ман ҳар дафъа мукофотпулӣ гирам, ба шумо равғани маскаву шакар мехаридам. Боз майда-чуйдаҳои дигар меовардам. Худат медонӣ-ку, ман ҳатто ягон сӯм мукофотпулӣ нагирифтаам.
Забони буррои мулло Зариф дигар ба гап нагашт ва бо сари хам аз наздам дур шуд.
-Дада, камери велосипедам даридааст, - гӯё гунаҳкор ман бошам, иддао кард Масрур, - наваша харида диҳед.
-Велосипеда чӣ кор мекунӣ, писарам? - гуфтам ман. - Ба мукофотпулӣ савор шуда гаштан гир.
Мисли муттаҳамон дигар натақаш набаромад.
-Гӯшт нест, - арз кард Зарҳала - раиси нави дегу табақ. - Ҳама оши палав хӯрдан мехоҳанд, гӯшт биёред...
-Бе гӯшт хӯрок пухтан гир. Мукофотпулӣ гирифтед, оши палавро чӣ кор мекунед?
Дами шир барин пурҷӯши ӯ ҳам паст шуд.
Дигарон ҳам ба гап сар накарда, ман мукофотпулиро ба ёдашон оварда, ба даҳонашон мезадам.
-Мукофотпулӣ гирифтед, бас не? Боз чӣ мехоҳед?
Диданд, ки бо ин роҳ намешавад, бачаҳо ба арзу шикоятҳо нуқта гузоштанд.
Ҳамчун ҷонишини сарвари оила модари бачаҳо идеяи хубе пешниҳод кард. Яъне, бачаҳо ҳар чизе хоҳанд, харида хӯрдан ва гирифта додан мумкин. Фақат барои ин кам-кам аз нӯги мукофотпулиашон ҳамчун қарз ба миёна партоянд.
-Қарза сонӣ ба мо кӣ медиҳад? - пурсид Шукурҷон.
-Дадет медиҳанд.
Бачаҳо дар аввал розӣ нашуданд. Вале диданд, ки талаботи ишкам зӯр аст, ба идеяи модарашон гардан фароварданд. Пеш аз пулпартоӣ рӯйхат тартиб доданд. Акнун онҳо мисли пештара чизҳои дилхоҳашонро харида мехӯрданду қарзи ман зиёд мегашт. Аз байн як моҳ нагузашта, масъалаи либосу пойафзол ба миён омад ва ман то фарқи сар ба қарз ғӯтидам.
Ҳамин тавр тамоми мукофотпулии онҳо ба каму кости рӯзгор ва хӯроку пӯшок сарф мегардиду ман барои кисапулӣ аз ҳамкору шиносҳо қарз мегирифтам.
-Ҳеҷ гап не, - зану фарзандонамро дилбардорӣ карда мегуфтам. - Ман то зиндаам, қарзатон ба ҳеҷ куҷо гурехта намеравад. Фақат шумо корро суст накунед, ки аз мукофотпулӣ маҳрум мегардед.
Рӯзу ҳафтаҳо оби равон барин гузашта истодаанд. Бачаҳо ҳам дилмонда нашуда корҳои худро идома медиҳанд. Аз моҳонаи навбатиам равғану биринҷ харидам. Барои он ки шасти бачаҳо нашиканад, пуле надода, ба рӯйхати мукофотпулӣ имзо гузошта гирифтам.
Ҳоло аҳвол чанд моҳ боз ҳамин. Ман моҳонаамро дар асоси ҳуҷҷати расмӣ ба онҳо ҳамчун мукофотпулӣ медиҳаму онҳо дар навбати худ ба майда-чуйдаҳои рӯзгор ба ман қарз медиҳанд. Зарурате пеш ояд, худам ҳам аз онҳо пул мепурсам. Оқибаташ чӣ мешавад, на онҳо медонанду на ман.
Мисли баъзе корхонаҳо ман ҳам, аз афташ, ба фиребу найранг мегузарам.
Охир кори бачаҳо маъқулу ҳамин ба пул додан раги сахтакии дастам мекашад. Кор ба ҳамин минвол давом кардан гирад, қарзам дар ду-се сол ба таги як чанд миллион мерасад. Худоё, бачаҳо аз банкрот шуданам ва ин қадар қарзро дода натавонистанам огоҳ шаванд, боз маро аз вазифаи сарварии оила холӣ накунанд?!

ДАВИДАН ФОИДА ДОРАД
Дар арафаи соли нав ҳамсояамон гапро аз дур сар кард:
-Агар хоҳед, ки сол бо файзу баракат биёяд, ҳар як коратонро аз аввали соли нав сар кунед. Аз аввал, ки нағз сар кардед, то охир ҳамон тавр давом меёбад.
-Хуррамҷон, мақсадатонро кушоду равшан гӯед, - аз ин гуна гапи мутафаккиронаи ӯ чизеро нафаҳмида ҳайрон шудам ман.
-Ина бинед, ако, - бо дасти рост ба танӯри ишкамаш тап-тап зада, ба тавалло даромад ӯ. -Не нагӯед, биёед, саҳариҳо хеста, якҷоя давем. Баъзе ёру рафиқон ин ишками маро дида, мазоҳкунон «чандмоҳа шудааст?» мегӯянд. Аз шарм замин намекафад, ки дароям. Танҳо ба давидан хушам намеояд. Аз ҳамсояҳо фақат дилам ба шумо об хӯрду ҳозир ин мақсадамро баён карда истодаам. Гапамро ба замин намонед, ако, илтимос...
Хуррамбой ба ҷону ҳолам намонд, дар бораи аҳамияти давидан ба саломатию дарозумрӣ қариб ду соат ланққид. Рости гап, саҳарии солеҳон аз хоби ширин хеста, давидан ба ман ҳеҷ намефорид. Аз ҳамин сабаб ба ягон ҷавоби аниқ додан метарсидам.
-Ин ишкамчаи шумо ба худатон мезебад, - ӯро тасалло додани шуда гуфтам. - Шумо на харобу на фарбеҳ - миёна. Вале ман хароб. Дӯстонам маро «устухони қоқ» ё «арвоҳ» мегӯянд. Ба оина нигарам, дилам таҳ мекашад. Барои ҳамин ба ман давидан чандон шарт набудагист.
-Не, шарт! - лабҳои лӯла барин фарбеҳу ғафсашро инҷ карда гуфт Хуррамбой. - Ҳар саҳар мо хеста давем, ман харобу шумо фарбеҳ мешавед. Давидан фоида дорад! Бо ҳамин баҳона сигоркаширо ҳам мепартоям.
Ӯ боз аз хусуси аҳамияти давидан ба гӯшам ваъзи дурударозе хонд. Аз ҷоғи беохири ӯ ба танг омада, розӣ шудам.
Саҳарии рӯзи дигар ӯ маро аз хоб бедор кард. Ман гумон намудам, ки мо дар ҳақиқат медавем, бо либосҳои варзишӣ баромадам. Аммо Хуррамбой дар тан шиму халати хонапӯшӣ ва дар пой туфлӣ дошт.
- Рӯзи аввал якбора давидан хуб нест, - гӯё мутахассиси ин соҳа бошад, маслиҳат дод ӯ. -Ҳама гуна корро бо оҳистагӣ сар кардан ба мақсад мувофиқ аст. Аввал кам-кам пиёда гашта, организмамонро бояд одат кунонем. Дар акси ҳол касал шуданамон мумкин аст.
Агар ман розӣ нашавам, боз ӯ гӯшу майнаамро мехӯрд. Ноилоҷ ба нишони ҳамраъӣ дам ба дарун задам.
Мо ҳамагӣ тахминан сад метр пиёда қадам задем. Вале барои тай кардани ин масофа зиёда аз ду соат вақтамон сарф шуд. Аз қадаммонии оҳиста-оҳистаи Хуррамбой дилам бухс мекард. Бо вуҷуди он сир бой намедодам.
Хуррамбой ба тариқи истисно якто сигор кашид.
-Духтурон мегӯянд, ки агар одам қафои пояшро зер карда гардад, фоидааш аз дақ давидан зиёдтар будааст, - рӯзи дигар боз дар мавзӯи аҳамияти пиёдагардӣ маърӯза кард ва ҳатто ба таври аёнӣ дуруст қадам заданро нишон дод. Аз гаштан дида, ӯ бештар гап мезад. Зуд-зуд дар ягон ҷо нишаста, нафас рост мекард. Вақти дамгирӣ ду маротиба сигор кашид.
Ман барои он, ки ҷоғу манаҳи ӯро камтар шунавам, 50-100 метр гоҳ ба пешу гоҳ ба қафо медавидам.
-Ин саҳар келинатон шикоят кард, ако, - шояд гуноҳи ба хоб монданашро ба гардани ҳамсараш бор кардан мехост, ки гуфт ӯ. -Ба вай саҳарӣ бедор кардан ҳам малол меояд-е!
Хуррамбой оҳе кашида, сигоре ба лаб гузошт. Ӯ тамокуяшро кашида нашуда, ман давида гирди бинои хонаҳоямонро се маротиба чарх задам.
Шавқам ба давидан торафт зиёдтар мешуд. Сиҳати худро рӯз аз рӯз беҳтар ҳис мекардам. Саҳарии торикча ба берун мебаромадаму дар хавои тоза рӯҳам болида, худ аз худ давиданам меомад. Вале шумо даведу шарикатон не, ин аз рӯи одоб не. Бинобар ҳамин, гоҳо ҳамчун рамзи ҳамрайъӣ баробари ӯ қадам мезадам. Вақте, ки Хуррамбой истода сигор мекашид, ман лаб-лаби ҷӯ ё гирд-гирди бино медавидаму медавидам.
Рӯзи ҳафтум Хуррамбой қарор дод, ки медавад. Қарораш қатъӣ будааст мардака. Бо тану тӯши фиребу фаҳӯл давид. Ба обу арақ ғӯтида, гирди биноро як маротиба чарх заду нафасгардон шуда, болои харак нишаст.
-Нағз-нағз! Баъди давидан одам худро асп барин бардам ҳис мекунад, - ба таърифи худ гузашт ӯ. -Ана ба аввали кор ҳам ибтидо гузоштем. Акнун ҳар саҳар хеста медавам. Лекин ин муваффақияти нахустинро шустан даркор. Нашӯем, ин муваффақиятамон мустаҳкаму пойдор намешавад.
Худи ҳамон бегоҳ Хуррамбой маро ба хонааш хонд. Хуб хӯрдему нӯшидем.
Шустан то соатҳои дуи шаб давом кард.
Саҳарии рӯзи дигар ӯ ба давидан набаромад. Ман танҳо давидам.
-Фарбеҳии ман аз гӯшту равған не, аз касалӣ будааст, - сабаби ба давидан набаромаданашро фаҳмонд ӯ. -Бо мутахассисон маслиҳат кардам. Хулоса, ман танҳо бо табобати духтурон сиҳат мешудаам.
Ӯ давиданро бас карду ҳоло ман танҳо давом медиҳам.
Хуррамбой дар айвончаи қабати саввуми хонаашон сигор кашида, ҳавои тоза мехӯранду чанд маротиба гирд - гирди бино давидани маро мешумурад.
Вай барои табобат гоҳ-гоҳ дар духтурхонаҳо мехобад, ба курорту санаторияҳо меравад, баъзан бемор шуда, дар хонааш бистарӣ мешавад. Арафаи соли нави дигар ба аёдаташ даромадам.
-Шумо давиданро аз соли нав сар карданатон нағз шуд-дия, - гуфт ӯ. - Ҳамаи ин ба шарофати ман. Ман намебудам, шумо ҳам намедавидеду ин хел бардаму бақувват намешудед. Лекин ако, касал шуда истодан ҳам даркор. Организм ба касалӣ одат кунад, одам умри дароз медидааст...

БАЛОИ АЗИМ
Аз доду фиғони ҳамсарам саҳарӣ тарсида, аз хоб бедор шудам.
-Ҳа, худаш чи гап? - хобу хоболуд пурсидам.
-Ин хонаро бинед, ҳавзи пуроб шудааст.
-Майдачаамон тар кардагист-дия, - гашта хобидани шудам ман. - Барои ҳамин ҳам ин қадар воҳима?
-Майдачаамон тар мекард, ҷон мегуфтам, - гӯён ҳамсарам як лаби гилемро бардошта буд, ки чангу гард, ресмону қоғазпораҳо дар рӯи об ба шино даромаданд. - Оҳ, гилемаки меросии модарам! Ҳамин хел гилеми зебоямон ҳайф шуд. Эҳ худоҷон-е, ин чӣ балое буд, ки ба сари мо омад. Аслан гирем, ҳама бало шумо!
Қаҳру ғазаби ҳамсарам вулқонсон ҷӯшида, ба сари ман мерехт.
-О ман чӣ кор кардам? - Худро дигар ба карӣ задан мумкин набуд. Барои ҳамин ман ба худсафедкунӣ гузаштам. - Дина ҳамааш нағз буд-ку?!
Ман бари шимҳоямро боло карда, нӯг-нӯги пой назди қубури гармидиҳӣ омадам. Як ҷои қубур кафида буд ва аз ҳамон ҷо об ширросзанон мерехт.
Лентаи часпакро дар он ҷое, ки об мерехт, хуб печондам. Баъд аз болояш бо ресмон бастам.
-Ана, шуд, - барои ором кардани ҳамсарам худро хурсанд нишон дода гуфтам ман.
-Бало мешавад! - латтае, ки бо он оби рӯи хонаро ҷафида мегирифт, бардошта ба замин зад. - Бо ин хел ҳиллагариҳо шумо маро фиреб медиҳед, обро не. Ҳамин замон ба қабати поин фарояд, ҳамсояҳо ба саратон қиёмати қоимро мебардоранд.
-Ту натарс, ҳамааш нағз мешавад! - қатъӣ гуфтам ман ва бо хотири ҷамъ ба кор рафтам.
Бегоҳ ҳамсарам бо қошу қавоҳи овезон маро пешвоз гирифт.
Авзои ӯро дида, ба дилам алав афтод. «Боз чакидааст-дия!» Пойафзоламро кашида, ба хонаи бачаҳо даромадам. Об аз байни лентаву латтаҳо босуръат мерехт. Ҳамсарам дар набудани ман кашфиёти худро дар амал зорӣ карда, зери қубур лаганчае монда аст.
-Бо фанду фиреб кор буд мешуд, кайҳо олам гулистон мегардид, - ҳамсарам қубурро чармпеч карда истодани маро дида, заҳрханда кард. - Пагоҳӣ як сари қадам ба коллхоз мерафтед, ҳатман ягон коргарашонро мефиристонданд. Вале шумо бошед, ба кор гурехта, ҷонатонро халос кардед. Канӣ, ҳамин шаб хоб рафтан монам...
Беҳазл, ӯ шаби дароз вазифаи обкашониро ба гарданам бор кард. Саҳарӣ, ҳатто ношто накарда, ба управленияи истифодаи манзилгоҳҳо рафтам. Асари бехобию мондашавӣ ва ғур-ғури беохири ҳамсарам буд, ки кабинети сардорро ба сараш чаппа кардам.
Сардори комбинат худи ҳамон лаҳза ваъда дод, ки барои чорабинӣ ба хонаи мо меояд.
Соатҳои ёздаҳ сардору коменданти управления ба хона омаданд. Онҳо пойафзолҳои худро накашида, бепӯшт-пӯшт ба хона даромаданд. Гӯё қубур як чизи оддӣ не, балки бозёфти нодири археологӣ бошад, дуру дароз ба чор тарафаш зеҳн монданд. Баъд бо афсӯс сар ҷунбонда, гуфтанд:
-Ҳа, кори хуб нашудааст. Илоҷи ин душвор. Мо сантехникро мефиристем. Шумо бо вуҷуди он як ба маркази гармидиҳӣ ҳам равед. Ин кори онҳо...
Шаб барои обкашонӣ бо ҳамсарам навбатдорӣ кардем.
Рӯзи дигар намояндаҳои системаи гармидиҳӣ омаданд. Онҳо ҳам мисли роҳбарони управленияи манзилгоҳҳо ду кас буданд: инженеру сантехник. Бо пойафзолҳои чиркину лойолуд ба хона даромаданду диданду муоина карданд ва пеш аз рафтан чунин хулоса бароварданд:
-Ҳамаи ин трубаҳои истеҳсоли ватанӣ ҳамин хел, оҳанашро нағз намегудозанд. Барои ҳамин зуд дарз меравад, шикоф мешавад.
-Шумо барои фаҳмондани ҳамин масъала омадед ё ягон хел ёрдам додан? - Ғазабам ҷӯшида пурсидам ман. -Инҳоро худамон ҳам медонем. Вале мо шуморо ҷеғ задем, ки ягон илоҷашро ёбед, набошад аҳвол чатоқ..
-Мо ҳам инро чӣ хел соз мекунем? - саволомез ба ман рӯ овард инженер. - Росташро гӯям, инро соз кардан мумкин нест. Барои ин трубаи нав шинондан лозим. Барои трубаи навро шинондан бошад, обро бастан даркор. Дар ин ҳавои хунук обро бандем, аз эҳтимол дур нест, ки одамони дигар хонаҳои бино исён бардоранд...
-Хайр мо чӣ кор кунем? Наход ягон роҳи соз кардан надошта бошад? - ба таҳлука афтодам ман.
-Тоқат кунед, зимистон гузарад, ана баъд як бало мекунем.
-Чӣ?! - хун ба сарам зада, бо ду даст сарамро доштам ва рӯи хона ба қадамзанӣ даромадам.
Ин ваҷоҳати маро дида, инженер ваъда дод, ки як сантехники гулдаст доранд, ҳамонро мефиристад. Дилашро ёбам, вай ҳатман ягон чора мебинад.
Баъди рафтани онҳо ману ҳамсарам боз ду соат хонаи бачаҳову даромадгоҳро тоза карда баромадем, Дар фаршшӯию хонарӯбӣ таҷрибаам торафт зиёд мешуд.
Пас аз ду соат сантехник омад.
-Ин кори душвор, - гуфт ӯ. - Тобистон бошад, гапи дигар буд. Ҳозир ҳаво хунук.
-Ягон чизи гарм мекардагӣ ёбем масъала ҳал мешавад? - дилёбӣ кардани шудам ман.
Ӯ ба калла нагирифт.
- Кафшер кардан мумкину вале хавфнок. - баъди ҳаматарафа дидани қубур гапашро лӯнда карда гуфт сантехники дигар. - Даруни хонаатон пури чизу чора. Ягон шарорае парад, тамом, хонаатон оташ мегирад. Пожарнийҳоро ҷеғ мезанед, онҳо дару тирезаҳоро шикаста, дабдалаи хонаатонро мебароранд.
-Ин хел бошад, лозим не.
Маро воҳима гирифту ӯро аз таҳти дил гусел кардам. «Як кор агар сад кор шавад, он гоҳ як умр аз зери таънаву маломати ҳамсарам халос хӯрда наметавонам!».
Сантехники сеюм ҳам қубури обгузарро ҳамчун экспонати нодири музей хуб тамошо кард.
-Ҷои дарз рафтаашро бинед-а! Саҳл аз боло мебуд, сӯрохашро калонтар мекардам.
-Чӣ? Он гоҳ ҳама ҷоро об зер кунад?!
-Не, калонтар, ки шуд, обро бо ягон рӯдача аз тиреза бароварда мемондем...
-Мардум намеханданд?
-Не, шумо натарсед. Ҳеҷ кас гумон намекунад, ки шумо беист чиш карда истодаед. Ин ба ақли одам намеғунҷад.
Ҳамин вақт боз як сантехнике даромада омаду рӯирост гуфт:
-Ин кори намешудагӣ. Вале роҳаш ҳаст.
--Чӣ хел? - дар дилам чароғи умед фурӯзон гардид.
-Ягон тракторчӣ ё шофери шинос дошта бошед, ҳамонро ба гап мегиред. Вай шабона трубаи асосии гармдиҳии биноро зада мешикаст, баъд хоҳ-нохоҳ обро мебастанд. Обро, ки бастанд, кор осон мешуд. Ман худам турбаатонро дар ду-се соат нав карда медодам.
-Охир ин кори...
-Натарсед, ба даст наафтед, ҷиноят ҳисоб намешавад. Агар афтед, албатта, ҷазо мегиред. Ин ҳам як қимор барин гап-дия! Ё мебуред, ё бой медиҳед. Чӣ ин қадар ранги рӯятон канд? Ман ба фоидаи шумо гап зада истодаам. Кори одами нотарс пеш меравад. Не, агар маслиҳати ман маъқул набошад, ихтиёратон...
Ман байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонистам.
Чанд рӯз боз ба кор ҳам намерафтам. Бори даҳум ё ёздаҳум буд, ки ҳамсарам хонаву даромадгоҳро рӯфта мешусту ман ба ӯ ёрдам медодам. Барои ба чашми ҳамсарам рост нигоҳ кардан метасидам. Вай аз ин ғаму ташвиш пуффак барин дам карда буд. Агар кафад, ҳатман ягон касофате рӯй медод.
Аз рӯи графики нонавишта шабона барои ба обрези ҳаммом бароварда рехтани оби тосу лаганҳо ману ҳамсарам машғул шавем, рӯзона ба ин кор фарзандҳо ҷалб мегардиданд. Пагоҳию бегоҳӣ ба сари ташкилотҳо додзанон мерафтам.
Аз рӯи вазифа онҳо меомаданду чорае наёфта, гашта мерафтанд. Агар мутахассис ва корманди ин ё он соҳа буданашонро ба назар нагирам, гӯё онҳо ба экскурсия меоманданд. Аз рафтуомади зиёди онҳо огоҳ шуда, ҳаққу ҳамсояҳо низ ба хона медаромаданду бо ин рӯзи сахти ба сарамон омада ҳамдардии худро изҳор мекарданд.
Тоза кардани даромадгоҳ ба дили ҳамсарам зад. Ӯ даст афшонда, дигар аз баҳри ин кор баромад. Ман гилему пойандозҳоро дар як гӯшаи хона ғундошта мондам.
Охирҳои ҳафтаи дуввум одамони тамоман бегона ҳам меомадагӣ шуданд. Аз чӣ бошад, ки онҳо баъди тамошо худро тасалло медоданд.
-Ҳа, мо беҳуда шикоят мекардаем. Аҳволи инҳоро бинед, - мегуфтанд онҳо ба якдигар. - Бо вуҷуди ҳамаи ин тоқат карда нишастаанд. Ба коргарони управленияи манзилгоҳҳо ҳам осон не...
Пешвозгирию гуселкунии одамони ношинос ба диламон зад ва дари даромадро калон кушода мондем: «Биёянд. Бинанд. Тамошо бепул! Фақат бо саволҳои намешудагиашон моро гаранг накунанд шуд!».
Аввалҳо як-як ё ду-ду одамон меомаданд. Акнун гурӯҳ-гурӯҳ, ҳатто коллективона ба экскурсия меомаданд. Коргарони корхонаву ташкилотҳо, донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои касбӣ, хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ бо роҳбару муаллимонашон меомаданд.
Ману ҳамсарам пештар шаби дароз аз обкашони шикоят мекардем. Ҳоло бошад, ҳарчи зудтар фаро расидани шабро интизор мешудем, ки омаду рафт камтар шаваду мо ором гирем.
Аз рӯи график ду соатӣ бо ҳамсарам навбатдорӣ мекардем. Пас аз соати дуи шаб, ҳарчанд обкашонӣ навбати ӯ бошад, ки ба бедор кардан дилам нашуд. Бечора, аз давутози рӯзона монда шуда, ҳоло мурда барин мехобид. Барои он ки ҳам хонаро об зер накунаду ҳам хобам набарад, ягон машғулияте ёфтан лозим буд.
Қайчиву анбӯр, меху болға ва ҳар чизи дигаре, ки дар хона буд, ҳамчун асбобҳои зарурӣ дар пешам гузоштам. Баъд таги сатили навро, ки боз даҳ-дувоздаҳ соли дигар хизмат карданаш аз эҳтимол дур набуд, ҷудо карда, аз он тунукаи чоркунҷае буридам. Дар ду тарафҳи муқобили он бо парма сетоӣ сӯрох сохтам. Сипас, резини балони мошинро ёфта, онро низ чени тунука буридам. Аввал чармро дар ҷои дарзхӯрдаи қубур печонда, аз болояш тунукаро қат кардам ва аз сӯрохиҳои сохтаам шуруп гузарондам. Ба шуруп винтҳо часпонда, бо калид онҳоро нағзакак кашидам. Ин ихтирои ман ба қабати дуюми қубур табдил ёфт. Оби широсзанон рафтаистода аввал кам шуд, баъд ба чакидан даромад ва дар охир тамоман монд.
Ба ихтирои худам, ки чандон боварии комил надоштам, ягон соат зеҳн монда нишастам. Не, дигар об намечакид. Ба ҳунари худам қоил шуда, хотирҷамъ даромада хобидам.
Бо табъи чоқу рӯҳи болида аз хоб хестам. Ҳамсарам ҳам аз хурсандӣ рақс намекарду бас. Дар зарфи ин чанд рӯзи охир мо бори аввал хушнудона чой менӯшидем, ки...
Не, мо барвақт хурсандӣ карда будем. Шумораи тамошобинон ҳамон кам намешуданд. Акнун онҳо барои изҳори ҳамдардӣ не, барои таҷрибаомӯзӣ меомаданд.
Зани ҷавоне, ки ҳамроҳи ҳамсараш омада буд, баъди тамошои ихтирои ман ҷанҷол бардошт.
-Шумо ҳам худатонро мард гуфта гаштед-а? - дар хонаи каси бегона буданашро ҳатто фаромӯш карда мегуфт зан. - Наход аз дасти шумо ҳамин хел кор наояд? Э мард нашуда равед-э!
Баъзеҳо маро ба хонаашон даъват мекарданд, ки ҷумраки ҳаммомашонро соз кунам Дигаре илтимос мекард, ки барои хубтар гарм кардани ботареяи хонаашон ёрӣ расонам.
Харидорони ман торафт зиёд мешуданд. Маро ҳам ба управленияи манзилгоҳҳою ҳам ба маркази гармдиҳии шаҳр ба кор даъват мекарданд. Як бегоҳ ҳатто аз концерт ҳаловат бурда менишастам, ки дар бошаст кӯфта шуд. Бароям, як мӯйсафеди айнакии асобадасте.
-Шумо чӣ хел одам? - маро дидан замон ба ҳуҷум гузашт ӯ. - Се бор ба хонаатон омадам, набудед. Дар ҷои коратон нестед. Пули давлатро муфт гирифта гаштан айб нест?!
-Мебахшед, бобо, ман ҳозиракак аз кор омадам. Нонамро ҳалол карда мехӯрам. Чӣ гап буд? Чаро беҳуда маро ҷанг мекунед?
-Кори худро буд кардед, аз они мо чӣ? Гардед, қубури моро ҳам соз карда диҳед.
-Чӣ хел соз карда диҳам. Ин вазифаи ман не.
-Чӣ хел вазифаи шумо набудааст?! Аз они худатонро соз мекардеду аз они моро - не. Кани инсоф, кани ҳақиқат?
-Ҳозир дер шуд, бобоҷон - бо ин хел одам, ки баҳсу мунозира кардан бефоида буд, дангал ваъда додам. - Пагоҳ саҳар катӣ меравам.
Хулоса, аз ин хел омаду рафти беохири мардум, ки қариб девона мешудам, ҳамон шаб ба хонаи модарарӯсам гурехта халос хӯрдам. Илоҳо то зимистони оянда одамон роҳи хонаи маро фаромӯш кунанд - дия!

ЗАҲРИ ҚОТИЛ
Бозори харбуза мӯрчахонаро мемонд. Яке медаромаду дигаре мебаромад.. Савдои харбузафурӯшон ҳам торафт метафсид.
-Э фиребгари беинсоф! Илоҳо ба ғазаби худо гирифтор шаведу рӯзи некиро набинед! - марди сиёҳҷурдаи шикамкалоне якбора ба сари мӯйсафеди харбузафурӯш дод зад.
-Худаш чӣ гап? Чаро беҳуда ба сари ман дод мезанед? Аввал пурсишу баъд кушиш гуфтаанд, астағфириллоҳ гӯед, писарам, - аз ҳайрат дасту по хӯрда гуфт мӯйсафеди харбузафурӯши кулўҳтариши қадпаст.
-Боз чӣ мешуд?! - ҳамоно аз ғазаб намефаромад марди ишкамкалон. -Хуб таърифу тавсиф кардеду дина аз ҳамин харбузаҳоятон сетоашро харида ба хона бурдам. Харбузаҳои пул дода харидаам балои ҷонам шуд. Бачаҳо хӯрда дарунрав шуданд. Духтур ҷеғ задем. Ҳоло ду духтарчаам дар беморхона, - аз афт, худаш ҳам дарди ишкам буд, ки як печутоб хӯрда, номаълум шими фаромадаистодаашро боло бардошта монд. Ин гуна доду ғавғоро шунида, дар як лаҳза назди онҳо мардуми зиёде ҷамъ шуданд.
-Аз харбузаҳои ман ҳеҷ кас касал намешавад, - ба сӯи ғарами харбузаҳо, ки болои як тарафаш чодирпӯшу дар атрофи дигараш барои ғелида нарафтани харбузаҳо бо хасу палак девораке сохта буд, ишоракунон гуфт мӯйсафед. -Чунки ман ҳеҷ гоҳ ба замин дору намеандозам.
-Бедору, ки бошад, чаро бачаҳо касал шуданд! - боз ба шӯр омад он мард.
-Қасам хӯрданам мумкин, ки ягон зарра дору надорад.
-Ҳой бобо, дурӯғ ҳам эбаш катӣ будагист-дия, - ин дафъа ишкамкалон даҳон накушода кадоме аз ҳангоматалабон, ки аллакай атрофи онҳоро нимдоира печонда гирифта буданд, луқма партофт. -Ҳозир умуман сабзавоту меваи бедору нест. Исту бисти ин харбузаҳоятон ҳам слитра!
-Ба виҷдонам қасам, ки як зарра слитра дошта бошад, - ду гиребони яктаҳи нимдошти беқасабнусхаашро дошта, қасам хӯрд мӯйсафед. - Бовар накунед, хӯрда бинед. Аз тухми харбузаҳои шакарпалак, худаш асал барин ширин. Ин аз рангу рӯяш ҳам маълум.
-Ба виҷдонам қасам будааст-е?! Э шумоҳон умуман виҷдон надоред! - кӣ виҷдон надоштанашро бо нӯги асояш нишон дода, ба ғазаб омад кампире. --Дигар виҷдон-пиҷдон нагӯед. Виҷдон он тараф истад, шумоҳон имонатонро ҳам мефурӯшед. Худои ҳамаатон пул...
-Истед, истед, - ҷавони мӯйлабчае пеш баромад. -Ҳоло шумо, мӯйсафед, даъво доред, ки ин харбузаҳоятон ширин аст? - савол дод мӯйлабча ва интизори ҷавоб нашуда, писханд зад. - Ё ба болояш шакар пошида хӯрем, баъд ширин мешавад?
-Э худоё наход ман ба шахси дурӯғгў монанд бошам? - мӯйсафед анбӯҳи мардумро шояд акнун дар гирду атрофи худ дид магар, ки дамаш каме паст шуд ва ба марди ҷанҷолӣ рӯ овард. - Худатон гӯед, ягонто харбузаи бурдаатон бемаза баромад?
-Не, ҳамааш ширин буд. Лекин бачаҳо касал шуданд. - тўтивор боз гапашро такрор кард ӯ.
-Вай аз харбуза не, - суст наомад мӯйсафед ва харбузаеро ба даст гирифта, аз ғилофи овезони миёнбандаш кордро баровард. -Ҳозир ба ҳамаатон якқаламӣ медиҳам. Агар ширин набошад, бо харбуза ба сарам занед.
«Ин мӯйсафед ҷиннӣ шудааст чӣ бало? - ба ҳамин маънӣ баъзеҳо ба якдигар нигаристанд. - Дигарон даст кофтан намемонданду наход вай ба ҳама якқаламӣ харбуза диҳад?».
Дастони харбузафурӯш аз қаҳру ғазаб меларзид. Вай харбузаро сари синааш монда, қарч мекарду ба касе, ки чашмаш афтад, дароз менамуд. Баъзе одамон харбузаро нагирифта, худро қафо мекашиданд. Карчи охиринро мӯйсафед ба худаш монд ва аз бедандонӣ бо кому лаб чунон ба хӯрдан даромад, ки оби даҳони баъзе ҳангомаҷӯён шорид. Шираи харбуза ба нӯги ришҳои мӯйсафед шӯша баста, баъзе қатраҳояш ба бари яктаҳаш чакиданд. Мардум гӯё сеҳр шуда бошад, лаҳзае ҳама хомӯш шуданд. Онҳо як ба ғарами харбузаҳои зарду сурхчаи тӯрбаста, як ба харбузахӯрии мӯйсафед ва як ба карчи харбузаи дастони худ нигариста, моту мабҳут шуда буданд. Ранги харбуза гулобии дилкаш буд. Аз он бӯи гулу асал меомад. Вале бо вуҷуди ҳамаи баъзеҳо ба хӯрдан ҷуръат намекарданд..
Навомадагон гӯш ба қимор шуда, ба чор тараф чашм медавонданд, ки асли воқеа чӣ бошад.
Мӯйсафед як-як ба атрофиёнаш нигариста, боз ба хӯрдан далолат кард.
-Ҳа, хӯред! Аз чӣ метарсед? Ин харбузаи ман меҳргиёҳ, ба ҳазор дард даво.
-Хайр, мурам, шумо ҷавобгар, мӯйсафед, - пеш аз газидани харбузаи дасташ ҳазломез гуфт мӯйлабча.
-Ош шавад, ягон кору ҳоле шавад, ман ҷавобгар, - нотарсона ин масъулиятро ба гардан гирифт мӯйсафед ва баъди як луқма газида хӯрдани харбузаи дасташ аз ҷавони мӯйлабча пурсид. - Хайр, чӣ хел?
-Дар ҳақиқат ширин...
-Шумо ба ҷони худ қасд доред, чӣ бало? - пиразан бо нӯги асояш карчи харбузаи дасти мӯйлабчаро зада афтонд. - Нахӯред-е! Ана шоҳиди зинда, - ба марди ишкамкалон имо кард пиразан. - Бачаҳояшон дарунрав шудаанд. Рӯзи равшани дигар харидагон ҳам сиёҳ шуда бошад, аҷаб не. Дезентерия, - касалии ганда, одамро ҷо ба ҷо куштанаш мумкин... Ҳозир харбузаро ба лабораторияи бозор бурдан даркор. Ҳа, агар дору дошта бошад, акт монда, кори ин мӯйсафеда ба суд додан лозим.
Таклифи пиразанро ду-се кас дастгирӣ карданду онҳо харбузаеро бардошта, ба сӯи лабораторияи бозор рафтанд.
-Суд не, ин хел одамҳоро сангсор кардан даркор! - таклифи нав пешниҳод намуд марди олуфтанамое.
-Беҳтараш харбузаҳояшро ба гарданаш ҳамел баста, гирд-гирди бозор гардондан лозим, ки ба дигарон намуна шавад! - Ҳампаҳлӯҳояшро тела дода пеш баромад зани хомфарбеҳе. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ зери пироҳан ба ҷои синаҳо ду нимхарбузаву ба ҷои ишкам тарбузи калон дошт. - Ҳафтаи гузашта ман як харбуза харида рафтам. Гап дар қиматиаш не, вале бовар кунед, ки ба об маза буду ба вай не. Ба даҳон баред, бӯи слитра хаф зада, дилатонро беҷо мекард. «Сари соҳибата хӯр» - гуфта бароварда партофтам. Ҳа, ҳозир пулёбӣ осон аст?! Эъ пули гирифтаашон аз биниашон зада барояд!
-Дуои бад накунед, духтарам, - ба зани хомфарбеҳ рӯ овард мӯйсафед, - Мебинед, ки ман харбузаҳоямро чӣ хел арзон фурӯхта истодаам. Ба шумо дурӯғу ба худо рост, ба ман пулу моли дунё даркор нест. Аз алам ба ин кор даст задам, ки чӣ хел шудани харбузаро ба баъзеҳо нишон диҳам.
-Э монед-е! - боз як шахси паканае ба сухан даромад, ки дар тӯрхалтааш се тарбузча буд. - Аз ҳама ҳам, ба шумо, мӯйсафедони имонсӯхта молу пул азиз. Бо роҳи ҳарому ҳариш бошад, ки шумо пул ёбед, шуд. Вале фаромӯш накунед, ки пагоҳ ҳамааш ҳисобу китоб дорад. Ҳа, дар он дунё ҷавоб доданро аз ёд набароред.
-Медонам, медонам.
Марди ишкамкалон, ки ба куҷое ғайб зада буд, боз пайдо шуда омад. Вай бесаранҷом буд: гоҳ-гоҳ даст ба ишкам бурда печутоб мехӯрд ва зуд-зуд шими фаромада - истодаашро боло мебардошт. Вале аз ӯ дида, тарафгиронаш бештар ба мӯйсафед ҳуҷум мекарданд.
Баъзеҳо «ба инҳо гап фоида надорад» гӯён аз назди харбузафурӯш дур шаванд, ҷои онҳоро пас аз лаҳзае дигарон мегирифтанд.
-Гуфтам-а, арзон нафурӯшед, - як харбузафурӯши паҳлӯ омада, оҳиста ба гӯши мӯйсафед пичиррос зад. - Арзон, ки кардед, ана ҳамин хел ба бало мемонед. Ҳоло ҳам сари барвақт: як чиз диҳам, харбузаҳоятонро ба ман партофта равед.
-Даф шав-е! - ҷавони харбузафурӯшро бо ғазаб тела дода гуфт мӯйсафед. - Хурўргўҷа! Ба ман як маслиҳатдиҳии ту кам буд?! Мол, моли ман аст, чӣ коре кунам, ихтиёрам. Хоҳам арзон мефурӯшам, хоҳам бурда ба пеши молҳо мепартоям. Кори ту чӣ-а?!
Мӯйлабчаю шарикаш аз дур намоён шуданд. Ҳамроҳи онҳо духтур ҳам меомад.
-Зуд гурехта ҷонатонро халос кунед, бобо.
-Ҳозир хонаатон месӯзад.
-Ҳа, акту чакт кунанд, ана баъд онаи зоратонро мебинед!
-Якбора милисаро ҳам ҷеғ зада меомаданд, хуб буд. - Ҳангоматалабон ба сӯи мӯйсафед ҳар гуна луқмаҳо партофта, сарашро гиҷу гаранг мекарданд.
Намояндагон ба анбӯҳи ҳангомаҷӯён наздик нашуда, пиразан бетоқатона ба пешвозашон баромад:
-Ҳайр, гапи ман рост будааст?
-Не, дурӯғ, - ҷавоб дод мӯйлабча.
-Чӣ хел? - ранги кампир канд. - Ҳазлатро мон-е, сағира! Дили ман касал, росташро гӯй?! - Асояшро ба замин кӯфта, иллат кард.
-Рост, оча, харбузаи ин одам ягон грамм дору надоштааст, - ба ҳама шунавонда гуфт духтури бозор.
-Дору, ки надошта бошад, чӣ хел мо касал шудем? - муттаҳайирона пурсид марди ишкамкалон.
-Ман ҳам ба ҳамин ҳайрон, - рӯирост иқрор шуд духтур.
-Ана дидед, бародарҳо, - қоматашро росттар гирифт харбузафурӯш. Баъди ин хел ранг гирифтани корҳо гӯё ба танаш ҷон даромада бошад, чашмонаш дурахшиданд. Ришашро хилол кард: шукр, ки обрӯи ришаш нарехтааст. -Дурўғгў душмани худо. Наход мани мӯйсафед шуморо фиреб диҳам-а...
Инро гуфта мӯйсафед ба сӯи кампир чашм песонд: ана дидӣ, ҷалоҷини албастӣ, ҳақ ба ҷониби кӣ будааст?
-Рафиқон! - гӯё дар минбар бошад, марди зиёинамои айнакие ба ҳама хитоб кард. - Оё медонед, ки барои чӣ баъзеҳо ин харбузаро хӯрда, касал шуданд? Не? Лекин ман медонам. Аз таҷрибаи корӣ. Ман, рафиқон, орнитолог, яъне паррандашинос. Ду сол пеш мо як села кабкчӯҷаҳоро дар шаҳр калон карда, ба кӯҳистон бурда сар додем, ки зиёд шаванд. Аммо рости гап, аз ин кори кардаамон сад пушаймон шудем. Чунки кабкҳо дар ҳавои ифлоси шаҳр одат карда буданду дар иқлими хушбоду ҳавои кӯҳистон тоб оварда натавонистанд ва аз нисф зиёдашон мурданд. Организми шумо, ки ба меваю сабзавоти сердору мутобиқ шудааст, якбора хӯрдани ин хел харбузаҳо, албатта дарунраву касал мекунад. Дар ин ҷо мӯйсафед ягон айбе надорад.
Ғурури мӯйсафед як бар даҳ афзуд. Гумон дошт, ки баъди баромади олим харбузаҳояш талошак мешаванд, вале баръакси чашмдошти ў кассе харбуза намехарид. Хомӯшии кӯтоҳе ба амал омад. Аммо пас аз фосилае орухона боз ба ҷӯш даромад.
-Э ҳамин хелаш ҳам мешудааст-дия, - ғурунгос зад зани хомфарбеҳ.
-О ин хел, ки бошад, пешакӣ маро хабардор намекунед, падар, - марди ишкамкалон ба куллӣ тағйир ёфта буд. - Якто харбузаи шумою ду-се харбузаи дорудорро мехаридам.
-Гуфтам-ку, ин мӯйсафед имон надорад, - боз асояшро ба ҳаво алвонҷ дода, ба гап сар кард кампир. - Наход одам ин қадар сахтак шавад-а?! О ду-се халта слитра харида, ба полезатон андозед, ягон ҷоятон кам мешуд?
-Ҳа, бобо, ақаллан ягон халта слитраро ҳамроҳ меовардед, нағз буд, - зарофатомез мӯйсафедро коҳиш кард мӯйлабча. - Мо кам-кам ба болояш пошида мехӯрдем, ҳеҷ воқеа рӯй намедод. Дар акси ҳол ин харбузаҳоятон дар ҳақиқат моро мекушад.
-Ҳо духтур, шумо ба куҷо нигоҳ мекунеду барои кадом коратон моҳона мегиред? - Ин дафъа ба духтур дарафтод зани хомфарбеҳ. - Дар оянда ин хел харбузаҳои заҳри қотилро ба бозор даровардан намонед. Аввал нағзакак санҷед, агар дар ҳақиқат дору дошта бошад, баъд ба фурӯхтан иҷозат диҳед. Набошад, шумоён чӣ хел посбонони саломатии мардум!
Дигарон бо таънаву маломат боз ба мӯйсафед часпиданд.
-Ин кор хиёнат аст!
-Ин гуна харбузафурӯшҳои бевиҷдонро ба дор кашед, ки ҳаққатон намеравад.
-Якта-якта бо харбузаҳо ба сараш задан даркор, ки чашми дигарон тарсад!
-Ҳаёти одам бозича не! Ин хел мӯйсафедоне, ки харбузаҳои бедоруро оварда ба мо мефурӯшанд, чорлахт кардан лозим!
Дар чашмони мӯйсафед об давиду бошаст болои харбузаҳояшро бо хасу хошоку березент ба пӯшидан даромад.
-Кӯдаки таппа-тайёр!
-Э риши сафедата замин кашад-е!
-Пири фартут шудаасту ҳанӯз ҳам ақл надорад!
-Кору рафтораш душманона. Ё ин мӯйсафед девона бошад!
Нафрину бадгӯиҳо идома дошту вале худи мӯйсафед наменамуд.
Дигар харбузафурӯшҳо бо овози баланд таърифи моли худро ба осмони ҳафтум мебардоштанд...
МОШКИЧИРӢ
(Маслиҳати кадбону ба занон)
Мошкичирӣ хӯроки серғизову лазиз аст. Дар байни таомҳо баъди палав сарвазир гӯем, заррае хато намешавад. Онро бо пиёздоғ, ҷурғот ва кабудӣ хӯред, малҳами ҷонатон мегарад.
Ҳикмати мошкичирӣ аз ҳад зиёд аст. Вай асоси саломативу дарозумрии инсон гӯем, арзан барин муболиға намешавад. Агар дар хотир дошта бошед, пештар шаби аввали ба хонаи домод овардани арӯс мардумро бо мошкичирӣ зиёфат медоданд. (Ҳозир ҳам аҳён-аҳён ба ҷои палав мошкичирӣ мепазанд). Яъне, навхонадорон ҷуфтпир шаванд, сербачаву серкачча гарданд, хушбахту фирӯз шаванд. Мошу биринҷ барин ба ҳам часпанд.
Таркиби ин хӯрока асосан аз мошу биринҷ иборат аст. Ҳӯ, мегӯянд-ку, риш ё мӯи сари фалонча мошубиринҷ шудааст. Агар инро ба таври дигар гӯем, ба шарофати кичирихӯрӣ умри дароз дидаанд. Хулоса, зуд-зуд кичирӣ пухта, кичирӣ хӯрдан, ҳатто шабмондаашро гарм карда хўрдан фоидаи калон дорад.
Қисса кӯтоҳ, шумо қарор додед, ки мошкичирӣ мепазед. Агар чунин қарор надода бошед, боке нест, чунки баъди хондани маслиҳати мо ҳатман дар дилатон хоҳиши кичрипазӣ пайдо мегардад. Рафту шумо кичрипазиро надонед, инро ба ҳеҷ кас нагӯед, ки ба бедасту панҷагӣ ном мебароред. Ин барои занону духтарони мо айб аст. Надонед ва ё натавонед ҳам, худро чунон вонамуд кунед, ки дар ин кор устои беҳамтоҳастед. Баъди ин хел тасаввурот боварӣ ба худатон як бар даҳ зиёд мешавад. Ботинан, ки омода шудед, ана баъд нотарсона ба кори амалӣ гузаред.
Пеш аз ҳама рӯймолчаеро ба саратон бандед. Сабабашро, албатта, фаҳмидед: дар ошхонаву тарабхонаҳо мардҳои калро бе ҳуҷҷату санҷиш ба кор қабул мекунанд. Яъне тоскалҳо бозоргир. Ҳа, аз даруни таом қил ё тори мӯе барояд, табъи хӯрандаро хира месозад, иштиҳояшро мекушояд, ба мудири ошхонаҳо ҷангу ҷанҷол мебардорад. Хулоса, қиёмати қоил мешавад.
Рӯймолчаро, ки бастед, пешдоманро ҳам фаромӯш накунед. Он шӯбинак аст. Шӯятон бо пешдоман бинад, гумон мекунад, ки шумо кор карда истодаед. Рӯймолчаву пешдоманро, ки бастед, он тарафаш осон аст. Худи бибӣ Фотимаву бибӣ Зӯҳро ба шумо мададгор мешаванд.
Боз як рисолати кичирипазӣ он аст, ки чӣ хеле хоҳед ва бо кадом тарзе пухтанӣ шавед, охиру охирон ошатон кичирӣ, ҳеҷ набошад, ба он монанд мешавад. Метавонед, аввал равған андохта, гӯшту пиёзро зирбонед. Ҳавсала надошта бошед, лозим не, якбора мошро ба дег андозед. Мошро ҳатто шустан шарт не. Чунки мош дар ғилофакҳои шамшермонанд мерӯяд, то пухта расиданаш ягон хел чангу гард намешинад... Агар ҳамин вақт дар дег овози ҷастухезу ҷанҷоли мошҳо баланд шаваду бӯи баде ба димоғатон занад, фаҳмед, ки об андохтанро фаромӯш кардаед. Аз ин ҳаргиз дилхунук нашавед. Ҳеҷ кас якбора кадбонуи хушрӯзгор нашудааст. Ҳамааш оҳиста-оҳиста. Дасту по нахӯрда, ба дег об андозед. Яъне, дер ояду шер ояд. То ҷӯшидани об мувофиқи мошатон биринҷ (дар хона набошад, аз ҳамсоя қарз гиред) гирифта шӯед. Хосияти дигари кичирӣ ҳамин аст, ки якта-нимта санги биринҷ мисли оши палав (қоидаи палавпазиро дар сӯҳбатҳои оянда маслиҳат медиҳем) ба дандон намезанад. Зеро мошкичириро бисёриҳо нахоида фурӯ мебаранд.
Пӯшида нест, ки гапу кори занҳо бисёр аст. Рафту аз саросемагӣ ягон лаби дастмол ё рӯймолатон ба оташ расида, бӯи сӯхта хонаро зер кунад, овозатонро сар дода оҳу воҳ набардоред. Дар оила ҳар хел кору воқеаҳо мешаванд. Агар ин бӯй ба димоғи муллопочо расида, ба ғут-ғут сар кунанд, бо нармӣ фаҳмонед, ки барои нарасидани чашми бад бӯй баровардед. Яъне, ҳазорӯсфанд дуд кардед (муллопочо ҳатман хурсанд мешаванд).
Мош, ки нимкаф шуд, биринҷро ба дег андозед.
Ҳама - аз кӯдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсола - медонад, ки ба гӯши занон таърифу тавсиф равған барин мефорад. Агар хоҳед, ки бештар таъриф шунавед, ба дег лӯбиёву наску нахӯд ҳам андозед ( Аз ёд набароред, ки шумо дар хона надошта бошед, ҳамсояҳо доранд). Ҳа, онҳоро албатта, пешакӣ тар кардан лозим. Агар шумо ин корро накарда бошед, ҳеҷ воқеа не. Давои қурут оби ҷӯш. Нотарсона онҳоро ба дег андозед. Фақат баъди андохтан онро як соат неву панҷ-шаш соат ҷӯшондан рост меояд.
Шумо машғули корҳои дигар аз ошхона бӯи таоми сӯхта ояд, тозон ба сари дег равед. Ман фаромӯш кардам, ки гӯям: дегро зуд-зуд кофта истодан даркор. Аслан, фаромӯш ҳам накардаам, балки умед доштам, ки инро худатон дарк мекунед. Хайр, ҳеҷ гап не. Оби дег тамом шавад, тагаш мегирад. Ба дарки ин масъала Афлотун будан шарт не. Барои сарфаи вақт ин дафъа якбора ба дег ним сатил об андозед. Мабодо бо ҳамсоязан ҷоғатон тафсида монад, ин айни муддао мегардад.
Ба даруни дег ҳар хел сабзавот (дар хонаи шумо набошад, дар хонаи ҳамсояҳо ҳаст, фақат онҳоро аз ҳар кадом хонадон гиред) дарояд, ош бомаззаву хушхӯр мешавад. Барои ҳамин ба мошкичирӣ ҳамчунин шалғам, сабзӣ, картошка, лаблабу, боимҷон, каду (мабодо дастмолу хасрўбаро наандозед, ки кор расво мешавад) ва ғайра андохтан мумкин аст.
Мурчу зира ва қаланфур ошро хушбӯву иштиҳоовар месозад.
Аз худам қиёс, кули ки занон як одати бад (дар асл шояд ин одати нағз бошад) доранд: намаки ошро шӯр мекунанд. Агар ин хел шавад, ин нишонаи меҳру муҳаббати беандозаи шумо ба муллопочост. Мабодо намаки мошкичирӣ аз ҳад зиёд шӯр шуда бошад, парво накунед. Илоҷи ин кор осон аст. Ба дег ду-се лӯнда қанд андозед, (набошад, аз куҷо гирифтанро акнун худатон медонед) намаки мошкичириро ба меъёр меорад. Хулоса, сирру асрори пухтани мошкичирӣ аз ҳаминҳо иборат аст.
Баъде, ки ошатон тайёр шуд, онро бо кафлес кофта бошед ҳам, (ин одати азалии занон аст, ки ошро баъзан бо корду чумча ва ҳар чизе, ки ба дасташон ояд, мекобанд) бо кафгир кашед. Вақти ошкашӣ ҳатман ягон ваҷабашро дар таги дег монад. Машоихҳо илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Сӯхтаашро кашида баред, ба ноӯҳдабароӣ машҳур мешавед. Ба қисмати рӯи ош ҳам даст накобед, ки хом буданаш мумкин. Бинобар ҳамин асосан аз миёнааш табақро пур кунед.
Агар пеш аз таом шавҳаратон сад-дусад грамм зада бошанд, бисёр хуб аст. Рафту ҳамроҳашон меҳмоне бошад, аз бало ҳазар (мошкичириро дар дег монда) тухумҷӯшак тайёр карда бад, беҳтар аст.
Ба рӯи мошкичирӣ пиёздоғ, кабудӣ, ҷурғот (кадомаш, ки бошад, фарқе надорад) рехта, ба пеши шавҳаратон баред.
Ошро бурда мондан баробар зуд худатон ба хонаи дигар даромада, дарро аз дарун нағзакак қулф кунед. Акнун дар пеши шумо се роҳ аст: ё рӯзе ба танатон шаттаву шаллоқ мефоридагӣ мешавад, ё шавҳаратон ба хӯрдани ин хел хӯрокҳо одат мекунад ва ё (аз бевазан мондан худо нигоҳ дорад) хӯрокҳои пухтаатонро як ҳафта - даҳ рӯз фақат худатон хӯрда мегардед.
Марҳамат, ба кор сар кунед, раисҳои дегу табақ! Ба шумо барори кору ба шавҳаратон иштиҳои ҳозгир таманно мекунем.

ҲАМСОЯҲО ГУНОҲЕ НАДОШТААНД...
Мо аз бинои бисёрошёна хонаи нав харидем. Аз мобайн моҳҳо мегузашту вале ҳеҷ кадоме аз ҳамсояҳо ба заминҳои атрофи бино соҳиб намешуданд. Замин рӯз аз рӯз ба партовҷо табдил ёфта, ғарами хасу хокрӯба мисли кӯҳ баланд мегашт. Сабзу хуррамии пеши биноҳои дигаронро дида, ҳавасам меомад. Охир як порча замини пеши биниатон бекор хобаду онро обод накунед, убол аст!
Ба кори деҳқонӣ дилам гум мезад. Вале аввалин шуда, ба замин часпам, ҳатман зери борону таънаву маломат мемондам. Шукри худо, ки ба кор набошад ҳам, ба бахиливу ҳасудӣ ҳамсояҳо усто! Ҳазору як гапу калочаро ба поятон мепечонанд, ки зар сад сол ҳам худро сафед карда наметавонад.
Аз тарси таънаву маломат се сол интизор шудам. Ба замин талабгоре набаромад. Ниҳоят аввали баҳори соли чорум ғайратам ҷӯш заду заминро аз хасу хошок тоза кардам. Баъд каландро ба даст гирифта, бо ҳавсалаи том гардондам. Бо виҷдонам қасам, ки ман ба манфиати шахсии худ не, балки барои ҳамсояҳо ҷонканӣ мекардам.
Дар замин току ниҳол шинондам. Дар байнашон кат гузоштам. Дар ҷойҳои офтобрӯя пиёзу гашниз ва шибиту райҳон коштам. Ба хонаи касе меҳмон ояд, марҳамат. Агар хоҳанд, болои кат нишаста, ҳаловат баранд. Зарур шуда монад, барои хӯрокҳояшон кабудӣ чинанд.
Ҳар бегоҳ ба замини кишт нигоҳубин карда, гирду атрофи катро мерӯфтаму об мезадам. Ҳама ҷо оина барин ялаққос мезад. Нашъунамои ниҳолҳо ва сабзу хуррамии зироат ба кас ҳаловат мебахшид. Вале пагоҳӣ хеста медидам, ки замин аз хасу хокрӯба, қоғазмайдаву устухонпораҳо пур. Ман аввал ба ин аҳамият надодам. Гумон доштам, ки ҳамсоябачаҳо аз рӯи одати пешина мепартоянд. Ягон рӯз падару модарашон бинанд, албатта, адабашонро медиҳанду дигар ин хел номаъқулиашонро такрор намекунанд.
Вале ин тавр нашуд. Ҳамаи умедҳоям барбод рафт.
Косаи сабрам лабрез шуду қарор додам, ки ин одати бади онҳоро решакан созам. Фақат ба мулоимиву гапҳои нағз. Яъне, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.
Дар даромадгоҳ ҳамсояамон - Алиҷон, ки аз қабати саввум мефаромад, рӯ ба рӯ омадам.
-Алиҷон, бачаҳоятон аз кабудиҳо чинда намебаранд, - гапро аз дур сар кардам. - Гӯед, шарм надошта чинда бурдан гиранд. Ман ин кори хайрро барои ҳамсояҳо кардам.
-Раҳмат ака, раҳмат, - бо табассуми фарох розӣ шуд ӯ. - Лозим шавад, албатта, чинда мебаранд.
-Бемалол, чӣ қадаре хоҳанд, гирифта баранд, - гӯён пас аз фосилае илова кардам. -Вале кадоме аз ҳамсояҳо хасрӯбаҳоро болои замин мепартоянд. Ман медонам, ки шумо, Алиҷон, аз он хел зотҳои бефаросат не. Нисбати шумо ягон хел гумон ҳам надорам. Агар ҳамон ҳамсояро медидам, ду-се даҳан гапи обдор зада, дурустакак диламро холӣ карда мегирифтам-дия. Мабодо шумо хокрӯбапартоии ягон касро надидед?
-Не.
-Агар дида монед, ба ман хабар диҳед, хуб?
-Албатта, - бо оҳанги норозиё ваъда дод Алиҷон. - Вале ман аниқ мегӯям, ки бачаҳои мо ин хел не. Як чиз-ним чиз партофтан он тараф истад, ҳатто ба тиреза наздик шудан намемонам. Агар бовар накунед, қасам хӯрданам мумкин... Гапи шумо, ака, ҳақ. Дар байни ҳамсояҳо, албатта, якта - дута бевиҷдонҳояшон ҳам ҳастанд. Э инсофашон хушк шавад, шумо барои онҳо ҷонканӣ мекунеду онҳо бошанд...
Баъд бо ҳамсояи дигарамон - Воситамак вохӯрдам.
-Не Баҳриддинҷон, шумо хотирҷамъ бошед. Бачаҳои мо муранд, ки ин корро намекунанд. «Агар ягон чизро аз тиреза ё пешайвон партофтанатонро бинам, - гӯши ҳар кадомашро кашида мондаам, - дастатонро зада мешиканам!» Охир мо дар ҷавоби ғамхориҳои шумо бевиҷдонӣ кунем, худо мезанад-а! Гоҳо саҳариҳо хеста, аз тиреза ба поин менигараму баҳри дилам кушода мешавад. Аз боло гӯё боғчаи шуморо не, балки як гӯшаи биҳиштро мебинам. Гулҳо шукуфон, кабудиҳо сабзу хуррам, току ниҳолҳо каб-кабуд. Пӯсткандаи гап, боғчаи шумо манбаи кислород. Аз ҳама гумонбар шавед ҳам, Баҳриддинҷон, аз мо нашавед, ки хафа мешавам.
Қарибиҳои бегоҳ Акбарбойро дидам. Вай бо писарчааш ҳавохӯрӣ ба саҳни бино баромада буд.
-Дигар ҳамсояҳоро намедонам-куя, лекин бачаҳои мо ин хел беақлу бефаросат не. Мо аз дастархоне, ки нон мехӯрем, ба рӯяш туф намекунем. Ҳа, нон мезанад-а! Дар хотир дошта бошед, чанд бор аз деҳа меҳмонҳо омада буданд. Қишлоқӣ-дия, дар хоначаҳои тангу тори шаҳр одат накардаанд. Мо дар болои кати шумо ҷой кардему онҳо чӣ қадар хурсанд шуданд. Наход, ки мо ба ҷои некиҳоятон бадӣ кунем? Не, ман одами имондор, ба худо бовар мекунам. Агар бачаҳо ё очаашон аз боло ягон чизро партоянд, худам бо ҳамин дастонам, - ӯ дастони калон-калонашро нишон дод, - аз қабати панҷум ба поён мепартоям!
Ҳамаи умедам ба ҳамсояи қабати дуввум буд. Зеро, фақат Эшонҷон монда буд, ки аз ӯ напурсидаам. Мехостам тамоми қаҳру ғазабамро ба сари ӯ резам.
-Ба арвоҳи падари бузургворам қасам, ки мо ин корро ҳаргиз намекунем. Шумо хаёлҳои хомро ба дилатон роҳ надиҳед, ки сахт меранҷам. Охир ҳамсоя ба ҳаҷҷи худо баробар мегӯянд! Э ба хонаи ҳамин хел ҳамсоя кучуки сиёҳ дарояд-е!
-Шуд, шуд! - ӯро аз гапаш боздошта зада ба хона даромадам.
-Ӯҳ лаънатиҳо-е, ҳама бало худатон будаеду ман аз ҳамсояҳо домангир шуда гаштаам, - ба сари зану фарзандонам дод задам. -Хасу хокрӯбаро ҳамсояҳо не, худи шумо мепартофтаеду ман бехабар...

ОБРӮИ МЕҲМОН
Рӯзҳои аввали навхонадорӣ аҷаб ширину гуворост. Зан ба назари кас ҳур метобаду суханонаш шаҳду шакар. Дилатон намешавад, ки як гапашро ду кунед.
Мо ба қарибӣ хонадор шуда будем. Бинобар ҳамин, аз дидори якдигар маст будему ман навозишомез ӯро «бонуҷон» меномидаму вай маро «мардакҷон».
Дар арафаи иди занону духтарон бонуҷони мо таклиф намуданд, ки як сари қадам рафта, модарашро табрик карда оем. Ман, ки маошамро гирифта будам, хурсандона розӣ шудам. Охир ман ҳам, ба қавле акнун ба қатори фарзандони онҳо дохил мешавам, чаро рафта модарамро бо ид табрик накунам?!
Мо зану шавҳар он рӯз аввал ба бозор даромадем.
-Чӣ мегирем? - валинеъматона пурсидам ман.
-Дасти хушку холӣ рафтан хосият надорад, - бо меҳр ба чашмонам нигариста гуфтанд бону. - Худамонро паст назада, камтар майда-чуйда гирем, ин обрӯи ману шумо.
-Албатта, паст намезанем! -қатъӣ ваъда додам ман. -Майда-чуйда бошад, майда-чуйда-дия! Гӯед, дуто нону камтар конфет гирам, бас!
-Не, дуто нон чӣ мешавад?! - норозиёна абрӯ гиреҳ карданд бону, ки гӯё дар рӯи зону бошанд. -Аз рӯи расму таомул одам вақти меҳмонравӣ камаш чорта, набошад шаш ё ҳаштто нон мегирад. Мо, ки ду касем, шашто нон гирем, мешавад.
Маслиҳаташон маъқул шуд. Мо ба растаи нон рафтем. Бону шаш нони суп-сурхи хушрӯро интихоб карданду ман ҳисобӣ намудам.
Дар паҳлўи растаи нон дӯконҳои қассобӣ ба чашм намуда меистоданд.
-Дур нарафта аз ҳамин ҷо якбора гӯшт ҳам гирем, - бону маслиҳатомез инро гуфта бошанд ҳам, оҳанги суханонашон фармонангез буд. - Рӯзғор-дия, мо равему гӯшташон набошад, онҳо шарм медоранду мо дар хиҷолат мемонем, - ва хандон бону ба рӯям нигариста, илова карданд. - Даррав рангатон канд-а, мардакҷон! Шумо ин қадар натарсед, гӯшти бурдаамонро боз худамон мазза карда, хӯрда меоем.
«Як ё ним кило гӯшт ҳеҷ гап не», - гӯён назди қассобон рафтем. Вале ман даҳон накушода, бону пешдастӣ карданд.
-Ана ҳаминро, - бо нӯги даст гӯшти овезони лаҳмеро, ки аз се кило зиёдтар меомад, нишон дода хоҳиш карданд, - барои мо баркашед.
-Бо ҷону дил, - гӯён қассоббача гӯштро аз чангаки овезон гирифта, ба болои тарозу гузошт. - Сею чорсад. Боз камтар ҳамроҳ кунем, чор килои расо мешавад, - вай устухону чарбу ва боз майда-чуйдаҳои дигарро рӯи тарозу гузошт. - Вазниниаш ҳам аз шумо. Насибаатон будааст, гӯшти кори калон шуд. Манту кунед ҳам мешаваду палаву шӯрбо кунед ҳам.
-Ҳа, бахти мо баланду рисқамон фарох, - гӯштро ба сумка андохта истода, аз бахти худ болиданд бону.
Кор аз кор гузашта буд ва ман дилу бедилон даст ба киса бурдам.
Аз паҳлӯи ростаи биринҷфурӯшон мегузаштем, ки боз бону пандомез гуфтанд:
-Аз пеши биринҷ гузашта истода, биринҷ нагирем, убол. Ин нонро пеши по задагӣ барин гап. Палав шоҳи таомҳо. Аз ин биринҷ модарам ба шумо як оши палаве пухта диҳанд, ки як умр мазааш аз даҳонатон наравад.
Ноилоҷ ба тарафи дасти рост тоб хӯрдем. Аз мӯйсафеде хоҳиш кардам, ки ду кило биринҷ диҳад.
-Ҳой мардакҷон, - ҳамин вақт овози маҳину ширадори бону ба гӯшам расид. - О шумо чӣ хел бозорчӣ-а, ин ҷо биёед! Ҳай-ҳай накунам, як биринҷи кирмзадаро хариданӣ-а? Биринҷи олиҷаноби девзира дар ин ҷо!
Аз нигоҳи мардум шарм дошта, зуд ба назди бону омадам.
-Гӯшту биринҷи дастовезамон ҳамвазн шуданашро мехоҳед-а, мардакҷон? Дидед, аллакай ман таги дилатонро медонам. Чор кило биринҷ гирифтам, пулашро диҳед.
Вазни боз чандин сӯмҳо аз кисаам кам шуд.
-Акнун шудагист? - болои киса тап-тап зада, фаҳмондан хостам, ки харидро бас кунем ҳам, мешавад. – пул кам монд.
-Мешавад, ҷонакам, фақат боз камтар мева-чева гирем. Ду каси калон равему як дастовези дурустамон набошад, ин айб аст. Шумо ғам нахӯред, мардакҷон, баред, мебиёранд. Ин хам қарз барин як гап.
Ман боз ду халтачаи плёнкагӣ гирифтам.
Бону пеш-пешу ман аз қафояшон. Он кас гули бозорро интихоб мекарданду ман бо дастони ларзон пулашро шумурда медодам. Ду килоӣ себу анор, се кило ангур, якуним кило нок, ду кило мавиз, як килоӣ бодому писта ҳам харидем.
-Акнун бас будагист?
-Ин қадар дилтанг нашавед, мардакҷон, - авзои беҷои маро дида, бо меҳр мӯи сари маро ба тартиб оварданд бону. - Меҳмон бо дастовезаш азиз. Ман мехоҳам, ки шумо дар даргоҳи падару модари ман ҳамеша азиз бошед. Ҳозир боз ду-се хел конфети нағз гирем, ана баъд бас.
-Мо ягон моҳ он ҷо меҳмон мешавем? - Кинояомез аз бону пурсидам.
-Не-е, як-ду соат мешинему мехезем. Ҳа, меҳмоне, ки иззати худро медонад, зуд мехезад. Шумо зиқ нашавед, моҳу соле як-ду бор меравем ё не, дастовези дурусттаре барем-дия. Агар бо ду дасти хушку холӣ равему ҳаққу ҳамсояҳояшон бинанд, гапу калоча паҳн мекунанд, ки шумо санг барин сахтаку хасис будаед...
-Хайр, - сумкаву халтачаҳоро ба рӯи як пештахтаи холии бозор гузошта гуфтам ман. - Бо ин қадар чизу чора ҳамроҳи шумо гаштанам душвор. Беҳтараш худатон рафта, чизҳои дилхоҳатонро харида биёед. Ман дар ҳамин ҷо меистам.
Даст дароз кардани бонуро дида зуд аз мақсадаш огоҳ шудам ва пули боқимондаро аз киса бароварда ба дасташ додам.
Бону баъди қариб як соат боз бо ду-се плёнкаву қоғазхалтаҳо омаданд.
-Ана акнун дастовезамон кироӣ шуд, - аз дур хандон гуфтанд. - Биёед, мардакҷон, бо автобусҳо сарсон шуда нагардему ягон таксӣ дорем. Ғиррӣ карда, бурда партояд, ин обрӯи шумо.
-Хуб шудааст.
Мо дастовезҳои худро гирифта, ба кӯча баромадем. Поида истодаги барин як таксии холӣ пайдо шуд.
Ба таксӣ нишаста, ман адреси хонааро гуфтам.
- О мо ба хонаи модарам намеравем? - дар байни абрӯвони сиёҳкардаи бону гиреҳ афтод.
-Ягон рӯзи дигар. Онҳоро ба ташвиш гузоштан чӣ лозим? Ман ҳозир телефон мекунам, худашон меоянд. Ҳам тарбик мекунему ҳам меҳмондорӣ. Баъди обу зиёфати зӯр боз ба пешашон ягон хел тӯҳфа гузорем, ин обрӯи шумо...
Баъди ин суханон чеҳраи бонуро як хушҳолие фаро гирифт.

МАСЛИҲАТИ ОҚИЛОНА
Аз сари дӯстонам гардам, ба ҳоли ман дилашон сӯхта, маслиҳати олиҷаноб доданд. Гуфтанд, ки «агар ба тӯйи хатнасури писарчаат зӯрат нарасад, ба духтурхона бурда буррон. Худата дошта гирӣ, ана баъд тӯяшро карда, орзуятро мешиканӣ».
Маслиҳаташон маслиҳати оқилона, ҳатто маслиҳати падарона буд. Онро ба замин мондан ноинсофӣ. Бинобар ҳамин, писарчаамро бардошта ба духтурхона бурдам. Духтуру ҳамшираҳо гул-гулшукуфон маро пешвоз гирифтанд. Гумон кардам, ки агар пештар хабар меёфтанд, шояд пояндоз партофта, бо оркестр қабул мекарданд.
Ҳар кадоме аз ҷарроҳон ҳар кадое ҳунару маҳорати худро ба осмони ҳафтум бардошта мегуфт, ки маҳз ӯ мутахассиси ин соҳа аст ва танҳо ӯ ин корро қоилмақом карда, ба ҷо меорад. Яъне, дигарон дар ин бобат дар пеши ӯ об хӯранд.
Мани бетаҷриба сари калабаамро гум карда мондам. Баъд ҳамаашро ба худашон ҳавола кардам. Онҳо розӣ шуданд ва гуфтанд, ки таърихи беморӣ кушода, анализҳояшро супорам, баъд кӯдакро терапевти бачаҳову педиатр ҳам як бинад.
Онҳо, ки мутахассисанд ва чунин гуфтанд, (накунеду рӯзатонро бинед, ҳаёту мамоти бачаатон дар дасташон) илоҷи дигаре надоштам.
Ба кушодани таърихи беморӣ ҳам пул лозим будаасту ба таҳлили хуну пешоб ҳам. Терапевту педиатр ҳам, гӯё аз рӯйи стандарт нарзи даст доштаанд. Ба назарам чунин намуд, ки дар долонҳои беморхона ҳар як қадами мондаатон пул аст. Дар лавҳаҳои пушти дар ба ҷои вазифа, соати қабул ва ному фамилияи духтурон «пул», «пул», «пул» навишта монанд, ба мақсад мувофиқтар будааст.
Хулоса, ин тарафи кор ниҳоят бо харобшавии киса ва асабонияти зиёд буд шуд.
Пеш аз ҷарроҳӣ ҳамчун ретсепт рӯйхати дурударози дору, маз, дока, шприс, дастпӯшак ва ғайраро навишта доданд. Ба назарам, духтурхона камбағали камбағал, ҳатто гадо намуд. Чӣ илоҷ, гардани хор-хорон ба дорухона рафтам.
Акнун шуд гӯям, боз не. Онҳо бе наркоз ҷарроҳӣ намекардаанд. Ходимони ин соҳа ҳам аввал худро ба тарозу андохтанд. Баъде, ки «хурсанд» карданро ваъда додам, зуд равған барин мулим шуданд. Ба ҷарроҳӣ аввал як ходимашон, сонӣ анестезолог ва дар охир худи мудири шӯъбааш омад. Се нафар онҳо, чор нафар қарроҳон, ду хоҳари шафқат (кореро, ки як усто дар бист сония ба ҷо меорад) дар якуним соат ба охир расонданд.
Баъди ҷарроҳӣ духтурон худро калон тарошида, маро ба наздашон хонданд. Бо чеҳраи хандону кушод аз таҳти дил табрик карданд.
Табрикашон, албатта, бетамаъ набуд. Ман ҳамчун кассир (берӯйхату имзо мондан) ба ҳар кадомашон музди меҳнат медодам.
-Э шумо мард-ку, ҳиммата баланд гиред. Шумо ба мо диҳед, худо ба шумо медиҳад!
-Бў, - ҳамааш ҳамин? Ман фаррш не, духтури маълумоти олинок! Сахтаки накарда, нарзи даста дурусттар диҳед.
-Ҳар каса худо ба ин хел рӯз лоиқ намебинад. Боз имрӯз чоршанбе, рӯзи нағз аст. Ҳотами Той шавед. Дасти диҳанда баланд. Боз ягон хизмат бошад, мо ҳастем, акаҷон...
-Йигита дасташа ҳалол кардем, акнун вай мардак шуд. Худо хоҳад, як шахси пулёбе шавад, ки... Ҳа, ҳа, дастатон наларзад. Чашма пӯшида додан гиред!
Бо онҳо ҳисобу китоб карда берун бароям, як олам дояву фаррошу хоҳарони шафқат маро иҳота карданд. Ба нозу нузашон нигоҳ накарда, дасти дароз кардаашонро хушк нагардондам.
Бинам, занам аз палатае, ки писарчаи беҳуши мо мехобид, сар бароварда, ба сӯяш имо кард. Вай ҳам тамоми пулҳояшро ҳамчун шодиёна тақсим карда додаасту боз пул мепурсид.
Ходимони хурди тиббӣ ҳам алафи аҷириқ барин ин қадар бисёр будаанд. (Ҳол он ки дар гирду атрофи як марди бекаси мошинзадае, ки доду фиғонаш ба фалак мепечид, пашша пар намезад). Ҳар кадоме ба сари бача омада, навозишомез табрик мекард.
-Тӯй муборак Ҷаҳонгирҷон!
-Ҳоло мулло Ҷаҳонгир як йигите гардад, ки падару модараш пода-пода духтарони аз пасаш омадаро аз пеш кардан безор шаванд.
-Худаш ҳам хуб бачаи хушрӯ-дия. Ҳаваси одам меояд. Туф-туф, боз суқам надарояд.
Фаррошу дояҳо ҳам бенасиб намонданд.
«Бутун хонавайрон нашуда, зуд гурехтан даркор!» - гуфтам худ ба худ ва зуд як таксие дошта омадам. Вақти даромадан дарбон набуд. Вақти баромада истодан пеши роҳамонро гирифт. Дарбони гӯрсӯхта ҳам, «ставка» доштааст. Додан нахоҳам, як олам гапро қатор кард, ки онро бо калоншавандаҳо бо ҳам мебинад.
Хайрият, ки як ҳафта пештар (барои шиферпӯш кардани боми биноҳо) буққаро фурӯхта будам. Ҳамин қадар пул дар ин ҷо ҳеҷ чиз нашуд.
Э маслиҳати дӯстонам ба замин!
Агар ба маслиҳати онҳо гӯш накарда, ба пули ҳамон буққа як тӯйчае барпо мекардам, боз майда-чуйдаҳои боқимондаи тӯй бемалол ба ду-се моҳ мерасид.

ШИНОС ШУДАН МЕХОҲАМ
(Нақиза ба эълонҳои «Клуби шиносшавӣ»)
Мехоҳам бо парие шинос шуда, хонадор гардам.
Мабодо барои сару либоси таги ҷо маълумоте лозим шавад, хабардор мекунм: мучали соли таваллудам моҳӣ. Хомӯшӣ шиори зиндагонии ман аст.
Қадам мисли шамшоди наврас рост ва як метру 72 сантиметр. Худам хароб. Вазнам (бо пайафзол ва сару либос) 74 кило. (Оиди тарҳи рӯю ранги мӯю сиёҳии чашму абрӯ ва боиси фахру ғурур - мӯйлабам лутфан ба сурат нигаред). Костуму буруки андозаи 48-и ватанӣ ва 50 хориҷӣ мепӯшам. Ҳавобаландӣ не, рости гап, либосҳои хориҷиро бештар меписандам. Куртаи андозаи гарданаш 39 аз даҳони мор кашида гирифтагӣ барин ба ман мезебад.
Андозаи сарам 56-у чени поям 40-41.
Барои зиндагонии якҷоя ҳавлӣ дорам.
Боигариам як сари қоқ. Даромадам аз ҳисоби хайру садақаи дигарон. Ба пулу боигарӣ бефарқам. Пули камро назарам намегираду бисёрашро то ҳол худо раво надидааст.
Ҳамсар надорам. Вале модарарӯсам бо духтару набераҳояш дар ҳавлии ман зиндагонӣ мекунад.
Маълумотам: ибтидоӣ, миёна, миёнаи махсус ва олии нопурра. Ба баъзеи ин даргоҳҳои илм умуман нарафта, дар баъзеаш аз паҳлӯяш гузашта истода, баъзеашро пинҳониву ғоибона тамом кардаам. Барои исботи онҳо як сандуқ ҳуҷҷату шаҳодатномаву дипломҳоро ҳамчун гувоҳ нишон доданам мумкин аст. Яъне, аз рӯи маълумот - нимчамулло, аз рӯи ихтисос - масхарабоз, аз рӯи вазифа - қаландари дуогўи хайрхоҳ ва аз рӯи гуфтаи духтари модарарӯсам дангосаи гарданғафс. Алҳол боз дар университети зиндагӣ пешпохӯрон сабақ меомӯзам.
Узви ташкилотҳои бонуфузи эҷодӣ нестам. Нисбати партияву ҷамъияту иттиҳодияҳо бетараф. Ҳаводори базму нишастҳо. Дар нӯшидану қадаҳгӯӣ ҳеҷ кас ба ман баробар шуда наметавонад. Муфти худо бошад, боз беҳтар. Дар маъракаҳо аз туфайливу уфайлӣ шудан ор намекунам.
Варзишро дӯст медорам ва мунтазам машқ мекунам. Дар намудҳои хобидан, кақпаҳлӯ зада нишастан ва ғелида хаёлпарастӣ кардан рекордсмен. Вале инҳоро то ҳол касе тан намегирад.
Чӣ хел таоме набошад, то сер шудан бенозу нуз мехӯрам
Тамошои манзараҳои табиат, кӯҳҳои баланди барфпӯш, дарёҳои пурталотум ва ҷангу ҷанҷоли мардумро дӯст медорам. (Албатта, барои мавзӯъҳои сӯҳбатҳои оянда).
Аз занҳои серҷоғ безор. Анбӯҳи занону духтаронро бинам, худро ба канор мегирам, ки ба домашон наафтам. Аз мӯдпарастони майбунбашара дуртар мегардам, ки мабодо андоваи сурхиву сафедӣ ва ғозаю пардози рӯяшон ба болои поям афтад, маъюб нашавам. Баробари дидани бонувони шақшақагуфтору шайтонрафтор дилам мисли Антрактида ях мекунад.
Мувофиқи ҳамин табъу завқ парии ҳаёти худро меҷӯям ва бо ӯ нияти хонадор шудан дорам. Дар хоб ё бедорӣ, ҳангоми кор ё истироҳат, хулоса кадом вақти шабу рӯз набошад, ман бо дили беқарору чашми чор ӯро интизорам. Дари хонаи дилам ҳамеша ба рӯи чунин гулбадан боз аст.

БОТЛОҚИ БАДБАХТӢ
Толиб?! О вай ғазаби худо-ку! Касбу кораш дуздиву тозӣ. Гург дар пеши вай номаъқул кунад. Ҳа, ба куҷое, ки дасташ расад, чизеро канда нагирад, илоҷаш не. Гӯё қасам хӯрдааст, ки ба хонааш дасти холӣ намеояд. «Ин насиба! - даҳон инҷ карда, доимо чизи гирифтаашро нишон дода мегӯяд ӯ. -Худои таъоло насибаи маро дар ҳама ҷо пошида мондааст. Вазифаи ман мурғ барин чинда хӯрдан»... Ҳа, вай шаҳбоз, ҳамин хел як йигит. Аз гӯристон гузарад, ки як пои мурда кам мешавад. Аз ман маслиҳат: сиёҳии вайро аз дур дида, ба болои кӯҳи Қоф гурезед, ки набошад, ба бало мемонед. Ҳа, вай гарданшикастаро надидан беҳтару нашинохтан хубтар.
Шарки вай Оллоҳёр. Худаш ба дидан одами нағз барин. Ҳамчу мусича соддаву гӯл метобад: худотарс, порсо, то ба дараҷае дину диёнатдор аст, ки ба бари доманаш намоз хонданатон меояд. Вале даруни дилаш - таги дег. Аз дидани шодиву хурсандии касе дарун-дарун сӯхта, дуд кунад, аз ҷанҷолу бадбахтии баъзеҳо дилаш кӯҳ барин месабзад. Вай ана ҳамин хел як зоти касиф. Барои хурсандӣ сабабе набошад, номаълум ҳамсояҳоро ҷанг меандозад, ки худашон ҳайрон шуда мемонед. Вай дар ин хел мавридҳо тамошобин мешаваду лаззат мебарад, қабат-қабат гӯшт мегирад. Одам не, карасини таппа-тайёр. Бо иғвою тӯҳмат ҳар рӯз ягон нохушӣ барпо накунад, ош аз гулӯяш намегузарад. Муҳимаш - ба дигарон бад бошаду ба ӯ нағз! Оба лой карда, мулло Оллоҳёр, моҳӣ доштани худро медонад. Ман ба шумо оҳиста гӯям, ки худо душманатонро ба ӯ рӯ ба рӯ накунад!
Самадбек султони фиребгарҳо. Шайтон ҳам дар ин бобат ба вай патак. Бо сеҳру ҷоду, бо гапи нағз, бо моту қот чунон ба домаш меафтонад, ки худатон нафаҳмида мемонед. Ана баъд ҳамчун қарз пули гуфтаашро бо ду дасти адаб бароварда медиҳед. Вай онро мисли банкҳо давр занонда, аз пул пул мезоёнаду кисаашро варам кунонида мегардад. Кирдори нағзаш - одати гирифтан дораду додан - не. Нафсаш бошад, ғори бетаг. Дунёро бо шаҳру мамлакатҳои гуногунмиллаташ хӯрад, ки сер шудам намегӯяд. Барои ҳар кас бо вай вонахӯрдан бахти бузург аст. Ҳар ҳафта гӯсфанде кушта, худоӣ карда диҳад, ки меарзад.
Як лӯнда наҳси гузарояш Ҳодибек! Мухтасари тарҷимаи ҳолаш - ҳаромхиштаки занакабоз. Зоти занро дучор ояд, худро аз болои сафедор мепартояд. Вай ба ягон дар бисмиллоҳу раҳмону раҳим гуфта, бо дили соф намедарояд. Ҳамеша бо занҳои мардум дилакаш гум мезанаду оби даҳонаш то нӯги пояш мешорад. Зебосанамеро бинад, тӯр партофта, дон мепошад, ки ба чангаш дарорад. Вайро занҷаллоб гӯед, ки заррае хато намекунед. Занону духтароне, ки бо фанду фиреб бадбахт кардааст, ҳадду ҳисоб надоранд. Муттаҳам, худаш ҳам 7-8 зан гирифт. Аз чандин кас шатта хӯрд, занҳо беобрӯи олам сохтанд, боз фандиёдаш намешавад. Аз ман маслиҳат: вайро ба хонаатон роҳ надиҳед, ки наҳсу накбаташ ба шумо зада, ба ботлоқи бадбахтӣ меғӯтед. Ҳа, кучуки таппа-тайёр аст вай!
Чӣ? Мепурсед, ки ман онҳоро аз куҷо ин қадар ҳартарафа медонаму нағз мешиносам? Э шумо одами аҷиб барин-а?! Охир онҳо ҷӯраҳои ҷонии ман-дия, қаддатон занад!

ВОХӮРӢ ДАР РОҲ
-Ассалому алайкум. Читу шумо? Аҳволу саломатӣ...
-Э аз аҳволу саломатиам пурсида чӣ кор мекунед? Рӯз аз рӯз бад, ки беµ не. Пештар фақат сарам дард мекард, ҳоло тамоми баданам. Шаби дароз кору борам оҳу воҳ... Шумо боз дидаву дониста, аз аҳволу саломатиам мепурсед. Аз афт, мурданамро мехоҳед?
-Не, не, ака. Шумо ин хел гумон накунед. Дард ҳам меҳмон: меоду меравад. Хайр, бачаҳо нағзанд?
-Нағзи гӯр. Бачаҳо калон шаванд, ғаму ташвишашон ҳам калон мешудааст. Аз дасти онҳо на шаб роҳат дораму на рӯз - фароғат. Калониаш саги дайду: пагоҳӣ аз хона баро, бегоҳ пайдо шуда меояд. Хурдсолҳояшро асло напурсед. Онҳо ба кӣ рафтаанд, худам ҳайрон. Кор гӯед, «ҳиҷҷӣ» ҷонашон мебарояду дар шӯхию балогӣ бошад, шатарма ҷиниҳои таппа-тайёр. Дар туфлидарронию либосчиркинкунє гӯё мусобиқа доранд. Дар ин мусобиқа каси ғолибу мағлуб нест: ҳамаашон пешқадам. Дар хӯрдан ҳам рекордсмен. Ба сари дастархон шинанд, юҳо барин аз хӯрдан сер намешаванд... Ба соататон нигоҳ карда, гапамро буридани нашавед. Ҳа, шумо пурсидед, ман ҷавоб дода истодаам. Як халта орд ба ду ҳафта намерасад. Онҳо бача не, аҷали гӯшу биринҷу қанду шакар. Аз дасти онҳо ягон чизро эҳтиёт карда монда намешавад. Як кас ба хона ояд, одам сарашро ба кадом мушхона руст карданашро намедонад. Сӯҳони умри одам онҳо. Метарсам, ки аз аҷалам пештар накушанд...
-Охир, бачаҳо ҳозир бачагӣ накунанд, дигар кай мекунанд? Шумо, ака, ғам нахӯред, калон шаванд, ақлашон медарояд... Хайр аҳволи янгамулло чӣ хел? Кор карда гаштаанд?
-Аз янгамуллотон напурсед, ки худам одами давленидор. Фишори хунам як қади сафедор баланд гардад, инсулт мешавам. Ҳа, гапҳои беҳуда будааст ишқу ошиқиаш. Боз барои чӣ шоирони аҳмақи мо ин қадар сӯхтаву пухта дар ҳаққи онҳо шеъру ғазал менависанд, ман ҳайрон. Ё ҳамааш маҷозу истиора асту ман намефаҳмам?! Шумо саросема нашуда бодиққат гӯш кунед. Росташро гӯям, ҳамааш аз нодонии худам. Янгамуллотонро дӯст дошта хонадор шудаму ҳоло сад пушаймон. Илоҷаш бошад, рангу раҳмони вай албастиро набинам мегӯям. Кору бораш аз пагоҳ то бегоҳ вақ-вақу вақ-вақ. Радиои Би-би-сӣ дар пеши вай номаъқул кунад. «Ин чиз нест, вай чиз нест». «Ҳамсоя ин дораду мо чаро надорем?!». «Фалонӣ ин чиз харидаасту мо кай мехарем?»... Аз афт, худои кариму раҳим ҳам меҳру мурувваташро аз ман дареғ доштааст: ӯро гунг кунаду маро кар, аз вай чӣ мерафт? Он гоҳ ҷони ҳардуямон аз ин азоб халос мешуд... Куҷо ин қадар саросема шумо? Истед, ҳоло гапам тамом нашудааст. Ба чор тараф нигоҳ накарда, диққататонро ба сӯи ман равона кунед. Ана ҳамту... Ҳамааш ба дилам зад: акнун ҷудо нашавам, намешудагӣ барин. Ба ҷои ин хел занаки серҷоғу албастӣ санги сиёҳа дар бағал гирифта хоб равам, ҳазор бор беҳтар...
-Ин қадар хуноб нашавед, ака. Ҳоло ҳамааш хуб мешавад. Ҳаёт бо ҷангу ҷанҷолҳояш ширин аст. Ҳозир ба кор рафта истодагӣ барин? Хайр, корҳоятон чӣ хел?
-Эй, кораш сараша хӯрад. Аз пагоҳ то бегоҳ ҷон канда, кор мекунед, обу арақ мерезед, лекин ҳамааш бефоида. Моҳона гуфта пули медодагиаш ба як ҳафта намерасад. Ҳамонро ҳам дар вақташ намедиҳанд. Ба ғазаби худо гирифтор шаванд ин сардорҳо! Каллаашон кадуи холӣ бошад, ки каттагиашон дар осмон. Ба манфиати коргарон умуман оби ишкамашонро намеҷунбонанд. Э галстуки гарданашон дар он дунё канаби дори тану тӯши фарбеҳашон гардад, инсофу одамгариро намедонанд. Бо маҷлису ғур-ғурашон ҷони одамро ба ҳалқаш меоранд. Вулқон барин таркида корхонаро бо сардору сардорчаҳояш несту нобуд кардани одам меояд...
-Ин қадар асабонӣ нашавед, ака. Ман аз рӯи расму анъана аҳволпурсӣ карда истодаам. Наход одам дар ҷавоби пурсупос ҳамин хел дарди дилу ҳасрат кунад? Дар ин хел вақтҳо корҳо ганда бошад ҳам, нағз мегўянд. Нияти нек- ними давлат...
-Чаро ман дурӯғ гӯям будааст?! Ё шумо ҳам дидаву дониста, барои сӯзонда куштани ман бардурӯғ аҳволпурсӣ мекунед? Дурӯғгӯ - душмани худо! Ба болои сарам шамшер ояд, ки ман ҳаққи гапро мегӯям. Росташро гӯям, шумо ҳам, як одами намешудагӣ барин. Дидаву дониста саволҳои аҳмақона медиҳед? Ҳӯ, шумо ба куҷо рафта, истодаед? Гапамро то охир гӯш кунед...
Рафт, муттаҳам. Э афту башараатро хок хӯрад-е! Ба ҳеҷ кас гапи рост намефорад. Пурсид, ҷавоб додаму даррав сахт расид. Худоё, дар ин дунё, аз афташ, фақат дурӯғгӯӣ кунед. Фиребгару дурӯғгӯйҳо болонишин мегарданд...

БОИСИ ИФТИХОР БУД
Э вай як соате буд, ки соатҷон. Шаллоқбардор. Чӣ будани нозу нузро намедонист. На як сония пеш мерафту на як сония қафо мемонд. Лавандӣ карда, хобаш бурда ҳам намемонд.
Рӯзҳои ҳафтаро нишон медод. Тӯтии хушхон барин шабу нисфи шаб чанд шудани соатро мегуфт. Як тугмачаашро пахш кунед, зери оинааш чароғаке фурўзон мешуд ва шумо бемалол дар шаби зулмот ҳам ақрабакҳояшро рӯз барин равшан медидед.
Боз хушрӯву зебо буд. Бандаш аз оҳани махсусу тиллоранг. Ба банди даст ҳусн мебахшид. Дасти чапамро саҳл ёзонам, он зуд «мана ман» гуфта, аз зери остин мебаромад. Ҳар замон дар пеши назари мардум соатро дидан, ё ба каси пурсанда чанд шуданашро гуфтан ба ман ҳузуру ҳаловат мебахшид. Ба шарофати он ифтихорам меафзуд.
Ба соати ман ҳаваси бисёриҳо омада, оби даҳонашон мешорид. Махсусан, Ҳасанбеки ҳамкорамон. Бечора ҳамин қадар кофт, ҳатто ёру ошно ва хешу таборонашро ба кор андохт, вале мисли соати ман соат ёфта натавонист.
Дар рӯзи таваллудаш соатро ба ҳамон сарсахт мебахшидам, мешудааст. Аз Мерседес бахшидан бештар хурсанд мешуд. Баъд обрӯям даҳчанд баланд гашта, ҳамчун Ҳотами Той ном мебаровардам.
-Соататона ба ман диҳед! Соататона ба ман бахшед! – виж - виж писарам ору барин ҳар рӯзи худо тавалло мекард.
-Калон шавӣ, сонӣ, - аз соат, ки дил кандан бароям душвор буд, дар ҷавоб мегуфтам ман. - Ҳоло ту бача. Ту куҷоу соатдорӣ куҷо?
Ба назарам чунин менамуд, ки агар ба ӯ диҳам, гӯё ба ивази некиву хизматҳояш хиёнат мекунам. Боз метарсидам, ки аз байн як-ду рӯз нагузашта, вай соатро мешиканад ё вайрон мекунад. Уф-ф, ба ӯ медодам, чӣ хел нағз буд! Шасти бача ҳафтод намешуд. Боз як умр аз ман хурсанду миннатдор мегашт.
Эшонбобо кадом вақте, ки маро бинад, мепурсид:
-Домулло, соатҳои тилло чанд шуд?
Ман зуд чанд шудани соатро бо дақиқаву сонияҳояш мегуфтам.
Эшонбобо хеши худамон. Вай як мӯйсафеди намозхону тақводор. Сабаби пай дар пай пурсидани соатро дарк кунам, ки худро ба девонагӣ мезадам. Ба мӯйсафед ҳадя мекардам, мешудааст. Аз тӯҳфаи ҳоҷиҳо ҳам бештар ба чашму абрӯвонаш молида мегирифт. Ана баъд намозҳояшро аз рӯи соати ман мехонду савобаш ба ман ҳам мерасид.
Зормонда, дар зарфи қариб бист сол ақаллан ягон маротиба вайрон нашуд, ки дилам каме хунук шавад.
Э ин хел шуданашро пешакӣ медонистам, худам ба рўи релси поезд монда, чӣ хел чалпак шуданашро тамошо мекардам, ин қадар сӯхтаву бирён намешудам.
Афсӯс, ки соат гум шуд.

ЗАНИ ФАРИШТА ХИСЛАТЕ БУД
(Ё таъзияи ба ҳақиқат наздик)
Кормандони иттиҳодияи мо ба челонгар Дилшод Қамаров нисбати вафоти модарарӯсаш (баромадани офтоб ба сараш) таъзия (таҳният) изҳор мекунанд ва дар ин хел рӯзҳои сахту мусибат (рӯзҳои арақхӯриву хурсандӣ) ғамшарики (шарики шодии) ӯ мебошанд (ҳатто тайёранд, ки тӯй диҳанд).
(Албастӣ) модарарӯси ӯ - Бону Ҷаҳонгирова (Ғиҷҷакбону Ҷонгирова) зани фидоиву ширинзбоне (худбину маҳмаддонои заҳрзабоне) буд. Ба туфайли кордониву заҳматписандӣ (арбадагўиву пулпарастӣ) аз фаррошӣ то ба дараҷаи ҷонишини сардор ва баъдтар (баъди ба таги сардораш об рехтан) роҳбари корхонаи дӯзандагӣ гардид. Ҳангоми роҳбарии ӯ (дуздиву ғорати ӯ) корхона бо таҷҳизоти навтарин (дар рӯи қоғаз) ҷиҳозонида шуд (таҷҳизоти будаашро ҳам фурӯхта хӯрд, муттаҳам) ва ба қатори корхонаҳои пешқадам (аз охир) дохил гардид.
Ин зани фариштахислат (бадаъмоли падарлаънати хонасӯхта) баробари меҳнати ҳалол (фиребу найранг) мисли худ шогирдони зиёде (астағфириллоҳ) тайёр кард. Ҳатто яке аз онҳо (аждархонуми нав) ҳоло ба ҷои ӯ (барояш чоҳ канда) корашро пеш мебарад.
(Ғиҷҷак) Бону Ҷаҳонгирова (Ҷонгирова) бо ҳамсараш чун гулу булбул (кучуку пишак) умр ба сар мебурд. Шавҳараш умри дарозе надида, (бо ғиҷҷакнавозӣ кӯтоҳ кард) барвақт (сари вақт ҷонашро аз дасти ин неофашист халос кард) аз олам гузашт. Баъди вафоти (куштани) шавҳараш ин фариштазан (махлуқи одамсурби касифу разил) се нафар духтаронашро мисли худ (аз мор, албатта аждаҳобача мерӯяд) дар роҳи меҳнатдӯстӣ (тӯҳматписандӣ) ва нафъи халқ (худ) хизмат кардан тарбия намуда, ба воя расонд. Яке аз онҳо (сӯҳони умри дӯсти мо Дилшодҷон Қамаров) ҳоло бо пайроҳаи модар мераванд (бешарҳ ҳам бояд маълум бошад) ва корҳои ӯро (доду бедодро) идома медиҳад.
Ёриву шарофати (зарару касофати) ӯ ба бисёриҳо расидааст ва онҳо некиҳои (бадиҳои (Ғиҷҷак) Бону Ҷаҳонгироваро (Ҷонгироваро) ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд (имкон ҳам надорад).
Мо ва ҳазорон мисли мо аз Худои муттаол илтиҷои онро дорем, ки ӯро тариқати раҳмату (лаънату) шоиставу ҷаннат (пешгоҳнишини дӯзах) гардонад.

ХУРӮСИ ЙИГИТҲО
Хурӯси йигитҳо худат, ҷӯра! Ту барин йигити дангал дар рӯйи дунё нест. Ба ту ҳавасам меояд. Ҳаёт ҳаёти туву ҳозир хуб давратро рон!
Зиндагии ҳамон бизнесменҳо ҳам зиндагӣ аст? Ту як ғам дошта бошӣ, онҳо ҳазор ғам. Кайфата кунӣ, ту шабҳо кулӯх мешавӣ. Вале ба вай, сарсахтҳо хоб куҷо? Ба ҷои хоб онҳоро ғаму ташвиш ба комаш мекашад. Ғам мехӯранд, ки чӣ тавр пулашона зиёд кунанд, пулашон зиёд шавад, девонавор худро ба чор тараф мезананд, чӣ хел пулҳояшон боз пул зояду баччаву каччадор гардад. Банкирҳо барин серпул шаванд, боз ғам мехӯранд, ки чӣ хел онҳоро эҳтиёт кунанд. Яъне, надузданд, насӯзад ё инфилиатсия шуда, ба як хона хазон мубаддал нагардад. Худашон дар ин ҷо, ҳушашон дар дигар ҷо, чашмашон чалақ-палақу дилашона гургҳо тала мекунад.
Ҳаёти олигархҳо ҳам дӯзах. Миллиард-миллиард пул дошта бошанд, ки рӯзашон қаттол. Ҳа, орзуи калонтарини ту чӣ? Қуллаи баландтарини як шиша арақ! Пул ёфтӣ, харидӣ, аллакай ба остонаи орзуят расидӣ. Арақа задӣ, кайфат таранг шуд - тамом, ту худата аз миллардеру олигархҳо ҳам баландтар ҳис мекунӣ! Таги девор, лаби ҷӯ ё сояи дарахти тути бедона аппартаменти ту. Аз ин зиёдаш даркор не. Онҳо чӣ? Ҳаёти онҳо ҳаёт не, фоҷиа! Пула дар куҷо сарф карданашона намедонанд. Дар ҳар ҷо бӯстонсаро мезосанд, хона мехаранд, болои занашон зан мегиранд. Молу мулкашон он қадар зиёд, ки гоҳо худашон ба сарҳисоби онҳо намераванд. Бечораҳо, гоҳо ҳалли муаммои оддиро намеёбанд. Масалан, кӯча баромаданиву кадом туфлиашонро пӯшанд,ҳайрон. Дар хона 500 ҷуфт туфлӣ доранд. Ана муаммо! Ё ҳалли масъалаи дар кадом хонаашон зиндагӣ кардан ё дар куҷо дар гирифтана наёфта, ба худо, ки девона мешаванд. Аз занҳояшон дилпур не. Ба бачаҳояшон шубҳа доранд. Барои ҷинӣ нашудан қимор мебозанд, арақ менӯшанд, нашъа мезананд. Охиру оқибат ба ҳабсхона ё ҷинихона афтода, каму беш одамвор зиндагӣ мекунанд.
Ҳаёти амалдору мансабдорон ҳам асал не. Масалан, кайфи ту баланд бошад, дар зимистон болои барфу ях меафтӣ, ё тобистон даруни ҷӯйбор меғалтӣ, болои кӯрпаҳои пар қу барин бароҳат хобат мебарад. На шамол мехӯрӣ, на касал мешавӣ. Аз афт, касалиҳо ҳам аз ту тарсида, наздик намешаванд. Пӯсткандааш, ту даруни осиёб афтӣ, ки бало намезанад. Вале онҳо... Тамоми шароиту кору зиндагӣ доранд, гули хӯрока мехӯранд, нӯшокиҳои зӯра менӯшанд, ҷои корашон тозаву озода, даҳхо ёрдамчиву хизматгору лаганбардорҳо дар таги даст доранд ва ба ҷои асп барин сиҳату саломат гашта, ба сад даромадан ба касалӣ мепечанд. Боз як хел - ду хел ҳам не, барои номӯўи бемориҳои онҳо энсиклопедияи тиббӣ даркор, ки аз аввал то охир хонда бароед. Ҳа, йигит, аксари онҳо бо аҷали худ не, балки рак, дилкаф ё инфаркту инсулт шуда мемуранд.
Дар байни ҳамаи онҳо худат зӯр! Аҳсанту офарин ба ту! Ҳамин кората давом додан гир. Ба ту барору комёбиҳо мехоҳам. Фақат як илтимос: каллая гаранг карда, барои арақ аз ман қарз напурс. Ман карздиҳиро бад мебинам. Қарз зиллат аст, одама хонахароб мекунад.
Ин гапа бо ду гӯшат шунав, эй султони йигитҳо! Шунида бошӣ, марш! Дигар сиёҳиятро ман набинам!

МАСЛИҲАТ
Дугонаҳо бо ҳам вохӯрдан.
-Чӣ хел? - Малоҳат дар назди дугонааш як чарх зада мӯяшро нишон дод. - Мӯди нав. Аэродинамика! Зӯр-а?
-Зӯр, - як ба мӯи дугонааш нигариста гуфт Саломат. -Рости гап, бе ҳамин хел аэродинамикаҳо ҳам ту хушрӯй. Ман ҳайронам, ки чаро ту ин қадар худро оро медиҳӣ-а? Беҳтараш зудтар ба шавҳар баро...
-Эҳ, - бепарвоёна даст афшонд Малоҳат. -Аввал хуб ҷавононро сӯзонда гаштан даркор. Ана баъд ҳамааш мешавад: ҳам шавҳар, ҳам хонаву дар ва ҳам бачу кач... Хайр, ман саросема - ба ателье рафта истодаам...
* * *
Пас аз шаш - ҳафт моҳ боз дугонаҳо бо ҳам рӯ ба рӯ омаданд. Саломат мисли пештара буду Малоҳатро шинохта намешуд.
-Ҳайфи мӯйҳои дарозат, - бо надомат дугонаашро сарзаниш кард Саломат. -Ҳусни занону духтарон мӯй аст. Ту бошӣ, мӯятро бурида, шиму майка пӯшидӣ. Дар боғи ҳайвонот бинанд, ҳама туро маймун гумон мекунанд.
-Ҳозир мӯи кӯтоҳ - модда! - гапи дугонаашро бурида, бидирросзанон гуфт Малоҳат. - Ин гапҳоро мону гӯй, ки дар ягон магазин креми нағз надидӣ?! Вай аз таги пудра бисёр нағз-дия. Пӯсти рӯйро силиқу ҳамвор нигоҳ медорад.
-Крему прем ба ту чӣ лозим?
-Ҳоло ҳам қишлоқӣ буданатро фаромӯш накардӣ-а? Як ба афту андомат нигар. Шавҳарат бо ту чӣ хел зиндагӣ мекунад, ман ҳайрон. Худро орову торо деҳ, ки ба чашми шавҳарат нағз намоӣ! Набошад, дили муллопочо аз ту хунук шавад, ҳусну ҷамоли ягонтааш девона накунад. Ягон маслиҳат даркор бошад, марҳамат, ман тайёр. Биё, як ба универмаг равем. Як кас шампуни хориҷӣ ваъда карда буд. Бошад, барои ту ҳам мегирем.
-Не, раҳмат, корам бисёр...
* * *
Дугонаҳо пас аз як сол боз ҳамдигарро диданд.
-Ҳа, ба рӯят чӣ шуд? - ба рӯи пуроҷангу сердоғи дугонааш нигариста пурсид Саломат.
-Ҳеҷ чиз не, - гӯё беғамона гуфт Малоҳат. - Як кас маслиҳат дод, ки ордаи намакро тафсонда, ба рӯям дорам, боз хушрӯйтар мешавам. Ҳамин хел кардам. Намак бо дигар крему пудраҳо реакция дод, чӣ бало, ки ҳамин хел шуд. Ақаллан ба шавҳар мебаромадам ҳам, ин қадар алам намекард. Ягон маслиҳат деҳ, акнун чӣ кор кунам-а?
-Фаранҷӣ гирифта гард...

ГУЛДАСТА
--Э-ҳа, хонум, гул дар даст куҷо шитоб доред?
--Як шиноси хуб дорам. Дар ҳар ид маро табрик мекунад. Қарз ба қиёмат намонад, ман ҳам имрӯз рафта, ӯро як хурсанд кунам.
--Нағз. Ин хел бошад зуд равед, ки гулдаста пажмурда нашавад.
--Ман ҳам дар ғами ҳамин. Рости гап , дина бегоҳ инро як шогирдам ба ман бахшид. Ман дар тару тозагиаш ба вай шиносам барам.
--Албатта. Лекин ин гулдастаро ба шогирдатон ягон каси дигар бахшидагист?
--Наход?
--Ҳа…Дида истодаам-ку, даруни ҳафт мехчагул яке сафеду дигаре гулобӣ. Пояи гули калони сурхаш шикастагӣ…
--А? Шумо инҳоро аз куҷо медонед?
--Чаро ман гули худамро худам нашиносам?! Ман ин гулдастаро ба янгаатон бахшида будам. Вай ба кадом як хешаш дод. Ҳамин тавр, ҳоло ин гул даст ба даст мегардад. Бо як гулдаста чанд касеро ёфта, хурсанд кардан мумкин будааст.
--Вай ман мурам! Ин шармандагӣ-ку! Замин намекафад, ки одам дарояд.
--Натарсед, замин намекафад, ки шумо дароед. Фақат тез бошед, ки гулдаста пажмурда нашуда, ба шиносатон баред, шиносатон ҳам ба ягон кас бахшида тавонад.
--Аз куҷо ҳам бо шумо рӯ ба рӯ шудам. Одамро дар хиҷолат монда куштед!
--Чӣ ҷои хиҷолаткашӣ, хонум. Рости гап, ман ҳам дина бегоҳ мастомаст ин гулдастаро аз болои кадом як қабри гӯристон гирифта будам…

Сарнавқе чорта дили беғам занем
Худат султони йигитҳо! Агар дар сарат шапкаю дар дастат папка мешуд, боз ҳам зӯр буд-дия, э қанд зан йигит! Акнун ҳамаи умедамон ба ту: як одами калон шав худат! Чӣ? Калонӣ чӣ лозим мегӯӣ? Даркор, ба ҷонам зан, даркор! Агар мансаб даркор намебуд, баъзеҳо мурдаашонро ба болои курсии мансаб намепартофтанд. Ҳа, барои мансаб шуда, барои вазифаҳои калони сердаромад шуда, барои атолу парестиж шуда, баъзеҳо хонаву ҷояшонро ба гарав мондаву бо кекиртак ба қарз ғўтида, пулу тилловориёшонро ба ҷувол андохтаву пуштора карда, таги дари идораи амадоронро охурча намекард. Ҳа, ин хел мансаби лаънатӣ одамро ба сӯи аҷал кашад, ки заҳри ширин барин одам соҳиб шудан мехоҳад.
Чӣ ғур-ғур мекунӣ, ҳӯ бачаи бекалла! О мансабдор, ки шудӣ, ҳама туро иззату ҳурмат мекунанд, бо эҳтиром Калон Калонович мегӯянд, бо сардор вохӯрдем, бо ҳӯҷаин ҳамтабақ будем, бо шеф арақ задем, об рехтан ба дасти муборакашон ба мо муяссар гашт гуфта, фахр карда мегарданд.
На танҳо худат, балки хешу таборатро ҳам мардум болобардор мекунанд.
Келинро зани фалон калон гуфта, бо ҳурмату эҳтиром ба пешгоҳи маъракаҳо мешинонанд.
Писаратро ҳамчун писари мансабдор муаллимонаш бо таърифу тавсиф ба осмони ҳафтум мебардоранд, ҳатто худаш каллакаду бошад, ки қатор карда баҳоҳои панҷ мегузоранд, ба дигарон намунаи ибрат нишон медиҳанд.
Ҳе ношуд, ҳатто молата ҳурмат мекунанд. Мабодо говат ба полези ягон кас дарояд, «ин гови калон» гуфта, намезананд ё аз даруни заминашон бароварда ҳай намекунанд. Мемонанд, ки хуб хӯрда сер шавад ва худаш баромада равад. Ҳӯ бача, калонӣ нағз! Амалдори калон шавӣ, ҳеҷ кас кучуку ошолуду дайдуятро наҳ намезанад. Ба ҳурмати мансабат тамаллуқомез ҳатто устухони сергӯштро ба пешаш мепартояд. Ҳатто ба «пишт» гуфтани пишакат касе ҷуръат намекунад.
Дангали гап, ба дилам зан, худат як бачаи калоншав. Бо калла нашавад, ки бо киса шавад ҳам, майлаш. Ҳеҷ набошад, ягон мансаб харида гир, саратро ба девор мезанӣ ё деворро ба сарат, ба ман фарқ надорад, як бало карда калон шуда гир. Охир аз қишлоқи пурҷангу хоки чакалокмазори мо ҳам якта одами амалдор бароя дия! О мурдем-ку аз азоба!
Ман калон шавам, ба шумо чӣ мегӯӣ?! Э забонатона ғунда газад! О мансабдор шавӣ, ин ба нафи тую фоидаи мо-дия. Қишлоқ обод мешавад, роҳҳо афсалтпӯш мешавад, мунтазам бо газ таъмин мегардем, чароғи барқӣ ҳам милт-милт мурдаву даргирифта, моро масхара намекунад, одамвор зиндагонӣ мекунем. Хулоса, ба шарофати мансаби ту дар кӯчаи мо ҳам ид мешавад. Мо мӯйсафедон дар дами пири каттагӣ карда, чорта дили беғам занем охир!
ҶОНИ ОДАМ
Дар коргоҳ сардор набуд.
Ноилоҷ аз коргарон пурсид:
-Сардоратон чӣ хел одам?
Коргарон булбули гӯё шуданд, яке ба дигаре навбат надода, таъриф мекарданд ва аз забони ҳамаашон шаҳду шакар мерехт.
-Сардорамон чӣ хел? Охир худатон намедонед, ки сардорҳо чӣ хел мешаванд: фаъолу ташаббускор, ботаҷрибаву чашмикордон, ғамхору дилсӯз!
-Акрам Иброҳимович, лӯнда карда гӯем, ҷони одам!
-Шеф ба хурдон падару ба калонҳо писар. Ҳамаро бо як чашм мебинанд.
-Акрамакемон бо вуҷуди унвони баланду вазифаи масъул доштанашон хоксору камтарин. Шахсан, худи ман боре надидаам, ки он кас мӯрчаеро озор дода бошанд. Одам не, тилло!
Мухбир гаранг шуда монд. Аз касе напурсад, забон як кардагӣ барин ҳама таърифу болобардораш мекард. Лекин аз болои ӯ мактуби шикоятӣ омада буд. Қариб буд, ки ӯ ба ин гапҳо бовар кунад. Хушбахтона, вақти бозгашт марди солхӯрдае ӯро дар назди дар нигоҳ дошт.
-Шумо чӣ хел будани сардорамонро мепурсед?
-Ҳа.
-О инро аз ман пурсед-дия! Вай одам не, ҳаромхӯру дузд аст! Одаму одамгариро намедонад. Порахӯри бепою қадам. Ӯ омаду корҳо расво шуд, бо ғорату ошнобозӣ дабдалаи корхонаро баровард. Вай наҳс, ҳеҷ гоҳ ғами коргаронро намехӯрад. Ба вай фақат кайфу маишат бошаду ба кисааш пул дарояд, шуд...
-Ҳама таъриф мекунанду чаро шумо ин хел мегӯед? Боз ҳамааш тӯҳмат набошад!
-Ҳамааш рост, бовар накунед, қасам хӯрданам мумкин.
-Оё аз гуфтани ин хел гапҳо наметарсед?
-Не, ман аз ҳеҷ чиз наметарсам. Имрӯз ман ба нафақа баромадам...

НИМКОСАИ ТАГИ КОСА
-Канӣ, марҳамат, аз боло гузаред, - баъди аз дар даромадан соҳибхона Холиқро аз пешгоҳ шинонда, ба пушташ болин гузошт.
Рӯи миз пур аз нозу неъмат буд.
«Чӣ гап бошад-а? - Худ ба худ савол дода ҷавоби муносибе наёфта, гаранг мешуд Холиқ. - Чаро маро ҷеғ зад?»
Азизмурод чой дароз карда, ба хӯрдан муроот намуд.
-Гиред, инҳо барои тамошо не, барои хӯрдан аст.
-Раҳмат.
«Аз афт, рӯзи таваллудаш бошад даркор? -Аз чойи пиёла як қулт нӯшида, боз ба гирдоби андеша ғӯтид ӯ. - Ин хел бошад, чаро пешакӣ як даҳон нагуфт? Ягон чиз умедвор бошад... Охир ман ду дасти холӣ омадам. Ана акнун овозаю дарвоза мекунад, ки ман сахтаку мумсик...»
-Ҳеҷ кас нест-ку, Азизмурод? - аз таги гап огоҳ шудан хоста таҳпурсӣ кард Холиқ. - Ё дар рӯзи таваллудатон ман аввалин шуда омадам?
-Ҳеҷ хел рӯзи таваллуд не. Аз танҳоӣ зиқ шуда, барои чорта чақ-чақ кардан шуморо ҷеғ задам.
«Рӯта сиёҳ накун! -ӯро дар дилаш дашном дод Холиқ. - Ҳозир касе бетаъма салом намедиҳад. То дар таги коса нимкоса набошад, маро ҷеғ зада, обу зиёфат намедиҳӣ...»
Шӯрбо оварданд. Вале аз гулўи Холиқ чизе намегузашт.
-Марҳамат ҳамсоя, - ба косаи пеши ӯ, ки аз дарунаш як тарафи гӯшти калоне намуда меистоду бӯи кабудиву зирааш ба димоғ мезад, ишора кард Азизмурод. - Шӯрбо хунук нашавад. Ҳозир кам-кам гирем, иштиҳо боз нағзтар кушода мешавад.
Азизмурод инро гуфта, ба қадаҳҳо арақ рехт.
«Ҳамаи ин ба кадом муносибат? - Ин савол Холиқро ором намегузошт. - Ё хонаашро таъмир кардани бошад, маро ба ёрдам ҷеғ задан мехоҳад?».
Вай ба чор тарафи хона зеҳн монд: хонаи Азизмурод таъмирталаб набуд.
Духтарчаи калонии Азизмурод косаҳоро бурда, дар як табақи калон манту овард.
«Шояд ягон хешашро ба кор даровардани бошад, маро восита кардан мехоҳад? - Ин фикр ба сараш омаду дилаш зиррос зада рафт. - Ин ҳамсоя бало! Бесабаб маро ҷеғ намезанад».
Холиқ ҳазору як гумонро аз дил гузаронд, вале сабаби зиёфатдиҳии ҳамсояашро ёфта натавонист.
-Ин зиёфат ба кадом муносибат? - ниҳот тоқат накарда пурсид Холиқ. - Гӯед, мо ҳам фаҳмему ба хурсандиатон шарик шавем.
-Арақ бошад, муносибат чӣ лозим? - хандида гуфт Азизмурод. - Ҳамеша сиҳату саломат бошем.
-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳа.
Холиқ моту мабҳут гашт.
Нимаҳои шаб аз зиёфат омаду хобаш набурд. «Чаро ин Азизмурод маро ба хонааш ҷеғ зад-а? - Аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта, худ аз худ мепурсид ӯ. - Ҳа, ёфтам. Барои он ки хӯрокҳои пухтааш нобуд нашаванд, маро ҷеғ задааст. Ӯҳ, падарлаънат-е, кучукатро ёфтӣ. Не, тамом, дигар аз дарат намедароям!».

ВАРЗИШ
Саҳар шуд, хестем!
Варзиш ин саломатӣ! Саломатӣ бошад, ин боигарии инсон аст!
Хуб, варзишро аз машқҳои оддӣ сар карда, оҳиста-оҳиста ба мураккабаш мегузарем. Пойҳо баробари китф, ду даст ба пеш, ба боло, ба ҳарду паҳлӯ ва фароврдем. Нағз. Як, ду, се, чор. Суръатро метезонем. Як, ду, се, чор. Як, ду, се, чор. Кифоя.
Дастҳоро ба ду тараф рост медорем. Пойҳоро каме васеъ менамоем ва қат накарда, нӯги дасти ростро ба ангуштҳои пои чап ва баъд бо нӯги дасти чапро ба ангуштони пои рост мерасонем. Тайёр шудем. Як-ду-се. Як-ду-се. Боз як маротиба. Як-ду-се... Олиҷаноб!
Акнун ба машқи дигар мегузарем. Дастҳо болои китф, ба шакли нимдоира. Бо фармони як-ду ду маротиба ба сӯи пеш ва бо амрҳои се-чор ҳамин қадар ба қафо тоб медиҳем. Аз рӯи шумур сар кардем: як-ду, се-чор. Як-ду, се-чор. Як-ду, се-чор!
Хеле хуб, ҳозир каме медавем. Хӯш, давидем. Тезтар, боз тезтар...
Офарин!
Дар охир навбат ба ҷаҳидан. Аввал бо пои рост, баъд бо пои ҷап, сонӣ бо ҳарду пой. Панҷоҳ маротиба. Як, ду, се, чор, панҷ, шаш, ҳафт, ҳашт, нӯҳ, ўҳ, ўҳ... Хайр, шуд. Панҷоҳ маротиба шуданаш чандон шарт не.
Уф, нафасгардон шуда, ба обу арақ ғӯтидам.
Акнун каме дам гирифта, нафас рост мекунем. Вақти нафасросткунӣ хам шуда, нӯги дастонро ба поин фароварда, алвонҷ медиҳам. Ана ҳамин хел. Ҳамин тавр. Боз як маротиба.
Варзиши пагоҳӣ чӣ хел нағз аст!
Шустушў бо оби хунук... Оҳ баъди варзиш оббозӣ аҷаб ҳаловате дорад! Эҳ одам дубора аз модар таваллуд шудагӣ барин мешавад. Барои тамоми рӯз қувваю илҳом мегирад.
Ӯ дар ҷойгаҳ ҳамаи инҳоро аз дил гузаронда, боз кӯрпаро ба сараш кашид: шустушӯ гурехта намеравад. Аввал бояд нағзакак аз хоб сер шавад.
Вай, ки тренер аст, ҳар субҳ ҳамин хел ба варзиши бадан машғул мешавад.

ҚАСАМ
-То шаҳр намебаред? - мошини сабукраверо дар қади роҳ нигоҳ дошта, аз ронандааш пурсидам.
-Шинед, мебарам, - якбора дари паҳлўяшро кушода гуфт ҷавони ҳуззарбе.
-Чанд пул мегиред?
-Шинед... Аввал то шаҳр равем, баъд як гап мешавад.
Рӯз бегоҳ мешуд. То шаҳр бошад, қариб сӣ километр роҳ. Ноилоҷ ба мошин нишастам.
Нишастаму сад пушаймон шудам. Диламро гургон тала мекарданд. Мондаву лакот шуда бошам, ки курсии мулоими мошин ҳаловате намебахшид.
«Пешакӣ савдо накардем, нағз нашуд, - аз дил мегузарондам ман. -Ба шаҳр расему ин говтабиат аз осмон ояд, ман чӣ кор мекунам? Беҳтараш, ба рӯям пӯстак кашида, боз ба хонаи ягон шинос ё ошноям рафта мехобидам, мешудааст».
Ҷавони ронанда ду-се гап партофт. Ман хоҳам - нохоҳам ҷавоб гардондам.
«Гӯр ин одати бади ман шавад, ду институтро тамом карда бошам, ки ба гап усто не. Аз ӯҳдаи дилёбӣ намебароям. Каси дигар ба ҷои ман мебуд, зуд ронандаро ба гап мегирифт, шинос мешуд. Баъд дӯсту бародар мегашт. Сонӣ хешу табор мебаромад ва саҳл мемонд, ки ҳарду аз як падару модар бошанд...»
Ба роҳ, манзараҳои атроф менигаристаму аммо мисли кӯрон чизеро намедидам.
«Ӯҳ, ин гӯрсӯхта чӣ мақсад дошта бошад? - меандишам ман. - Ё мошинаш вайрону дар нимаи роҳ монад, маро барои теладиҳӣ ҳамроҳ гирифт?».
Не, мошинаш нав барин. Мотораш бо як маром кор мекунаду шаклу сумоти вайрон шудан надорад.
Аз афт, ин ронанда гумон кард, ки ман пули зиёде дораму дар роҳ мошинро нигоҳ дошта... Афту андомаш ҳам боварибахш не. Дузду авбошҳои гузаро барин. Парвардигоро, худат дар паноҳат нигаҳ дор. Чаро ман нархи сабзию пиёзро напурсида, ин хел кардам? Боз каме сабр мекардам, ягон мошини дигар меомад...
Ронанда муруввати радиои мошинашро тофт. Суруд ба гӯшам намеромад. Ҳатто пайхас карда наметавонистам, ки зан мехонад ё мард.
«Чанд пул талаб мекарда бошад? Наход беинсофӣ кунад? Хайр, бало ба паси ҳамин пул, сар амон бошад, пул боз ёфт мешавад. Дар киса ҳашт ҳазор дорам. Ҳашт ҳазор гӯяд, садқаи сар, бароварда медиҳам: мурдапулияш шавад. Не, агар понздаҳ - бист ҳазор гӯяд, чӣ ҷавоб медиҳам? Оҳ, худоё...»
Ба сӯи ронанда як менигараму боз дар дилам ғулғула меафтад.
«Баъзе ронандаҳо наҳангиштиҳо мешаванд. Ин хел зотҳо, аз афташ, гумон мекунанд, ки пул барги дарахт асту мо онро бо боғҷома чинда мегирем. Албатта, барои баъзе ҳаромхӯру порагирҳо пулёбӣ осон аст. Вале онҳо мошин доранду бо автобус ё мошинҳои раҳгузар савор намешаванд. На як сӯмашон гум мешаваду на як тин зарар мебинанд. Аз афт, хонаашон сӯзад ҳам, дилашон намесӯзад. Чунки пулу мансаб доранду ба ҷои хона аз сари нав қаср месозанд... Э худо занад онҳоро, калтак ҳамеша дар сари халқи бечора мешикастааст-дия».
Гирдоби хаёлот маро ба коми худ фурӯ мебурду илоҷи наҷот ёфтан надоштам. Дилам ба торс кафидан наздик мешуд. Дарди сарам шиддат меёфт. «Ҳамон ҷо зери ягон дарахт ва ё курсии қади роҳ шабро рӯз мекардам, шояд ин қадар зиқу зардоб намешудам. Гушнаву ташна пиёда меомадам, ки ин қадар азоб намекашидам. Эҳ, худоё, ин чӣ коре буд, ки ман кардам?..»
Ба шаҳр расидан баробар аз ронанда хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад.
-Болои роҳ бошад, то хонаатон барам?
-Не, раҳмат! - аз мошин фаромада, пулҳоямро ба даст гирифтам. -Чанд пул диҳам?
-Лозим не.
-Чӣ хел лозим не! - ба пуф маҳтал будам, ки якбора оташ гирифтам. -Ман пес ё махав будам, ки аз пулам ҳазар мекунед?!
-Не... Вақте, ки ман мошин надоштаму чанд бор касе маро савор кардан нахост ва ё савор карда бошад ҳам, нархи очакалонашро талаб кард, ҳамон вақт қасам хӯрдам, ки мошиндор шавам, касе ки даст бардорад, бепул мебарам. Ана, гап ҳамин хел. Хайр, саломат бошед.
Ман карахт шудам.

МАНСАБ
Аз дастам бисёр корҳо меояд. Вале ман аз бечорагии худ намемонам. Ҳатто орзуҳои хушро ба сарам роҳ намедиҳам. Бечорагии ман аз роҳбарию калонтарошии бисёриҳо беҳтар аст.
Мансаб мисли беморист. Ман бемор шудан намехоҳам.
Агар дилам «ҷиззӣ» кунад, ҳар мансаберо, ки хоҳам, бемалол соҳиб шуда метавонам. Зеро ҳозир бисёр вазифаҳо бе пушт-пушт харида ё фурӯхта мешаванд. Пул бошад, бо фанду фиреб девонаи беақлро ҳам сардор таъин кардан мумкин. Ҳатто бе маълумоти зарурӣ одам метавонад раиси як ширкати бузурги илмӣ шавад. Барои ин хешу табор ва шиносу ошноҳоро ба кор меандозанд. Ҳар як шиносу хешу табор даҳҳо хешу таборҳои дигар доранд. Онҳо ҳам дар навбати худ беёру ошно нестанд. Бо ин роҳ тамоми аҳолии мамлакатро ба ҳамраъйӣ ва спонсорӣ даъват намоянд, кӯҳро талқону чӯлро гулистон кардан ҳеҷ гап не. Хулоса, дар тарғибу ташвиқ рекорд гузоранду пули бисёре ҷамъ кунанд, ана он гоҳ, худи душманон ҳам бо ду дасти адаб курсии раисиро пешкаш мекунанд.
Бале, раис шудан осону вале як умр раис мондан душвор. Як рӯз не, як рӯз ҳатман ҷои шуморо дигарон харида мегиранд. Охиру охирон вазифаро, ки гирифтанд, ҷон кандану вазифаталошӣ карданам чӣ лозим?

МАМНЎЪГОҲ
Бо даъвати директор ҷангалбон ба кабинет даромад.
-Хӯш-ш, - баъди салому алейк пурсид директори хоҷагии ҷангал, - аҳволҳо чӣ тавр?
-Нағз, раисҷон.
-Ман аҳволи шуморо не, аҳволи ҷангалро мепурсам.
-Умуман гирем, аҳволи ҷангал ҳам бад не.
-Ба ман «умуман» даркор не, аниқ ҷавоб диҳед: аҳволи кабкҳо чӣ хел? Имсол низ бисёранд?
-Не, раисҷон, - бо сари хам ҷавоб дод ҷангалбон. - Пештар бисёр буданд. Ҳозир қариб, ки намондаанд. Намедонам, ки ин қадар кабкҳо куҷо шуданд?!
-Дар дарё моҳиҳо чӣ? - пас аз каме андеша боз пурсид директор.
-Рости гап, раисҷон, - забон хоид ҷангалбон, - чанд маротиба худам тӯр партофтам. Вале ягонто моҳӣ дарнамонд. Порсол, аз афташ, аз гарбит ҳамаашон мурданд. Ҳӯ, худатон меҳмонҳоро бурда будед-ку...
-Хап! Инро ман напурсидаам... Ҳамааш айби худат, - ба даҳон кушодани ҷангалбон имкон надода боз суол кард директор. - Харгӯшу рӯбоҳҳо ҳастанд? Оҳуҳо чӣ?
-То ҳол ба чашмам нахӯрдаанд. Силоҳро ҳам бекора гирифта мегардам.
-Равед-е! - Бадқаҳрона бо даст ишораи баромадан кард директор. -Ба шумо ҷавоб...
Рӯзи дигар мувофиқи фармони директор ҷангалбон аз вазифааш озод ва он қисмати ҷангал мамнӯъгоҳ эълон гардид: зеро барои дамгириву шикори роҳбарони калон дигар ба кор намеомад.

ПАШША
-Пашшаҳои сабилмонда, ин қадар мӯл шудаанд. Куҷое наравед, виж-виж пашша! Аз куҷо ин гӯрсӯхтаҳо ҷӯшида мебароянд, ман ҳайрон. На ягон чизи гирифтаатонро медонеду на ягон чизи мондаатонро. Инҳоро бинед, мурдаашонро ба болои шириниҳо мепартоянд! Безор шудам-е! - пашшаҳоро киш гуфта истода, соҳибхоназан бо як лаби дастархон болои шириниҳоро пӯшид. - Меҳмонҳои азиз, чаро мазаатон не, шарм надошта, гирифтан гиретон охир. Хонаи мо хонаи шумо... Кадом рӯз бехабар мондем, даруни кӯзаи қавурдоғ пури пашша шудааст. Пушти ошхонаамон оғили ҳамсоя-дия. Сад дору задану куштан фоида надорад. Яктаашро кушед, садтаи дигараш ба ҷанозааш меояд. Инҳоро бинед-а? Киш-е, бар падаратон лаънат! Ин қадар ба гӯшту ҳасиб часпиданд, ки худи онҳо наменамоянд. Аз афт, чизҳои нағзро ҳамин гӯрсӯхтаҳо ҳам медонанд. Ба тухмашон қирон биёяд. Ҳар чӣ қадар кушед, ҳамон қадар зиёд мешаванд, - соҳибхоназан ҳангоми ин гапҳо бо дастпоккун болои ҳасибу қазиро ҳам пӯшид. - Гиретон охир. Ҳамаи инҳо барои тамошо не, барои хӯрдан аст... Исқотиҳо, ба одам рӯз нишон намедиҳанд-е! Баъзеҳо мегӯянд, ки ба рӯи дастархон пудина ё райҳон партоед, пашшаҳо намешинанд. Балоя! Гандамуранд инҳо, ҳеҷ чиз таъсир намекунад. Киш-киш, ин хираҳо, - боз ба пашшаҳои рӯи дастархон нигариста илова намуд соҳибхоназан, - саҳл бехабар монед, ба даҳонатон ҳам медароянд. Виж-виж суруд хонданаон кошкӣ ба гўши касс форад. Бало-дия, инҳо, аз одам пештар ба рӯи дастархон ҳуҷум мекунанд. Шумо маро дуруст фаҳмед, ин хел аҳволро дида, гоҳо аз сари дастархон ҳеҷ чиз нахӯрда мехезам. Ахлоти пашшаҳоро мебинаму дилам беҷо мешавад... -соҳибхоназан номаълум як лаби дастархонро болои нонҳоро қат кард. - Гиретон охир, умуиан гирем, пашша ҳам аз они худамон. Инҳо ҳам ба меҳмонӣ омадаанд. Фақат меҳмони нохондаи шилқин. Аз ин тараф ман пеш кунам, аз он тараф боз омада мешинанд! - Инро гуфта, зан ҷои кушодмондаи рӯи дастархонро низ бо доккае пӯшонд. - О ин хӯрокиҳо нозеҳ нашаванд. Гиретон, ин қадар хӯрданатон суст. Ин ҳама нозу неъмати худо барои хӯрдан аст. Э безор шудам аз ин пашшаҳо!.. Э-ҳа, ба куҷо? Даррав мехезетон? Омадан бо хоҳиши худатон бошад, рафтан бо иҷозати мо. Не-не, ҳоло ман барои шумо, меҳмонони азиз, боз гӯштбирён пухтани будам. Шумо ин қадар ба куҷо саросема? Ё алавгирӣ омада будед?! Ман ҳам ба хонаҳоятон раваму ҳамин хел кунам, қаҳратон намеояд?! Беҳазл мераветон? Хайр, боз биёетон...

БОҒБОНИ ЗӮР
-Амак, шумо боғбони зӯр. Ниҳолро гов хӯрд, акнун чӣ кор кунам?
-Дар оянда бохабар шав, гова назди ниҳол набанд.
-Хайр, ин гапҳоро худам ҳам медонам. Акнун худи ниҳолро чӣ кор кунам?
-Решааш бақувват бошад, ба гирдаш хор банд, нағз нигоҳубин кун, об дода ист, шояд аз нав сабз шавад.
-Дар чанд сол калон мешавад?
-Дар панҷ, даҳ, понздаҳ сол. Ин ба шароиту нигоҳубини ту вобаста.
-Амак, гав нею гӯсфанд мехӯрд, чӣ мешуд?
-Заҳри дандони гӯсфанд аз гов ҳам бадтар аст, хушк мешуд.
-Аз они буз боз ҳам бадтар будагист-а, амак?
-Ҳа, ба ниҳоле, ки даҳони мол расид, ҷувонимарг мешавад.
-Ҳар сол ниҳолро мол хӯрдан гирад, ман азоб кашида гардам? О ягон маслиҳати дурусттар диҳед?
-Маслиҳате, ки дигар мол нахӯрад?
-Албатта.
-Ин хел бошад, ниҳолҳои шинондаатро аз беху бунаш канда парто!

ШАХСИ МАШҲУР
Ту бисёр хондаӣ? Маълумотат оливу худат экнсиклопедияи зинда... Қанд зан! Вале дар хонадан рекорд гузошта бошӣ, ки ин қаҳрамонӣ не. Руст кардан чӣ ҳоҷат: бисёр хонда бошӣ, бисёр медонӣ. Вале бо дониш ҳеҷ кас дур нарафтааст. Донишмандону мутафаккирон дар нимроҳаҳо мурданд, хоку туроб шуданд.
Вай номзади илм аст? Бигзор дотсент, профессор бошад! Олим бошад ку бубинем, оё оби дарёро чаппа гардонда метавонад? Не! Тадқиқоту ихтироъҳои вай ба кӣ лозим! Барои чангу ғубор зер карда дар рафҳо хобидан? Ё барои еми мушҳо шудан? Онҳо амалӣ нашаванд, мисли абри беборон нестанд? Воҳима дораду натиҷа не...
Ӯ бою бадавлат? Одам давлату дунё дошта бошаду аз онҳо манфиате набошад, чӣ лозим? Аз ин хел боигарӣ чӣ фоида? Тамоми боигариҳояшро хӯрда натавонад, ё бо худаш ба гӯр набарад, ҳамааш гапҳои хушку холӣ нестанд? Кадом одами бой сутуни дунё шудааст!
Боз яке ҷаҳонгард? Ними дунёро гаштааст... Уф, сайёҳ. Миклухо-Маклай. Тасаввур кардем, ки мамлакате, ки ӯ надида бошад, намондааст. Вай донад ва шиносад ҳам, худи ӯро ҳеҷ кас намешиносад.
Вале ман... Ман, ин ман ҳастам! Ман аз ҳама олимтару донотару машҳуртарам. Чунки ҳабсхонае намондааст, ки ман дар он нахобида бошам.

ТӮҲФА
Уф-ф, ин қадар иду ҷашну зодрӯзҳо тез-тез меоянд. Аз тӯҳфахарӣ безор шудам.
Дар тӯли бисту панҷ соли хонадорӣ ман ба ӯ чиҳое набахшидам. Аввал аз сӯзану ресмон сар кардам. Баъд ҷорӯбу тахтаву тирак тӯҳфа кардам. Ғалберу элак, лаганҳои хамиршўриву ҷомашӯӣ, хокандозу оташков, чӯткаҳои либосу пойафзол, собуну хокаҳои либосшӯӣ... Дар ин кор таҷрибаам зиёд шуда, ба калонтараш гузаштам: табару теша ҳам харидаму белу каланд ҳам. Ханҷолаву панҷшоха ҳам бахшидам. Арраву рандаву анбӯру болғаҳо беҳисоб. Эҳ-ҳа, ҳоло тӯҳфаҳои маро дар як ҷо ғун кунад, ҳатман як анбор мешавад.
Ин хел тӯхфахариҳо ба дилам зад.
Пагоҳ соли нав. Хайр, аз ман чӣ меравад, ин дафъа як даста гулу якто торти олиҷаноб мехарам.
Худоё, акнун ин хел тӯҳфаҳоро дида, ҳамсарам шодимарг нашавад, шуд.

ДАР ИСТГОҲ
Дар ҳавои хунук яке ба дигаре гуфт:
-Дар ин ҳаво ҳаво алав нағз-дия.
-Ҳа, - посух дод ҳамроҳаш. - Ҳамроҳи алав палав бошад, боз нағзтар буд.
-Не, - гуфтугӯи онҳоро шунида, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд майзадае. - Аз ҳамаи онҳо дида, арақ нағз. Ҳа, арақро, ки задед, тасаввур мекунед, ки ҳам палав хӯрдаеду ҳам дар назди алав нишастаед.

ШИНОСИ НОШИНОС
-Шоҳмуродро мешиносӣ?
-Шоҳмурод... Шоҳмурод... Мӯйлабча?
-Ҳа.
-Хонааш дар лаби дарё?
-Ҳа.
-Дарвозааш калон. Оҳанину рангаш кабуд?
-Ҳа.
-Занаш танка барин. Фашшосзанон базӯр роҳ мегардад. Аз ҳайбаташ кучуку пишакҳо ба қафояшон нигоҳ накарда мегурезанд?
-Ҳа.
-Худаш мошини «Москвич»-и зарди шалақ дорад. Як рӯз ҳай кунад, як моҳ ремонт мекунад.
-Ҳа.
-Не, вайро намешиносам.
-Охир ҳамаашро аниқ гуфтию боз намешиносамат чӣ?!
-Ман ӯро ҳамчун одам намешиносам! Чунки ягон бор ба ман арақ гирифта надодааст.

ЛИБОСОВЕЗАК
-Э мехаш баромада, ба афтидани либосовезак як сол шуду шумо ду дақиқа вақт намеёбед, ки онро соз кунед. О шумо чӣ хел мардак? Ё дасту панҷаатон чунгак шудааст, ки аз ӯҳдааш намебароед?
-Қаду қомати базебат занад, занакҷон, ғам нахӯр, соз мекунам.
-Э монед-е! Ба шумо фақат гапу ваъда бошад. Бо ҳавои даҳан тамоми корҳоро буд мекунеду вале оби ишкаматонро намеҷунбонед.
-Гуфтам-ку, соз мекунам, қаду қомати базебат занад, занакҷон, гап тамом, вассалом!
-Соз мекунам, соз мекунам... Балоя соз мекунед шумо! Баъди сари ман соз кунед чию соз накунед чӣ?!..
Уф, боз ҳамон гап. Аҷаб дарди ҳаринае дорад ин ҳаштлаббонуи ман. Ба либосовезаке, ки се-чор чиз овехтан лозим бошад, сӣ-чил либос овезад, чӣ мешавад? Либосовезак либосовезак-ку, ба танаи чанори панҷсадсола ҳам аз ҳад зиёд вазн афтад, мешиканад! Худоё, худаш вайрон мекунаду мани сарсахт ба бало мемонам. Ана баъд ғут-ғуту ғут-ғут...
Бинад, мегӯяд, ба ёдаш ояд, ҷанҷол мебардорад, аз хаёл гузаронад, нолаю фарёд мекунад. Ба худо, ки аз миллион маротиба зиёдтар ин гапу калочаашро ҳамчу тутӣ такрор кардааст.
Ғут-ғути ҳамсарам ба дилам заду як рӯз либосовезакро соз кардам. Муттаҳам, як даҳан «раҳмат» нагуфт, ки соз кардӣ.
Баъди ин хел беҳурматӣ боз чӣ хел дасту дилатон ба кор меравад?!

КАЛЛАВАРАМ
-Рав, писарам. табари ҳамсояро биёр.
-Чӣ кор мекунед, дада?
-Корат набошад. Биёру баъди ду соат боз бурда деҳ.
-Дина ҳам ҳамин хел гуфтед. Пагоҳӣ овардаму бегоҳӣ бурда додам.
-Ҳамаи инҳо, писарам, барои ба боварии ҳамсоя даромадан аст.
-Ба боварии ҳамсоя дароед, сонӣ чӣ мешавад?
-Сонӣ, нағз мешавад-дия, писарам. Дафъаи сеюм табарашонро мебиёрему бурда намедиҳем. Ба мо, ки бовар карданд, гумон мекунанд, ки табарашонро бурда додем. Дар байн мо муфт соҳиби табар мешавем, э каллаварам!

НУҚТА
Вай пагоҳии барвақт ҳамчун аломати савол дарахту деворҳоро дошта, ба кӯча баромад.
Рангаш паридаву дасту пояш ҳамчун барги бед меларзид. Ба ҳоли ӯ сагҳо гиря мекарданд.
Ба майхона даромаду ба рӯяш ранг дамид.
Баъди ду-се қадах ҷон гирифта, ҷасуру бақувват шуд.
Пас аз шишаи якум қоматаш ҳамчун аломати хитоб рост гардид.
Пулаш, ки тамом шуд, аз майхона баромад. Акнун на аломати савол буду на аломати хитоб.
Роҳи хонаашонро пеш гирифт ва ғалтону хезон ҳамчун нуқта аз назар нопадид гашт...

ЗАНИ ДИГАР
Зани бидирросие ба табиби рӯҳшинос шикоят кард.
-Аҳволи шавҳарам бад. Фишори хунашон баланд, мазаи дилашон не, шабҳо хобашон намебарад, иштиҳояшон нест, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
-Ба шумо ягон маслиҳат дода наметавонам. Агар худашон меомаданад, он вақт гапи дигар буд.
Зан шавҳарашро овард.
-Ба ман чӣ маслиҳат доданӣ будед, духтур? - пурсид шавҳар.
-Ҳеҷ чиз не, - гуфт духтур ва боварӣ ҳосил кард, ки зани ӯ нест, илова намуд. -Агар зани дигар гиред, аз тамоми касалиҳо халос мешудед.

ИЛТИМОСЧА
Акаҷон, ман медонам, ки дасти шумо дароз. Шиносу ошноҳоятон чунон бисёр, ки баъзеашонро ҳатто худатон намешиносед. Нағзӣ кардан савоб мегӯянд. Рӯҳу арвоҳи падару модаратон шод мешавад. Ба ман сарпаноҳ даркор, якта мӯйлабатонро чунбонда монед. Барои як сари қоқам катаки мурғ барин ҷой бошад ҳам, мешавад. Ҳатто ба иҷорашинӣ ман розӣ, акаҷон. Агар соҳибаш беваи бебачаи танҳо бошад, боз нағзтар. Муҷаррадӣ душвор-дия, акаҷон. Як чумча дами гармашро дареғ надорад, албатта, барака меёбад.
Ба чирку чарм ғӯтида гаштани ман барин як додархондатон ба шаъни шумо намезебад. Дар пасоби ҷомашўиаш сару либоси маро ҳам обгардон карда партояд, албатта, ганда намешавад. Дуои тану ҷонашро мекунам. Ҳа, дуои мо барин одамони бекасу кӯ ҳамеша мустаҷоб мегардад.
Хайр, агар ҳимматаш ҷӯш зада, гоҳ-гоҳ пойафзол ё сару либос харида диҳад, ман муқобил не. Мабодо ман ношукрӣ карда, ба қадри некиҳои он бевазан нарасам, худои меҳрубон ҳатман ин гуна амалҳои хайрашро ба назари эътибор мегирад. Дунёи гирдгардон-дия! Вай ба ман кунад, худо ба вай...
Ҳа, акаҷон, бо сари хам анна бо ҳамин хел бо як илтимосча омадам. Агар рафту ҳамин хел як бевазан ёбед, майлаш сарпаноҳаш ҳам даркор не. Хӯрондаву пӯшонда, ятимчаҳо барин ба ман нигоҳубин кунад, шабро дар куҷое, ки набошад, як бало карда рӯз мекунам...

МАИШАТ
Шахсе ба дидорбинии дӯсти рӯзноманигораш омад. Дӯсташ, ки ба хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ рафта буд, то омаданаш интизор шуд.
-Ба хӯрокхӯрӣ рафта будаед-дия, - баъди омадани дӯсташ пурсид ӯ. - Хӯш, маишат зӯр шуд?
-Ҳа, имрӯз ҳам маишат дирӯза барин зӯр шуд.
-Хайр, дина чӣ хӯрда будед?
-Аз бепулӣ дирӯз ҳам, имрӯза барин ҳеҷ чиз нахӯрдем.

ЛАҲЗАҲОИ НОТАКРОР
Мард аз хоб хеста, ба рӯи ҳавлӣ баромад.
Субҳи содиқ медамид. Шоҳи зарринтоҷи ховар ба тахти худ менишаст. Шафақи арғувонӣ зебову дилрабо - аз он чашм кандан душвор.
Паррандаҳои саҳархез бедор мешаванд. Ҳама ҷо сабзу хуррам, ҳама ҷо дилкашу назаррабо. Бӯи хуши гулҳо ба димоғ зада, одамро масту махмур месозад. Синаро пур карда - пур карда, нафас кашидан ба кас ҷаҳон - ҷаҳон ҳаловат мебахшад.
Кас аз ин хел субҳи навбаҳор, ҳаёти хуш, табиати зебо рақсидан, бозидан, суруд хондан мехоҳад. Мард орзу мекунад, ки ин хел лаҳзаҳои хуши зиндагӣ дурудароз, ҷовидон бошад. Вале... Ҳамаи ин муваққатист. Зеро баъде, ки ҳамсараш аз хоб бедор шуд, ҳамааш барбод меравад.

ХУШБАХТҲО
Баъди каме гӯш кардани гулӯдарониву хархашаи ду зане, ки ҳатто аз шуниданаш мардҳо шарм медоштанд, мӯйсафеде гуфт:
-Бадбахт будаанд-дия.
-Кӣ? - ҳеҷ чизро нафаҳмида пурсид ҷавони ҳампаҳлӯяш.
-Кӣ мешуд, шавҳарҳои ҳамин занҳо.
-Шумо чиҳо мегӯед, бобо?! - ҳолдонона хандид ҷавон. - Шавҳарҳояшон кайҳо инҳоро партофта рафтаанд.
-Э, ҳоло ҳамин хел? - мад кашид мӯйсафед. - Ин тавр бошад, хушбахт будаанд онҳо!

ГӮР МЕКАРДЕМ
Пиразан ҳамеша қадри худро баланд мебардошт. Барои ҳамин ҳаққу ҳамсояҳо ё келину духтаронашро ба бедасту панҷагӣ ва ноӯҳдабароӣ муттаҳам мекард. Ҳатто тарсонданӣ шуда, дар байни ду гап мегуфт:
-Э агар ман мурам, шумоён чӣ кор мекардед?
Рӯзе ӯ аз ӯгробурии келини наваш ба танг омада, таънаомез гуфт:
-Э ҳамин ӯгробурӣ ҳам аз дастатон намеояд-е?! Ман мурам, шумо чӣ кор мекардед, келин?
-Ҳаминро ҳам намедонед, бимуллоҷон?! - хандон ширинзабонӣ кард келини ҷавон. -Муред, бурда гӯр мекардем-дия!

АҶАЛИ ОДАМ
-Шумо ин қадар бисёр менӯшед?!
-Нанӯшам, нашавад, дигар чӣ кор кунам?
-Илтимос нанӯшед. Охир арақ аҷали одам, агар нӯшонӯшро бас накунед, аз умратон пештар мемиред.
-Барои ҳамин ҳам, то мурдан нӯшидан даркор.
-Чаро?
-Охир баъди мурдан ҳеҷ кас ба мо дар он дунё арақ намедиҳад!

ХОНАИ ДУЮМ
-Эҳ-ҳе, мулло Занҷирбек, мо шунидем, ки шумо дар ҷои кор хоб мекардед. Инро чӣ хел фаҳмем-а?
-О Калон Калонович, худатон мегӯед, ки корхона хонаи дуюми мо аст. Ҳамту?
-Ҳамту Занҷирбек.
-Агар корхона хонаи дуюми мо бошад, одам дар хонаи худаш хоб накарда, дар куҷо хоб кунад?!

ДИРЕКТОР
-Бо миёнаравии хешу табор мактабро бо азобе тамом кардӣ?
-Тамом кардам.
-Ёру ошноҳои тағои мансабдорат восита шуда, бо малах ба мактаби олӣ даромадӣ?
-Даромадам.
-Вақти хондан ҳар як имтиҳон сари як буз ё гӯсфанди дадаатро хӯрд?
-Хӯрд.
-Аз санҷишҳо нагузашта, пулашро додӣ?
-Додам.
-Хулоса, дипломро харида гирифтӣ. Акнун гӯй, ки ту чӣ хел мутахассиси маълуомоти олидорӣ шудӣ? Аз дастат чӣ кор меояд? Аз ту дигарон чӣ меомӯзанд? Бо ин гуна донишу маълумот кӣ шудан мехоҳӣ?
-Директор.
-А?
-Ҳа, шумо аз ин тарафаш парво накунед. Вазифаи директориро харида мегирам. Барои роҳбар илму дониш даркор не, фармонфармоӣ карда тавонад, бас. Корро ҷонишинҳо пеш бурадан мегирад.

«МОШИНИ»- НАВ
-Муаллим, мошини нав муборак. Насиб кунад, ҳай зебидааст, ки... Наваш боз нағз-дия!
-Раҳмат. Дабдалаи мошини кӯҳна баромада буд. Вай маро не, ман вайро кашола карда мегаштам.
-Даҳ-дувоздаҳ сол хизмат кард-а?
-Саҳл зиёдтар. Ҳар моҳ аз ремонт кардан ягон ҷои соғаш намонд. Ҷони маро ҳам хӯрд вай пулхӯрак.
-Шумо одами хондагиву доно-дия, муаллим. Дар молшиносӣ ҳам усто. Инаш, хориҷии зӯр будааст, албатта хуб хизмат мекунад.
-Ҳа, ин мошини ҳамаҷогарди мо бояд дар чор фасли сол мурда-мурда хизмат карданаш даркор! Накунаду рўзаша бинад!!
Инро гуфта, муаллими кӯҳансол бо мамнуният ба пойафзоли наваш чашм дӯхта монд.

МАНСАБИ ЗӮР
-Зиндагӣ чӣ хел?
-Нағз!
-Корҳо?
-Аз вай ҳам зӯртар!
-Аз афт, ягон кори равғанин ёфтед?
-Каттагию қадамзаниямро дар ин гулгашти зебо намебинӣ?! Бо ду калима лӯнда карда гӯям, директори ҳавои тоза.
-Эҳ-ҳе, дар ҳақиқат зӯр-ку. Мабодо ба шумо ҷонишин даркор не?
-Не.
-О чаро?! Мо ягон хел молу матое истеҳсол накунем, ба ман моҳона надиҳед, аз бало иҷрои плану супоришҳоро талаб накунанд, аз шумо чӣ меравад?
-Ба мансаби ман чашм ало мекунӣ!

МАҚСАД АЗ ТАБОБАТ
-Шефат муфташа ёбад, бисёр мехӯрду менӯшид. Касал шуда, ба табобат рафтааст мегӯянд, ҳамин гап рост аст?
-Рост.
-Хайр, сиҳат шуда ояд, нӯшиданро мепартояд?
-Балоя! То ҳол аз касалӣ бисёр нӯшида наметавонист. Мақсадаш, сиҳат шуда ояд, боз бисёртар нӯшидан аст!

АРАҚ ҲАҚОРАТ ДОД
-Дина маст шуда ҷӯраи маро ҳақорат додед.
-Ҳақорати дирӯза дина буд, вай ҳисоб не.
-Дирӯза ё имрӯза чӣ фарқ дорад? Аз дусар одамро хафа кардед.
-Дина ман маст будам. Ҷӯраи туро ман не, арақ ҳақорат додагӣ. Аз ин хафа нашаву маро дуруст фаҳм.
-Ман дуруст мефаҳмаму вале як касро ранҷондан, дилашро монондан нағз не...
-Э мазгия туруш накун! Хумораш гирифта бе шақ-шақи ту ҳам сарам кафам мегӯяд. Табъу тоби ҳақоратшунавӣ надошта бошад, ҷӯраат номаъқул карда ба ман арақ гирифта медиҳад?!

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
Писарак хоҳад ба дарсҳо меомаду нахоҳад - не. Хонданаш базӯраки буду дар прогулу дарсгурезӣ рекордчии мактаб. Боз кадом вақте, ки ҷавоб пурсад, роҳбари синф не намегуфт.
Имрӯз ҳам ҳамин хел шуд. Вай дар вақти дарс якбора аз ҷой хеста гуфт:
-Муаллим, вақт шуд, ман равам.
-Хайр, рав, - ҷавоб дод муаллим. -Фақат иҷрои вазифаи хонагӣ аз ёдат набарояд.
-Хуб шудааст, муаллим.
Ҳамаи ҳамсинфон ба ӯ бо ҳавас нигаристанд, ки ҷонаш муфт аз дарс халос шуд.
Ҳампартааш пеш аз хеста рафтани ӯ оҳиста пурсид.
-Вақти чӣ шуд?
-Вақти гӯсфандпоӣ.
-Э аҷоиб-ку. Барои ҳамин ҳам муаллим туро ҷавоб доданд?
-Ҳа, о бузу гӯсфандҳои муаллимро ҳам ман мепоям-дия. Вазифаи ман ҳамин.

ХИЗМАТГОРИ ҲАМА
-Эҳ-ҳе, ин қадар камнамо шуда рафтед? Пештар кор мекардеду кор баҳона буд. Ҳозир шумо нафақахӯр-ку?
-Ҳозир боз саркортар шудаам.
-И-е боз чӣ кор?
-Ҳар хел.
-Наход?
-Ҳа, одам, ки ба нафақа баромад, хизматгори ҳама мешавад.

НИМТА
-Ҳа, ба куҷо?
-Рӯз пешин шуд-ку, ба ошхона.
-Аз пушт нимта гирифта равам?
-Кошки ҳамин хел мекардӣ.
-Набошад, пулаша те.
-А?... Э ман ҳамту як гуфтам-дия. Арақ-парақ даркор не.
-Э аҳмақ, арақ даркор набошад, чаро аз пушт биёр гуфта, одамро гаранг мекунӣ?!

ЧАШМИ ДИГАРОН ТАРСАД
-Э ака, барои чӣ маро беҳуда мезанед?
-Чашми дигарон тарсад.
-Ин хел бошад, ҳо ана вай бачаро ҳам занед?
-Э каллаварам! Агар ман вайро занам, вай ҳам маро мезанад-дия!


ШУМО ҲАМ НЎШЕД
-Ака, синну солатон рафта истодааст. Дигар аз ин филу уштур барин калон намешавед. Акнун шумо ҳам ба қатори одамҳо дароед, илтимос...
-Ман одам набуда кӣ будам? Чӣ хел ба қатори одамҳо даромадан мумкин?
-Э ман гуфтанӣ, ки шумо ҳам нӯшед!
-Нӯшам, ман одам?
-Ҳа.
-Агар нанӯшам, ман одам не?
-Нанӯшед, ба шумо скидка, арақ гирифта диҳед ҳам, ба қатори одамҳо медароед.

ДОРУ
-Ака ин чой не, дору. Бо ҳафт хел гиёҳ дам кардам. Дар роҳи пешоб, гурдаву ҷигаратон сангу регу қум бошад, мерезонад.
-Зӯр будааст-ку, лекин ҷои арақро мегирад?
-Не. Арақ заҳр аст, одамро мекушад. Ин дору.
-Ин хел бошад, монед, ҳамон сангҳо калону регу қумҳо зиёд гарданд, соли оянда ба иморатсозӣ даркор мешавад.

КОРИ АНИҚ
-Ин чӣ номаъқулӣ-а? Аз пагоҳии барвақт ту аллакай маст?
-Э амак, маро беҳуда ҷанг накунед, ин пагоҳ мурда барин хобам бурда мондааст. Набошад, боз барвақттар сар мекардам.
-Охир ту бача не, як одам каппа-калон, зану бача дорӣ, наход ягон кору бори аниқе надошта бошӣ?
-Дорам.
-Чӣ кор?
-Нӯшидан-дия,амак.

ХУЛОСА
-Э ака, дар ҳушёриатон мошинро чунон тез ҳай кардед, ки ман раҳораҳ лоҳавло гуфта рафтам.
-Ҳушёр будам-дия, бовариам ба худам калон буд... Баъди дар тӯйхона нӯшидан чӣ?
-Орому нағз омадед... Ҳатто ба қоидаҳо риоя карда, ба ҳар як аломати роҳ эътибор додед.
-Ин аз тарси мастӣ-дия. Хӯш, акнун ба кадом хулоса омадӣ?
-Хулоса ҳамин, ки умуман бемошин гардед, хотири ман ҷамъ, ки шумо умри дарозе мебинед!



ИН ТАБИӢ
То саршавии маърака хешу ҳамсояҳо дар курсиҳои ду тарафи дарвозахона нишаста, чойнӯшон сӯҳбат мекарданд. Фарши дарвозахона ба сангҳои рангорангу гуногунҳаҷм пӯшонда карда шуда буд.
-Сангҳоро нағз тарошидаву суфта накарда будаед-дия, - ба замин нигариста гуфт яке.
-Ҳа, - бо дили нохоҳам ҷавоб дод соҳиби маърака.
-Боз ин сангҳои чиндаатон гуногуншаклу ҳарранга будааст, - илова кард дигаре.
-Ин табиӣ! - боз бепарвоёна ҷавоб дод соҳиби хона.
-Ба сангфарш кардан кардеду ақаллан замини зерашро дуруст тахт накарда, будаед-дия, - эрод гирифт боз яке, - сангҳо яке баланду дигаре паст.
-Ин хел шуданаш пешакӣ ба худам ҳам маълум буд, - боз бо гардани хор - хорон бепарво ҷавоб дод соҳиби хона.
-Сементаш ҳам кам будааст-дия, аллакай баъзе сангҳо фурӯ рафта бошанд, як қисмашон аз ҷояшон хеста истодаанд. Дар ин хел корҳо хасиси кардан даркор не, набошад, якатон сад шуда мебарояд.
-Худаш ҳамин хел шуданаш даркор буд.
-Чаро? - аз ин хел ҷавобҳои бепарвоёнаи соҳибхона ба ҳайрат афтода пурсиданд чанд нафар.
-Э масолеҳаш муфту дуздӣ бошаду усто бепул кор кунад, аз ин зиёд боз чӣ хел шавад?!

ТАЛАБИ МУХЛИСОН
Тӯй метафсид. Мардуми сархуш яке яке аз паи дигаре баромада, аз ҳофиз хондани ин ё он сурудро талаб мекарданд. Илтимоси якеро қонеъ нагардонда, дигаре мебаромад. Ҳофиз ба танг ояд, ки дандон ба дандон монда тоқат мекард. Ҳамин вақт боз яке ба сӯяш омад. Пеш аз чизе гуфтан ба киссааш пул халонд. Ҳофиз пулро дида, даст пеши бар гирифт ва тамаллуқомез пурсид:
-Мо ҳамеша ба хизмат тайёр, акаҷон. Гӯед, кадом сурудро хонам?
Мард даҳонашро ба гӯши ҳофиз наздик бурда гуфт:
-Кадом сурудеро хонед, ихтиёратон, фақат баъди хеста рафтани мо. Талаби мо ҳозир пула, ки гирифтед, 10-15 дақиқа ҷоғатонро баста шинеду мо бемалол оша хӯрем. Баъди рафтани мо ҳар чӣ қадар хоҳед, гулӯ дарондан гиред!

ИЛОҶАШ ОСОН
-Канӣ, гиред!
-Раҳмат, ака, ман бо мошин.
-Ҳисоби мошина меёбем. Шумо нотарсона гирифтан гиред.
-Чӣ хел?
-Шумо ғами ин тарафаша нахӯред. Гиред... Ана ин гапи дигар!.. Ака, марҳамат, дастам дард кард.
-О ин кас нӯшанд, он кас нӯшанд, ман нӯшам, мошина кӣ ҳай карда меравад?
-Шумо гиред, ман ҳастам, аз мошин парво накунед. Ҳоло дасти мана ҳеҷ кас нагардондааст. Ман соқӣ бошам, подшоҳи олам бошад, ки аз дасти ман гирифта менӯшад.
-Э намондед-дия. Хайр, якта мегирам, бас.
-Ҳамин яктеша гиред, он тарафашонро боз мебинем... Марҳамат, хешамон ин барои шумо. Ба тану тӯшатон лоиқу мувофиқ карда рехтам.
-Соқибобо як илтимос: инҳо нӯшанду ман нанӯшам. Байни мурдаҳо як зинда ҳам даркор. Инҳоро як-як ба хонаҳояшон бурда, ба дасти занҳояшон насупорам, дабдалаи кор мебарояд. Агар ман ҳам нӯшаму дар ҳолати мастӣ ба даст афтам, праваро мегиранд...
-Аз права хотиратон ҷамъ бошад. Ман ҳисобаша меёбам. Аз пеши милитсия чӣ, аз болои пули сирот ҳам, бемалол гузашта меравед. Шумо арақа гирифтанатонро донед. Гиред-е, бо нозу нуз аз шири модаратон ҳам ҳалол шуд. Ҳа, дастам аз оҳан не, дард кард-е...
Соқӣ ҳамин тавр ба дасти ҳама арақ дод. Бо гапу ҷӯгиӣ нӯшонд ва маст кард.
Вақти хестан меҳмонон имдодомезона ба соқӣ чашм дӯхта пурсиданд:
-Хӯш, ака, акнун илоҷаша гӯед?
-Илоҷаш осон. Яъне, бензин тамом шудаасту ҳамакаса мошина тела дода меравед. Аз болои роҳ кормандони ГАИ бароянд, ки лому мим нагуфта, ба шумо ёрӣ мерасонад. Агар ҳамин хел нашавад, ба рӯям туф кунед!


КУЛӮХ
Вай ҳангоми мактабхонӣ як бачаи хурду назарногир буд. Оби бинияш доимо як ваҷаб овезон. Дамдузди таги таппак барин хапу дам мегашт. Гӯё гунги модарзод бошад, аз санг садо барояд, ки аз ӯ не. Кулӯх буд. Баъзан ӯро хаппак карда, хориши дасту пойҳоямро мебаровардам.
Гардиши ин дунёи бӯқаламунро бинед-е!
Хаппаку дамдуздиву гунгалакияш беҳуда набудааст. Оби зеризаминӣ барин аввал хуб ҷим гашт-гашту баъд гӯед, ки ҳамчун чашма якбора фаввора зада баромад. Худо дода будааст мегӯянд, ки ин гап мутлақо дурӯғ аст. Ҳамааш сабаби шаттаву шаллақҳои ман буд, ки шоир шуд. Яке аз паи дигаре китобҳояш чоп шуда, овозааш дар ҳафт иқлим паҳн гашт. Акнун ӯро ба маҷлису ҷамъомадҳои бонуфуз ҷеғ мезананд, аз тариқи радиову телвизор баромадҳояшро нишон медиҳанд, тақдимоти китобҳояшро мегузаронананд, гулу гулдастаҳо мебахшанд...
Э мардуми мо нодон-дия. Охир ҳамаи иззату обрӯи ин шаъну шӯҳрати ман аст! Бояд ҳама маро таъриф кунанд, ба зиёфатҳо ҷеғ зананд, гулдастаҳо бахшанд. Ҳа, агар ман ӯро дар бачагияш чунин тарбия намекардам, аз кадом гӯру бало вай шоир мешуд?! Аҷаб мардуми нодон-е!

ТАҲПУРСӢ
Тағои духтар ҳамчун ҷоҳсуси ботаҷриба бо домодшаванда дар як гӯшаи хилвати боғи шаҳр вохӯрда, гапро аз дур сар сар кард:
-Хӯш, саломатиҳо чӣ хел?
-Нағз, ака.
-Биёед, аз давлати шумо як дуд карда, ғаму андӯҳро дур кунем.
-Ман сигор намекашам. Тамоку ба саломатии одам зарар дорад.
-Нос чӣ?
-Нос ҳам не.
-Ақаллан арақ нӯшед, даркор. Арақ мушкилкушои бисёр корҳо...
-Не, ман арақ ҳам наменӯшам. Арақ ақли касро бегонаю худашро девона мекунад.
-Аҷиб... Бо дурӯғгӯи усто барин-а?
-Не-е, дурӯғгӯ - душмани худо, ака.
-Ба фиребу найранг чӣ? Бе фанду фиреб ҳозир рӯзи одам намегузарад.
-Не!
-Ақаллан як чиз ним чизро нопурсиш гирифта ба хона мекашонед?
-Дуздӣ?! Шумо чиҳо гуфта истодаед, ака? Ин кор ҷиноят-ку! Худо ба одам аз ҳалолаш диҳад.
Тарбузи тағои духтар аз бағалаш афтида, ғазабаш ҷӯшид. Одоби муоширатро фаромӯш карда, ба сари ҷавон дод зад:
-Ҳӯ бача ту носу сигор накашӣ, арақ нанӯшӣ, дурӯғ нагӯӣ, фиреб надиҳӣ, дар ду дунё ҳам корат пеш намеравад, ҳаминро медонӣ ё не?! Ҳӯ аҳмақи хомкалла, охир одам дуздӣ накунад, баъди хонадор шудан зану бачаҳояшро чӣ хел мепояд? Ман мурам, мемурам, ки ба хору зор шудани ҷиянам роҳ намедиҳам. Хез гум шав-е, ту барин домод ба мо даркор не!

ҚОИЛ МАН
-Э қоил ман-е! Ҷонат аз оҳан буд, ки бо ҳамон Султони найранг 7 сол кор кардӣ?
-Ҳа, дигар илоҷе надоштам-дия.
-Охир вай афиристи дараҷаи олӣ! Ба савобу убол кордор не. Исту бисташ фиреб, найранг, дурӯғу ваъда, хулоса, худозадаю гӯрсӯхта буданашро медонистӣ?
-Медонистам.
-Агар миллион - миллион ба дигарон зарар шавад, ки ба худаш як тин фоида расад, аввал манфаати худашро мебинад.
-Дуруст, ака.
-Вай, гӯрсӯхта, аз ҷӯгизанҳо ҳам хира. Пулро бинад, очаашро мефурӯшад-а?!
-Дуруст.
-Бисёриҳоро бо ваъдаҳои болохонадор сеҳру ҷоду карда, хар барин кор фармуда, баъд бо тӯҳмату бӯҳтони дуздӣ ё ба занаш чашм ало кардан муттаҳам сохтаву шарманда карда, аз кор пеш кардааст.
-Ин хел корҳояшро ман борҳо бо чашмонам дидаам.
-Аксарият барои ҳаннотиву фиребгариаш аз ӯ ҳазар мекунанд. Ҳатто барои даст дода вохӯрдӣ кардан ор менамоянду ту бо ӯ забон ёфта, кор кардӣ-а?
-Маҷбур будам-дия, ака.
-Ҳайфи умраки азизат-е! Худат ҳам бутун нодону пӯк будаӣ-дия.
-Он қадар ҳам не, ака. Ман хуб азоб кашида бошам, фиреб хӯрда бошам, хар барин бепул кор карда бошам, ки умрамро беҳуда нагузаронидаам.
-Наход?
-Ҳа, ака. Ман дар давоми ин солҳо аз ӯ кор ёд гирифтам, таҷриба омӯхтам. Баъде, ки дар фиребу найранг аз ӯ зӯртар шудам, корро бас кардам. Ҳоло ман сардору Султони найранг хизматгори ман шудааст.

КОРАТ САРАТРО ХӮРАД
-Ҳӯ сағира, худаш чӣ гап? Хоҳӣ, ба кор меоӣ, нахоҳи не кори давлат ба ту маймунбозӣ аст?
-О ман...
-Миёни гапамро набур, беадаб! Субурдинатсияро ҳам намедонҳӣ Вақте, ки калон гап мезанад, хурд бояд моҳӣ барин ҷим шинад, гӯшашро наҷунбонда шуниданаш даркор.
-Хайр...
-Медонӣ, ҳӯ каллаварами коргурез, дар осмон худо, дар мамлакат президент хӯҷаин бошанд, дар ин корхона - ман!
-Як умр хӯҷаин набудагистед-ку...
-Хап ист-е, аҳмақ! Ҳоло дар ин вазифа роҳбар ман. Бо ҳарду гӯшат шунида гир, ки пушту паноҳам зӯру решаҳоям бақувват. Замин ҷунбад, ки ман намеҷунбам.
-Хуб.
-Тартибу интизоми кор барои ҳама як: дар вақташ ба кор меоӣ, как паложна ҳашт-даҳ соат вазифаатро иҷро мекунӣ, баъд, вақти корӣ, ки тамом шуд, ана баъд чор тарафат қибла. Лекин рӯзҳои корӣ, ҳӯ муттаҳам, дар корхона ман мур гӯям, мемурию зӣ гӯям - мезиӣ. Яъне, ман чӣ хел нағора навозам, ҳамон хел мерақсӣ. Фаҳмидӣ?
-Фаҳмидам...
-Нафаҳмида ҳам бин, лингатро аз осмон мебиёрам-а?
-Раҳмат, ака. Гапатон тамом шуд?
-Акнун тамом шуд.
-Медонам, ки шумо калон. Ин ягон ҷои шакку шубҳа надорад. Лекин зердасти шумо барои аз кор рафтан ариза нависад, аз ҷон хуштар ба тагаш имзо мемонед?
-Мемонам. Хас каму ҷаҳон пок!
-Баъд ҳамон коргарро ҳақорат додаву таҳқир карда, кор фармуда метавонед?
-Не.
-Ин хел бошад, баъди аз кор озод шудан ту барои ӯ худо не, як одами қаторӣ, кучуки қади кӯча ҳастӣ. Э корат сарата хӯрад, ҷоғата банд-е, очағар!

НӮШБОД
Арақ, рафиқо, дар даруни шиша ҷим мешинад. Ҳатто арӯсҳои нозанин барин хушрӯву зебо менамояд. Ҳусну ҷамоли ӯро тамошо карда, одам қурбонакаш шудан мехоҳад. Вале ба даруни шикам дарояд, илоҳо заводакаш сӯзад, ба шайтони бекафшу маҳсӣ табдил меёбад. Яъне ҳазрати одамро аз ақлу хирад бегона сохта, ба маймунбозӣ меандозад.
Агар ман гӯям, ки сарчашмаи тамоми касофатҳо арақ аст, рафиқо, лому лим нагуфта, бовар кунед. Ҳа, исботи ин суханонам лак андар лак аст. Масалан, як кас дар кӯча нӯшида масту аласт, ба хонааш равад, чӣ сар мешавад? Э бале! Ҷанги бузурги оилавӣ! Косаву табақҳо чинга-чинга шуда, дару тирезаҳо мешикананд, доду фиғони аҳли оила ба фалак мепечад. Вай хона хона не, мотамхона мешавад. Ҷуфтҳои аҳлу тифоқ аз якдигар ҷудо шуда, бачаҳояшон ятим мемонанд.
Ду кас, рафиқо, барои дӯстию саломатӣ нӯшида, саҳл гапашон гурезад, чӣ? Э саломат бошед! Дуруст, бо якдигар даст ба гиребон мешаванд. Ҳақорату дашном, ҷанҷолу хархаша, занозаниву кӯбокӯбӣ, ҳатто кордкашӣ мекунанд. Барои дӯстию саломатии якдигар нӯшида бошанд, ки онҳо душманони ашаддӣ мешаванд. Баъди занозану кўбакўб барои сиҳатёбӣ моҳҳо дар беморхона мехобанд. Бисёр нӯшанд чӣ? Э қандобчетона занед! Бисёр нӯшанд, касофаташ ҳам зиёд мешавад, сарашонро аз пояшон фарқ карда наметавонанд, ҷинии таппа-тайёр мешаванд. Ҷинӣ, ки шуданд, ягон ҷоро оташ мезананд, ба зани ягонтоаш чашм ало карда, ба хонааш медароянд, дуздию ғоратгарӣ мекунанд, худашон медонанду худо. Ҳатто мошини кӯча ба назарашон пашша барин тофта, онро бо як мушт пачоқ кардани шуда, ба таги чархаш чӣ хел афтода монданашонро нафаҳмида медонанд. Яъне, рафиқо, ҳамаи ин касофату разолати бадбахтиҳо аз арақи рангсафеди дилсиёҳ ибтидо мегирад.
Гапро хулоса карда гӯям, рафиқо, ба бадбахтию хонавайроншавии мардум, ки арақи лаънати сабагор бошад, ман ҳақ дорам, ки вайро душмани халқ эълон кунам. Вазифаи мо, рафиқо, ҳозир бо душмани халқ муборизаи беамон бурдан аст. Бинобар ҳамин, рафиқо, ман як таклиф дорам: биёед ҳамин душмани халқ, ки даруни шиша шинак гирифта нишастааст, зудтар нӯшида несту нобуд кунему шишаашро ҳамчун мурдаи беҷон бароварда, ба даруни ахлотқуттӣ партоем!

ГӮСФАНД
Э ин ҷувонмарги писари миёнаамон ба кӣ рафтааст, ман худам намедонам. Акааш ин хел не. Акааш айнан худам барин гург! Ба куҷое наравад, чӣ коре накунад, чизеро набинад, насибаашро канда мегирад. Хоббеш кашон-кашон. Шабу рӯз мӯрча барин ба хона кашондагияш кашондагӣ. Бало аст вай шайтони бекафшу маҳсӣ! Қандаша хӯрад фоидаи худашро нағз медонад, шаҳбоз. Агар аз ягон ҷо арзан барин бӯи фоида ба бинияш расад, ба ҳамон ҷо аспи кӯпкарӣ барин чорхез мезанад. Нафъе дошта бошад, мехро фурӯ мебарад. Ҳатто ҷӯгӣ ё лӯлизанҳо ба ӯ наздикӣ намекунанд, ки ягон чизашонро аз даст надиҳанд. Ба вай рӯи заминро обу осмонро бод борад, ки ишкамаш серу кисааш пур шавад, шуд, ба дигараш парвое надорад. Султони судхӯру фоидабинҳо. Аз вай дилам пур. Рӯзи сиёҳ ба сараш афтад, ки ҳисобашро меёбад, дар даруни оташ намесӯзаду аз осиёби гардон зинда мебарояд.
Укааш ҳам, аз вай писари миёнаи нашуданам, беҳтар. Қадаш як ваҷаб бошад, ки забонаш чарх доштаги барин тез. Ба лабу лахчааш гап нест. Пири гапдонҳои мардуми рӯи олам! Яроқи зӯру ҳамешаҳозираш забони ширинаш. Бо гапи нағз ҳамаро моту қот карда, пулашонро аз сӯрохи биниҳояшон кашида мегирад. Аз ҳоло ба дурӯғ гуфтан, фиреб додан, ҳиллаву найрангро ба кор бурдан усто. Гоҳо бо росту дурӯғ мардуми як маҳаллаи калонро ба замин шинонда, ба по мехезонад. Ончунон гапи дурӯғро рост карда мегӯяд, ки баъзан худи ман ҳам гиребонамро дошта, ба сари синаам туф-туф карда мемонам. Ҳамин хел рафтан гирад, иншооллоҳ, ояндааш дурахшон аст!
Духтарчаамон - хоҳаракаш ҳам аноӣ не. Як худаш, ҷинқарча, ба даҳҳо писарбачаҳо баробар меояд. Велосипед ҳам меронаду футбол ҳам мезанад. Дар мактаб майда-чуйда фурӯхта бизнес мекунад. Баъди дарс ба мошиначӣ шогирд. Шогирд бошад, ки даромадаш аз устодаш мӯлтар. Ҳунара надонад, ки дилёбиро медонад. Дили ҳар касеро, ки ёфта тавонад, албатта, бораш дар замин намемонад.
Вале вай сакалту... Гӯсфандро ҳам ҳаром мекунад-е! Ҳамсоя қарз пурсида ояд, бо ду дасти адаб бароварда додааст. Э аҳмақ, э нодон, эъ падарлаънати гав, доданро не, гирифтанро ёд гир охир!.. Касе чӣ коре фармояд, не нагуфта, хар барин мекунад. Хизматгори бепули таги дари мардум вай ландаҳур. Дили софу виҷдони поку кори савоб ҳозир ба кӣ лозим?! Одам хоҳад, ки шоҳона зиндагӣ кунад, дар ҳаёт рӯбоҳ шудан, шер шудан, аждаҳою наҳанг шуданаш даркор! Бо кадом роҳе набошад, пул ёбаду дарнамонад. Аз гуфтани ин хел гапҳо, насиҳат карданҳо девона мешавам кадом рӯз. Оқ карданам меояду боз астағфириллоҳ мегӯям. Ҳаромӣ барин як худаш дар байни мо чумчуқи сафед барин фарқ карда меистад-е! Бо ин хел кирдору рафтор умраш бо гадоию саққоӣ мегузарад. Гапа, ки нагирифт, бало ба пасаш. Ҳаққаш вай ҷувонмарга!


ЛАТИФАҲО
ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲ
--Чанд сол боз мошин ҳай мекунед?
--Ҳафт-ҳашт сол мешавад.
--Охир стажатон калон бошад, ки қоидахои ҳаракати роҳро нағз намедонед-ку?
--Қоидаҳоро надонам, ки кадом инспекторони ГАИ дар куҷо меистанд ва чанд сӯм мегиранд, нағз медонам!

ШАВҲАРИ МУАЛЛИМА
--Аз гапи муаллимон берун набароед! Ба суханҳои муаллимон гӯш диҳед! Чунки муаллим, устод аст, о мегӯянд-ку, қадри устод беҳ аз қадри падар аст…
Мард дар байни ду гап ин гуна суханҳоро такрор мекард.
--Чаро эътиқоди ӯ ба муаллимон баланд? Ё худаш омӯзгор аст! -- Яке сабаби ҳурмату эҳтироми ӯро нисбати омӯзгорон шунида, аз дигаре пурсид.
--Балоя! -- дар ҷавоб гуфт ӯ. –Занаш муаллима. Барои ҳамин чунин мегӯяду худаш ҳам аз хати кашидаи занаш берун намебарояд.

ҲАЛЛИ МУАММО
--Дирӯз ин ҷойҳоро асфалт карда буданду чаро имрӯз боз канда истодаанд?
--Эҳ ҳаминро ҳам намедонед? Ин кӯчаҳоро комиссия қабул карда гирифт. Акнун ба ягон ҷои дигар асфалт нарасида бошад, аз ин ҷо канда ба ҳамон ҷо мебаранд.

АЗОБИ ГӮШ
--Дод аз дасти забон!
--Гӯшатон дард мекунаду чаро аз дасти забон менолед?
--Чунки аз ҷабри забон гӯш дардманду кар мешавад-дия!

ПУЛ МЕШИНОСАД
--Ин раққосаро мешиносед? – шахсе дар тӯй аз ҳампаҳлӯяш пурсид.
--Не.
--Кӣ ӯро мешинохта бошад?
--Пул. Агар пулро нишон диҳед, худаш омада, бо шумо шинос мешавад.

ВОҚЕАИ НОДИР
--Ака мебахшед. Як гапро аз шумо пурсидани будам. Мегӯянд, ки шумо панҷ бор аз янга ҷудо шуда, боз ба худи ҳамон кас хонадор шудаед, ҳамин гап рост аст?
--Рост.
--Ин бо айби кӣ? Ё модарарӯсатон зани ганда будаанду...
--Не, бо айби падарарӯсам.
--А?! Бори аввал мешунавам, ки падарарӯсҳо ҳам байни духтару домодашон хунукӣ андозанд.
--Байни мо хунукӣ наандохтаанд, фақат он кас ҳар боре, ки аз мансаб зада мешуданд, ман аз занам ҷудо мегаштам. Баъди як-ду сол боз ба вазифаи баландтаре соҳиб гарданд, ман ҳам маҷбур мешудам, ки боз ба духтарашон хонадор шавам.

АЗ РӮИ ГУФТАИ БОБОМ
--Аҳволатон чӣ хел?
--Нағз.
--Чӣ кор карда гаштед?
--Кор не, аз рӯи гуфтаи бобоям зиндагӣ карда гаштаам.
--Бобоят чӣ гуфта буданд?
--Ҷимакак аробаи худата кашида гард!

ГАПИ ДУРӮҒ
--Бечораро аз болои шутур кучук мегазад…
--Намегазад. Ин гапи дурӯғ!
--Барои чӣ?
--О ба бечораи камбағал шутур номаъқул мекунад?!

ЯКТА НОН ДУТА МЕШАВАД.
Зане, ки дар ҳаваси келинбиёрӣ буд, аз ҳамсояи таҷрибадори худ пурсид:
--Хайр, келинмулло чӣ хел? Хизмататонро карда гаштаанд?
--Албатта. Мо аз келини бадасту панҷаамон хеле миннатдорем. Нон пазанд, якта нонашон дута мешавад.
--Чӣ хел якта нонашон дута мешавад?
--Оддиякак. Нисфашро аз танӯр канда гиранд, нисфи дигараш дар танӯр мемонад.

ИЛОҶ
---Ҳо ба вай занак нигар. Худоё беист меллақад-е!
--Ин нағз-дия. Агар лаққида наистад, ба даҳонаш пашша медарояд.

ХУЛОСАИ ОХИРИН
Ҷанҷоли зану шавҳар ба қуллаи баландтаринаш расиду зан ҳамчун хулосаи охирин гуфт:
--Э ин не, вай не, ман ҷинӣ будаам, ки ба шумо расидаам.
--Не, занакҷон, ту не, ман ҷинӣ будаам. Агар ман ҷинӣ, набошам, омада-омада туро мегирифтам?!

БАҲОИ БАЛАНД
--Э мебахшед, мани ҷиннӣ овардани қарзи шуморо фаромӯш кардаам.
--Ба худатон ин қадар баҳои баланд надиҳед.
--Чӣ хел баҳои баланд?
--Ҷинниҳо на қарз мегиранду на қарз медиҳанд. Шумо ҷиннӣ не, шумо нимҷиннӣ!

ЗАН НАДОРАД
--Э мон-е, ту ҳам акнун одам шудӣ? Боз ба даҳонкалониат сӯзам?! Одаме, ки аз занаш тарсад, вай чӣ хел одам?
--Хайр, Ибодназар чӣ?
--Ибодназар аз ту ҳам бадтар. Аз хати кашидаи занаш як қадам берун намебарояд.
--Нуриддин ҳам ҳамин хел?
-- Дар бораи Нуриддин гап назанӣ ҳам, мешавад. Вай аз ҳардуи шумо бадтар. Марде, ки хизмати падарарӯсу модарарӯсашро кунад, вай чӣ хел мард аст?!
--Набошад, дар ин дунё ягон одами дуруст ҳаст?
--Ҳа, марди майдон Соҳибназар. Гапи вай ба ҳама мегузарад.
--Чӣ хел?
--Вай зан надорад!

МАСЪУЛИЯТИ ПОСБОН
--Чаро роҳбар дар интихоби посбон ин қадар хӯрдагирӣ мекунад?
--Масъулияташ калон-дия!
--Чӣ хел?
--Эҳ нодон, вақти дуздии сардор бояд посбон ба ӯ ёрӣ расонад.
ХУДАМ ДУХТУР
--Гиред, охир чаро мазаатон не?
--Духтурон ба ман нӯшиданро манъ кардаанд.
-- Онҳо ҳарчӣ гуфтан мегиранд, ба гапи онҳо гӯш накунед. Одам кам-кам нӯшад, кашад, гардад, ҳеҷ зарар надорад.
--Инҳоро шумо аз куҷо медонед?
--Охир худам духтур!

ПАРАВОЗ МЕШУДЕД
Зани олуфтанамое аз назди як гурӯҳ сигоркашон пуф-пуфкунон гузашта истода гуфт:
-Худоё, ин мардҳо дар дил чӣ ғаму аламе доранд, ки ин қадар сигор кашида, ҳама ҷойро бӯйнок мекунанд?
Ҳама, ки ғарқи кайфи сигор буд, яке аз хумориҳо дар ҷавоб гуфт:
-Э хола, шумо дарду алами маро аз куҷо медонед? Агар мо барин мард шуда, зандор мегаштед, ана баъд худатон ҳам паравоз мешудед.

САЛОМАТӢ
-Саломатии ҳар кас дар дасти худаш мегӯянд, инро чӣ хел фаҳмидан мумкин аст?
-Оддиякак. Агар нодонӣ карда, ба дасти духтарон афтед, тамом, ҳам пулу ҳам саломатиатонро бой медиҳед.

ОДАМГАРӢ
Марде як шиносашро дар кӯча дида, аз ӯ ҳолу аҳволи дӯсташро пурсид.
-Корҳояш нағз, саломатиашон баҷо, ҳозир нӯшиданро партофта, намозхон шудааст.
-Э афсӯс! Вай ҳам аз одамгарӣ баромадааст-дия.

УСУЛИ ТАРБИЯ
-Муаллим, синну солатон ба ҷое расидааст, риш мондед, намоз мехонед, рӯза медоред, вале ҳамон дашному ҳақорат доданатонро напартофтед-дия.
-Чаро партоям, писар? Охир ин ҳам як усули тарбия аст.
-Чӣ хел?
-Шогирдонам мисли ман нашаванд.

АРАҚИ ХУДАМ БУД
-Дина мурданивор нӯшидем-дия.
-Дасту поятонро баста, ягон кас маҷбур ба гулӯятон рехт?
-Не.
-Набошад, чаро бисёр нӯшидед?
-Арақа худам харида будам. Агар худам намехӯрдам, дигарон мехӯрданду ба худам ҳеҷ чиз намерасид!

ГУЛ ВА ПУЛ
-Чаро мухлисон бо ҳурмату эҳтиром ба ҳафизон гулдаста мебахшанду онҳо гулро беэътиборона ба ягон гӯшаи саҳна мепартоянд?
-Э ҳаминро ҳам намедонед? Охир онҳо аз гул дида, пулро бештар дӯст медоранд-дия!
ПАЙ НАМЕБАРАД
-Бобо, бобо, медонед, ман калон шавам, кӣ мешавам?
-Не, ҷони бобо, кӣ мешавӣ?
-Артисти дастаи хор.
-А?! Чаро?
-Чунки дар байни 40-50 кас ман суруд нахонам ҳам, ҳеҷ кас намефаҳмад.

ГАПИ РОСТ
-Шумо дурӯғчӣ-а! Ягон бор гапи рост гуфтанатонро нашунидем.
-Барои гапи рост касе пул надиҳад, дигар чӣ кор кунам?!

БАНКЕТ
-Чаро дар бораи рисолаи номзадии ин унвонҷӯ, ки ҳама хому хатал асту ба ду пули пучак намеарзад, ягон кас хеста танқид намекунад?
-Ҷим-е, нодон! Баъди маҷлиси ҳимоя банкет аст. Танқиду айбҷӯӣ баъди гузаштани банкет сар мешавад.

НАХОНЕД, ХАТОЯШРО ҲАМ НАМЕЁБЕД
Муҳаррир газетаи навро ба сӯе гузошта, ба ходими навбатдор рӯ овард.
-Газетаро хонда баромадам. Якчанд хато гузаштааст.
-Ман наёфтам-ку, муаллим - ҷавоб дод мухбири навбатдор.
-Чӣ хел? Хатоҳоро ман меёбаму шумо не?
-Шумо, муаллим, ман барин нахонед, хатояшро ҳам намеёбед.

ШОКОЛАД
-Боз «ту - ту»? Ҳӯ шери бобо, - мӯйсафеди бозоррав аз роҳаш баргашта, батаънӣ ба наберааш ба фаҳмондан даромад. - Ту калонсолонро ҳурмат кун. Чунки онҳо калон. Барои ҳамин онҳоро «шумо - шумо» гуфта гап зан. Фаҳмидӣ?
-Фаҳмидам.
-Акнун гап зан: ту чӣ гуфтан мехостӣ, шери бобо?
-«Шумо - шумо», ба ман аз бозор шакалод харида биё.

ОДАМИ НАҒЗ
-Ҳамин ҳамсояамон бисёр одам нағз-дия.
-Чӣ хел нағз?
-Салом диҳед, алейк мегиранд.

ДАРДИ САР
Арӯси ҷавон ба дидорбинии модараш рафт.
Модараш ӯро танҳо дида пурсид:
-Чаро танҳо омадӣ? Бо шавҳарат биёӣ, намешуд, духтарам?
-Он кас ҳам меомаданд, вале аз дарди сар шудан тарсиданд.
-Чӣ хел дарди сар?
-Э оча, ҳаминро ҳам намедонед? Аз ҷоғу манаҳи шумо-дия.

МАЙНААШОН БАНД
-Чаро панду насиҳатҳои пирон ба ҷавонон таъсир намекунад? Сад бор гӯянд, ки аз як гӯшашон даромада, аз дигараш баромада меравад.
-Чунки ҳушу ёди онҳо ҳамеша ба пул ё ба ишқу ошиқӣ банд асту, майнаашон ҳеҷ чизро қабул намекунад.

ЧУНКИ МАН НАМЕРАВАМ
-Ин ҳамкорон чӣ хел одам-а? Сад бор зориву тавалло кунам, ки маро ба ошхона ё тарабхона таклиф намекунанду шуморо доим ба тантанаву зиёфатҳо бурдан мехоҳад?
-Чунки ман намеравам-дия.

ШАБОНА
Арӯси навхонадор бо дугонааш вохӯрда, хурсандона иддао кард:
-Шавҳарам маро дӯст медораду зиндагониамон нағз аст. Гоҳо аз хушбахтиву хурсандӣ дар куртаам намеғунҷам.
Дугонаи шаттаҳаш ин хел гапҳоро шунида, зуд маслиҳат дод:
-Ин хел бошад, рӯзона тоқат куну шабона куртаатро кашида хоб рав.

ЧАРОҒИ БАРҚӢ
-Дар ҷойҳои шумо ҳам чароғи барқӣ хомӯш мешавад?
-Не. Фақат баъзан ҳафтаҳо дарнамегирад.

ДУШМАНИ ОДАМ
-Арақ душмани одам аст, чаро менӯшӣ?
-Мақсади мо нест кардани душман аст.

ДАР ГӮРИСТОН
-Дар хонаатон газ ҳаст?
-Газ ба назди очаам рафтагӣ.
-Очаатон дар куҷо?
-Дар гӯристон.

ТӮҲФА
--Пагоҳ иди занону духтарон, намедонам ба ду духтарам, келинпошшо ва занам чӣ тӯҳфа харам?
--Ин хеле осон. Аз ҳамон пулҳоят камтарашро дар як кисаат андохта мон. Ба боқимондааш дар ресторан маишат мекунем. Ана баъд ман ба ту як маслиҳати зӯр медиҳам.
--Чӣ хел маслиҳат?
--Маслиҳати тӯҳфахарӣ-дия. Ба дусад сӯм якта ҷорӯб мехарӣ, олам гулистон мешавад. Онҳо бо навбат хонаву ҳавлиро рӯфта мегарданд!

ХУЛОСАИ МАНТИҚӢ
Марде чунон гапҳое мезад, ки ба ақл рост намеомад. Дӯсташ ба ӯ маслиҳатомез гуфт, ки худро ба духтури рӯҳшинос нишон диҳад.
-Нишон додам, - дар ҷавоб гуфт ӯ.
-Хайр, духтур чӣ гуфт?
-Ҳеҷ чиз. Ту сиппа-сиҳат гуфт.
-Наход? Ин хел бошад, - хулоса баровард дӯсташ, - худи духтур ҷиннӣ будааст.

МЕЪЁР
-Роҳбаронро дар маҷлисҳо чаро ин қадар калонҳо танқид мекунанд? Ё онҳо аз ӯҳдаи кор намебароянду барои ҳамин гап мешунаванд?
-Не, онҳо аз ӯҳдаи кор мебароянду вале меъёрро намедонанд.
-Э роҳбар шуда, меъёрро надоданд, аз кор пеш кунанд?
-Меъёр ҳар рӯз зиёд мешавад-дия. Охир роҳбаронро пеш кунанд, он гоҳ худи калонҳову аҳли оилаашонро кӣ хӯронда мепӯшонад?!

НЕЪМАТИ ХУДО
Ҳоҷа Насриддин туфайлӣ шуда, ҳамроҳи мулло ба тӯй мерафт. Ногоҳ аз рӯи роҳ як қабза пул ёфт ва хурсандона нидо кард:
-Пул ёфтам!
-Парто! - амр кард мулло. - Пули ҳаром насиб намекунад. Як сӯми ёфтаат сад сӯм шуда мебарояд.
Ба эътибор нагирифтани ин амри фатвоомези мулло аз рӯи одоб набуд. Бинобар ҳамин Хоҷа Насриддин дилу бедилон пули ёфтаашро боз ба замин партофт.
-Нон! - гӯён мулло он пулро ба даст гирифт ва ба ҷайбаш зад.
-Э, ин чӣ қилиқ, мулло? - аз ин рафтори ӯ ҳайрон шуда пурсид Хоҷа Насриддин. -Охир ҳозир шумо пули ёфаат ҳарому якат сад шуда зада мебарояд нагуфтед?
-Дуруст, ҳамин хел гуфтам, - ба Хоҷа Насриддин батаънӣ фаҳмонд мулло. - Он чизе, ки шумо аз замин бардоштед, ҳамчун пул ба даст гирифтед. Ман бошам, онро ҳамчун нон бардоштам. Нон дар таги по монда, хору зор шавад, убол аст.
-Охир вай нон не, пул буд-ку?!
-Ин барои шумо пул, вале барои ман неъмати бузурги худо - нон аст. Охир калларо кор фармоед: одам нонро ба пул мехарад-ку!

САБЗИИ НАҒЗ
Бозорравии писарро фаҳмида, падар фармуд, ки сабзӣ харида биёрад.
-Ман ба фарқи сабзии нағзу ганда намеравам, чӣ хел сабзӣ харида оям? - эътироз баён кард писар.
-Э нодон, - хандида гуфт падар. - Сабзии нағз сабзии аз ҳама арзон аст. Аз ҳама арзонашро ёфта, харида омадан гир.

ФОИДА
Хатмкардаи мактаби ронандагӣ аз имтиҳон афтод. Миёнравҳо восита шуданду баҳояш панҷу кораш ванг шуд.
Аз ин рафтори имтиҳонгирандагони назорати роҳ Хоҷа Насриддин ба ҳайрат афтода пурсид:
-Э баъзеҳо аз имтиҳон афтоданду боз шумо ба онҳо баҳои баланд мондед. Акнун дар роҳҳо қоидавайронкуниву фалокатҳо зиёд шаванд, ҳамаи инҳо бар зарари худатон нест?
-Ин бар зарари мо не, балки ба фоидаи мост, - дар ҷавоб гуфт яке аз онҳо. -Охир онҳо ҳар чӣ қадар қоидаҳои роҳро надонанду ба садамаҳо дучор шаванд, мо ҳамон қадар ҷарима рӯёнда, киса пур мекунем.

ҶОНАШОН ХАЛОС МЕШАВАД
Мӯйсафед каланд мезаду писараш дар сояи дарахти сари замин дам мегирифт.
Ин аҳволро роҳгузаре дида ба шӯр омад:
-Ҳӯй йигит, шарм намедорӣ, ки падари пират каланд зананду ту дар сояи дарахт амири Бухоро барин каттагӣ карда шинӣ?
-Аз чӣ шарм дорам? - пардадаронӣ кард ҷавон. - Ҳозир айни вақташ. Ҳар чӣ қадар кор кунанд, ин ба фоидаи ман.
-А? Чӣ гуфтӣ?
-Чизе, ки шунидед, амак? Охир ҳозир хуб кор карда гиранд, нағз-дия. Пагоҳ - фардо мурда монанд, ҳамаи кор боз ба сари ман меафтаду ҷони он кас халос мешавад.

МУБОРАК ШАВАД
Ҷавонзане азодории дугонаашро дида, ба таҳлука афтод:
-Ҳа, дугонаҷон, тинҷӣ? Куртаи кабуд пӯшидед, ягон гап шуд?
-Бандагӣ-дия, модарарӯсам аз олам гузаштанд.
-А?! Ҳоло ҳамин хел гӯед? - чашмони дугонааш барқ заданд. - Ин хел бошад, муборак шавад, ба саратон офтоб баромадааст!

МАНТИҚ
Зан ба сари шавҳараш ғурбат бардошт:
-Э шумо чӣ хел одам-а? Як корро сад бор гӯям, ки намекунед?
-Аниқ медонӣ, ки намекунам? - пурсид шавҳар.
-Ҳа.
-Донӣ, ки намекунам, даҳонатро дард кунонда, чӣ кор мекунӣ?!

ШИРИНЗАБОНӢ
Ҳамсари Хоҷа Насриддин барои худ чизе харидани шавад, аз даҳонаш шаҳду шакар мерехт. Бо ширинзабонӣ аз шавҳар пул рӯёнда, сару либос ё зару зевар мехарид.
-Мурам ба шумо, мардакҷон, - ин дафъа ҳам бо чӣ мақсад гап сар кардани буд, ки Хоҷа Насриддин доноӣ кард ва ба ӯ дигар имкон надода пурсид:
-Кай?
Дами занаш ба дарун афтод.

НОДОН
-Шумо бо мошин, ака?
-Бале.
-Ин хел бошад, ҳамроҳи мо наменӯшед?
-Чаро?
-Охир шумо дар паси рул-ку?
-Э нодон, рез-е! Охир арақа мошин не, ман мехӯрам.


РУСТ КАРДА МОН
Духтар ба модар хабар дод:
-Оча, мавизу бодомҳои руст карда мондаатонро мушҳо хӯрдаанд, чӣ кор кунам?
-Ба ягон ҷои дигар нағзакак пинҳон карда мон. Ҳар чӣ хӯрад - хӯрад, ки одам нахӯрад.

ИЛОҶИ КОР
-Хӯш, охиру оқибат як мошин хасу хасрӯбаро ба куҷо бурда партофтед?
-Ба куҷо мешуд? Ба охири ҳамин кӯчаи шаҳр-дия.
-Охир «Дар ин ҷо партов рехтан манъ аст!» гуфта навишта монда буданд-ку!
-Дуруст, ака. Мо аввал он навиштаҷотро канда партофтему сонӣ мошинро чаппа кардем. Ҳамааш аз рӯи қонун шуд.

МУРҒҲО МЕПОЯНД.
Амалдори волимақомеро аз мансаб сабукдӯш карданд. Ба гузашти солҳо зина ба зина мавқеяш паст мегашт. Охиру охирон ба ӯ вазифаи мудирии фермаи мурғпарвариро пешниҳод намуданд.
--Ман зоотехник набошам, мурғпарвариро надонам, чӣ хел дар ин вазифа кор мекунам? - ҳайрон шуда ба дӯстонаш дарди дил кард ӯ.
-Ғам нахӯред, -- маслиҳат доданд дӯсташ. -- Мурғҳоро поидани шумо шарт не, гаранги накарда зуд розӣ шавед, асосиаш мурғҳо шуморо мепоянд.

ГӮШИ МАН ДАРД МЕКУНАД.
--Оча, ин қадр бисёр гап мезанед, магар забонатон дард намекунад? –пурсид писараке аз модараш.
Ба ҷои модар падараш ҳозирҷавобона гуфт:
--Забони очаат не, гӯши ман дард мекунад, писарам.

СӮРОХИ ДЕВОР.
--Офарин! Шумо ҳам санъати тасвириро мефаҳмидагӣ шудед, пейзажи олиҷанобе харидед. Завқатон баланд будааст.
--Э не-е, одама шарм надаронед. Як ҷои девори айвонамон доғу харошхӯрда буд. Инро дар ҳамон ҷо зада мемонам, номалум мешавад.

ДИГАР ҚИММАТ НАШАВАД.
--Гӯшт боз қиммат шудааст, -- табақи пургӯштро пеши меҳмон оварда, иддао кард соҳиби хона.
--Э нағз нашудааст-ку, -- дар ҷавоб гуфт меҳмон. – Ин хел бошад, мо ҳозир ҷазои ин гӯштро дода, пок-покиза мехӯрем, ки дигар қиммат нашавад!

ДЕВОНА
Девонае аз кӯча мегузашт. Яке гуфт, ки ӯ дар ишқи духтаре ба ин кӯй афтодааст. Шарикаш бовар накарда, аз девона пурсид:
-Ба маҳбубаат хонадор шуда натавонистӣ, ки девона гаштӣ?
-Не - дар ҷавоб гуфт ӯ. - Баъди хонадор шудан занам маро девона кард.

ҚАРЗ
-Пули қарзи ҳамсояро бурда додӣ, писарам? Се рӯз боз ту ин корро кашол медиҳӣ-а?
-Не, имрӯз бурдам. Нагирифта гашта ба худам доданд, ки ягон чиз харида хӯрам.
-Охир ҳамон рӯзи якум чаро бурда надодӣ?
-Ҷеғ занам, фақат писару занашон мебаромад. Имрӯз равам, худашон баромаданд. Ба онҳо медодам, мегирифтанд-дия!

ТАЛАБҲОИ БЕОХИР
-Чаро шумо аз ҳамсаратон ҷудо шудед?
-Оддиякак. Баъди хонадор шудан ҳамсарам бас кардани сигоркаширо хоҳиш кард.
Бас кардам. Сонӣ талаб намуд, ки арақхӯриро партоям. Аз баҳри арақхӯрӣ ҳам гузаштам. Сипас, бо истинтоқи вай ҷӯрабозӣ ва ба хонаи падару модарам рафтанро тарк кардам. Бо вуҷуди он «аз баҳри ин барову аз баҳри он баро» гуфта шартҳои нав ба нав монданаш кам намешуд. Бинам, то охири умр ин гуна талабу дархостҳояш тамом намешванд, аз баҳри худаш баромадам.

КОРИ ЗӮР
-Хӯш, ҳоло корҳо дар куҷо?
-Дар ферма.
-Ӯ-ҳӯ, ҷои серравғанро ёфтед-ку! Говҷӯш?
-Не, сармеханик.
-Зӯр-ку. Дар зери дастатон чанд кас кор мекунад?
-Як худам.

ҶАРРОҲӢ
Бемор ҳангоми ҷарроҳӣ якбора сар бардошта, аз духтур пурсид:
-Духтурҷон, шумо аз ин пеш ҳам ҷарроҳӣ карда будед?
-Ҳа.
-Бисёр?
-Бисёр.
-Ҳамаи онҳо зинда монданд?
-Бале… Чаро инҳоро мепурсед?
-Ҳамту... Хайр, ин хел бошад, духтурҷон, коратонро давом диҳед.

ҲОЗИРҶАВОБӢ
Ронандаи такси ба ҳамкасбаш духтареро нишон дода гуфт:
-Ин духтарро бинед. Ду соат боз интизори автобус. Бо ин қадар зару зевар ва сару либоси куҷошинам автобусро интизор нашуда, бо таксӣ равад, мешуд-ку!
Ронандаи дигар даҳон накушода, духтар ҳозирҷавобона гуфт:
-Агар ман бо таксӣ мегаштам, ба зару зеват ғӯтида, ин хел сару либос ҳам намепӯшидам-дия.

БА ҶОИ МАН ШУМО МЕНАВИШТЕД
-Ҳа, Азамат, чаро ту наменависӣ? Ё мавзӯи иншо душвор аст?
-Мавзӯ душвор не, муаллим.
-Душвор набошад, навис. Агар ту миллионер бошӣ, чӣ кор мекардӣ?
-Агар ман миллионер мешудам, ҳеҷ кор намекардаму шумо, муаллим, ба ҷои ман иншо менавиштед.

ҲАЁТ ГУВОРОТАР НАГАШТ
Мард рӯзномаро ба даст гирифта, хуб зӯр зад, бо вуҷуди он чашмаш нагузашт.
-Чӣ хел нағз-а! - худ ба худ гуфт ӯ. - Шукри худо, ки чашмам ҳам хира шудааст.
-Чаро ин хел мегӯед? - аз шукргӯйи ӯ ҳайрон шуда, пурсид ҷавонӣ ҳампаҳлӯяш.
-Э писарам, ҳоло шумо ҷавон-дия, аҳамияти инро намедонед. Баъде, ки мо барин пир шудед, ана сонӣ ба қадраш мерасед. Чашмам хира шуд, акнун тезтар гӯшҳоям ҳам вазнин мешуданд, он гоҳ ҳаёт боз ҳам гуворотар мегашт.

ҚАСДГИРӢ
-Ҳой, писарҷон, ту чашм дорӣ?
-Дорам.
-Дошта бошӣ, ба таги поят як нигоҳ кун.
-Нигоҳ кардам, хайр, чӣ шудааст?
-Охир боз чӣ мешуд? Дидаву дониста, ба даруни об даромадӣ-ку?!
-Ҳа.
-Баро аз об! Набошад, туфлиат тару обгазид мешавад. Худат касал мегардӣ.
-Э шумо ғам нахӯред, амак. Ин туфлии акаам. Ба вай, ки зӯрам намерасад, қасдамро аз ботинкааш гирифта истодаам.

БА САЛОМАТИИ МАН
-Ана магазин, ҷӯра, садта гирифта деҳ.
-Арақи ин магазин об барин. Агар дар ҳақиқат аз ҳамин магазин арақ хӯрдан хоҳӣ, ана мили водопровод. Ба саломатии ман то кекиртакат зан!

ГУШНА
-Ҳӯ, бародар, мо дар шаҳри шумо меҳмон. Аз таги даратон мегузарему ақаллан намепурсед, ки ташна намондем?
-Хӯш, ташна намондед?
-Раҳмат, ташна не-куя, лекин сахт гушна ҳастам.

ИСБОТ КАРДА НАМЕТАВОНЕД
-Аз афт, гӯшти шӯрбоятон кирмин буд.
-Не-е.
-Охир ба назарам ҳамин хел тофт.
-Хайр, ҳамин хел бошад ҳам, акнун исбот карда наметавонед.
-Барои чӣ?
-Чунки порси охиринашро худатон хӯрдед.

МАРДИ ХУШБАХТ
Марде дар назди судхона рафиқашро дид, ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст, ӯро гарму ҷӯшон табрик кард.
-Чаро ин хел мегӯед? - ҳайрон шуд вай. - Охир ин бадбахтӣ-ку?!
-Не, - дар ҷавоб гуфт ӯ. - Ин хушбахтӣ! Зеро одамони хушбахт аз занашон ҷудо шуда халос мехӯранду бадбахтҳо - мурда.

9 комментариев:

  1. Дар зарурати кӯмаки молиявӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ, сармояи бизнес ва бозтамвил Шумо гудохта ширкати ҳуқуқ мо пешниҳод қарзҳо ҳадди ақали ҳаҷми € 5000 ба маблағи ниҳоии 50.000.000 € ба шахсони воқеӣ ва ташкилот дар 2% бе гарав ё тафтиши амният. Тамос бо мо тавассути почтаи электронӣ: janeoluda@outlook.com бо маълумоти шумо оид ба коркарди аризаи шумо.

    ном:
    Нишонӣ:
    кишвар:
    телефон:
    синну сол:
    љинс:
    шуғл:
    мавқеи дар ҷои кор баргузор:
    Маблағи қарз:
    давомнокии қарз:
    Мақсади қарз:
    даромади моҳонаи:

    Бо эҳтироми самимона,
    Ҷейн Oluda
    Хона молиявӣ CEO / MD Ҷейн Oluda (JOFH).

    ОтветитьУдалить
  2. шитоб !!!
    Бародарон ва хоҳари ман, Худои ман дуои маро ҷавоб медиҳад, пас аз талаби барои қарз дар интернет барои чанд моҳ аст, вале ба ҳеҷ нафъ накунад, ва ман барои 7 моҳ қаллобӣ интернетӣ то як рӯз ман дар саросари шаҳодате дар интернет омад фиреб карда шуд аз ҷониби як хонум Kasih Бамбанг, ки қодир ба мӯътакид ва ба ман кӯмак мекунад, ки боварӣ қарзҳои Galaxy байналхалқї буд, ман танҳо пардохт ҳаққи додани қарз ман ва нест пардохтњои дигар боз шуд, ва ба бузургтарин Ҳайратовар буд, ки ман қарзи ман дар гирифта 2% ва аз он ба ман бевосита ба суратҳисоби бонкии ман 4 соат пас аз ман дод, аз ҳаққи интиқол, бародарон ва хоҳарон ман нозил шуда аст, ки то ҳол касе ки дар бораи мо ғамхорӣ дар ин ҷо, агар шумо дар ин давлат, ки ман танҳо аз он берун оянд Ҳоло, ки ман ба шумо, ки ҳоло онҳо барои тамос бо шумо ба почтаи info.galaxyloansinternational@gmail.com маслиҳат ва ман ба шумо кафолат, ки онҳо ба қарздиҳанда ҳақ доранд ва паҳн кардан аз бизнес ва инфиродӣ ба воя massively кӯмак хоҳад кард ва орзуҳои худ иҷро, агар танҳо шумо бо вай бо боварӣ ба кор, озод ҳис ва алоқа, агар шумо лозим аст, ки қарзи рост, шумо метавонед ба ман низ дар euginapoland@gmail.com тамос агар шумо ягон савол ба мепурсанд.

    ОтветитьУдалить
  3. Hola як todos лубиж feliz Тан que DA СММ vistazo як Mi Gran testimonio де Брюссел conseguí Mi préstamo deseo дел Sr. Хосе Луис quien ES El maneger де Хосе Луис préstamo ширкати quiero usar rápidamente esta oportunidad банди dejar que todo El mundo sepa де esto, AM D. Карлос Bulgheronic desde Айрес Agentina, yo estaba En busca де СММ préstamo банди iniciar Mi propio negocio En apoyo де Mi negocio де ла agricultura, Лос gastos, así que холис puso En línea En busca де préstamo cuando ман encontré НАК algunos prestamistas que hacen trampa Y estafado як Mi poco dinero En ese proceso дел tiempo холис confundió б Н.И siquiera холис qué СМваА hacer, porque El poco dinero que tenía НАК Mi fue llevado por esos bastardos fraudulentos que холис hacen llamar Лос prestamistas де créditos воқеӣ, que así Созмони Милали Муттаҳид дар ФБД fiel COMO yo estaba navegando як través де ла Интернет En busca де trabajo ман encontré НАК algunos testimonios comentarios En El foro де una D. Карлос, Y ла señora Мария Lin En ла проформа En que reciben в.ш. préstamo де banco де ла Сиудад де ла empresa почтаи электронии: joseluisloans@gmail.com, así que ман dije як Mi mismo que debo дорул як esto СММ juicio estaba porque yo Тан asustado НАК respecto як инак que Лос otros prestamistas hicieron як Mi, así que ман fui por delante-Томе в.ш. dirección де correo electrónico шахсӣ que холис encontraba En esos comentarios En El foro así que entré En contacto НАК El банди informarle де que yo estaba arbitrado як El por algunos clientes que recibieron в.ш. préstamo де в.ш. compañía, Д. Карлос, Y ла señora Мария Lin eso por, cuando oyó que estaba muy feliz por eso, por инак que Mi que estoy En ла compañía adecuada aseguró donde puedo recibir Mi cantidad дел préstamo deseo, dieron Mi El formulario де solicitud де préstamo prestatario банди presentar Y devolver, todo инак hice eso, dado que Сри Mi información necesaria acerca де Mi, así que ман dieron Лос términos Y condiciones де в.ш. compañía todo transcurrió problemas гуноҳ, tiempo гуноҳ perder, En нест menos де 24 horas que estaba informó que Mi préstamo SUMA válida де 9.000.000 де dólares га sido registrado Y aprobado por в.ш. хунтаи де préstamo де fiduciario, así que En ese proceso дел tiempo yo estaba Тан feliz cuando ман dijeron que debería enviarlos por ла banca detalles, pero estaba poco escéptico де hacer por инак que ле dije que tenemos confianza Y creo que банди este prestamista llamado Sr. Иброҳим Les Di cuenta bancaria por инак que ES sorprendente que recibo Y alerta де Mi banco que Mi cuenta га sido acreditado НАК ла SUMA де 9.000.000 dólares por El Sr. Хосе Луис. Así que НАК urgencia enviarle СММ correo electrónico que tengo recibir Mi préstamo НАК éxito, por Инак que НИИ queridos hermanos Y hermanas por ahí todavía En busca де compañía де préstamos genuina voy як avisarle que ла amabilidad де ponerse En contacto НАК El Sr. Хосе Луис НАК este mismo correo-д: joseluisloans@gmail.com Y Yo холис que El también ле ayudará НАК ла cantidad дел préstamo deseo bien, enviarlas por correo electrónico hoy En РКД Y usted será feliz де haberlo hecho. D. Карлос Bulgheronic desde Айрес Agentina

    ОтветитьУдалить
  4. Шумо бояд қарзи молиявӣ бетаъхир?
    * Интиқол зуд ва фавран ба шумо

    суратҳисоби бонкӣ.
    * Пардохти оғоз ҳашт моҳи баъд аз шумо ба даст

    пардохта мешавад.
    ҳисоби Бонки
    * Фоизҳои паст 2%
    * Пардохти дарозмуддат (1-30 сола) дар

    дарозии.
    * Шартҳои қарз чандир ва пардохтҳои ҳармоҳа.
    * Чӣ қадар вақт мегирад маблағгузории? Баъд аз

    пешниҳоди ариза қарз
    Шумо метавонед як ҷавоб пешакӣ интизор камтар аз

    24 соат.
    Маблағгузории дар 72-96 соат пас аз гирифтани

    иттилооти лозим аст.
    аз шумо.

    Ширкат иҷозатнома ва ба таври дахлдор иҷозатнома.
    Барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба касе.
    Барои маълумоти ва истифодаи шаклњои

    қарзҳои зиёд мебошад.
    Email: paydayloansuk5@gmail.com
    Сомонаи; HTTPS: //www.paydayloansnow.co.uk.

    ОтветитьУдалить
  5. Мо пешниҳод қарзҳои хусусӣ, тиҷоратӣ ва шахсии бо пасттарин Меъёри фоизӣ дар соли паст аст.
    2% бо давраи пардохти ҳудуди аз 1-50.
    Як сол пеш, ягон қисми ин ҷаҳон бо шартҳои қарз фасењ.
    * Оё шумо даст хоби шаб ғаму, ки чӣ тавр ба даст қарз?
    * Оё шумо талаби маблағ барои пардохти қарз ва қарзи?
    * Оё мехоҳед молия танзим кардани бизнеси худ?
    * Оё шумо ҷустуҷӯ қарзҳо барои иҷрои лоиҳаҳои калон?
    Тавассути почтаи электронии: paydayloansuk5@gmail.com
    Пур аз шакли ариза ба поён.
    номи пурра:
    љинс:
    Статуси:
    шаҳр:
    даромад дар як моҳ
    касб:
    Нишонӣ:
    телефон:
    Қарздиҳӣ
    Таърихи оѓоз ва анљомёбии:
    Мақсади қарз:
    Ба мо нависед: paydayloansuk5@gmail.com
    websit: HTTP / www.paydayloansnow.co.uk
    Сипос.

    ОтветитьУдалить
  6. ФАЪОЛИЯТИ ПУРРА МОЛИЯВӢ имрӯз ба:

    (1) қарздиҳӣ шахсӣ, рушди соҳибкорӣ,
    (2) омӯзиши соҳибкорӣ,
    (3) ваҳдати Қарзи,
    (4) Хард пул Қарзҳо

    Winchester ба молияи хусусӣ хуш омадед. идоракунии умумии қарз, қарзи ЊФ ва дастгирии молиявӣ ба шахсони воқеӣ дар тамоми ҷаҳон.

    Мо чек қарз ва фоизҳои паст 2%, қарзҳои шахсӣ, қарзҳои муттаҳидшавӣ қарз, сармояи рискдор, қарзҳои соҳибкорӣ, қарзҳои соҳаи маориф, қарзҳои хона ё «ягон сабаб!» пешниҳод кардем, аммо, вале, ба шумо медиҳад, имконияти воқеии ба даст овардани маблағ ба шумо лозим аст! Ҳамаи номзадҳо манфиатдор пур кардани шакли ариза ва тафсилоти шумо почтаи электронӣ (winchesterprivateservice@gmail.co I) бояд ирсол кунед. ).

    анкетаи

    Номи ....................
    Кишвар ..................
    Муайян гузориши ......................
    Рақами телефони .......................
    љинс ...................
    Синну ....................
    давраи қарзӣ ..................
    Маблағи қарз .................
    даромади моҳонаи ..............

    аз они ҳақиқат
    Дэнни Winchester

    ОтветитьУдалить
  7. Номи ман Ҷувания ДАНИЕВ аст, ки мехоҳам, ки бо шумо таҷрибаи худро нақл кунам, ки шавҳари ман барои якчанд сол пас аз гуфтугӯи хурде, ки мо доштам, хонаи хонаи шавҳарамро тарк карда буд, ӯ ду фарзандашро дар вазифаи ман тарк кардааст. зеро дар айни замон ман кори худро аз даст додам. Ҳамеша дар муҳаббат бо ӯ буд ва мехост, ки ӯро ҳамроҳ бо фарзандони зебои мо ман бо мухтарам доктор Хорембб, ки тамосҳои дар форумҳо пайдо шуда будам. Ба шавҳарам баргаштан 3 рӯз пас аз расмҳо, ки барои ман Доктор Бембик ва ҳоло ҳамаи вазъияти молиявии ман мусбат ба тағйир ёфтанд, ман дигар кор ёфтам ва ба ман хуб супоридам. Барои онҳое, ки бо мушкилоти эҳсосӣ, молиявӣ, саломатӣ ва психологӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ба мо муроҷиат намоед. Ин мухотабони ӯ мебошанд:
    E-mail: chamberc564@yahoo.com

    ОтветитьУдалить
  8. Ин шаҳодати неки шахсе, ки ба ман кӯмак мекард, шаҳодат медиҳад. Номи ман ELDA VERA ва ман дар Испания асос ёфтаам. Ҳаёти ман баргашт. Пас аз 8 сол издивоҷ шавҳари ман маро тарк кард ва маро бо се фарзанди мо тарк кард. Ман ҳис мекардам, ки ҳаёти ман ба охир мерасад. Бо шарофати ҷустуҷӯи сомонаи "DR Chamber Chamberc", ки ман бо интернет онлайн вохӯрдам. Дар рӯзи содиқ, ҳангоми Интернет, ман метавонистам, ки боксчии хубе, ки мушкилоти худро ҳал кунад, ҷустуҷӯ мекард. Ман як қатор шаҳодатномаҳо дар бораи ин устоди махсус пайдо кардам. Баъзе одамон шаҳодат доданд, ки ӯ касеро дӯст медорад, баъзеҳо шаҳодат медиҳанд, ки ӯ ба шиками модараш бармегардад, баъзеҳо шаҳодат медиҳанд, ки ӯ метавонад талоқро аз даст надиҳад ва ҳамин тавр бошад. Шаҳодати махсусе буд, ки ман зани зебои Грейсро дида будам, ки чӣ тавр Доктор Кристоферро дар охири 48 соат ва дар охири шаҳодат пазироӣ кард, ӯ нишонии почтаи электронии Dr.hamhamrc аз чоп баромад. Баъд аз он ки хондан, ман тасмим гирифтам, ки ДН Делбербро санҷам. Ман тавассути почтаи электронӣ бо ӯ тамос гирифта будам ва ман мушкилоти худро фаҳмондам. Дар муддати 3 рӯз ман шавҳарам ба назди ман омад. Мо проблемаҳои худро ҳал мекунем ва мо ҳатто аз пештар хушбахттарем. Доктор Кембик дар ҳақиқат як марди боистеъдод аст ва ман онро нашр намекунам, чунки ӯ марди аҷоиб аст. Агар шумо душворӣ дошта бошед ва барои ҷустуҷӯи ин мушкилот ҷӯёи ҳақиқӣ ва ҳақиқӣ ҷустуҷӯ кунед. Дирӯз, Дэвид Кэмербасси бузургро санҷед, ӯ метавонад ба мушкилоти шумо бошад. Шумо метавонед бо ӯ тамос гиред Email Chamberc564@yahoo.com Ташаккур ба шумо,
    Ба ӯ занг занед:
    (1) Агар шумо хоҳед, ки барқарор кардани пештараатон
    (2) Агар шумо ҳамеша орзуҳои бад дошта бошед.
    (3) Шумо мехоҳед, ки дар идораи шумо пешкаш шавед.
    (4) Шумо мехоҳед, ки занон / мардон баъд аз шумо зиндагӣ кунанд
    (5) Агар шумо хоҳед, ки фарзандатон.
    (6) Шумо мехоҳед сарватманд шавед.
    (7) Шумо мехоҳед, ки шавҳаратро ба ҳам пайваст кунед, то иродаи шумо то абад давом ёбад.
    (8) Агар шумо ба дастгирии молиявӣ ниёз доред.
    (9) Нигоҳубини гиёҳҳо
    10) Ба одамон кӯмак расонед, ки аз маҳбас озод шаванд
    (11) Нақшаҳои никоҳ
    (12) асои мӯъҷиза
    (13) Лот
    (14) ПЕШГУФТОРИ ПРЕЗИДЕНТ
    (15) лаҳзаҳои ҷолиб
    (16) Тоза кардани бемориҳо
    (17) РОҲБАРОНИ ПЕШРАФТ
    (18) БУНЁДИ ФОРУМИ ТАШКИЛОТ
    (19) Паҳн кардани бидон, ки кӣ шуморо дӯст медорад.
    (20) Соҳаи тиҷорӣ
    (21) Стансияҳои бемории ВИЧро хориҷ кунед
    Тамос бо мо дар:
    ЧАМОМАД

    ОтветитьУдалить
  9. Ба ман қарзи фаврии Whatsapp барои Юрген Стефан лозим аст https://wa.me/+2348071917956


    Оё ба шумо барои пардохти қарзи худ қарзи фаврӣ лозим аст ё барои беҳтар кардани тиҷорати худ қарзи саҳҳомӣ? Оё шуморо бонкҳо ва дигар агентиҳои молиявӣ рад карданд? Оё ба шумо консолидасияи қарз ё ипотека лозим аст? Ба дигар нигоҳ накунед, зеро мо ин ҷо ҳастем, ки ҳама мушкилоти молиявии шуморо паси сар кунем. Бо мо тавассути почтаи электронӣ тамос гиред: jurgenstefanfinancialservice@gmail.com jurgenstefanfinancialservice@outlook.com Whatsapp:+2348071917956 Инҳо Хадамоти молиявии Юрген Штефан мебошанд. Мо ба онҳое, ки манфиатдор ҳастанд, бо фоизи мувофиқи 3% қарз пешниҳод мекунем. Диапазон аз € 5,000,00 аст. ба € 100,000,000.00.

    ОтветитьУдалить