четверг, 18 июля 2019 г.

Ҷазираи кампиракон


Ҳаҷвия

- «Келин аз дар даромад, Нури хонем даромад», - пиразане якбора ин суруди ҳофизро аз радио дастӣ шунида, бо иллат онро кушт. О келин душман аст. Вай аз дарам даромаду ҷангу ҷанҷол сар шуда, файзу баракаи хонадон аз дарвоза баромад! Э овозакат ба дарун афтода, сақав шавӣ ҳофизи гӯр...
Пиразане, ки пеш-пеш мерафт, бо вуҷуди ин қадар заҳрзании ҳофизи бечора ҳамон ҷӯши ғазабаш пасанда намешуд. Саҳл монда буд, ки радиоро ба замин зада, зери по гирад. Як гапҳое гуфт, ки ҳатто онҳоро мардҳо барои ба забон овардан шарм медоранд.

Зиёфат зӯр шуд

Ҳаҷвия

- Дӯстони азиз, ҳаводорони адабиёт, - овози шоира Гулнозбегим аз тариқи микрофон баланд шуду дар толори калоне, ки то ҳол орухонаро мемонд, хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Барои каме дер сар кардани тадбири тақдимоти китоб аз ҳамаи шумоён узр мепурсем. Дер ояд, ош ҳам ширин мешавад. Имрӯз мову шумо дар як рӯзи таърихӣ, бисёр рӯзи хушу хотирмони тақдимоти китоби «Чароғи зиндагӣ»-и шоир Сабоҳ Содиқӣ дар ин ҷо ҷамъ омадем. Сабаби рӯзи таърихӣ гуфтанам, шоири мӯйсафеди дилҷавони мо Сабоҳ Содиқӣ ба майдони фарохи адабиёти мо дохил мешаванд. Дар ин хел синну сол шеър навиштану онро ба шакли китоб чоп кардан қаҳрамонӣ аст, - ва ба сӯйи муаллиф рӯ овард. - Китоби нав муборак устод! Имрӯз гапҳои мегуфтагӣ бисёр. Аз чеҳраҳои шукуфони аҳли зал мебинем, ки бисёр мухлисони шеъру адабиёт, хешу таборҳо бо гулу гулдастаҳо омадаанд. Онҳо гапҳои дар дил бӯхча карда мондаашонро, албатта баромада мегӯянд. Чӣ хеле, ки минбари сухан озод аст, минбари мо ҳам озод. Ман гапро дароз накарда, сухани аввалинро ба муҳаррири китоб, олими адабиётшиносамон, мӯҳтарам Эшон Ғанӣ медиҳам. Марҳамат, муаллим.
Мӯйсафеди айнакдоре якто-якто қадам партофта, ба минбар баромад.

Зинда бод, бахилӣ!


Ҳаҷвия

Аввали баҳор Мулло Ҷавҳар дар сари кӯчаи пушти ҳавлиаш ду бех ниҳоли зардолу шинонд. «Эъ, ҳама маблағи ёфтау тофтаашро ба сарсабзу зебоии хонаву ҳавлиаш сарф кунад, чаро ин дар кӯча ниҳол мешинонад? Дар ин ҷо ягон гап ҳаст?» Ва аз ӯ паст омадан нахоста, ҳамсояи девордармиёнаш аз ӯ як парда боло омад. Дар пушти хонаи ӯ бар замми зардолу ниҳолҳои себ ҳам пайдо шуданд. «Шумо меваҳои тару тоза хӯреду мо лаб лесида шинем? Не, хобатонро ба об гӯед! На танҳо фарзанду набераҳо, балки роҳгузару мусофирон ҳам даҳон ширин кунанд» гӯён боз як ҳамсояи онҳо илова бар зардолуву себ ниҳолҳои олуву гелосу ток шинонд. Ин кор аз аввали маҳалла сар шуда бошад, дар зарфи як-ду моҳ тамоми маҳалларо фаро гирифт.
Роҳҳои деҳа ба хиёбони ниҳолзор табдил ёфт.