воскресенье, 14 августа 2022 г.

ДАРАХТИ ХУШКИ ОЛБОЛУ

 (Ҳаҷвия)

Як дарахти олболуи рӯйи ҳавлӣ  хушк шуда буд. Ҳар рӯз ба он чашмам афтад, дилам хира мегашт. Дарахти хушк хосият надорад. Чанд сол боз канда, ба ҷояш ниҳоли дигаре шинонданӣ мешаваму ҳеҷ не, ки вақт расад. Ин саҳарӣ -  рӯзи истироҳат барвақт аз хоб хестам, ки ҳамин корро ба ҷо меорам. Ва аз ҷоғу манаҳи занак, ки “ҳамин корро имрӯз-фардо гуфта, ба қафо мепартоед”, мегӯяд, ҷонам халос мешавад.

Пас аз нонушта сару либостҳои “ҷангӣ”-ро ба бар кардам. Ба поям мӯзаро пӯшида, ба сарам рӯймолча бастам. Бо ғайрати ҷӯшон ба майдони ҳарбу зарби меҳнат – ба берун баромадам.

ҚАНДАША ХӮРАД!

 Шоҳназар махлуқи аҷоиб ул-хилқат! Бӯқаламун дар пеши вай номаъқул кунад. Як корҳое аз дасташ меояд, ки ақли ману шумо дар сад сол ҳам ба онҳо намерасанд.

Гап бемисолу далел мисли оши  бенамак фачи бемаза мешавад. Барои исботи суханон мисол биёрем. Масалан, мо дар маъракае нишастаем. Дар мо чӣ бисёр? Гап! Дар рафти гапфурӯшӣ ягон нафар ҳатман маддаи дилашро, яъне масалан, мекафонад, ки ду-се сол боз писарча ва ё набераашро ба ягон боғчаи престижний монда наметавонад.

ТӮҲФА БАРОИ ХУДАМ

 (Ҳаҷвия)

 Ҳар сол дар арафаи Соли нав дилам хонаи ғаму андӯ мешавад. Фикри тӯҳфаву ластовез аз чор тараф ба мани сарсахт ҳуҷум мекунанд. Ҳар сол ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор ба гирифтани тӯҳфаҳои солиавӣ одат кардаанд, падарқусурҳо, интизор мешаванд. Нафристам ё набарам, баъд худашон шарм надошта, гила ҳам мекунанд.

-Ҳамон чорта савғотиҳои солинавӣ худаш ҳеҷ гап не, вале ин ҳам як нишонаи меру муҳаббати одамгарӣ аст. Аз мо дареғ надоред, ягон ҷоятон кам намешуд...