воскресенье, 26 июня 2016 г.

ҲИКОЁТИ ПАНДОМӮЗ


БОЛОР
            Дар хонаи як бевазани деҳа чанд адад болорҳои сафедор мехобид. Шавҳари раҳматиаш онҳоро афтонда, чен карда, чорметрӣ бурида буд. Вале дар сохтмони иморатҳояш истифода бурдан насиб накарда будааст, ки бандагиро ба ҷо овард. Сохтмони бино чала монду болорҳо се–чор сол боз дар таги офтоб ва барфу борон мехобиданд.
            Ба марди ҳамсоя барои пӯшидани боми ошхонааш ду дона болор нарасид. Бо андешаи он, ки ба бевазани сербача ёриаш расад, ба хонаи ӯ рафт ва ду дона чӯб пурсид:
            -- Янга, агар хоҳед, пулашро гиред, нахоҳед - ба ҷояш чӯбҳои дилхоҳатонро харида медиҳам. Ҳозир ман барои ду дона чӯб ба бозор рафта нашинам.

воскресенье, 19 июня 2016 г.

ЛАТИФАҲО


ЯК ГУФТ-ДИЯ
            -- Ҷӯраатон ин қадар «ба хона дароед», «хӯрок тайёр», «садта–садта мекунем» гуфту шумо надаромадед? – пурсид яке аз ошнояш.
            -- Вай ҳамин хел як гуфт-дия. Ба ҳамаи гапи одамон бовар кардан лозим не.
            -- Барои чӣ?
            -- Чунки худи ман ҳам ҳамин хел. Асосе надошта бошад, ки ҳар хел гапҳоро гуфтан мегирам.  

РӮЗҲОИ ҲАФТА
            Марде шахси дурӯғгӯйеро шарм дорондани шуда, аз ӯ пурсид:
            -- Бародар, ман медонам, ки ҳозир бе гапи дурӯғ зиндагӣ карда намешавад. Росташро гӯед, ки шумо кадом рӯзҳои ҳафта дурӯғ намегӯед?
            -- Мебахшед, ин хел рӯз нест. Тамоми ҳафта рӯзҳои Худо, ба хафа кардани ягон рӯзи он дилам намешавад.

понедельник, 6 июня 2016 г.

ҲАҶВИЯҲОИ НАВ



ҚУЛФИ ДАҲОН
            Дар бошишгоҳи саҳроӣ се ҷӯраҳо нӯшонӯш мекарданд. Яке гуфт:
            -- Афсӯс, ки бодринг нест. Агар бодринг мебуд, арақ равған барин мерафт.
            -- Ҳамсоя дар заминаш бодринг коридагӣ, – гуфт соҳиби боғ. -- Лекин худаш несту нопурсиш гирифтан дуздӣ ба ҳисоб меравад. Агар ду ҳазор сӯм диҳед, ман ба чашми виҷдонам хок пошида, бодринг чинда меомадам.
            -- Шудааст, – розӣ шуд ӯ.
            Вай рафта, ду–се кило барин бодринг чинда овард.
            -- Эъ хурӯси мардҳо, худатон, - ӯро рӯҳбаланд карда, ҷӯрааш ду ҳазорро аз кисааш бароварда дод. – Ман бо ҳар кас ҳам дӯст намешавам. Одаме, ки ба ваъдааш вафо кунад, марди майдон аст, – ва бодрингро ба рӯймолаке баста, ба паҳлӯяш гузошт.

четверг, 26 мая 2016 г.

ЗАРРАҲАҶВИЯҲО


ТОРТ
            Дар табақчае зани соҳибхона ба пеши меҳмон торт овард:
            -- Тортамон саҳл бемаза бошад ҳам, айб намекунед - дия.
            Меҳмон мазаи тортро чашида, гуфт:
            -- Торт ширину нағз–ку, янга.
            -- Куҷои ҳамин торт нағз. Ба пухтан вақти ман нашуд. Ин амакатон дар бозору ӯчор нӯноқ. Як тортеро бардошта овардаанд, ки на қабатин асту на таъму мазаи дуруст дорад. Пула ба кӯча партофта омадаанд.
            -- Ин хел нагӯед, янга, барои ман ширину бамаза аст.
            -- Чаро шумо тарафи амакатонро мегиред?
            -- Ба амакам ман чӣ кор дорам? Барои муфт буданаш тортро таъриф карда истодам!

среда, 25 мая 2016 г.

ФОЛ



Пеши роҳатонро гурба бурида гузарад, фалокате дар пеш аст: саге, ки гурбаро сур карда истода бошад, онро дошта натавонад, ба шумо дармеафтад.
***
Саратон хораду ба хоридану шустан қатъ нагардад, ин нишонаи калшавии шумост.
***
Зоҳири ҳар зану духтаре, ки бозоргир бошад, аломати бад аст: ботинаш ончунон харобу валангор, ки зор‒зор гиристан кам аст.
***
Сардор саҳар бо ваҷоҳати вайрону лабу лунҷи овезон ба кор ояд, хурсанд шавед: ӯро дар боло ë хуб ҷанг кардаанд ë дар хона бо занаш даст ба гиребон шудааст.
***

ДУОИ БАДҲО



Илоҳо, рӯзакат ба моҳона монад!
***
‒ Хайр кунед, дуои мо мустаҷоб мегарданд: илоҳо Худо ба шумо як маъшуқаи мӯрчамиёни садафдандони оромиҷони бебачаву беғурбат диҳад.
***
‒ Ҳамаи ёфтаю тофтаат ба рӯзҳои неки хушдорҳои занат сарф шавад!
***
‒ Парвардигоро, аз дуою илтиҷо мурдем‒ку: аз ғайбакат ба мо, бечораҳои ғариб ҳам, як шиша арақу ду дона помидор расонӣ, давлату мартабаат кам мешавад?
***
‒ Илоҳо, келиндор шавию пеш ‒ пешакаш давида, хизматакашро карда, олқундӣ гардӣ.
***

ГУНГ ГУФТУ КАР ШУНИД



‒ Ба навиштан ҳавсала нест. Нависам, чоп намекунанд. Чоп кунанд, ҳаққи қалам намедиҳанд. Ҳаққи қалам диҳанд, ба носпулӣ намерасад. Э ном дораду нон не, гӯр ин касби журналистии мо шавад-дия!
***
‒ Ба шӯри Хуршедабону шӯрбо! Обу адо шудааст дугонаҷонам. Худаша ба теғу табар зад, ки келин биёрад. Келин оварду обу орзуҳояш барбод рафт. Келинаш келин не, аждарча баромад. Ана ‒ мана нагуфта, модарарӯсашро ба даст гирифт. Ҳоло келинаш ялалову таралло карда мегардаду Хуршедабону келинчакҳо барин пеш ‒ пеши вай давида, хизматашро мекунад.
***