понедельник, 10 августа 2020 г.

ЗАРРАҲАҶВИЯҲО

 ҒУРУР

Ҷавон будам. Ғурурам баланду гапам гап буд.

Дар ҳама ҷо ҳукмамро мегузаронидам.

Падару модарам ҳатто ягон гапи маро ба замин намегузоштанд.

Ҳамеша ва дар ҳама ҷо ман ҳақ будам.

Баъд... Зан гирифтам...

НАБЕРАМУЛЛИМИ САХТГИРИ МАН

 (Ҳаҷвия)

Ба одам алам кунад, ганда будааст. Маҷбур одам ҳатто ба корҳои гӯшношунид ҳам даст мезадааст. Рости гап, ман барои рӯзномаву маҷаллаҳо каму беш хабару мақолаҳо менависам. Синнам ба ҳафтод расида бошад, ки аз одати деринаам  - “хобби” дил канда наметавонам. Ман, ки “одами кӯҳнаам”, материалҳои бо ручка навиштаамро идораи газетаву журналҳо қабул накарда монданд.

-Вай замонҳои асри сангин гузашт, - гуфтанд ходимони нашрияҳо. - Ҳамқадами замон шаведу дар компутер чоп карда, варианти электоронии материалҳоро биёред. Аслан, оварданатон ҳам даркор не, аз ҳамон хонаатон фиристонед ҳам, мешавад.

Ҳар рӯз аз чандин маротиба шунидани ин гуна пичингу эродгириҳои командони редаксияҳо шарм дошта, ба обу арақ ғӯтидам.

среда, 3 июня 2020 г.

Зинда бод, карантин!


(Ҳаҷвия)
Гӯр ин миш-миши мардум ва воҳимаҳои радиову телевизор шавад, бо паҳншавии вируси коронавӣ ба дили одам даҳшат ангехта, моро пеш аз умрамон куштан мехоҳанд. Дар натиҷаи чунин воҳимаҳо ё дар ҳақиқат, ин вируси падарлаънат ба бисёр мамлакатҳо барқосо ҳуҷум овард, ки карантин эълон карданд. Сарҳадҳо баста, ҳаракати нақлиёти обиву ҳавоиву заминӣ боздошта шуд. Ҳама бояд даҳонбандак ‒ ниқоби тиббӣ пӯшанд, дар хона шинанд ва бе зарурият кӯча набароянд.
Аҷаб махлуқем мо одамизодагон. Дар вақти кор аз кор гурехтан мехостему акнун дар рӯзҳои карантин аз бекорӣ зиқ мешавем. Кор ё машғулоте меҷӯем, ки саргарм шавему гузаштани шабу рӯзро нафаҳмида монем! Пештар, ҳатто дар вақтҳои таътили меҳнатӣ рӯзкӯркунӣ осон буд. Як ба кӯча мебаромадед, бо ину он вомехӯрдед, дар ягон ҷо нишаста, чорта сӯҳбату садтогӣ мекардед, ки аллакай моҳ дигар шудааст. Ҳа, динаякак худи ман ҷавони навхат будаму ҳоло ба зинаи 40-солагӣ наздик мешавам.