среда, 3 июня 2020 г.

Зинда бод, карантин!


(Ҳаҷвия)
Гӯр ин миш-миши мардум ва воҳимаҳои радиову телевизор шавад, бо паҳншавии вируси коронавӣ ба дили одам даҳшат ангехта, моро пеш аз умрамон куштан мехоҳанд. Дар натиҷаи чунин воҳимаҳо ё дар ҳақиқат, ин вируси падарлаънат ба бисёр мамлакатҳо барқосо ҳуҷум овард, ки карантин эълон карданд. Сарҳадҳо баста, ҳаракати нақлиёти обиву ҳавоиву заминӣ боздошта шуд. Ҳама бояд даҳонбандак ‒ ниқоби тиббӣ пӯшанд, дар хона шинанд ва бе зарурият кӯча набароянд.
Аҷаб махлуқем мо одамизодагон. Дар вақти кор аз кор гурехтан мехостему акнун дар рӯзҳои карантин аз бекорӣ зиқ мешавем. Кор ё машғулоте меҷӯем, ки саргарм шавему гузаштани шабу рӯзро нафаҳмида монем! Пештар, ҳатто дар вақтҳои таътили меҳнатӣ рӯзкӯркунӣ осон буд. Як ба кӯча мебаромадед, бо ину он вомехӯрдед, дар ягон ҷо нишаста, чорта сӯҳбату садтогӣ мекардед, ки аллакай моҳ дигар шудааст. Ҳа, динаякак худи ман ҷавони навхат будаму ҳоло ба зинаи 40-солагӣ наздик мешавам.

“Китоб зеби ҷевон не, барои хондан аст, ‒ аз дил гузаронидам. ‒ Дар давраи карантин бо навбат хонда мебароям. Бо ин роҳ ҳам гузаштани рӯзҳоро нафаҳмида мемонаму ҳам пойдевори донишам мустаҳкам мешавад...”
Рӯзи дуввуми карантин китобро ба даст гирифтаму ба бало мондам. Ҳамсарам гӯё аз китоб рашк бурда, ба ман часпид. Ин рафтори ӯ муштзани зӯрро ба хотир меовард, ки ҳарифаш ‒ боксёри камқуввату беҳолшударо дар кунҷи ринг, ки дигар ҷойи гурез надорад, гузошта, бераҳмона ба тамоми аъзои баданаш мушт мезанад. Яъне, ба китобхонӣ вақт меёфтааму барои лаҳзае ба ӯ эътибор додан не. Тамоми ин солҳои зиндагии якҷоя ӯро фиреб медодаам. Палтои ваъдагии пешазтӯйиро то ҳол харида надода будаам. Ҳар сол барои дастовезу тӯҳфахарии зодрӯзи модараш сахтакӣ мекардаам. Дар рӯзҳои ҷанозаи бобояш барои се рӯзакак миён бастан вақт наёфтаам. Ҳангоми таваллуди фарзанди аввалинамон мисли дигар дадаҳо рӯзе се маротиба ба хабаргириаш нарафтаам. Ҳоло бачаҳо худсарона калон мешаванду ман ба тарбияи онҳо бепарво... Хулоса, ҳамаи ин гуфтаҳои ӯро навишта, папкаи корҳои ҷиноятӣ тайёр кунанд, бо ҳукми суд ман бояд ба ҷазои ҳабси якумра гирифтор мешудам.
Барои пасандаи ҷанҷол сар аз болои китоб набардоштам.
Не, якбора гунгшавии ман ба ӯ сахт расид магар, ки бештар оташ гирифт.
Дар айни вақти ҷӯшу хурӯши таънаборони навбатӣ ба ниқоби даҳонпӯшиаш ишора кардам.
‒ Эҳ-ҳе, чӣ шумо аллакай манаҳбандон шудани маро мехоҳед?! ‒ дода бардошт ҳамсарам. ‒ Хобатонро ба об гӯед. Ҳоло ман намемурам...
Худоё, пандемаи ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар, роҳбару коргар, импортчиву экспортчӣ, фурӯшандаю харидор ва ғайра дар тамоми мамлакатамон виҷ-виҷ меҷӯшаду роҳбарони ғамхори мо чаро ба муқобили вируси он карантин эълон намекунанд, ман ҳайрон? Эъ, агар ҳоло карантин намебуд, зуд ба чойхона гурехта, бо улфатҳо зуд қусури ин ҷангу ҷанҷолро мебаровардам. Вале аз хона баромадан мумкин не.
Ин хел шақ-шақи шақшақабону қариб як ҳафта давом кард. Таънаву маломатҳои беохираш аз ҷавҳари ҷонам гузашту қарор додам, ки ҷудо мешавам. Вале карантин садди роҳам шуд. Бо вуҷуди он суст наомада, пеши компутер нишастам. Маълум шуд, ки дар давраи карантин тамоми корҳо ба таври он-лайн ҳал карда мешаванд. “Мурдем акнун, ‒ худ ба худ андешидам, ‒ зиндагиамон ҳам қариб ба таври он-лайн буд. Ман дар хона бошам, вай дар хонаи модараш мерафт. Ӯ дар хона бошад, ман ‒ дар навбатдории шабона. Ман чизе хоҳам, ӯ муқобил мебаромад, вай хоҳад, ман ҳавсала надоштам.
Барои ба таври он-лайн бекор кардани ақди  никоҳ  ба шӯъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат кардам. Зуд ҷавоби расмии қолабӣ омад, ки ин масъалаи ҳаёту мамоти одамизод аст ва саросема шудан лозим не. Мувофиқи кодекси оила, ки мо се нафар фарзанд ва молу мулки якҷоя дорем, барои ёфтани роҳи муросову мадоро ба зану шавҳар аввал шаш моҳ мӯҳлат дода мешавад. Баъд бо қарори суд...”
Сарам сих монд. Ҳалли ин масъала танҳо бо хоҳиши ман амалӣ нашавад, оё шақшақахон розӣ мешаванд? Муранд, ки не. Аз тарс зуд ҳамаашро аз компутер маҳв сохтам.
Имрӯз аз хоб хезам, аҳвол ба 180 дараҷа тағйир ёфтааст. Эҳ ин занаки маро фаҳмида намешавад: гоҳ ҳуту гоҳ ҳамал. Аз пагоҳӣ дар чеҳра ва рафтору гуфтораш нишонаҳои моҳи ҳамал баръало намоён. Аз афташ, мувофиқи панди бобои раҳматиам пӯстамро ғафс карда, кару кӯру гунг шудам, ки ҷанҷоле, ки занак сар карда буд, ман ғолиб омадам. Дар акси ҳол бо васвасаи шайтон фарзандҳо зиндаятим мемонданд. Э садҳо ташаккур, ба карантин-е!
Техника ҳарчанд тараққӣ кунаду расонаҳои иттилоотӣ аз чор ақсои олам хабарҳои тоза ба тоза диҳанд, ки боз одам аз аҳволи ҳаққу ҳамсоя ва ёру дӯстони наздикаш бехабар монад, чашму гӯши одам канда партофтагӣ барин мешудааст. Дар дилам, ки файзи моҳи ҳамал ҳукумронӣ мекард, телефонро ба даст гирифтам. Кори хайрро аз шеф сар кардам. Ҳарчанд, ки ӯ барои рӯйдавию ҳақталабӣ маро душмани худ мешуморад, ин амали ман як нишонаи гуманизм аст.
Занг задам. Вай гӯшакро зуд бардошт. Аз овозаш фаҳмидам, ки дар ин хел рӯзҳои ҳабсӣ хонагӣ муштоқи ман барин як одами гапшунав аст.
‒ Ассалому алайкум, Шаҳриёр Зафарович, аҳвол чӣ тавр? Дар карантин аз бекорӣ зиқ нашудед?
‒ Зиқ ҳам гап, Содиқҷон, қариб торс мекафам. Бекорӣ ганда будааст. Агар ман раиси суд мебудам, ба касе ҷазои сахттарин додан раво бошад, дар хона нишаста, ба коре накардан ҳукм мебаровардам.
Шефи шӯҳратгадойи мо, ки ҳафтае ду-се маротиба маҷлис даъват карда, баҳудаву беҳуда дигаронро танқид кардану паст заданро дӯст медошт, ба ҳолаш раҳмам омада, маслиҳатомез гуфтам:
‒ Худро эҳтиёт кунед, Шаҳриёр Зафарович, ин қадар баҳудаву беҳуда хуноб шудан фоида надорад. Ҳар пагоҳӣ номаълумакак бо аҳли оила ҷамъомад гузаронед, аз рӯйи лаёқат ва синну сол ба онҳо фармону супоришҳо диҳед, иҷрои онҳоро назорат кунед, бегоҳ натиҷаи корҳоро санҷед, ана мебинед, ки рӯз бегоҳ шудааст.
‒ Аз рӯйи одат ҳамин хел ҳам кардам, Содиқҷон, вале нашуд. Таҳдидҳо бефоидаву гапа намегиранд, ин муттаҳамҳо. Кореро сар накарда, ҳазору як баҳона меёбанд. Ҷамъомади таъҷилӣ гузаронидам, ки ба баъзеашон танбеҳу виговор диҳам, кор дабдала шуд. Бо сарварии занак бар зидди ман гурӯҳи оппозитсионӣ ташкил карданд. Ҳоло онҳо бисёру ман танҳо. Фақат майдачаи шашмоҳаамон бетараф. Вай ҳоло гапа намефаҳмад.
‒ Ман шуморо нағз мефаҳмам, Шаҳриёр Зафарович. Шумо ба амру фармондиҳӣ одат кардагӣ. Аз рӯйи инертсия ин корро давом надиҳед, касал шуданатон мумкин. Ба саҳни ҳавлӣ баромада, ба гулу гиёҳҳои рӯйи ҳавлӣ, ё абрҳои осмон амру фармон диҳед, худатонро хеле сабук ҳис мекунед...
‒ Э Содиқҷон, диламба занед, ин кори маро бачаҳо дида, боз ба гумонҳои бад нараванд...
Ҳӯ муттаҳам-е, аз ёдат баромад: ту дар корхона коре фармуда, зуд иҷрояшро талаб мекардӣ. Охир дар як соат ё як рӯз ҳатто фармонҳои котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид иҷро намешаванду... Онҳоро ба ёд оварда, дилсӯзона гуфтам:
‒ Ба шумо раҳмам меояд, Шаҳриёр Зафарович... Хайр, ҳамчун роҳбар ба худатон супориш диҳеду баъд ҳамчун коргар иҷро кунед?
‒ Маслиҳати баҷо, додар. Вале худатон медонед, ки ман ҳамчун коргар ба кор кардан одат накардаам. Иҷрои супориш тӯл кашад ва ё аз ӯҳдааш набароям, худамро худам ба ҷанг кардан дилам намешавад.
‒ Ана роҳи хубашро худатон ёфтед, Шаҳриёр Зафарович! Суст набиёед. Нағз кор карданро ёд гиреду баъд худатон аз худатон таъриф шунавед...
Аз ин маслиҳату сӯҳбати телефонӣ шеф як ҷаҳон миннатдор шуд. Баъди карантин, албатта, муносибатҳо гармтар мешаванд. Тасанно ба карантин, ки на танҳо ба ҳифзи саломатӣ, балки ба тарбияи одам ҳам мусоидат мекардааст.
Ба дӯсти собиқи ҳаммактабам ‒ Аъзамҷон занг задам. Вай одами якрави дағалгуфтор. Камбудиҳоро чашми дидан надораду ба рӯйирост танқид кардан одат кардааст.
‒ Аъзамҷон, салом ҷигарам. Аҳволҳо чӣ хел? Дар ин рӯзҳои карантин зиқ нашуда, дар хона ғелидаву хобида телевизор дида шиштед?
‒ Вақти зиқшавӣ канӣ?! Аз пагоҳ то бегоҳ болои диван мехкӯб кардагӣ барин аз пеши телевизор намеҷунбам. Эъ ин барандаҳои телевизор ҳама бесаводи нодон барин. Як гапа гаштаву баргашта ба забон меоранд, ки дили одам беҷо мешавад. Суханҳояшон мазмуни дурусте надораду мантиқаш хароб. Аввал фикр карда, баъд навишта, сонӣ хонда диҳанд, чӣ қадар нағз буд. Ҳам вақт сарфа мегардиду ҳам гӯшу майнаи мо дам мегирифт. Не, падарқусурҳо, барои ифодаи як ҷумла мазмун ним соат ҷоғ мезананд падарқусурҳо.
‒ Хайр, онҳо гапшунав не, гапдон ё гапчӣ. Эътибор надиҳед.
‒ Ҳозир ҳамин хел карда истодаам. Маъқул нашавад, зуд ба пулт ҷоғашонро баста, ба канали дигар мегузарам.
‒ Боб мекунед. Хайр, янга бачаҳо ҳама нағзанд?
‒ Мешавад. Келинатон рӯзи дароз дар ошхона. Китоби кулинариро варақгардон карда, аз ҳар хел хӯрок пухтан санъататаш то рафт сайқал меёбад. Баъди карантин бемалол дар ягон ресторани зӯр сарошпаз шуда, кор карданаш мумкин. Ҳоло вазифаи асосии вай пухта ба рӯйи дастархон овардан асту вазифаи мо - онҳоро несту нобуд кардан.
‒ Ҳамааш нағз бошад, камбудие нест?
‒ Чӣ хел камбудӣ шуданаш мумкин?! Бачаҳо пеш аз саршавии карантин таҳхонаро ба анбори маҳсулоти хӯрокворӣ табдил доданд. Сарфакорона истифода барем, ба 5‒6 сол бемалол мерасад. Фақат...
‒ Чӣ фақат? ‒ ба таҳлука афтода пурсидам.
‒ Ба гуфтан ҳам даҳони одам намеравад. Ҳама чизро хариданду қоғозруллонҳои ҳоҷатхона аз ёдашон баромадааст. Бисёр равуо мекунем-дия, захираҳо ҳам тамом шуданд. Аз афташ, акнун ба усули бобоӣ гузарем, ҷанголзорҳо аз буридашавӣ эмин мемонанд...
Як ҳамкорам доимо аз фарзандонаш шикоят мекард. Ба ӯ занг зада гуфтам, ки акнун айни вақти тарбияи фарзандҳо фаро расидааст.
‒ Ҳа, ‒ гуфт ӯ ‒ карантинаш айни муддао шуд. Лекин бачаҳо ба тарзи он-лайн хонда истодаем, гуфтанд. Санҷам, балоро мехондаанд. Ба воситаи китобҳо якҷоя дарс тайёр кардани шудем. Ба гардан нагирифтанд. Дар мактаб чӣ хел мехонданд, ки акнун, ин тирмизакҳо, аз масофа истода хонанд?! Ҷангу сарзанишҳо ба ҳаво рафтанд. Аз куҷое шунида будам, ки тарбия ба воситаи бозиҳои шавқовар самараноктар аст. Бо қартабозӣ шавқу ҳавасашонро ба хондан бедор кардани шудам. Бачаҳои инзамона бало-дия. То пешин ман буридаму баъди пешин, муттаҳамҳо, ба ман имкони ғалаба кардан надоданд. Ҳурмату эҳтироми калонсолонро ҳам намедонанд-е! Пагоҳ барои ривоҷи ақлу зеҳнашон ба шоҳмотбозӣ сар карданӣ. Вале онҳо бозиҳои компутериро пешниҳод мекунанд. “Намедонам” гӯям, ёд доданӣ. Акнун метарсам, ки дар давраи карантин асири компутебозиҳои аҳмақона шуда намонам...
Ҳамин вақт баъди “биб-биб, биб-биб!”-и бадвоҳимаи мошин аз кӯча садои “Бозор омада, бозор омад!” баланд шуд. Эҳ ин самарқандиҳои мо бало. Бо баҳонае обро лой карда, моҳидориро дӯст медоранд. Дар давраи карантин дари бозорҳоро набаста бошанд, ки тамоми кӯчаву гузарҳоро ба бозор табдил доданд. Бо корчаллонӣ аз бозор меваю сабзавотҳоро бо нархи арзон харида, дар қишлоқу маҳаллаҳо як бар даҳ қимат карда мефурӯшанд-е! Бойҳо ҳамеша бой мешудаанду камбағалҳо – боз камбағалтар.
Зуд дарро аз дарун қулф кардам. Дар ҳамин шабу рӯз хароҷоти барзиёд чӣ лозим?

Ҷоғи бисёри Ғуломалӣ ба замин! Вай бо сафсаттаҳояш гӯшу майнаи одамро афшонида, ба пешатон мемонад. Ҳангоми гуфтугӯ телефон дуд кунад, ки боз чоряки гапи ӯ нотамом мемонад. Бинобар ҳамин, ба ӯ паёмак ‒ СМС фиристондам. Аз байн як соат нагузашта, ҷавоб омад: “Чӣ хел гузаронида истодани карантинро пурсидед? Дангали гап: зӯри зӯр! Худатон медонед, ки бонуи хонадони мо духтур. Баъди эълони карантин тамоми властро ба даст гирифтанд. Мо хонашин бошем, ки он кас ба кор рафта меоянд. Дар табобатгоҳ онҳо ба чӣ кор машғуланд, ба мо торику лекин рӯзи дароз супоришҳои он касро бенчунучаро иҷро мекунем. Бачаҳо ба рӯфтану чиндан ва пок-поки дару тирезаҳо банд шаванд, пухтупазу шустушӯ ‒ ба гардани ман. Бону аз кор оянд, мо як-як ҳисобот медиҳем. Он кас аз ҳисоботи мо қонеъ нагашта, ҳамаашро аз назари танқидӣ мегузаронанд. Ҳатто мувофиқи қоидаҳои гигиенӣ шахсан аз болои дасту рӯ ва дандоншӯйиҳои мо назорат мекунанд. Аз рӯйи гуфтаи он кас дастҳоро камаш ёздаҳ дақиқа шустан даркор будааст. Дар акси ҳол микробу вирусҳо намемурдаанд. Аз ҳама асосиаш ба ман меҳрашон тофта, ҳатто  иҷозат доданд, ки ҳар бегоҳ бар замми нағзакак шустани дасту рӯ даҳонамро бо спирт ё арақ дезенфексия кунам. Ба даҳон як-ду қулт арақ ё спиртро гирифта, хуб гирд мегардонаму ба партофтан дилам намешавад. Ин амалро ду-се бор такрор кунам, ки боз гашта партофтан аз ёдам мебарояд. Ноилоҷ худро ҳушёр гирифта, ба гирди дастархон мешинам. Бачаҳо ба назарам қобилу боодоб ва занак фаришта метобад. Ҳамчун гурги гурусна ба хӯрок мечаспам. Баъди таом як ҳузуру ҳаловати беинтиҳоеро ҳис мекунам, ки шояд дар ҷаннати афсонавӣ набошад. Ана ҳамин хел гапҳо, дӯстам. Ҳоло дилам мехоҳад, ки карантинро боз давом диҳанд.”
Дар ин хел рӯзҳои карантин саховатпешагон ба оилаҳои нодору камбизоат орду биринҷ, шакару равған тақсим мекунанд. Ман аз онҳо чӣ камӣ дорам? Охир аҳволпурсии ҳамсоя ҳам меҳру мурувват аст.
Ба рӯйи ҳавлӣ баромадам. Овози ҳамсоя ба гӯшам расид.
Салом дода, аз аҳволаш пурсон шудам.
‒ Э саломат бошед, ҳамсояҷон, ‒ мувофиқи нишондодҳои карантин аз паси девор истода ҷавоб гардонд ҳамсоя, ‒ ин карантинаш одама зиқ кард-ку...
Ин ҳамсояи мо доимо худро камбағал тарошида, беванолӣ мекунад. Дар асл ӯ камбағал не, танбал аст. Аз пагоҳ то бегоҳ бо ҳаммаслаконаш чойхонаи маҳалларо кадастр карда гирифтагӣ барин ғайбату гапфурӯшӣ ва қартаву нардбозӣ мекунад. Ҳама танпарвару тайёрхӯр. Ба тамоми тӯю зиёфат ва худоиву бегоҳи ҷумъаҳои маҳалла шарик.
Ба ҳавлии ин ҳамсоя даромада намешавад. Ҷанголмазори таппа-тайёр. Аз рӯйи гуфтаи корафтодаҳо чирку чарми зери палосҳои хонааш як ваҷаб. Ошхонаашро дар се фасли гармои сол ба пашшаву нонхӯраку тортанакҳо ба иҷора медодааст. Хулоса, ба ҳавлиаш дароед, вақти баромадан ҳатман пойҳоятонро тоза карда баромадан лозим меомадааст, ки кӯча ифлос нашавад.
‒ Доруи рафъи зиқшавӣ кор-дия. Ҳаминро ҳам намедонед?
‒ Дуруст гуфтед, ҳамсоя. Ҳозир кӯчабароӣ набошад, чойхонашинӣ набошад, ғелида дуракбозӣ набошад, маҷбур каландро ба даст гирифтам. Замини рӯйи ҳавлиро гардонида, сабзиву картошка ва кабудӣ коридам. Гулу гулбуттаҳо шинондам. Сонӣ, навбати току дарахтҳо расид. Бо қайчиву токбур ҳамаи инҳоро орову торо додам. Акнун ҳуҷум ба таҳхонаву болохона... Занам аз ин корҳои ман ҳайрон. Девона нашавад, хуб-куя. Ҳамин қадар корҳо аз дастам меомадасту мани аҳмақ худамро хор карда гашта будаам-дия, ҳамсоя. Акнун карантин тамом шавад, барои ба кӯча баромадан метарсам. Охир дар бозгашт ҳавливу ҷойи худро нашиносам, шармандагӣ...
‒ Худро хор шудан намонда, баъди карантин ҳам камтар бароед, - бо мақсади пешгирӣ кардани иғвою хонавайроншавии мардум маслиҳатомез гуфтам..
‒ Албатта...
Зинда бод, карантин-е!

Комментариев нет:

Отправить комментарий