четверг, 18 июля 2019 г.

Ҷазираи кампиракон


Ҳаҷвия

- «Келин аз дар даромад, Нури хонем даромад», - пиразане якбора ин суруди ҳофизро аз радио дастӣ шунида, бо иллат онро кушт. О келин душман аст. Вай аз дарам даромаду ҷангу ҷанҷол сар шуда, файзу баракаи хонадон аз дарвоза баромад! Э овозакат ба дарун афтода, сақав шавӣ ҳофизи гӯр...
Пиразане, ки пеш-пеш мерафт, бо вуҷуди ин қадар заҳрзании ҳофизи бечора ҳамон ҷӯши ғазабаш пасанда намешуд. Саҳл монда буд, ки радиоро ба замин зада, зери по гирад. Як гапҳое гуфт, ки ҳатто онҳоро мардҳо барои ба забон овардан шарм медоранд.

Ман дар ин ҷо одами нав. Аз таърифи баъзеҳо оби даҳонам то нӯги поям шорида, ҳамин пагоҳӣ ба ин санатория омадам. Истироҳатгоҳ, дар ҳақиқат, ба таъриф меарзид. Дар бағали биҳиштосои кӯҳ ҷойгир. Гулу дарахтонаш аҷириқзор барин аз ҳад зиёд. Ҳавояш салқину рӯҳнавоз. Ҳозир чиллаи тобистон бошад, ки пагоҳиву бегоҳӣ либоси гарме напӯшед, зуком шуданатон мумкин.
Дар истироҳатгоҳ мардҳо ҳатто 1,5-2 фоизро ташкил намекунанд. Кам, ки ҳастанд, мисли пашшаҳои нимҷони тирамоҳӣ дар гӯшаву канори хилваттар ба назар мерасанд. 8-10 фоиз занҳои ҷавону миёнсол. Боқиманда ҳама кампираку пиразанҳое, ки баъзеашон мисли занги ток каҷу килебу пажмурда ва буҷмаку муҷмак шудаанд.
Ман аз рӯйи одати худ ҳар сол як ҳафта даҳ рӯз ба ягон гӯшаи дурдасте барои дамгирӣ меравам. Дар ин хел ҷойҳо на ман ягон касро шиносаму на ягон кас маро ва аз оламу одам бехабар бошам. Дар ин санатория, ки дар сари ҳар қадам ғайбати арӯсҳо меҷӯшад, аз ягон кас напурсида, ба чунин хулосае омадам, ки ин истироҳатгоҳи пиразанҳо. Аниқтараш, ҷазираи супермодарарӯсҳои келинбезор.
Радиои «Би-би-си» барин шабу рӯз шунидани дарду алами кампиракҳои берӯзӣ бароям тоқатнопазир буд. Вале ман акнун истироҳатро қатъ карда, ба партофта рафтан илоҷе надоштам. Чунки пулашро пешакӣ додаам. Ҳамеша ва дар ҳама ҷо пулро додан осону баргардонда гирифтан душвор.
Дар тамоми санаторияву курортҳо пас аз нонушта ҳуҷуми истироҳаткунандагон ба шӯъбаҳои табобатӣ оғоз меёбанд. Дуо рафтагӣ барин дар ҳама ҷо ходимону асбобу ускунаҳои табобатӣ каму табобатгирандагон мисли мӯрчаҳои аввали баҳор бисёр. Барои ҳамин, пойгаи дағаливу асабвайронкунӣ ва намоиши фиребу тақал авҷ мегирад.
Ҳангоми навбатистӣ пештар ҳамчун рамзи эҳтиром намояндагони ҷинси латиф -  хоҳарону модаронро пеш мегузаронданд. Дар ин ҷо ҳисси гуманистии занҳо фаввора зада, мо мардҳоро бенавбат ба қабули табобатҳои ҷисмониву терапевтӣ роҳ медиҳанд.
Ҳангоми қабули табобатҳо овози як зани аспрӯйи миёнақади мисли ҳиндузанҳо сип-сиёҳ ҳамеша пардаҳои гӯшро медарронд:
- Э, ин чӣ хел табобат?! Дасту панҷаатон хушк шавад, дарсенвалро дуруст доред, мемуред? Аппарати гӯрсӯхтаатон якта-якта мӯйҳои сарамро канда мегирад-ку?!
- Парафинмонӣ ҳамин хел мешавад? Худам як зани сӯхтагӣ бошам, шумо ҳам бо парафини бӯйнокатон маро сӯзонда, аз умрам пештар куштан мехоҳед?!
- Оби ваннаи пой афту башараатон барин ин қадар хунук?! Ин чӣ хел табобат-а? Пула гирифтана медонеду хизмат кардана не-а? Э аз даҳону биниатон мадда барин зада барояд!
Гӯши пиразан, ки вазнин аст, овозаш баланд. Чизе нагӯяд, ҳама мешунавад. Баробари пайдо шудани ӯ ходимони табобатгар мотам мегиранд.
- Ҳамин ғурбатхола тезтар дафъ мешуданд! ба якдигар пичир-пичир мекарданд духтаракони шӯъбаҳои табобатӣ. Ҳар сол азоби дӯзахро ба сари мо бардошта меоянд-е!
Ба ходимони муолиҷагар раҳмам омада, рӯзе аз як пиразани зиёинамо хоҳиш кардам, ки он холаи ҷанҷолиро ба кӯчаи инсофу одамгарӣ даъват кунад.
- Фоида надорад! бепарвоёна даст афшонда гуфт вай. Аз рӯйи принсипи ҳамраъии модарарӯсҳо қасди келинҳояшонро аз инҳо мегирад. Чунки аксари инҳо ҳам модарарӯс доранд.
Кадом рӯз гувоҳи сӯҳбати ду пиразане шудам. Яке бо сӯзу гудоз ҳасрат мекард:
- Аз қабули табобатҳо метарсидагӣ шудаам. Дирӯз ба ғори намак даромадам. Чанги намак ба чанд ҷойи захмхӯрдаи рӯю дастонам нишаста, ончунон ба дарду сӯзиш даровард, ки пок мемурдам. Парафинаш мисли лойи дӯзах гарм. Массажисти гӯрсӯхта «мӯҳраи устухони гарданатонро мекашам» гӯён ончунон рафтор кард, ки  худро дар дор овезон ҳис кардам. Ҳамаи инҳо боз қилиқҳои нави арӯси нонкӯрам набошад… Аз дасти ин келини ҷувонмарги ман ҳама чизро интизор шудан мумкин. Дилам аз вай хавотир. Мабодо ба инҳо телефон карда…
- Ин хел нагӯед-е, дугонаҷон, - ӯро дилбардорӣ кард ҳамхонааш. Нафаси хунукатона шамол барад!
Пас аз таомхӯрии пешинӣ истироҳатгоҳ ба бозори ҳасрат мубаддал мегардад. Кампиракҳои пажмурдаву шафтолуқоқмонанд, бедандону айнакӣ ва асодору беасо даҳони ҷуволи дарду ғамашонро ба пеши якдигар мекушоянд. Ҳасратфурӯшон бисёру харидорон - шунавандагони шавқманд кам. Вале онҳо ҳам чандон даҳонялаву гумроҳ нестанд. Лаҳзае дилу бедилон суханҳои ҳамсӯҳбаташонро гӯш карда истода, дар мавриди мувофиқ дарду ҳасрати худро ба маҷрои сӯҳбат кӯндаланг мегузоранд.
- Ин не, вай не, мо келин гӯён аҷалаки худро ба хона оварда будаем, - мегуфт яке. Падару модараш духтар не, мори афъиро тарбия карда будаанд. Ба дидан хушрӯву зебо, вале ҳар замон заҳр зада наистад, ба назарам, худаш касал мешавад. Аз рӯзи омаданаш «ман аз гов метарсам, бӯйи риху пешобаш ба баданам мешинад» гӯён говҷӯширо ба гардан нагирифт. Ҳозир худам меҷӯшаму ба ширу қаймоқаш келинподшоҳ бакавул. Бепӯшт-пӯшт ба ҳамсояҳо фурӯхта, пулакашро ба киса мезанад. Корҳояш, ки ҳарому ҳариш аст, сару либосамро худам мешӯям. Ҳамин, ки ба сари тағора нишастам, келинчаи худобехабарам бағал-бағал чизҳои чиркинашонро оварда, ба болои ғарами ҷомашӯйӣ мепартояд.
- Шумо ҷомашӯйиро нағз мебинед, бийимуллоҷон. Ҳаминҳоро ҳам дар пасоби ҷомашӯйиатон як-ду об гирифта партоед, мегӯяд. Писарам суст-дия. Барои ҳамин келин хизматгори хона неву ман канизаки хонадон шудаам… Эҳ, ин мани сарсахт, кадом як дарду доғамро гӯям… Аз ҳама аламовараш, дугонаҷон, ҳаққу ҳамсояҳо маро ба тӯй хабар кунанд, «ман меравам» мегӯяд гӯрсӯхта. «Ба келинҳои ҷавон дар тӯй чӣ ҳаст?» гӯён боре эрод гирифтам. Медонед, вай сарғалтон чӣ гуфт: «Тӯй аз они ҷавонону мурдаву азо ба кампирҳо мезебад, - рӯякашро мурдашӯ шӯяд, шарм надошта ҳамин хел гуфт. Дар тӯй мо мехӯрему менӯшем, чорта рақсу бозӣ мекунем. Шумо чӣ? На дандон доред, ки чизе хӯрда тавонеду на ҳунару ҳайдаре доред, ки бо рақсу бозӣ давраро тафсонед.»- Дуруст, дугонаҷон, - гапи ӯро тасдиқ карда, дар навбати худ ба ҳасратфурӯшӣ гузашт ҳамсӯҳбатам. Келинчаи мо даҳ баробар аз келини шумо бадтар. Дасту панҷааш чангак шудагӣ барин на аз ӯҳдаи шустушӯ мебарояду на аз ӯҳдаи пухтупаз. Меҳмоне ояд, писарамро «ғиззӣ» ба кӯча мефиристонад. Дар як лаҳза мебинед, ки рӯйи дастархонро гӯшти мурғу шашлик ё манту оро медиҳад. Ана баъд таърифро мешунавед, ки келини Саодатой бадасту панҷаасту дар як лаҳза се-чор хел хӯрок пухта, меҳмондорӣ мекунад… Э ҳамааш айби худамон. Як порча гӯштро бо ҳазор азоби алим ба воя расонда, коркуну пулёб мекунему баъд ба дасти занонашон дода мемондем, ки ҳукмронӣ карда гарданд…
Дар хонаву долон, нишастгоҳҳои саҳни истироҳатгоҳ дар ҳама ҷо кампиракҳо ба ҳасрат дода мешаванд. Вале боз дар муддати даҳ рӯз аз ҳазор як ҳиссааш ногуфта мемонад.
Як шаб хобам набурд. Барои ҳавохӯрӣ берун бароям, чароғи зали варзишӣ фурӯзон. Ҳамчун доруи хоб ду-се машқи ҷисмониро ба ҷо овардани шуда, ба паси дараш равам, аз дарун овози кампираке ба гӯшам расид:
- Э сараки зоидаву калонкардаатро хӯр, ҳоло ту маро назару писанд намекунӣ?! Ана ба ту! ва садои гумбосе баланд гардид. Ман хизматгорат не, ман модарарӯсат мешавам, ту инро мефаҳмӣ, аҳмақ! Ана ин барои гапгардониат, маҳмадоно! «Гум-м!» Бачапойиям кам буд магар, ки акнун хонарӯбиву ҷомашӯйиро ҳам ба гарданам бор карданӣ-а?! Номаъқул кардӣ, ана ба ту, ана… «Гум!», «Гум-м!!», «Гум-м-м-м!!!»
Саҳл наздиктар рафта бинам, кампирак ин гуна гапҳоро гуфта, ба «муруд»-и овезони машқкунии боксёрҳо мушт мезаду мушт мезад. Бо ҳамаи инҳо қаноат накарда, боз ҳар замон ҳаракат мекард, ки бо пойҳояш ҳам бикӯбад. Вале қадаш намерасиду аламаш дучанд мегашт.
Оҳиста қафо гаштам, ки бухси дилашро нағзакак барорад.
Дидану шунидани дарду ҳасрати кампиракҳо кинои бисёрсериалӣ барин шавқовар буданд. Даҳ рӯз тири паррон барин гузашт. Рӯзи охирин сабаби ҳамаи инҳоро аз сардори санатория пурсидам. Ӯ гуфт:
- Мақсади мо тинҷиву мустаҳкамсозии оилаҳост. Сутуни ҳар як оила кампираку бобойакҳо. Вале роли пиразанҳо калони калон аст. Дар ин ҷо барои онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки дар давоми даҳ рӯзи истироҳат ҳамаи заҳру зақум ва дарду алами худро партофта, бо дили софу қувваи дучанд ба оилаҳояшон баргарданд. Мор ҳам заҳри яксолаашро резад, қобилу беозор мешавад.


Комментариев нет:

Отправить комментарий