воскресенье, 14 августа 2022 г.

ТӮҲФА БАРОИ ХУДАМ

 (Ҳаҷвия)

 Ҳар сол дар арафаи Соли нав дилам хонаи ғаму андӯ мешавад. Фикри тӯҳфаву ластовез аз чор тараф ба мани сарсахт ҳуҷум мекунанд. Ҳар сол ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор ба гирифтани тӯҳфаҳои солиавӣ одат кардаанд, падарқусурҳо, интизор мешаванд. Нафристам ё набарам, баъд худашон шарм надошта, гила ҳам мекунанд.

-Ҳамон чорта савғотиҳои солинавӣ худаш ҳеҷ гап не, вале ин ҳам як нишонаи меру муҳаббати одамгарӣ аст. Аз мо дареғ надоред, ягон ҷоятон кам намешуд...

Яктояш хоҳари ҷонии худам. Гирифтанро медонанду доданро не. Ҳамеша беванолиӣ мекунад, ки дар рӯзғораш ин несту вай нест. Хайр, набошад, мани бечора  гунҳкорам? Дасту панҷааш бутун. Фарзанд дорад. Кор кунад, ёбад, то кай ба умеди дигарон шудан мумкин? Э инсоф ҳам даркор-дия!

Аз амакҳоям шикоят намекунам. Онҳо ба ҳар ҳол аҳли фаҳманд. Вале як тағоям... Тағо ба ҷойи ҳафт падар мегӯянд.  Эҳ ин тағои ман ба ҷойи ҳафт падар ҷангу сарзаниш ё наҳ занад, ки аз кӯчаи меҳру мурувват нагузаштааст. Дар сад сол ҳам чашмаи мурувваташ ба ҷӯш намеояд. Вале ҳамеша як чиз умедвор. Гург барин канда гирифтанро дӯст медорад. Як-ду моҳ ба хонааш нарафта монам, худаш ба суроғам меояд.

-Э ту чӣ хел ҷиян? Тағом зинда ё мурд гуфта, як ба хабаргирӣ ҳам намеравӣ? Ҳеҷ набошад, гоҳ-гоҳ як телефон кун. Дстовез иззати меҳмон бошад, ки ба мо чизу чораат даркор не. Ҳамту як аҳволпурсӣ кунӣ, мо ҳам ҷиян дорем гуфта, сарам ба осомон мерасад...

Холаву холабачаҳо ҳам ба муфтхӯрӣ одат кардаанд, чӣ бало? Тирамоҳ аз нӯги ҳосили деҳқонӣ сабзиву картошка ва пиёзу шалғам фиристам, ки боз дилакашон мехоҳад, ки дар рӯзҳои иду айём як-ду кило гӯшту майда-чуйдаҳои дигар барам... Аммо аз дили худи ман пурсидан ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеояд. 

Ё модарарӯсамро мисол гирем. Фарзанҳояш дар хориҷа, худаш нафақаи калоне мегирад. Ҷоҳу ҷалолаш қасри боҳашамату дар таги пояш мошин. Бо ҳамин қадар добу дастгоҳу молу мулк боз дар ин хел рӯзҳо чашмакаш ба роҳи ман метобад. Рӯзгори худам кам будагӣ барин боз дилакаш мехоҳад, ки онҳоро хӯронида пӯшонам. Ҳар чӣ қадар набарам, боз кам. Чашми танги дунёдоронро аз афташ танҳо хоки гӯр сер мекунад? Порсол ҳамроҳи дастовез ба ду нафар наберааш ҳам халтачаҳои солинавӣ бурдам. Муттаҳам шарм надошта гуфт, ки “шумо, домоҷон, ҳисобу киторо хато накунед, ман 16 нафар набера дорам”...

 Худоё, кадом як дади диламро гӯям?! Рӯзҳои иду тантанаҳо барои ман рӯзҳои хурсандӣ не, мотам аст.

Мо дар байни ду гап ҳаққи ҳамсоягарӣ мегӯем. Ҳамсоя ба саратон соя бошад, ки аз шумо некие растаду аз онҳо не, ин ҳам мувозинати одамгариро вайрон мекунад. Охир ҳар сол дар шаби Соли нав Бобои барфӣ шуда, ҳамсоябачаҳоро табрик кардану тӯҳфа дода баромадан ба ман зарур аст?! Бачаҳо ҳам тӯҳфаро гирифта, як-ду рӯз “амакҷон” мегӯянд. Баъд аз ёдашон мебарояд. Аз ёдашон барояд, тӯҳфа бахшидани ман шарт аст?..

Уф-ф, одами аноиатонро ёфтед. Бас! Имсол ба ҳеҷ кас дастовезу тӯҳфа намебахшам. Як-як телефон карда мебароям, ҳаминаш кифоя.

Телефонро ба даст гирифтам. Шишаи рӯяш дарз дорад. Аз чанд ҷояш бо скоч часпонида мондаам. Дар миёнаш миёнбанди резинкагӣ. Аз кӯҳнаву фарсудагӣ баъзан забон барорад, баъзан гунг мешавад. Э мани нодон. Ба пули ҳамон датстовезу тӯҳфаҳо ба худам як телефони олиҷаноб харам мешавад-ку?! Ҳар сол

ҳамаро хурсанд кунаму худамро не?! Охир ба ин ҳақ дорам!

Ба магазин рафта, барои худ телефони нав харидам. Имсол худамро ҳам як хурсанд кунам-дия!

Комментариев нет:

Отправить комментарий