воскресенье, 14 августа 2022 г.

ДАРАХТИ ХУШКИ ОЛБОЛУ

 (Ҳаҷвия)

Як дарахти олболуи рӯйи ҳавлӣ  хушк шуда буд. Ҳар рӯз ба он чашмам афтад, дилам хира мегашт. Дарахти хушк хосият надорад. Чанд сол боз канда, ба ҷояш ниҳоли дигаре шинонданӣ мешаваму ҳеҷ не, ки вақт расад. Ин саҳарӣ -  рӯзи истироҳат барвақт аз хоб хестам, ки ҳамин корро ба ҷо меорам. Ва аз ҷоғу манаҳи занак, ки “ҳамин корро имрӯз-фардо гуфта, ба қафо мепартоед”, мегӯяд, ҷонам халос мешавад.

Пас аз нонушта сару либостҳои “ҷангӣ”-ро ба бар кардам. Ба поям мӯзаро пӯшида, ба сарам рӯймолча бастам. Бо ғайрати ҷӯшон ба майдони ҳарбу зарби меҳнат – ба берун баромадам.

“Барои афтондани дарахт аввал бехи онро буридан даркор, - худ ба худ андешида, аз таҳхона арраро гирифтани шудам. Болои роҳ чашмам ба каланд афтод. – Охир каланд ҳам барои решакоб кардани дарахти олболу лозим!”

 Бо ҳамин хаёл каландро ба даст гирам, падарқусури бачаҳо, дастаашро шикастаанд. Эҳ, инҳо ба кор не, ба шикастану вайрон кардан усто! –гӯён дастаи русткардамондаамро ёфтам. Он дарозу ғафс буд. Чен карда, бо аррача буридам. Барои ҳамвору суфта кардан ранда лозим шуд. Бинам, занг задааст. Ноилоҷ аввал онро бо равған тоза кардам. Баъд чарх доштам. Як рандае шуд, ки... Бо он дастаро рандаву силлиқ карда, ба каланд шинодам. Худи каландро ҳам аз лойю хок тоза карда, дамашро ба ифоқа овардам. Каланд не, каландҷон шуд! Тракторча ё булдозерча гӯям, бемалолтар барин. Худаш кор мекунад.

Ғарқи тамошои кори худ будам, ки бӯйи баде ба димоғам расид. Ба ин тараф, он тараф зеҳн монда, бӯй кашам, аз мурғхона. “Э ин занак, мурғҳои ман гуфта, калонгапӣ мекунаду ақаллан тоза кардани даруни мурғхона ба гӯшаи хаёлаш намеояд. Тухмхӯриаш нағзу кораш бад-а?! Мурғҳо ҳам ҷонварони зинда! Дар шароити антисанитарӣ зиндагонӣ кунанд, ба ҳазору як касалӣ печиданашон мумкин. Он гоҳ тухмкунӣ не, “тӯпа-тӯпа” мурданашон фаро мерасад.”

Остин бар зада, ба мурғхона даромадам. Қариб як соат поруяшро баровардам.  Дигарон поруи мурғро ҳам пул мекунанд! Мо  барои ҳамин бой намешавем-дия!  Мо худро фақири камбағал мегӯем, дар асл мо камбағал не, танбал... Бо ҷорӯб кунҷу канорҳои мурғхонаро тоза кардам. Торҳои тортанак қабат-қабат саллаи ҷорӯб шуд. Баъди хеле ҷунбуҷӯл мурғхона ба назарам музей барин тофт. “Ана акнун, ин занаки серҷоғ ба худам ҳам чорто тухм пухта диҳанд, ҳалол мешавад!”

Ҳамчун телепат ҳамин вақт занак маро ба хӯроки нисфирзӯзӣ ҷеғ зад. Вай аз ин гуна корҳои ман гул-гул мешукуфт. Мардикори муфт ба кӣ маъқул не?

Шӯрборо бо ҳузуру ҳаловат ба зери бинӣ задам. Мураббочойи аз болояш нӯшидаам ба тамоми баданам  як роҳату ҳаловати биҳиштӣ бахшид. Камтар дароз кашиданӣ шудам. Вале ин хел раъйӣ шайтониро аз сарам дур ронда, аз ҷой хестам. Охир қарори ман қатъӣ! Дарахти хушки олболуро бояд афтонам.  Ман як корро, ки  мекунам гуфтам, мекунам!

Хаёли каме ғанаб кардан ҳамчун чангу ғуборе, ки ба ман мечаспида бошад, бо даст ба чор тараф пароканда карда, аз ошхона баромадам. Хамёза мекашидам, ки чашмам ба буттаҳои зарду хушкшудаи ҷорӯбҳо афтод. Ба назарам доғи ҳавлӣ барин ганда намуд. Қайчии токбуриро гирифта, як-як аз бехашон буридам. “Ин занаку духтарҷонам ба баҳонаҷӯйӣ  устухон надоранд. Баъзан пурсам, ки чаро рӯйи ҳавливу таги дарвоза чиркин аст, даррав ҷавобашон тайёр: ҷорӯб нахаред, бо мӯйи сарамон рӯбем? Канӣ, шумо минбаъд ҳам баҳона ёфта бинед?  Ана ба шумо ҷорӯб! ”

Чорӯбҳои буридаамро дар як ҷо ғарам карда, ба ҷорӯбсозӣ пардохтам. Дере нагузашта, ҷорӯбҳои дастадароз, дастакӯтоҳ, паҳну фаррох, хурду калон ғарам шуд. Бинед, ҳаваси кас меояд. Аз кори худ дилам фараҳхона гашт: “Эҳ, исту бистӣ ман фоида! Ана, худи ҳамин рӯз ҳам бо ҷорӯбсозӣ чандин ҳазор сӯм  ба буҷети хонавода даромад овардам. Ба ман гран-при диҳанд, меарзад.”

Аз ҷо хеста, ҷорӯбҳои сохтаамро ба сӯйи коҳдон мебурдам, ки ба чархи велосипеди писарчаам пешпо хӯрдам. Саҳл монда буд, ки биниамро хуншор созам. “Ух-х, ба ин Рамизҷони мо фақат шикастану вайронкорӣ бошад. Охир одам пулро аз шохи дарахт чинда намегирад. То харидани велосипедча Рамизҷон чӣ қадар зориву тавалло кард. Баъде, ки харидем, ишкамсерӣ хуб давонд. Велосипед аз оҳан бошад, ки эҳтиёт накунед, вайрон мешавад, мешиканад. Аз бесариву беэҳтиётӣ вайрон карду акнун хотирҷамъ. Дигар ба ӯ велосипед даркор не. Дилакаш мошин мехоҳад. Охир ман заводи пулбарорӣ надошта бошам... ”

Агар инро ҳамин тавр монам, тамом, велосипедчаи наппа-нав оҳанпора мешавад. Бо калиду анбӯру винттобак мусаллаҳ шуда, қариб як соат вақт сарф карадам. Велосипедча соз шуд. Ана акунун кайф кун-е!

Ҳамин вақт аз кӯча ғалоғулаи ҳамсояҳо ба гӯш расид. Баромада  бинам, ҳамсояҳо тахту ҳамвор кардани кӯчаро муҳокима мекунанд. Ғайратам, ки меҷӯшид, якбора гуфтам:

-Бо маслиҳату муҳокима кор буд намешавад. Аз гап-гапи бекора дида, ба амал гузаштан даркор!

Ва худам намуна нишон додани шуда, каландро гирифта, ба кӯча баромадам.

Ҳангоми кори тахту ҳамворсозии кӯча идеяи нав пайдо шуд:

-Гоҳ-гоҳ ба кӯча об зада истем, ҳусну тароваташ дигар хел мешавад. Барои ин дар сари кӯча як найи об мондан даркор! – таклиф кард ҳамсояи дасти ростамон. – Аввало обзании кӯча бемалол шавад, сониян, ин обрӯйи аҳли маҳалла. Роҳгузарон  як пиёла об нӯшида, дуо кунанд, ба ҳамаамон мерсад.

Таклиф ба ҳама писанд омад. Ба хонаи ину он одам фиристондем. Устоҳои васлгару челонгар ҳам пайдо шуда омаданд. Даст ба даст корро тарсондем. Ақли зангзадаи занак кор карда, чою конфет баровард. Дигаре нону ангур. Рӯйи дастархон ҳам обод шуд. Ҳашарчиҳо вақти нафасросткунӣ чой нӯшида, даҳон ширин мекарданд.

Амини маҳалла ҳам пайдо шуда, аз ин кори мо гул-гул шукуфт. Охир барои вай ҳам нағз-дия! Акнун дар дафтари корҳои иҷрокардааш менависад, ки барои беҳтар гардондани шароити  зиндагонии мардум ҳатто дар сари кӯча ҳам найи об гузоштем. Ҳа, ҳоло кори калонҳо ҳамин хел: мо кор кунем, ки таърифу болобардориҳо насиби онҳо мешавад. Хайр, бало ба пасашон...

Кор буд шуду онро шустем...

Пеш аз хоб занаки дилозорам заҳр зад:

-Афтондани олболу боз ба соли дигар монд?

“Асатағфируллоҳ” гуфта, ҷӯши ғазабамро базӯр фурӯ бурдам. Якто ба пешонӣ задам: э одати бадам дар гӯр! О ба кӯча набароям, намешавад? Корҳои хонаро маҳин-маҳин карда меистодам, ба даст намеафтодам. Ҳашт-даҳ ҳамсояи дигар дарро қулф карда ғайб заданд-ку! Акнун бемалол меоянду аз ҷумак аввалин шуда об мегиранд. Ба мо – заҳматкашҳо “ташаккур”-ро ҳам садақа намекунанд...

Занак ҳақ буд. Хайр, чӣ илоҷ? Оҳе кашида, худро дилбардорӣ кардам: “Ҳеҷ гап не, ҳафтаи оянда ҳатман ин корро мекунам. Ҳамон дарахти хушк ба ҳеҷ куҷо гурехта намеравад!”

Комментариев нет:

Отправить комментарий