понедельник, 10 августа 2020 г.

НАБЕРАМУЛЛИМИ САХТГИРИ МАН

 (Ҳаҷвия)

Ба одам алам кунад, ганда будааст. Маҷбур одам ҳатто ба корҳои гӯшношунид ҳам даст мезадааст. Рости гап, ман барои рӯзномаву маҷаллаҳо каму беш хабару мақолаҳо менависам. Синнам ба ҳафтод расида бошад, ки аз одати деринаам  - “хобби” дил канда наметавонам. Ман, ки “одами кӯҳнаам”, материалҳои бо ручка навиштаамро идораи газетаву журналҳо қабул накарда монданд.

-Вай замонҳои асри сангин гузашт, - гуфтанд ходимони нашрияҳо. - Ҳамқадами замон шаведу дар компутер чоп карда, варианти электоронии материалҳоро биёред. Аслан, оварданатон ҳам даркор не, аз ҳамон хонаатон фиристонед ҳам, мешавад.

Ҳар рӯз аз чандин маротиба шунидани ин гуна пичингу эродгириҳои командони редаксияҳо шарм дошта, ба обу арақ ғӯтидам.

Барои он ки ҳамқадами замон бошам, дастнависҳоямро ба ягон кас медодам. Вай онро дар компутер чоп карда, ба коғаз бароварда медод. Ман онро хонда, баъзе ҷойҳояшро ислоҳ мекардам. Боз сар хам карда, ба пешаш мебурдам, ки хатоҳоро ислоҳ кунад. Албатта, бепул не.  Бо ғурғуру иллату миннат бошад, ки, албатта, гапи мани мӯйсафедро ба замин намемонданд.      Ҳама медонад, ки илтимосу хоҳиши иҷрои ҳар гуна кор ҳам, як бору ду бор бошад, ҳеҷ гап не. Вале аз ҳад, ки зиёд шуд, намешавад. Хизматонаашро гирифтан нағзу вале  боз иллату миннат шунидан ба мағзи устухони одам рафта мерасидааст. Хулоса, алам карду қарор додам, ки бо компутер кор карданро худам ёд мегирам.

Кампир муқобил баромада, ба ҳолам хандид:

-Ҳамин кор ба шумо зарур аст?! Ин кори шумо пириву хартозӣ не? Одама шарманда накунед-е?!

-Ҷоғата банд, кампир! Ин кори ман, - гапашро ба даҳонаш зада, дар ҷавоб гуфтам ман. –Хондану ёд гирфтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад.

Компутери нави зӯрашро харидам. Бо тамоми асбобу афзолҳояш. Он савлатмандона дар рӯйи мизи кориам ҷой гирифт.

Компутер техникаи замонавӣ бошад, ки худ аз худ ба ҷойи шумо кор намекунад. Баръакс, шумо ғуломаш шуда, онро бояд кор фармоед. Барои кор фармуда тавонистан роҳу равиши бо вай муносибат карданро омӯхтан лозим аст. Ман қарор додам, ки барои ин кор ба ман набераам муллимӣ кунад. Аввало, ба ӯ моҳона додан шарт не. Сониян,  мабодо ба ягон чиз ақлатон нарасад, ё надонед, бемалол пурсиданатон мумкин. Боз вай ҳанӯз хурдсол аст: аз нодонистанатон шарм намедоред ва вай ҳам, бобояшро ҳурмат карда, одамро мисли муаллими бегона сарзаниш намекунад. Аз ҳама муҳимаш, набераатон ҳамеша дар хона, ҳар вақте ки лозим шавад, “мана ман, бобоҷон”  гуфта, ҳамеша ба хизмат тайёр аст.

Наберачаи дуюмхонам Анварҷон ҳоло хурд бошад, ки шуху бало. Ҳушу ёдаш телефону компутербозӣ. Ба вай ошу нон не, смартфон ё компутер бошад, бас. Худаш ҳам дар орзуи компутер буд. Бо як тир чандин нишонро мезанам. Бо ҳамин баҳона ба кӯчадавию копутерхонаравиҳояш нуқта мегузорем.

Ӯро ҷеғ зада, ба хона даровардам. Анварҷон компутерро дида,  чапакзанон хурсанд шуд. Охир компутер ҷону дилаш. Зуд ба паси он нишаста гирифт, ки ба бозиҳои бесарунӯги компутерӣ машғул шавад. Вале ман намондам:

-Дадаҷон, компутер барои бозӣ не, ман онро барои кор кардан харидам. Вале ҳоло кор карда наметавонам. Малол наояд, аз ҳамин рӯз сар карда, шумо нозукиҳои  компутерро ба ман ёд медиҳед, - ҳурмати муаллимиашро ба ҷо оварда, қарор додам, ки минбаъд “шумо, шумо” гӯён ба вай муроҷиат кунам. - Яъне, шумо муаллими ман мешавед. Нағзу бад хондани ман ба гардани шумо.

-О кей,  бобоҷон, - ба туфайли компутер зуд “бобоҷон”-аш шудам. Аз бачагӣ ё мансаби нави муаллимӣ бошад, ки нарангушташро боло карда мамнунона розӣ шуд Анварҷон. – Дарса аз кай сар мекунем?

-Аз худи ҳозир. Ҳар чӣ қадар зудтар ёд гирам, ҷони шумо ҳам, аз ёддиҳӣ ҳамон қадар барвақттар халос мешавад.

-Гапаш нест, бобоҷон.

-Ман каму беш бо машинка кор карданро медонам. Аз афташ, ин ҳам мисли машинка аст. Хӯш, дадаҷон, дарса сар кунед.

-Хуб бобоҷон. Фақат шумо дар дарс ҷим шишта, гӯш кунед. Диққататон дар як ҷо ҷамъ бошад, дарс нағзтар ба майна медарояд.

-Хуб, дадаҷон, ман шогирди қобилу гапдарои шумо  мешавам.

-Номи ин бобоҷон, компутер, - аз ҷо хеста, ҳамчун муаллим гӯё ба асбобҳои аёнӣ ба компутер ишора карда, ба дарсдиҳӣ сар кард Анварҷон. – Компутер аз экран – монитор, майна – просессор ва клавиатураву мишка - мушак иборат аст. Компутер ба воситаи фармонҳо кор мекунад. Барои ҳамин ба компутер фармони дуруст додан даркор. Фармонҳоро ба воситаи клавиатура ва мушак дода мешавад. Мушак тугмаҳои пахшкунии тарафҳои росту чап дорад. Ба воситаи тугмаи ғилдиракмонанди байни мушак матнро пешу қафо мекунанд.

-Мурдем акнун дар пирӣ фармондиҳӣ кунем? – зери лаб ғурунгос зада, ба Анваҷон рӯ овардам. - Фармон диҳам, ки фалон чизро навис, менависад?

-Не, навистан ба воситаи клавишҳои клавиатура иҷро карда мешавад. Ана худатон ба паси компутер шишта, як нависед.

Ман тарсону ҳаросон ба паси компутер нишастам. Ангуштонамро ба болои баъзе ҳарфҳои клавиатура бурда, онҳоро бо навбат пахш кардам. Дар экран зуд навиштаҳои ман пайдо мешуданд. Ман аз комёбии аввалинам дар куртаам намеғунҷидам. Вале ҳарчанд зӯр занам, ки дар сари ҷумла ҳарфи калон монда натавонистам. Маҷбур аз Анварҷон пурсидам.

-Ин кори ҷудо осон, бобоҷон. Мана ба рӯйи ин тугмача “шифт” навишта шудааст. Инро зер карда истода, ҳарфи даркориро пахш кунед, ҳарфи калон мешавад, - бо кадом мақсад бошад, ки муаллим якбора аз дарси оянда ҳам ҷони худро халос кард. - Агар аз аввали сатр навиштанӣ шавед, энтер”-ро зер мекунед, фаҳмо?

-Фаҳмо... - аз хиҷолат ба обу арақ ғӯтида, ҷавоб додам ман. – Шумо муаллими зӯр, дадаҷон. Аллакай як олам чизҳоро фаҳмондед... Набошад ман камтар худам кор кунам, шумо рафта, дар кӯча бозӣ кунед. Агар ягон чизро нафаҳмам, шуморо ҷеғ мезанам.

Барои бе хиҷолату хотирҷамъона каме кор кардан наберачаамро ба берун гусел кардам. Э ин компутераш дар ҳақиқат мисли торҳои тортанак одамро занҷирбанд мекардааст. Ғарқи нависонавис шуда, як вақт ба экран нигоҳ кунам, ҳарфҳои ношинос қатор. Аз ҳайрат гиребонамро дошта, ба сари синаам туф-туф кардам, ки ин хел матн аҷоибулҳуруф аз куҷо пайдо шуд? О ман бо ҳарфҳои кирилӣ менавиштаму...

Ҳамчун талаба ягон чизро надонед  ва ё ба саҳву хатоие роҳ диҳед, аз муаллим пурсидан даркор? Даркор! Ман аз ҷой хеста, ба суроғи Анварҷон баромадам. Вай дар даст корду мехчатобак боз ба кадом як вайронкории худ машғул буд. Аз дасти вай дар хона ягон чизи соз намондааст. Чӣ илоҷ, ба ҳамааш тоқат кардан лозим. Бача-дия, вайрон карда - вайрон карда, соз карданашро меомӯзад. Ҷеғ зада, аҳволро фаҳмондам.

-Э бобо, дастонатон ҳам панҷшоха барин-а?! Беэътиборона ягон клавишро пахш кардед, ки алифбо дигар шудааст. Минбаъд каллаварамӣ накарда, боэътибор бошед...

-Ҳӯ-ҳӯ, дадаҷон, саҳл пасттар фароед, - барои нарм кардани оташи ғазаби муаллими сахтгир - наберачаам ба кисааш фантапулӣ андохтам. Охир ҳозир дар мактабҳо таълими умумӣ ҳам аз тарафи директору муаллимон порагирӣ гул-гул мешукуфад. - Одам якбора ҳама чизро омӯхта наметавонад. Кори дунё бо оҳистагӣ, дадаҷон. Сахт ҷанг накунед, ки дилам хала зада, боз касал нашавам.

Вай пули ба кисааш андохтаамро дида, мулоим шуд ва дар як лаҳза чӣ коре кард, ки матни навишта истодаи ман боз мисли пештара - тоҷикӣ шуд. Чашмонаш тезу дастонаш гиро. Чунон ба клавиатураву мушак часпон, ки қоил мешавед. Ҳатто одам ба дидаву дарк кардан фурсат намеёбад. Ҳоло дар синфи онҳо дарси информатика нагузаранд, ки аллакай ҳама чизро медонад. Аз афт, бачаҳо донам- надонам ба ин гуна афзолҳо нотарсона даст мезананду борҳо вайрон карда, ёд мегиранд. Мо калонсолон бошем, аз тарси вайрон карда мондан зуд ёд намегирем... Вай барои мисли пештара гардондани матн чӣ амалҳоро ба ҷо овард, ки ман надида мондам.

-Ба баъзе талабаҳои зеҳнашон саҳл паст  муаллим бояд якта-якта чизҳоро нишон дода, батаанӣ фаҳмонад, зарар надорад...

-Ҳа, - аз ин гапи ман бехуд шуда гуфт Анварҷон. - Ба баъзе талабаҳо кундзеҳн ҳазор каллаашонро кафонда, ягон мавзӯъро ҷой кунед, ки қабул карда наметавонанд. Шумо дар бачагӣ чӣ хел мехондед?

Ӯҳ, Худоё, ба мардуми мо мансаб нарасад. Ба болои се ходаи хушк ту калон гӯед, тамом, аз худ мераванд. Зуд фукашон ба осмон расида,  на хурдро хурду на калонро калон медонанд! Ҳатто ҳамин, ҷинқарча, набераи худам бошад, ки  “ман муаллим” гӯён аллакай замини зери пояшро намебинад. Худоё, ин чӣ рӯзе аст, ки ба сарам афтод...

-Не, ман дар мактаб аълохон будам, дадаҷон, – бо мақсади худсафедкунӣ не, ҳақиқати аслиро гуфтам. – Фақат вақтҳои мактабхонии мо ин хел шароиту добу дастгоҳҳо набуд. Якта палточаро се ака-укаҳо бо навбат мепӯшидем. Баъзе рӯзҳо пойлуч ба мактаб мерафтем. Як дона қаламро ду тақсим карда менавиштем. Портфеламон латтагӣ – ҷилд буд. Барои хондани ягон китоби нави бадеӣ дар навбат меистодем. Муаллимон ҳама фидоӣ буданд.  Ман мактаби миёнаро бо медали тилло тамом кардаам...

-Э бобо, ман гӯлу гаранг не, афсона нагӯед. Ҳозир ҳеҷ кас вақти афсонашунавӣ надорад.

-Хайр, бовар накунед, ихтиёратон, дадаҷон. Агар дар он солҳо ин гуна шароитҳо муҳайё мебуд, ман академик ҳам мешудам. Шумо барин ҳушу ёдам ба бозӣ ё саги дайду барин кӯча ба кӯча гаштан намешуд. Шумо ҳозир дар пеши ман бодигӣ мекунед-дия. Дар асл бошад, китобхонӣ нест. Ба номаш ба мактаб рафта меоед. Чанд маротиба ба маҷлиси падару модарон рафта, аз шарм замин накафид, ки дароям... Хайр, гапа кам карда, ба кор гузарем.

-Майлаш, бобоҷон, -дами Анварҷон каме паст шуд магар, ки ман боз “бобоҷон” шудам. - Дар поини тарафи рости экран “бӯхча”-и алифбо ҷойгир аст. Ақрабакро ба ҳамин ҷо оварда, зер кунед, кадом алифбо даркор бошад, “мана ман!” гуфта  мебарояд. Шумо даркориашро пахш кунед, компутер бо ҳамон алифбо – русӣ, лотинӣ, тоҷикӣ кор мекунад. Фаҳмидед?

Чизеро нафаҳмида бошам ҳам гуфтам:

-Ҳа, фаҳмидам.

Вай гӯё ба ман ёд медод. Вале  бинам, худаш боз ба кадом як барномаи компутер даромада, ғарқи бозӣ. Муттаҳам, ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеорад, ки мани мӯйсафед дар болои сараш рост истодаам. Худоё, вай дар паси компутер бошад, оламу одамро фаромӯш мекунад

-Дадаҷон, ёд додед, акнун шуд. Ман кор карданам даркор...

 Анварҷон гардани хор-хорон аз ҷой хест.

Барои он ки аз муллими сахтгирам камтар гап шунавам, китоби навомӯзони компутер харидам. Дар як  дафтари бисёрварақаи ғафс барои аз ёд набаровардани гуфтаву супоришҳои устод чизҳои заруриро қайд мекардам. Ҳангоми кор тамоми диққатамро ба як ҷо ҷалб сохта, як амалро гаштаву баргашта машқ мекардам. Охир одам, ки пир шуд, пӯсташ тунуку зуд асабонӣ мешавад.

-Ҳа, ёд гиред, бобош. Ояндаатон дурахшон аст! – гоҳо кампирам маро саргарми кор бинад, заҳр зада мемонад.

Ман худро ба ҷинигӣ зада, гӯё кар мешавам. Ба фикрам, ин роҳи хуби пешгирии ҷангу ҷанҷолҳост.

Рӯз аз рӯз таҷрибаам зиёд мешуд. Баъзан ғарқи кор шуда, чӣ хел гузаштани вақтро нафаҳмида мемондам. Вале баъзан ман кор накунам, ки компутер бекор набуд. Дар набудани ман Анварҷону хоҳарчааш мех карда мондагӣ барин аз назди он дур  намешуданд. Компутер дуд кунад, ки онҳо бас кардани бозиро ба ёд намеоварданд. Ман инро фаҳмам ҳам, худро нодидаву ношунида мегирифтам.

Рӯзе як мақоларо навишта тамом кардаму оҳи сабуке кашидам. Охир ин кор барои одами ҳафтодсола осон аст? Худам матнашро аз аввал то охир чиндам. Ин кор ба назарам қаҳрамонӣ намуд. Аз хурсандӣ дар пӯстам нағунҷида, барои ҳавохӯриву нафасросткунӣ ба берун баромадам. Свет мурдааст. Гашта оям, ҳамаи матни чиндаи ман дар компутер нест. Ба куҷо гум шудааст, худам ҳайрон. Мисли донишҷӯе, ки кораш ба устод афтад, аз пайи ҷустуҷӯйи вай медавад, ман ҳам маҷбур аз пайи ёфтани Анварҷон шудам. Ӯ дар ҳавлӣ набуд. Ба кӯча бароям, бо ҷӯраҳояш ба обу арақ ғӯтида, футболбозӣ мекунад. Мақсадро фаҳмонида, ба ёрӣ ҷеғ задам.

-Ҳозир, - дар ҷавоб гуфт муаллимам.

Аз байн 4-5 дақиқа гузашту “ҳозир”-и ӯ ҳеҷ не, ки тамом шавад.

-Ҳӯ, дадаҷон, мазмуни “ҳозир” худи ҳамин лаҳза аст. Ё “ҳозир”-и шумо баъди як-якуним соат аст?

-Э бобо, шумо чаро ин қадар бетоқат-а?! Камтар сабр кунед, ҳозир якта гол занам, меравам.

Илоҷи дигар, ки надоштам, маҷбур тоқат кардам. Набераи худам бошад, ба ӯ аз бинӣ боло гап зада намешавад. Аз муаллимӣ саркашӣ кунад, боз ба пеши кӣ рангамро зард карда меравам? Беадабӣ, гапгузронӣ ё ин хел нозу нуз кунад, ки бардоштан даркор. Аллакай дукаса чанд маротиба компутерро вайрон карданд. “Кӣ вайрон кард?” гуфта, пурсам, ҳеҷ яке ба гардан намегирад. Охир дукаса болои компутер часпу талош кунанд, ҷонаш аз пӯлод бошад, ки вайрон мешавад. Ман ноилоҷ бардошта ба устохонааш бурда, соз карда меоям. Вақтҳои охир вазифаи нави ман компутерсозкунӣ шудааст. Хайр, ба ҳамааш шукр кардан даркор. Нозу нузашонро набардошта, ҷангу сарзаниш кунам, дилашон аз ман монданаш мумкин. Кӣ медонад, пагоҳ-фардо, вақте, ки аз дасту по монам, боз корам ба ҳаминҳо афтад, он гоҳ чӣ мешавад?

Ба хона омада, интизори Анварҷон шудам. Рӯз торик шуда, ҳалқосзанон ба наздам даромад. Даромадан замон ба сарзаниши ман сар кард: 

-О бобо, ба шумо чанд бор гӯям, ки мефаҳмед? Ҳамин , ки як корро тамом кардед, сахранит кунед. Стрелкаро ба кунҷи болои чапи компутер бурда, ана ба болои ин расми телевизорча якта зер кунед, дар сад сол ҳам гум намешавад. Акнун дигар илоҷатон нест. Ҳамааш нест шудааст, матнро аз нав чинданатон даркор.

-Боз аз ёдам баромадааст-дия, дадаҷон...

-Дигар ёдатонро занҷирбанд карда, ба ҳар тараф парешон шудан намонед. Охир коратон мисли мо бачаҳо бисёр не-ку?! Чаро ҳушатон парешон? Ё каллатон аз вирус пур шудагӣ?

-Намедонам, дадаҷон. Хайр, ба бозиатон халал расонида  бошам, мебахшед. Дар оянда ҳушёр мешавам, - ваъда дода, ҷонамро аз сарзаниши навбатии набераам халос кардам.

Ӯ рафту маро ғам зер кард. Падарқусури ин компутер ҳама чизро донад, наход ақли худаш ба муҳофизат кардани матн нарасад?

Маро ғам зер кард. Машинка ҳазор маротиба аз ин техникаи охирзамонаш беҳтар буд. Чизи навиштаатон дар сад сол ҳам гум намешуд. Э Худоё, акнун боз корро аз сари нав сар карданам даркор...

 Ҳар як хатову камбудӣ тарафаҳои нағз ҳам дорад. Ба туфайли ҳамин хел саҳву хатоҳо танбеҳ шунидаву сурх гардида, одам таҷриба пайдо мекунад.

Бинам, рафта-рафта набераҳо соҳиби компутер шудаанд. Аз ҷояшон хезонда, ба кор сар кардани ман торафт мушкилтар мегардид. Дидам, ки намешавад, барои худам ноот-буки нав харидам. Онҳо зуд ба он чашм ало карданд. Ман ҳам аноӣ не. Ҳоло онро ҳамроҳ гирифта мегардам. Набераҳо бо компутери хонагӣ рӯзи дароз бозӣ кунанд, ки ягон кори дигарро ба гардан намегиранд. Хайр, бача-дия, ягон рӯз мани мӯйсафедро ҳам мефаҳмидагӣ мешаванд. Дунё дунёи қуръагардон аст...

Кампирам ба ҳоли ман хандад, аз Анварҷон гап шунавам, ки дар идораи рӯзномаву маҷаллаҳо маро таъриф мекунанд ва намунаи ибрат нишон медиҳанд:

-Аз устод ёд гирифтан даркор. Ба ҳафтодсолагии худ нигоҳ накарда, бало-мало барин бо компутер кор карданро ёд гирифтаанд. Ин кори каму андак не. Дар ин синну сол ин қаҳрамонӣ!

Ин гуна таърифҳоро мабодо Анварҷон шунавад, боз аз болоям нахандад?!                                                      

Комментариев нет:

Отправить комментарий