понедельник, 10 августа 2020 г.

ЗАРРАҲАҶВИЯҲО

 ҒУРУР

Ҷавон будам. Ғурурам баланду гапам гап буд.

Дар ҳама ҷо ҳукмамро мегузаронидам.

Падару модарам ҳатто ягон гапи маро ба замин намегузоштанд.

Ҳамеша ва дар ҳама ҷо ман ҳақ будам.

Баъд... Зан гирифтам...

ХАЁЛҲОИ МУДҲИШ

Дилам таги дег барин сип-сиёҳ.

Ба ягон кор дастам намеравад.

Сиҳату саломат бошам, ки худро мисли беморони барҷомонда ҳис мекунам.

Лашкари ғаму ғусса гӯё аз чаҳор тараф ба ман фишор меоварда бошад, ким-чӣ хел маъюсу рӯҳафотодаам. Таҳлукае дар дилам чорхез мезанад. Аз зиндагонӣ сер шудаам, чӣ бало?!

Чӣ кор кунам-а?

Эъ бар падараки ин пул ҳазор лаънат, ки ба киса даромада наистад, чӣ хел хаёлҳои мудҳиш ба сари одам меояд-а?!

 

ЧЕМПИОН

Пештар ман бачаи қобилу боодоб будам.

Кушед, ки гапи гандае аз даҳонам намебаромад. Ягон  кас агар қаҳрамро орад, “дадета сарашон кал шаваду очаат ба дарди дандон печанд” гуфта, қасдамаро мегирифтам ва  бухси диламро мебаровардам.

Мабодо аз забони бефаровездаҳоне суханҳои ҳақоратомезе барояд, мисли духтаракон аз шарм суп-сурх мешудам.

 Дар ҷавонӣ аз даҳони ягон кас гапи шалақе шунавам, калиду анбӯру мехтобакро гирифта, даҳонашро таъмир кардан мехостам.

Умуман, чӣ будани ҳақоратро намедонистам.

Эъ ин мошинаш ба замин! Мошин харидаму ҳозир чемпиони ҳақоратчиҳо шудаам!

НАСИҲАТ

Падар ба писар насиҳат кард:

-Эй ҷонон писар, аз хурдсолӣ фиребу найрангро омӯз! Ҳар рӯзи Худо ба бофта баровардани дурӯғи наве одат кун. То фиребу найранг ва дурӯғҳои нав ба навро ёд нагирӣ, корат пешраву мақсад муяссарат намешавад!

СИРРИ ХУШБАХТӢ

-Шуморо ҳама таъриф мекунанд. Бигӯед, ки сирри хушбахтии оилавиатон чист?

-Худои меҳрубон ба ман сабру тоқати беинтиҳое ато кардаасту шайтон чораи дафъи ғаму ғусса офаридааст. Аз онҳо истифода набарам, куфрони неъмат мешавад.

-Ҳамааш ҳамин?

-Не, боз ҷояш ояд, артистон барин ҳунари кару кӯру гунгшавӣ дорам.

-Тамом?

-Не, баъзан барои дилёбӣ дурӯғ ҳам мегӯям. Ончунон бо обу ранг пардоз медиҳам, ки ҳама рост мепиндорад.

-Аз ин меброяд, ки шумо аз ҳамсаратон розӣ ҳастед?

-Ман не, вай аз ман розӣ бошад, бахт ҳамин аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий