воскресенье, 21 февраля 2021 г.

ПУЛ

 Ҳаҷвия

Акнун аз автобус фаромаданӣ будам, ки дар ҷойи нишастгоҳи худ чашмам ба як даста пул афтод. Гӯё як бағал пул ёфта бошам, оҳиста онро ба киса задам.

Аз автобус фаромада мамнун ба сӯйи хона чорхез задам. Дар дилам ид ҳукмрон буд. Охир ман пул ёфтам! Муфтакак, бе ҳеч як душворӣ ва меҳнат! Ин хел бахт ба ҳар кас ҳам муяссар намешавад.

“Ана, акнун занак аз норасоии пул ғурунгӣ кунад, - аз дил гузаронидам,- бо ҳамин пул ба даҳонаш мезанам, ки миёнаш шиканад!”

Маро хасису қайроқ барин сахтак гуфта,  масхара  кардани ҳамкорон ба ёдам омад. “Ман пагоҳ ба шумо кӣ буданамро нишон медиҳам, - афту башараи пашшасон хираи онҳоро пеши назар оварда, аҳд кардам, - ба ресторани олигархҳо бурда, як зиёфати осмонкаф диҳам, ки бале гӯед. То аз сӯрохиҳои биниатон баромадан хӯреду то бочкаи шароб шудан нӯшед, гургҳои носерам!”

Чанд вақт боз насупурдани  андози хонву ҷой ва қарздори аз барқу газ ба хотирам омаду бо даст пули ёфтаамро палмосида дида, лабонам бо пушти гӯшам ошхӯрӣ карданд: “Пули муфт-ку, якбора ҳаққи пардохти ду-сесолаашро медиҳаму баъд ялло гуфта мегардам”.

Ид дар дилам то рафт ба авҷи аълояш мерасид: “Ҳозир ба хона рафта, ин пулро ба болои пулҳои худам гузорам, як олам мешавад. Э аз бахтаки баландам гардам...”

Аз хурсандӣ шодимарг нашуда, хандону рақсон ба хона расидам. Суруру шодии идона ҳамоно дар дилам тантана дошт.

Ба хона омадан замон он пулро аз киса бароварда шумурдам. Анчекак. Хостам пулҳои худамро  ба болояш зам кунам. Аммо пулҳои худам дар киса набуданд. Кисаҳоямро тагу рӯ кардам, не, аз ягонтояш наёфтам. Кисаҳоям сӯрох ҳам надоштанд. Ҳайрон шудам. О пули худам ба куҷо ғайб заданд? Баъд фаҳмам пулҳои гумкардаи худро боз худам ёфтаам. Пули ҳалол-дия, Худо ба одам аз ҳалолаш диҳад.

Аввал мотамзадагон барин сахт хафа шудам. Баъд худро дилбардорӣ кардам, ки ҳазор доллар ёфтагӣ барин чанд лаҳза хурсанд шуда, умри азизи худро дароз кардам!

Комментариев нет:

Отправить комментарий