пятница, 24 августа 2012 г.

ДАР ОЛАМ ЧӢ ГАПҲОИ НАВ?


            --Муаллим, дар олам чӣ гапҳои нав? - маро аз роҳам дошта пурсид як ҳамдеҳаам. Аҷаб мардумонеанд ин мардуми мо. Китоб намехаранд, газета намехонанд, вале бо саволу пурсишҳо  тамоми навигариҳои дунёро дониста гирифтан мехоҳанд. Сарчашмаи донишу маърифаташон гапи мардум. Маркази хабару информатсияҳои навашон - чойхонаву тўйхонаву мурдахона. Гоҳо ба ман ана ҳамин хел савол дода, ҳам калларо гиҷ мекунанду ҳам вақти қиматамро мегиранд. Ба саволашон аз таҳти дил пурраву муфассал ва бо тафсилоташ ҷавоб диҳам, ки ба болои қумзори тафсони Саҳрои Кабир як сатил об пошидагӣ барин ҳеҷ балоро намефаҳманд. Ҳатто то охир ҷавобро нашунида, саволи дигар медиҳанд. Гўё бодиққат мешунаванд, чашм аз даҳонатон намекананд, вале ҳушашон парешон. Гап мезояду бачаву кача мекунад. Вале онҳо боз ягон чизи подарҳаворо пурсида, худашон, ки аслан ҳеҷ санги сиёҳро намедонанд, одамро ба нодонӣ мебароранд. То кай ба онҳо хуни дил хўрда, мефаҳмонам? Ҳар кор ҳам ҳадду ҳудуд дорад. Бас-дия акнун!
  
          Бо ҷаҳл ба ҳамқишлоқам эътиборе надода, гузашта рафтанӣ шудам. Вале савол беҷавоб монад, нағз не. Бинобар ҳамин, ин дафъа ман тактикаро дигар карда, ба ў антисавол додам.
            --Дар олам, амак, - гуфтам ман, - гапҳои нав бисёр. Вале олам калон аст. Шумо навигариҳои кадом қитъаи оламро донистан мехоҳед?
            --А? - ў лаҳзае ҳайрон шуда монд. То ҳол, ки ба саволаш батааннӣ ҷавоб медодам, вай лолу карахт шуд. Баъд ба худ омада пурсид. -Ҳамин навигариҳои қитъаи олами тарафҳои худамона-дия, аз саратон гардам, муаллимҷон.
            --Майлаш, амакҷон. Тарафҳои мо ба қитъаи шарқи олам дохил мешавад. Шумо, албатта, медонед, ки шарқ ҳам майда не. Дар шарқ мамлакатҳои зиёде ҷой гирифтаанд. Қитъаи Осиё ҳам дар шарқ аст. 
            --Хайр, аз ҳамин навигариҳои Осиё гап занед?
            --Ба ҷону дил. Фақат, амакҷон, Осиё ҳам калон. Дар ин қитъа Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Миёна, Осиёи Марказӣ ва ғайраҳо ҷойгиранд. Аниқтараш, навигариҳои кадом яке аз ин осиёҳоро шунидан мехоҳед?
            --Э муаллимҷон, дур рафта, осиёю-посиё гуфта мегардед? Ҳамин аз навигариҳои мамлакати худамон гап занед.
            --Шудааст, амакҷон. Ана акнун саволатон каме аниқтар шуд. Дар мамлакатамон, шукри худо, навигариҳо бисёранд. Ҳамаашон хубу хурсандиовар аст. Ба шумо дар бораи навигариҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, спортӣ, фарҳангӣ, хулоса, кадомаш маърўза хонам?
            --Аввал иқтисод мегўянд-ку, муаллимҷон. Мо як одамҳои нохонда бошем, алифро аз таёқ фарқ карда натавонем, ба сиёсат чӣ кор дорем?! Аз иқтисод гап занед.
            --Майлаш, - розӣ шудам ман ва илова кардам. - Лекин, иқтисод ҳам, амакҷон, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Масалан, бўҳрони иқтисодӣ, муносибатҳои иқтисодии бозоргонӣ, иқтисоди муносабатҳои хориҷӣ, иқтисодиёти географӣ...
            --Э деҳқонча карда, дар бораи иқтисоди худамон истода гузаред,  муаллимҷон, - дилтанг шуд ў.
            --Албатта, амакҷон, гапро деҳқонфаҳм мекунам. Дар бораи иқтисоди соҳаи хоҷагии қишлоқ истода гузарам, дар бораи иқтисодиёти саноат гап занам, ё иқтисоди соҳаи коркарди нефту газ лексия хонам. Боз иқтисодиёти коммуникатсионӣ, иқтисодиёти инфраструктураи деҳот, иқтисодиёти...
            --Э муаллимҷон, каллаам гиҷ шуд. Иқтисод иқтисод мегўеду ман ҳеҷ чизро намефаҳмам. Боз наздиктар биёед. Дар бораи иқтисоде гап занед, ки ба ҳаёти мо, мўйсафедон, дахл дошта бошад.
            --Дахли иқтисодиёт ба ҳаёти мо калон. Ё амакҷон, иқтисодро як тараф монда, дар бораи вазъи иҷтимоиёт гап занам?
            --Ҳа, ҳа. Эъ, бар падаратон раҳмат, муаллимҷон! О аз худатон гап намемонад. Масалан, гўед, ки нафақапулиҳои мо зиёд мешаванд ё не, ана дар ҳамин бора ягон навигарӣ ҳаст?
            --Албатта, амакҷон. Акнун савол рўз барин равшан шуд.
            --Хўш, хўш?
            --Дар ин бора ягон навигарӣ нест. Лекин шумо хафа нашавед, то охири сол боз нафақапулиҳо зиёд мешаванд. Барои ин, бемалол аз ҳозир хурсанд шудан гиред.

Комментариев нет:

Отправить комментарий