среда, 6 августа 2014 г.

ДАР СОҲИЛИ ДАРҒАМ


(Қисса)
            Мӯйсафед аз сари ҷойнамоз хест. Онро ба шохи чормағз меовехт, ки қиёфаи зане дар болои пули Дарғам ба назар расид. Дар ин бевақтии рӯз дар болои кӯпрук касе пайдо намешуд. Аз ин кӯпруки кӯҳна ҳоло қариб, ки касе намегузарад. Вале аз болои кӯпруки нав, ки каме болотар сохтаанд, одаму мошинаҳо қатор.  Агар роҳгузаре мебуд, албатта наистода, ғарқи фикру андешаҳои худ гузашта мерафт. Ҳатто ба тарафи чапу росташ нигоҳе намекард. Аз чунин одам баъди ба манзил расиданаш пурсед, ки оби Дарғам кам ё бисёр аст, ҷавоби аниқе дода наметавонист.
            ‒ Аз болояш гузаштаму вале ба ҳаминаш эътибор надодаам, - бо мақсади худро сафед кардан нимғурма мегуфт вай.
            Вале он шабеҳе, ки мӯйсафед аз дур дуруст дида наметавонист, аввал ба панҷараи кӯпрук наздик шуд. Аз байни панҷараҳои чӯянин ки қариб ба сари синааш баробар меомад, ба наҳр нигарист. Боз чанд қадам гузошт. Баъд панҷараи чӯянии пурнақшу нигори пулро дошта – дошта, қариб ба чоряки аввали болои пул расид. Боз ба қаъри наҳр назар афканд. Пул аз худи Дарғам тахминан 20 – 25 метр баландтар ҷойгир шуда буд.

            Дили мӯйсафед таҳ кашид.
            ‒ Ту ҳамин ҷо ист! – ба Ғамхор рӯ оварда, амр дод мӯйсафед. Зеро саг ҳамроҳ равад, он занро тарсонданаш мумкин буд.
            Саг норозиёна ғуррос зад. Вале авзои мӯйсафедро дида, ба амри ӯ сар фаровард.
            «Эҳ, – аз дил гузаронд мӯйсафед, - чаро чашмони одам мисли чашмони уқоб нест? Уқоб аз дурӣ ҳама чизро нағз медидааст. Ақаллан дурбине мебуд. Дар он сурат ягон мурувваташро метофт, чизи нуқта баринро ҳам ба пеши чашмонатон наздик оварда, калон карда нишон медод. Агар ягон асбоболате мебуд, ки худи шуморо ба назди ӯ барад ва ё ӯро ба пеши шумо орад, боз беҳтар буд. Вале узвҳои одамизод ин хел нестанд. Техникаҳои мӯъҷизавии ҳозиразамон ҳам, дар айни ҳол оҷизанд. Узвҳои одамизод бо мурури солҳо пиру танбал мешаванд, вазифаҳои худро дуруст ба ҷо оварда наметавонанд. Дар ҷавонӣ ҳамааш хубу дар пирӣ - сусту беҳаракат… Ӯҳ, мани ҳардамхаёл, чиҳоро фикр карда истодам? Э каллаат ба замин, мӯйсафед! Тез бош. Рав, бин, ки ӯ кист ва чаро дар ин бевақтии рӯз болои пул пайдо шуд? Эҳ Худоё, охири кори ҳар бандаи мӯъмину мусалмонро бахайр гардон!»
            Мӯйсафед қадамашро тезонд.
            Пойҳои мӯйсафед гоҳо ба буттаи алафе мерасиду гоҳ ба санге мезад. Худаш, ки ба бачаву набераҳояш доимо «ба таги поятон нигоҳ карда гардед» мегуфт, ҳоло худ ба таги пояш наменигарист. Чашмаш ба сӯйи кӯпрук бошаст қадам мезад. Нохост пояш ба чуқурчае даромада қариб буд, ки пешпо хӯрад. Вале зуд мувозинаташро нигоҳ дошта, ҳаракаташро идома дод.
            Мӯйсафед наздиктар гардида, ӯро баръало дид: ҷавонзане. Ваҷоҳаташ беҷо.
            Мӯйсафед наздик шуд. Аз тарафи муқобили болои кӯпрук гӯё бепарво қадамзанон меомад. Худро ҳамчун шахси роҳгузар вонамуд сохта, лаҳзае таваққуф кард: номаълум нигоҳе ба сӯйи ӯ афканд. Ҷавонзан банди риштаҳои хиёлоти худ шарфаи пойи мӯйсафедро пайхас накард. Дили мӯйсафед ғулғула дошт. Ҳазор андеша ба сараш ояд ҳам, чӣ гуфтанашро намедонист. Чӣ сухане гӯяд, ки кор кунад. Ин мисли он аст, ки дар даст як шадда калид дораду яке аз онҳо ба қулф рост меояд, вале он кадом аст, ки гираду қулфро кушояд, намедонад. «Уф, Худоё, ин муаммоҳои зиндагонӣ чунон бисёр, ки…»
            Ҷавонзан аз байни роғи панҷараи кӯпрук, ки кадом як вақт дар натиҷаи садамаи автомобилӣ ба вуҷуд омада буд, худро ба наҳр партофтани шуд. Вале бари доманаш ба чизе банд монд. Мӯйсафед тир барин парид ва ҷавонзан ҳанӯз барин доманашро аз он раҳо накарда, аз банди дасташ дошт.
            ‒ Духтарам, худро ба Дарғам партофтанӣ ҳастед?
            Ин пурсиши ногаҳонӣ мисли бо болға задани лаъии калоне ҷавонзанро як қад парронд. Аз олами хаёлот берун омада, ҳайрон – ҳайрон ба сӯйи мӯйсафед нигарист. Кабӯтари ба дом афтода барин дилаш гуп ‒ гуп занад, ки худ мадоре надошт. Дар қаъри чашмони зебояш дурахше ба назар наменамуд. Аз ин хел чашмоне, ки маъюсона менигаристанд, баръало ноумедии соҳибашро хондан мумкин буд.
            Мӯйсафед лаҳзае интизори ҷавоб шуд.
            Ҷавонзан намехост, ки чизе гӯяд. Охир чӣ кор дорад ин мӯйсафеди гӯрсӯхта? Ҳар кас чӣ коре кунад, ихтиёраш. Роҳгузар бошад, ба роҳаш рафтан гирад!
            Ҳамин вақт раъдосо фикре ба сари мӯйсафед барқ зад: бачаҳо хурӯсчӯҷаҳо барин гоҳо бо якдигар ҷанг кардани шаванд, пеши роҳашонро гиред, онҳо бо қувваи дучанд аз дасти одам раҳо шуда, ба рақибашон дарафтоданӣ мешаванд.         Гумон мекунед, ки сар диҳед, гӯшти якдигарашонро мехӯранд. Вале сар диҳед, «рав‒е, сари якдигаратро хӯр» гӯед, якбора дасту по хӯрда, дамашон паст мешавад.            
Бо ҳамин андешаҳо мӯйсафед боз лаб ба сухан кушод.
            ‒ Аз ин ҷо худатонро партоед, намемуред.  Оби таги кӯпрук рӯяк, то зону меояд. Хоҳед, ҳамроҳ гардед, ман ба шумо ҷойи нағзу чуқури Дарғамро нишон медиҳам. Партофтан замон гирдоби калон ба комаш мекашад.
            Ин суханон ҳамчун фармон садо доданд ва ё мувофиқи хоҳишу муддаои дили ҷавон буд, ки маъқул тофт.
            ‒ Рафтем! – гуфт бо оҳанги фармон мӯйсафед ва пеш даромад.
            Ин роҳ ба сӯйи истгоҳи насосҳои обкашӣ мебурд.
            Сухани одамизод соҳиби қудрати беназире аст. Ҳама бахту бадбахтиҳои инсон ҳам аз сухан сарманша мегирад. Бо як даҳон сухан одамро ба ҷаҳаннам тела додан ҳам мумкину аз марг наҷот додан ҳам. Коми мардуми моро бо сухан бардоштаанд. Ҳар нукта маконе дорад охир! Таъсири суханони табъи дил ё оҳанги фармони дӯғомези мӯйсафед буд, ки наварӯс аз паси ӯ соя шуд. Бегапу ҳарф ва ё ягон дудилагӣ аз пайи ӯ рафт.
            Мӯйсафед посбони стансияи насосҳои обкашӣ аст. Шаш адад насоси пуриқтидори обкаширо дар як хонаи калоне гузоштаанд. Як тарафи қубурҳои насосҳо ба поин - сӯйи Дарғам кашол шуда бошад, қубурҳои ҷониби дигарро ба боло - баландии 30 – 40 метр рост карда мондаанд. Мувофиқи эҳтиёҷоти фаслҳои сол ва дархости кишварзон ба воситаи насосҳо аз Дарғам об мекашанд. Гоҳо як–ду насосро кор фармоянд, дар чиллаи тобистон тамоми насосҳо обкашӣ мекарданд. Чор нафар коргарон бо навбат якшабонарӯзӣ онҳоро ба кор меандохтанд. Дар охирҳои тирамоҳ ва аввалҳои фасли баҳор насосҳо чандон пурсамар кор накунанд, ки дар зимистон бекор мемонданд. Насосчиҳо бо роҳбарии инженери корхона ба таъмиру соз кардани насосҳо машғул мешуданд. Ин корро, ки шуданд, тамом, дигар ҳатто ба ин тарафҳо сиёҳиашонро нишон намедоданд. Дар ин хел вақтҳо ду посбон, ки яке мӯйсафед аст, хӯҷаини мутлақ ба ҳисоб мерафтанд. Посбонӣ мекарданд, ки молу чорвои мардум ба ҳудуди стансияи насосҳои обкашӣ надароянд, ягон нохалаф асбобу анҷомҳои насосҳоро надуздад ё мардум ниҳолу дарахтонашро бурида наравад.
            Мӯйсафед ҳис мекард, ки дар фосилаи 8–10 метр қафотар ҷавонзан ҳам меояд. Бинобар ҳамин, ӯ ба пушташ нигоҳ накарда, ҳамчун шахси низомӣ пеш ‒ пеш мерафт.
            Пули Дарғам дар қафо монд. Бо пайроҳаҳои пасту баланди лаби дарё, ки изи морро ба хотир меовард ва дар ду тарафи он алафу ҳар гуна хору буттаҳо рӯ ба хушкиву пажмурдагӣ меоварданд, гузашта, ба сарҳади заминҳои стансия расиданд. Аз даричаи панҷараҳои баъзе ҷойҳояш қату шикастаи ҳудуди стансия ба дарун даромада, мӯйсафед гуфт:
            ‒ Рӯз ҳам торик шуд-а? Эҳ, ин рӯзҳо чӣ хел тез мегузаранд?! Навакак пагоҳӣ буду аллакай бегоҳ. Хайр, ҳеҷ гап не. Одамизод саҳарӣ барвақт ба кор даст занад, нағз. Бегоҳ хосият надорад. Биёед, духтарам, имшаб ба посбонхонаи ман меҳмон шавед. Саҳарӣ, ҳӯ аз он баландӣ, - мӯйсафед дар торикии бегоҳ ба сӯйи офтобшинам ишора кард, - худатонро партоед. Баъде, ки ба чунин қарори қатъӣ омадед, чӣ фарқ дорад: як рӯз пеш неву як рӯз қафо. Ҳамту не?
            Ҷавонзан ҷавоб надод.
            ‒ Ман чӣ гуфтам, духтарам, шумо шунидед? Ё шумо гунгед?
            ‒ Гунг не.
            ‒ Гунг набошед, нағз. Гунгҳо кар ҳам мешаванд. Шумо, духтари худам барин. Натарсед. Ягон хел шакку шубҳаро ба дилатон роҳ надиҳед. Хайр, шумо ба  ҳамин таклиф розӣ?
            Ҷавонзан нимғурмаву нимшунаво овоз баровард. Вале ӯ чӣ ҷавоб дод ва ё чӣ гуфт, мӯйсафед дуруст нашунид.
            Стансияи обкашӣ акнун баръало ба чашм менамуд. Мӯйсафед ба сӯйи он роҳ пеш кашид.
            Ғамхор аз дур сиёҳии онҳоро дида ба пешвозашон тохт. Вай бозӣ кардаву дум ликконида медавид. Ҳангоми истиқболгирӣ чашмонаш барқ мезаданд. Вай ҷастухезкунон гоҳ қафаси синаашро ба замин расондаву гоҳо ба боло ҷаҳида, ба онҳо наздик шуд. Рост гашта, ду пойи пешашро ба сари синаи мӯйсафед расонда, гӯё ба оғӯш кашидан хост. Вале мӯйсафед бо дастонаш вайро тела дода, ба ин кор иҷозат надод. Ғамхор дар гирди мӯйсафед чарх зада, баъд як ба сӯйи ҷавонзан нигарист. Ду-се маротиба аккос зад ва дигар кордор нашуд. Дар ин хел вазъияти ноҳинҷор ҷастухезу шодии саг, ки аз ҳад мегузашт ва ба дили мӯйсафед намеғунҷид, Ғамхорро аз худ дур сохта гуфт:
            ‒ Шуд, бас! Бозиву шӯхӣ ягон вақти дигар .
            Ғамхор дид, ки дигар бозиву шӯхиро давом диҳад, сарзаниш мешунавад, бозиашро бас карда, ду–се маротиба гирд гашт. Ҳар замон ба сӯйи ҷавонзан менигарист ва пурсидан мехост, ки ӯ кист.
            ‒ Ало-ало нигоҳ накун, Ғамхор! – мӯйсафед бо оҳанги амромез ба сӯйи саг нигарист. –Ин кас бегона не, одами худӣ. Духтархонди ман ‒ меҳмон. Меҳмонро бо чеҳраи кушод пешвоз мегиранд.
            Баъди ин гапҳо саг пеш тохт. Мисли кӯдаке, ки аз омади меҳмон шод мешавад, мамнун дум мелликонду ҳар замон ба қафо менигарист. Тозон ба назди даричаи посбонхона омад. Дар пӯшида буд. Ба дари пӯшида ҳар замон чашм дӯхта, бо ду пойи пешаш онро ханҷол мекард, ки кушояд. Ин кор, ки аз дасташ намеомад, ду–се маротиба дар ҷояш чарх зада, баъд фукашро ба замин гузошта, дароз кашид.
            Мӯйсафед пеш – пешу аз қафои ӯ ҷавонзан ҳам расида омаданд.
            ‒ Ана ҳамин кошонаи мо! ‒ посбонхонаро, ки дар назди бинои калони стансияи обкашӣ хурду назарногир менамуд, бо як ифтихор нишон дода гуфт мӯйсафед. Ӯ дарро кушода, ба дарун даромад ва чароғи хоначаро фурӯзон кард. Хонача тахминан се бар панҷ метр масоҳат дошт. Даруни он як кати симини хоб, мизи чорпояи калони таомхӯрӣ ва се–чор курсӣ буд. Дар як гӯшаи хонача ‒ болои мизи оҳанӣ косаву табақ ва плитаи барқӣ меистод. Маълум мегашт, ки дар ин ҷо таом ҳам мепазанд. –Барои зиндагонии дарвешонаи одам шароите дорад. Шумо шарм надоред, духтарам. Бемалол ба дарун дароед. Ин хона акнун хонаи  шумо.
            Ҷавонзан дудила, дар паси дар симчӯб барин рост меистод. Ба куҷо омадани худро дуруст дарк намекард, ки ноҷунбон буд. Аз шиддати яъсу алам меларзид ё дар ҳақиқат хунук мехӯрд, фаҳмида намешуд.
            ‒ Ҳа, духтарам, чаро ҳайкал шуда мондед? Дароед охир.
            Наварӯс даромад.
            Мӯйсафед лаҳзае гаранг гардид: намедонист, ки барои нишастан ӯро ба як лаби кати хоб таклиф кунад ё ба курсиҳои чиркину шалақ?
            Бинобар ҳамин гуфт:
            ‒ Марҳамат, куҷое, ки маъқулатон бошад, нишинед.
            Ҷавонзан курсиеро кашида, дар пойгаҳтар гузошт ва амонат нишаст. Вай нишастан намехост, вале пойҳояш мадор надоштанд. Ноилоҷ нишастанро авло донист.
            ‒ Эҳ-ҳе, шумо хунук мехӯред-ку, духтарам. Ҳеҷ гап не. Давои қурут – оби ҷӯш. Ҳозир плиткаро мемонем. Кошонаамон ҳаммом барин гарм мешавад. Дегча дар болояш. Бо ҳамин баҳона ош ҳам гарм мешавад, якҷоя мехӯрем. Мон, духтарам, рӯздармиён дар ин ҷо посбонӣ мекунам. Дар танҳоӣ ҳатто хӯрок хӯрдан файзе надорад. Баъд Ғамхор пайдо шуд. Як саҳар ба пост, ба ин ҷо меомадам, ки аз байни партовҷойи он тарафи Дарғам баромада, аз пасам омад. Бинам, саги нағз барин. Ба пеш кардан дилам нашуд. Ғамхор аз баъзе одамҳои бадтолу бадкина беҳтар. Акнун бо Ғамхор якҷоя хӯрок мехӯрем. Фақат ман дар хонаву Ғамхор дар берун. Аз як кас таом хӯрдан ду кас хӯрад, беҳтар–дия. Ана, ин бегоҳ Худои меҳрубон ба меҳмонии мо шуморо расонд. Таомро якҷоя хӯрем, ширин мешавад.
            Мӯйсафед забон газид. Худоё, ӯ чиҳо гуфта истодааст? Рост мегуфтаанд, ки одам пир шавад, шақшақабобо мегардад. Оё ҳамин гапҳо зарур буданд? Заррае ба худ ҳисобот надода, хуб ҷоғ зад-е! Э каллаат дар гӯр, мӯйсафеди беимон! Наход одам ҳамин хел шавад-а?! О синну сол калон шудан гирад, одам солору хирадманд намешавад?! Ӯ ба ҷойи хирадманду мутафаккир шудан девонаавзо нашуда истодааст?! Чиҳо гуфт, худаш намедонад. Вақтҳои охир ӯ ҳамин хел шудааст: гоҳо хаёлоти ботиниашро ҳам ба забон меорад. Шояд баъзеҳо ӯро ҷинӣ пиндоранд. Хайрият, ки ба бахташ Ғамхор пайдо шуд. Гоҳо вай дурудароз ба ӯ дарди дил мекунад. Ғамхор ҳам чашмони пурмеҳри зебояшро аз ӯ наканда, мешунавад. Дар хонаи чашмони меҳрбораш олам – олам садоқату вафо ниҳон аст.
            Бақар–бақар ҷӯшидани шӯрбо мӯйсафедро ба худ овард. Афсӯс хӯрд, ки пешин ҳамон як даҳон гӯшташро беҳуда хӯрдааст. Барои бегоҳ мемондааст, хуб мешудааст. Ҳоло онро ба косаи меҳмон меандохт. Ба ҳар ҳол аз даруни коса як луқма гӯшт барояд, нағз аст… Одамизод ҳеҷ гоҳ пешомади худро намедонистааст-дия. Ё ҳамин хел буданаш нағз аст?           Ҷавонзан ҳамон ноҷунбон менишаст. Фақат гоҳ – гоҳ оҳи чуқуре кашиданаш ба гӯш мерасид.
            ‒ Оша гарм мекунем гуфта, ҷӯшонда фиристондем. Хайр, ин ҳам нағз. Микробҳояш мемуранд.
            Мӯйсафед бача барин дасту по мехӯрд. Гоҳ шӯрборо мекофту гоҳ косаҳоро аз як ҷо гирифта, ба ҷойи дигар мегузошт. Ба кушодани дастархон ҷуръат намекард. Дастархон чиркин шуда буд. Чанд рӯз пеш кормандони стансия ба таъмири насосҳо машғул шуданд. Онҳо ҳамин хел: оянд, ҳама ҷоро чиркину олуда месозанд, ҳисобаш гум мешавад. Махсусан, Ҳайдарқул. Як ҷавонмарди 40–45‒сола бошад, ки фаҳму фаросати казоие надорад. Гоҳо дастархонро ба рӯйи замин ҳам паҳн мекунад. Толиб аз хамирмояи дигар.  Ӯ бинад, ки Ҳайдарқул бо дастони ношуста ба сари дастархон мешинад, бачаи хурдсол барин намонда, дастшӯйӣ мефиристад. «Ба шохи ин зада наистед, намешавад», - мегӯяд Толиб. Одатҳои бади Ҳайдарқул бисёр. Дастони чиркину равғанолудашро ба чизе рост ояд, пок мекунад. Барои вай сачоқу пайтоба фарқе надорад. Чиркинхӯҷаи беҳамто. Вале калонгириаш дар осмон. Ба ӯ гап таъсир намекунад. Гӯшаш гӯши кару пӯсташ пӯсти хар барин. Назар ба тарбия кардан чандин шаҳрҳоро обод кардан осонтар.
Мӯйсафед болои миз дастархон кушод. Ба рӯйи дастархон бадбахтона, ба ғайр аз 3 – 4 бурда нони бозорӣ ва як нони бӯлкаи обаш гурехта дигар чизе набуд. Пораҳои нонро бо корд реза карда, ба гирдогирди дастархон монд. Мушт барин наботро  ба рӯйи табақча гузошт. Баъд оби шӯрборо ба ду коса кашид ва ба рӯйи дастархон монда, ба ҷавонзан рӯ овард.
            ‒ Марҳамат, духтарам, ба дастархон наздиктар биёед. Шарм надоред.
            ‒ Раҳмат, муллоамак. Ман сер. Дилам намекашад.
            ‒ Медонам, - зуд ба гуфтаи ҷавонзан розӣ шуд мӯйсафед. – Баъзан дили одам накашад ҳам, хӯрданаш даркор. Дар вақти соатҳои муайян меъдаву рӯдаҳо «ҳаққи» худро талаб мекунанд. Талаби онҳоро сари вақт қонеъ насозем, онҳо ҳам аноӣ не, корпартоӣ карданашон мумкин. Мо нахӯрему онҳо вазифаҳояшонро иҷро накунанд, одам касал мешавад.
            Мӯйсафед дид, ки ҷавонзан ҳамон ноҷунбону хомӯш аст, овоз баланд кард:
            ‒ Ман чӣ гуфтам?! Канӣ ба назди дастархон биёед. Хӯрое нозеҳ нашавад. Э шумо чӣ хел одам-а?! Давраҳои қаҳтиву қиматӣ одамон орзу мекарданд, ки як бор ишкамашон аз ошу нон сер шавад, баъд беормон муранд ҳам, майлаш.
            Ҷавонзан курсиашро бардошта, назди мизи дастархон овард.
            ‒ Шумо меҳмон, аз боло шинед, манн ҳамчун соҳибхона аз поён мешинам, ‒ пешгоҳро ишора кард мӯйсафед. –Агар даст шустани бошед, офтоба дар берун. Аз Ғамхор натарсед, вай саги аҳл.
            Ҷавонзан баъди гарм шудану дам гирифтан ба худ омада буд магар, ки як ба дастархон ва як ба дастонаш нигариста, ба берун баромад. Мӯйсафед миёнбандро аз миёнаш кушода, барои дастпоккунии зан омода сохт. Сачоқи чиркин дар мехи девор овезон. Ин оқибати кори Ҳайдарқул буд.
            «Бечора, бо ҷангу маломати бардавом алави чашмашро гирифтаанд. Ман саҳл овоз баланд карда будам, ки лому мим нагуфта, иҷро мекунад. Одам ҳам ин қадар мулоимфеълу абрешимхислат шавад, нағз набудааст. Ҳа, кирм ҳам беҳуда чӯби мулоимро намехӯрад».
            Мӯйсафед дар дил хавфе дошт: мабодо зан гурехта, худро ба наҳр напартояд? Аз ин рӯ, гӯшашро ба берун сих кард.
            Зан даст шуста даромад. Миёнбанд даркор нашуд. Вай дар берун дастонашро ба доманаш пок карда, ба ҷойи нишондодаи мӯйсафед нишаст. Мӯйсафед ҳам миёнбандро ба мехи девор овехта, ба сари дастархон омад.
            ‒ Марҳамат, духтарам сар кунед.
            ‒ Аввал шумо.
            «Фаҳму фаросат ва ақлу тамизаш дар ҷояш барин, - аз дил гузаронд мӯйсафед. Ҳурмату эҳтироми калонсолонро медонад.
            ‒ Хайр, ман сар кардам. Аз рӯйи одат аввал ба коса нон пора мекунам. Нон ба ҷойи гӯшташ. Шумо ҳам, духтарам, ҳамин хел кунед. Нахоҳед, нонро газида – газида хӯред. Шумо ҷавон, ҳоло дандонҳоятон бутун.
            Ва мӯйсафед намуна нишон дод. Ҷавонзан ҳам ба хӯрдан пардохт. Мӯйсафед ҳаракат мекард, ки ба сӯйи ӯ нанигарад. Аввало, ин аз рӯйи одоб нест.  Дуввум, хиҷолат кашиданаш мумкин. Бо ҳамин андешаҳо мӯйсафед ҳушу ёдашро ба сӯйи косаи худ равона сохт. Бо вуҷуди он дарк кард, ки зан ҳам ба таом даст мебарад: кам–кам ва аз ҳад зиёд эҳтиёткоронаву боодобона мехӯрад. Вақти хӯрдан на овози даҳон ва на  садои ба коса бархӯрдани чумчааш ба гӯш мерасад. Таомхӯрии мӯйсафед, ки баръакс буд, ҷорӣ шудани арақи сардеро дар тахтапушташ ҳис кард.
            ‒ Ана, ман ошамро хӯрда тамом кардам, - мисли кӯдаке, ки баъди хӯрда тамом кардани хӯроки худ аз калонсолон бояд таъриф шунавад, гуфт мӯйсафед. Ӯ мехост, ки ҷавонзан ҳам ошро пурра хӯрда, сер шавад. –Лекин косаро лесида намешинам. Ба ҳаққи Ғамхор ҷабр карданам нағз не. Вай ҳам сер шавад, - инро гуфту мӯйсафед боз афсӯс хӯрд. Агар ҷавонзан дар наздаш намебуд, аз рӯйи одати деринааш як шаппотӣ ба пешониаш мезад. Охир, ӯ чӣ гуфта истодааст-а? Боз «Ғамхор косаро лесида тоза мекунад» гуфта нафаҳмад? Агар ҳамин хел гумон кунад, ҳоло ӯ дар косаи саглесида хӯрок хӯрда истодааст?!
            Не, ҷавонзан ё намешунавад ва ё ба таги маънои гапи мӯйсафед сарфаҳм  намерафт, ки хомӯш буд.
            Ҷавонзан аз ҷой хест. Мӯйсафед бо як чашм давондан дид, ки косааш холӣ, хурсанд шуд: гурусна будааст. Баъд мақсади ҷавонзанро зуд фаҳмид.
            ‒ Лозим не, духтарам, шумо меҳмон. Ба меҳмон иҷозат нест, ки косаву табақ шӯяд. Пагоҳ худам мешӯям. Ҳозир чой менӯшем. Чойи тайёркардаи маро нахӯред, гумон кунед, ки ба ин дунё наомадед.
            Мӯйсафед косаҳоро болои ҳам гузошта, ба болои мизи оҳанин монд. Чойники болои плитка қариб ба ҷӯш меомад. Чойқуттиро хабар гирифт. Хушбахтона он аз чой пур буд. Хайрият, ки ба дасти Ҳайдарқул наафтодааст, - аз дил гузаронд мӯйсафед. –Вай инсоф надорад. Чойдамкунӣ ба зиммааш афтад, ӯ ба даруни чойник чойи хушкро бо чойқуттиаш холӣ мекунад. Лекин насосчии дигар – Толиб йигити сара. Ҳангоми набудани чойи хушк зуд илоҷашро меёбад: тохта рафта решаи янтоқ ё баргу пӯстлохи ягон хел дарахтро канда меояду ба чойник меандозад. Бе чойи хушк ҳам як чойи бомазае омода месозад‒кӣ, одам нӯшида ҳузур мекунад. Занҳои бадасту панҷа барин ҳалли бисёр мушкилоти зиндагиро медонад. Умуман, йигити боақлу фаросат аст. Одамгарӣ дорад.
            Мӯйсафед шаммаи чойникро рехта, чойи хушк андохт. Оби шақар–шақар ҷӯшидаистодаро ба чойник рехт. Баъд чойникро ба рӯи миз гузошт. Чойро маротиба бодгардон кард ва ба болояш миёнбандашро пӯшонд, ки «дам» хӯрад. Баъд ба даруни ду пиёла – ҳам барои худу ҳам барои ҷавонзан се–чор порагӣ набот андохта, пиёлаҳоро бо чой пур кард.
            ‒ Мизоҷи набот гарм. Баъди ҳар гунна таом наботчой мефорад. Канӣ, духтарам, марҳамат. Худо ҳар чизе фармуда бошад, бо ҳам мебинем. Дар ин дунёи дурӯза Худои меҳрубон ба ҳар як бандаи мӯъмину мусулмон кама диҳаду ғама надиҳад, - ва пиёлаи зеботари лабаш напаридаро ба назди ҷавонзан гузошт.
            Мӯйсафед гармогарм ба нӯшидани наботчой сар кард. Наботҳои шаффофи сангчамонанд дар таги пиёла овоз мебароварданд. Як пиёлаашро холӣ карда, боз ба он чой рехт. Хост, ки ба пиёлаи ҷавонзан ҳам чой резад, аммо он пур буд.
            Мӯйсафед саволомез ба сӯйи ҷавонзан нигарист.
            ‒ Хунук шавад.
            ‒ Хайр.
            Мӯйсафед акнун бо ҳузуру ҳаловат чой менӯшиду худ ба худ ба ҷавонзан шунавонида мегуфт:
            ‒ Чойро гармогарм нӯшидан хуб аст. Вай кӯфтагии одамро мебарорад, ба ҳамаи узвҳо ҳузуру ҳаловат мебахшад. Чой доруи тамоми дардҳо барин як нӯшокии Худодод аст. Ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан даркор. Гиред, духтарам.
            Ҷавонзан боодобона чой менӯшид. Пиёлаашро, ки холӣ кард, мӯйсафед боз чой рехта дод. Онро ҳам нӯшид.
            Ҷоғи  мӯйсафед тафсид. Ҳарчанд ӯ гап занад, ки ҷавонзан маддаи дилашро намекафонд. Мӯйсафед бо ҳисси шашуми худ дарк мекард, ки дили ҷавонзан моломоли ғаму алам аст. Агар одам дарди дилашро кафонад, хеле сабук мешавад. Вале ҷавонзан ибо мекард ё дарду ғами худро ба сари мӯйсафед бор кардан намехост. Ин рафтори ӯ, аз як тараф, дуруст аст. Ҳар зоғеро як доғе гуфтаанд. Одами бедарду ғам ҳаст? Ҳар кас дар сар ҳазорҳо ғаму ташвиш дораду ҳамеша побанди чандин муаммоҳои зиндагии худ аст? Дарду алами худаш кам будагӣ барин бори ғаму андӯҳи дигаронро шунидан, ғамшарику ҳамдарди ӯ шудан ба кӣ мефорад?! Дард кам, дарди сар кам!
            Бо ҳамин андешаҳо мӯйсафед чизе напурсид. Маҷбур карданаш аз рӯйи инсофу одоб ҳам набуд. Агар лозим донад, албатта худаш мегӯяд, нахоҳад – ихтиёраш. Ҳоло азобу машаққатҳои зиндагиашро ба ёдаш овардан, дарду алами пинҳонашро мисли оташи дудкардаистода аланга гирондан, худкушиашро хотиррасон кардан… Уф… Рафту чунин шавад, уболи ҷавонзан ба гарданаш бор мегардад ва ӯ то рӯзи қиёмат худро намебахшад.
            Ҷавонзан бегапу ҳарф, ҳамчун роботе, ки фармонеро иҷро мекунаду гап намезанад, чойро нӯшид ва гӯё ба фармони навбатӣ интизор буд.
            ‒ Хайр, вақти хоб ҳам шуд. Ман, посбон, аввал гирду атрофро хабар гирам. Шумо, духтарам, ана дар болои кат дар хона хоб равед. Ман – дар берун. Болои чорпоя кӯрпача ҳаст. Ана ин ҷомаро, ‒ аз мех ҷомаи калони даридаеро ба даст гирифт мӯйсафед, - барои болопӯшӣ мегирам. Ҷома калону васеъ – болопӯши тайёр. Шумо бехавфу хавотир дар дарун хоб кунед. Хоҳед дарро аз дарун маҳкам кунед. Ҳалқааш ҳаст, онро ба мехи паҳлӯдарӣ гузаронед, тамом, ҳеҷ кас дарро аз берун кушода наметавонад. Маъқул?
            Мӯйсафед ҷома дар даст берун баромад. Ғамхор хурсандона дум ликконда, ба ӯ наздик шуд. Сару пойҳои худро ҳар замон ба мӯйсафед мерасонид. «Саг ҳам кӯдак барин-е, - аз дил гузаронд мӯйсафед. –Аз саҳл чиз шодӣ мекунаду аз саҳл сарзаниш – хафа. Фақат забон надорад, ки онро гӯяд».
            Саг пеш – пешу мӯйсафед аз қафо гирду атрофи насосхонаро чарх заданд. Дари бинои насосҳо қулф. Онро дида, саг маҳин – маҳин аккос зад. Яъне, ҳамааш дар ҷояш, шумо хӯҷаин, хотирҷамъ бошед!
            Онҳо ба дидбонии ҳудуди коргоҳ баромаданд. Саг дар торикии шаб ба тарафе давида мерафту пас аз лаҳзае боз пайдо шуда меомад.
            Аз тарафи Дарғам ҳавои сарди нофораме мевазид. Садои он дар торикии шаб ба дили кас воҳимаву ғулғула меандохт. Одамон маънои «Дарғам»-ро ҳар хел мефаҳмиданд ва шарҳу эзоҳ медоданд. Бештар бар он ақида буданд, ки наҳр «дар ғам» аст, яъне ҳамеша банди дарду андӯҳ, ки гӯё аз он раҳоӣ надорад. Аз ин ҷост, ки Дарғам аксар орому ғамзада ҷорист. Гоҳо ғаму аламаш аз ҳад гузарад, мавҷ задаву ба соҳилҳо бархӯрда, наъра мекашад, ба доду фарёд меояд. Овози нолаву навҳаи наҳр дар ҷариҳои баланди рости сурххоки он бархӯрда, акси садо медиҳанд. Онҳо боз ҳам воҳиманоктар ба гӯш расида, дар дилҳо як ҳисси пуртуғёни яъсу ноумедиро талқин мекунанд. Молу чорвое, ки дар даруни он ғарқ шуда, мурдаанд, беҳадду ҳисоб аст. Одамоне, ки аз ҳаёт сер шудаанд ё ҷабру зулм аз ҷавҳари ҷонашон гузаштааст, худро ба Дарғам партофта, гӯё аз зулми зиндагӣ наҷот меёбанд. Шояд ин наҳр сари бисёриҳоро хӯрдааст ва гунаҳкор аст, ҳамчун мотамдор Дарғам ном ниҳодаанд. Боз аниқашро Худо медонад. Муаммоҳои дунё бисёранд. Барои кушодани баъзеи онҳо академику олимон оҷиз мемонанд.
            Ҳама ҷо сокиту ором. Ҳоло мисли фасли тобистон малаху чир–чиракҳо бо ҳам ҷӯр шуда, сурудхонӣ намекунанд. Фақат садои ансамбли қурбоққаҳо аз дурии дури кӯлмакобҳои лаби наҳр шунида мешуданд. Дар соҳили он тарафи дарё кадоме харашро мебаст. Имшаб он набудагӣ барин. Мӯйсафед дар торикии шаб онро дуруст набинад ҳам, аз ҳангосаш мефаҳмид. Гоҳ – гоҳ вай ҳангоси дурударози имдодталабонае мезад. Аҷаб одамоне! Охир хар ҳам ҷонвари Худост. Ба лаби Дарғам баста, ҳафтаҳо хабар намегиранд. Обаш бошад, ки алафаш зуд тамом мешавад. Вале ба ҷонвар ғизо лозим. Мисли одамизод нафс дорад. Дар муддати чанд рӯз гиёҳу алафҳоро то решаҳояшон якто намонда мехӯрад. Ана, Баъди кушода бурдани соҳибаш он ҷо як дойираи хушку холии пуртапурхоке – айнан мисли расмҳои газетаву журналҳое, ки гӯё дар ин ҷо табақчаи паррон омада нишаставу парида рафта бошад, нақши доирашакле боқӣ мемонад.
            ‒ Рафтем, Ғамхор, - якбора ба дилаш алав афтода, сагро садо дод мӯйсафед. –Мо ин ҷо ба сайру гашти шабона не, ҳамчун посбон ба дидбонӣ омодаем. Ба хаёл ғӯтида, вақтро беҳуда гузаронем, меҳмон чӣ мегӯяд?!
Саг маҳтали имо буд, ки роҳи посбонхонаро пеш гирифт. Мӯйсафед ба вай расида наметавонист.
Ду чашм ба сӯйи посбонхона босуръат қадам мезад. Дилаш бо ҳазор кӯчаву тангкӯча даробаро дошт. Вай ин ҷо ғарқи хаёлот гардад, он зан мабодо монда наравад. Оламу ҳаводис мегӯянд. Даруни дили одамро фаҳмида намешавад…
Вақтҳои охир мӯйсафед аз гуфтору рафтори мардум чунон дилбазан шудааст, ки мондан гиред. Як гапро мегӯянду тамоман кори дигарро мекунанд. Баъзеҳо ҳатто ба гуфтаи худашон ҳам амал намесозанд. Як хел зотҳо рӯзе даҳҳо бор тағйир меёбанд. Аз ҳамин сабаб, гоҳо ба худаш ҳам бовар намекунад инсон. Аҷаб замонае! Сар то по муаммо ё лабиринт…
Мӯйсафед аз дур, аз паси шишаҳои хираи тирезаи хоначаи посбонӣ сояи ҷавонзанро дида, дилаш каме ором гирифт. Қадамзаниашро суст кард: одамизод ҳамеша ҳамин хел. Бегонаро бегона гӯйӣ, аз они худиҳо ҳам, аз онҳо монданӣ надоранд. Духтаронаш ҳам баъзан телефон мекунанд. «Ҳамааш нағз, шумо хавотир нашавед, додоҷон» гӯянд, ки бовар намекунад. Гӯр ин телефонҳо шавад. Меҳру оқибати байни одамонро торафт кам мегардонад. Ҷавонҳо ҳам аҷиб. Телефон карданд, гӯё бо ҳамин одамро хотирҷамъ месозанд. Вале мисли солҳои пеш омаду рафт нест. Дили одамизод ба худаш душман. Бо гӯш шунидан дигару бо чашм дидан дигар. Агар фарзандонаш ба дидорбинӣ наоянд, худаш меравад. Одами кӯҳна–дия, рафта бо чашмонаш, ки дид,  хотирҷамъ мешавад. «Ба шинед, камтар дам гиред, шӯрбо тайёр, як чумча хӯрда равед»-ҳо эътибор надода, ба изаш гашта меояд. Инак, дар хона будани ҷавонзанро бо чашмонаш дида, дилаш таскин ёфт. Қадаммониаш худ аз худ сусттар шуданд. Гӯё аз одаму олами ин дунё парвое надошта бошад, сараки алафи шамакеро канд ва онро дар дасташ бозӣ доронда омад.
Ҷавонзан чорпояи паҳлӯйи посбонхонаро ба тартиб овардааст. Кӯрпачаро ҳамчун ҷойхоб тайёр карда, болини болои кати хоби посбонхонаро бароварда, ҳамчун таксарӣ гузоштааст.  Ҷома дар пойини пой. Хулоса, ҷавонзан ҷойхоби ӯро омода сохтааст.
Инро дида, дили мӯйсафед бардошта шуд. «Ақлу фаросаташ дар ҷояш,  ‒ бори дуввум ин фикрро аз дил гузаронд ӯ ва сулфа кард. Сулфаи бардурӯғ «ман омадам, духтарам, шумо натарсед, ҳамааш нағз аст» маъно дошт.
Ғамхор ҳам манмун буд. Вай бо иштиҳои том аз косааш хӯрок мехӯрд. Маълум буд, ки ҷавонзан дегу табақро шуста, пасмондаашро ба косаи саг рехтааст.
‒ Беҳуда ташвиш кашида, ҷойхоби маро андохтед, духтарам. Ба ман ҳеҷ чиз даркор не. Болиштро гашта баред. Ба ман духтурон, беболишт, дар рӯйи тахта рост хоб рав гуфтагӣ, - инро гуфта мӯйсафед болиштро ба даст гирифта, дарро тақ–тақ карда кушод ва худаш надаромада, болинро дароз кард. –Гиред, як шаб сад шаб намешавад. Чӣ хеле, ки хоҳед, бо ҳузур хобед. Чароғро мекушед ё не, ихтиёратон. Барои ман равшаниву торикӣ фарқе надорад.
Ҷавонзан болинро гирифт. Мӯйсафед пиҷаки равғанлодеро ёфта, «болишт» сохт. Ба рӯяш миёнбандашро партофт, ки бӯйи равғани насосҳо камтар ба димоғаш занад. Ва бо ҳамон сару либоси танаш ба болои кӯрпача дароз кашид. Бо ҷома болои пойҳояшро пӯшонд.
Мӯйсафед аз рӯйи одат рӯ ба боло мехобид. Ҳоло ҳам ҳамин хел кард. Фасли тирамоҳ, ки ҳукмрон буд, сардии ҳаво бештар мегашт. Аз байни шоху баргҳои зардолуи болои сараш осмон дуруст наменамуд. Вале бо вазиши шамоле ситораҳо аз байни шоху баргҳо дурахшида, гӯё ба мӯйсафед чашмак мезаданд. Вай пештар банди андешаҳо ва чашмакзании ситораҳо чӣ хел бурдани хобашро нафаҳмида мемонд. Ҳоло аз хобидан метарсид.
‒ Ғамхор, ҷӯра, ҳушёр бош. Ту рӯзона хуб хобидӣ. Боз вазифа аз ёдат набарояд. Ҳама гуна корҳои баду ношоям шабона сар мезананд. Ҳам аз гирду атроф ва ҳам аз мо бохабар шав. Хоб додари марг аст. Хобам бурда монад, бедор кун. Нону оши хӯрдаат ҳалол шавад. Фаҳмидӣ, Ғамхор?!
Ғамхор, ки дар таги чорпоя буд, як тоб хӯрда, садо баровард. Овози ба замин думзаниш бараъло шунида шуд. Гӯё бо ин рафтораш вай гуфтан мехост: ман нонкӯр не, вазифаамро медонам. Наход ба ман бовар накунед. Хотирҷамъ бошед, ҳамааш хуб мешавад.
Ғамхор дар ҳақиқат вазифаҳои худро аз таҳти дил иҷро мекард. Баъзан шабона ногаҳон аккосзанон ба тарафе тохта мерафт. Аз чашм нопадид гашта, овозаш ҳам ба гӯш нарасида мемонд. Баъди чанд вақт боз пайдо шуда меомад. Аввалҳо мӯйсафед ҳайрон мешуд, ки ин саги ҷонсарак ба куҷо ғайб мезанад. Пагоҳ ҳангоми чархзании ҳудуди стансия аз изи чорво мефаҳмид, ки гове канда, ба замини яке аз насосчиҳо даромадааст ва Ғамхор онро пеш карда, аз сарҳади посбонии худ берун рондааст.
Ғамхорро ҳоло бо саги пешина, ки бори аввал бо мӯйсафед рӯ ба рӯ омада буд, муқоиса кардан душвор аст.
Ягон се сол пештар саг нимҷону ниммурда барин буд. Дар гарданаш сими дарозе дошт. Аз даруни партовҷойи он тарафи Дарғом баромада, аз пасаш омад. Аз афт, кадоме вайро бо сим буғӣ карда ё овехта куштан мехостааст, ки гурехта, бо сими гарданаш мегашт. Сим гарданашро ҳалқасон бурида, пурмаддаву хуншор сохта буд, ки раҳми кас меомад. Гоҳо аз гарданаш хуноб мечакид ва бӯйи бади гӯшту фасодро ба чор тараф паҳн месохт. Саг аз ҳад зиёд тарсу буд. Аз дур сиёҳии одамро бинад ва ё садои таҳдидомези баландеро шунавад, сарашро яккаҷаву ба пасаш нигоҳ накарда мегурехт. Мӯйсафед, ки аз раҳмдилӣ нону устухонпораҳо медод, аз гирду атрофи стансия дур намерафт. Чанд бор мӯйсафед сими гарданашро кушодан хост, вале сагро дошта натавонист. Сагро дар гирду атроф Ҳайдарқул бинад, ҳақорат медод ва бо сангу кулӯх мезад, ки гум шавад. Як дафъа мисрончаеро парронд. Он дар ҳаво тоб хӯрда, рост омада, ба сараш зад. Саг лаҳзае беҳуш шуда, ба замин афтод, нафасаш ба дарун зада, хомӯш гардид. Дили мӯйсафед таҳ кашид. Вале… Баъд овоз баровард. Сонӣ, ончунон чингосзанон дурудароз дод зад, ки гӯё ба болояш оби ҷӯш рехта бошанд. Бо ҳамин саг чанд рӯз нанамуд.
Як рӯз мӯйсафед дид, ки саг дар посбонхона. Аз хунукиву гуруснагӣ дир–дир ларзида, дар як гӯшае мехобид. Имдодталабона ба мӯйсафед менигарист. Бӯйи бадаш ба чор тараф паҳн мешуд.
Мӯйсафед зуд дарро пӯшид. Баъд шолчаеро аз рӯйи чорпояи беруни посбона гирифта, гашта даромад. Саг дар кунҷи хона бо чашмони пуроб ало–ало ба мӯйсафед нигоҳ карда, овози ҳузнангезе мебаровард. Ӯ шолчаро болои саг партофт. Саг аз таги он баромада нагурехта, зуд бо дасту пойҳояш аз чор тарафи шолча зер кард. Меҳромез «Ҷим, ҷим, ҳозир ҳамааш нағз мешавад» ‒ гӯён бо ресмон аввал даҳон ва баъд пойҳояшро баст. Саг ҷастухезкунон метаппиду овозе бароварда наметвонист. Аз чашмони пур аз яъсу ноумедияш ашк ҷӯй барин ҷорӣ мешуд. Симро кушоданӣ шуд. Онро чунон дар гулӯяш сахт баста буданд, ки ҳатто ангушт намегузашт. Зӯр занад, саг нафасгардон гашта, мурданаш мумкин буд. Зада берун баромад ва аз қуттии калидмонии насосчиҳо қайчии тунукабуриро ёфта омад. Сари сагро хам карда, симро бурид. Сими гарданаш пурхун буд. Ба ҷароҳати саг  марҳаме молидани шуда, дубора берун баромад. Ҳеҷ чиз ки набуд, шишаи равғани кӯҳнаи насосҳоро ёфта овард. Ба кафаш аз равған рехта, ба гирдогирди ҷароҳати гардани саг молид. Баъд пойҳо ва дар охир ресмони даҳони сагро кушода, ба берун сар дод.
Саг чингосзанон аз посбонхона баромада гурехт.
Чанд рӯз саг ба чашм нанамуд. «Тамом! Қаҳр карда, ба ягон ҷойи дигар рафт» аз дил гузаронда, мӯйсафед аз саг умедашро канд. Ҳатто аз хотираш баровард.
Як рӯз дар лаби Дарғам чарх зада, ба посбонхона меомад, ки саг аз куҷое пайдо шуд. «Хайрият, зинда будааст» - хурсанд шуд мӯйсафед ва баҳ–баҳ гӯён ду бурда нону устухонҳои пасмондаи шӯрборо бароварда, ба як гӯша гузошт. Саг онҳоро хӯрда, миннатдорона овоз баровард. Бо гузашти рӯзҳо ҷон гирифт, бӯйи бадаш кам шуд. Барқи чашмонаш зиёдтар гашт. Рангу рӯ ва пашмҳои баданаш ҷилодортар шуданд.
            Ҷонвари безабон ба мӯйсафед меҳр баст. Баъди як шабонарӯзи кораш ғамгинона гусел кунад, рӯзи омаданаш хурсандона пешвоз мегирифт.
Як пагоҳӣ мӯйсафед ба навбати посбонии худ омад. Саг аз сари кӯчаи калон ӯро истиқбол гирифт. Ӯ пеш‒пешу саг бозикунон аз пасаш меомад. Баъди чанде саг дар ҷояш истода, ба аккосзанӣ даромад. Мӯйсафед эътибор надода, як панҷоҳ қадам пеш омад. Аз саг ҳамон дарак набуд. Ба сӯйи саг нигарад, вай гирди чизе чарх мезанад. Ба «баҳ‒баҳ» гӯйӣ мисли пештара давида наомад. Мӯйсафед қафо гашта фаҳмид: як пора гӯшт аз сӯрохи даридаи плёнкахалтаи дасташ афтодаасту саг онро посбонӣ мекардааст. Ин вафодорию ғамхории сагро дида, мӯйсафед вайро Ғамхор номид.     
‒ Боз ин ҳароммурда дар ин ҷо чӣ кор мекунад? – сагро дида, боре оташ гирифт Ҳайдарқул. –Бӯйи бадаш ба ҷонам задааст. Ин сакалту чашми одамро хато карда, дегу табақҳоро макрӯҳ мекунад. Зада куштан дакрор!
‒ Аз феълатон фароед, мулло Ҳайдарҷон, - тоқат накарда гуфт мӯйсафед. –Вай ҳам офаридаи таъоло.
‒ Бади дидагем кучуку пишак. Дар ҳар хонадоне, ки онҳо бошанд, нону ошашон ҳаром!
‒ Баъзе сагу гурбаҳо аз як хел одамҳо озодатар, - ба худи Ҳайдарқул ишора карда гуфт Мӯйсафед. –Худо аз кучуку пишак не, аз ин хел одамҳо дар паноҳаш нигоҳ дорад.
‒ Э, амак, шумо хешаш барин чаро ин қадар тарафи як кучуки дайдуро мегиред?
‒ Тарафашро не, ҳаққи гапро мегӯям. Ба ин саг ошу нон надиҳед, ба ризқу рӯзии зану бачаҳоятон шарик набошад, ба шумо чӣ? Монед, гаштааст-дия. Ё ягон вазнинаш афтод?
‒ Не-ю охир ман ганда бинам, чӣ кор кунам?
‒ Эътибор надиҳед, масъала ҳал.
«Бо аҳмақон баҳс кардан камоли нодонист, - гӯён мӯйсафед қайчии токбуриро гирифта, аз посбонхона берун баромад. –Гапа кобед, гап мебарояд. Дилсиёҳӣ чӣ лозим? Баҳсу мунозираи бисёр боиси ҷангу ҷанҷол аст. Ба ҳар кас Худо инсоф диҳад».
Чор нафар коргарони стансияи насосҳои обкашӣ чор хел хислат доранд. Ба Раҳмон будан ё набудани Ғамхор фарқе надошт. Вай ягон бор эътирозе баён накардааст. Зариф ҳам қариб ҳамин хел. Бинад, нағз, ба чашмонаш наафтад, боз нағзтар. Вале ҳатман рӯзҳои навбатдориаш пасмондаи ош ё боқимондаи оби дегу табақи шустаашро ба саг медиҳад. Толиб бошад, тамоман дигар хел. Ӯ ба саг «Ҷӯра» ном мондааст. Бинед, «ҳа Ҷӯра ту чӣ хел?» гуфта, аҳволпурсӣ мекунад. Дар ягон маърака шинад ва ё дар ошхонаҳои сари роҳ хӯрок хӯрад, шарм надошта, устухонпора, гӯштҳои пайю чандир ва нонпораҳои боқимондаашро ба халтачае андохта, ба саг меорад: «Гир, Ҷӯра, ту ҳам аз давлати мо як маишат кун, ‒ вақти ба косаи Ғамхор рехта истодан мегӯяд. –Аз ҳайф шудан дида, ту хӯрӣ беҳтар».
Саги зирак аз дасти Ҳайдарқул чизе намегирад. Агар дар стансия навбати кори ӯ бошад, ба ким–куҷоҳо рафта, сиёҳиашро ба ӯ нишон намедиҳад.
Бо гузашти солҳо саг гӯё ёрдамчии посбон шуд. Ба туфайли он гову моли мардум ба заминҳо намедаромаданд. Ягон чиз гум намешуд. Агар гум шавад ҳам, инро аз бегонагон не, балки аз дасти қалби ягон нафар ҳамкорон медонистанд.
Сардори калон -  инженер Ашраф гоҳ–гоҳ ба ин ҷо меояд. Кори ӯ бисёр ва чандин стансияҳо дар зери роҳбарии ӯст. Вай асосан он рӯзҳое пайдо мешавад, обро кам ё зиёд кардан лозим аст. Боз насосе вайрон шавад, асбобу қисмҳои эҳтиётӣ кашонида, то дуруст кардани он дар ин ҷо тор метанад.
Худи Ашраф ҷавон бошад, ки шахси сипоҳ, коркуну ӯҳдабаро. Мисли Ҳайдарқул не, маданияташ ҳам баланд. Ҳар сухане гӯяд, дурро андеша карда, ба дили ягон кас сахт нарасида, гап мезанад. Ғамхор ба вай меҳр дорад. Ашраф ба ҳайвоноту ҷонварон бо чашми хирад менигарад. Ғамхор барои вай «Ҷонвар» аст. Бинад, ҷеғ зада, «э Ҷонвари безабон-е» гуфта, сару гарданашро мехорад. Вақташ бошад, дурудароз навозиш мекунад. Гоҳо аз кисааш конфете бароварда, Ғамхорро зиёфат мекунад.
Толиб як рӯз ба ҷону ҳоли инженер намонд.
‒ Ашрафака – ба инженер ӯ ҳамеша «ака» гуфта муоҷиат мекард. Борҳо Ашраф «ман ака не, ука» гӯяд, ки вай зуд ҷавоб меёфт: «Солатон аз ман хурд бошад ҳам,  вазифаатон калон». –Ҳамин Ғамхорро ҳам, - ба сӯйи Ғамхор ишора кард ӯ. – ба штати коргарон гузаронед. Бечора, мо рӯз кор кунем, ин шаб. Аз шумо чӣ меравад, илтимос як зӯр зада бинед.
‒ Намешавад! – қатъӣ гуфта буд ҳамон рӯз Ашрафи инженер. – Сага ба ҷойи одам чӣ хел ба кор қабул мекунанд? Мо посбон дорем.
‒ Дуруст, посбон дорем. Ин ёрдамчии посбон. Ба ёрдамчӣ ақаллан ним штат ҷудо кардан мумки будагист?
‒ Намедонам, ‒ дудила шуд Ашраф. –Ҳоло дар қади умрам сагро ба кор гирифтанӣ ягон корхонаро нашунидаам.
‒ Шумо нашунида бошед ё надонед, шояд калонҳо донанд. Аз карнайчӣ як пуф–дия. Шумо пурсед, зӯр зада бинед, шавад ‒ обӣ, нашавад – лалмӣ.
‒ Хайр, мебинем.
Дафъаи дигар Ашраф омад. Вақти рафта истоданаш Толиб коғазеро ба дасти ӯ дод.
‒ Ин чӣ?
‒ Ариза. Барои ба кор қабул кардани Ғамхор.
Толиб шилеми фалғар гашта буд. Ашраф дилу бедилон онро гирифт.
‒ Хайр, як зӯр зада мебинем, - ваъда дод Ашраф.
Баъди се рӯзаш боз Ашраф омад. Он рӯз навбати кори оббарории Толиб буд. Вай дар пеши мӯйсафед пурсид:
‒ Ашрафака, чӣ хеле, ки мебинед, насосҳо бе танаффус кор карда истодаанд. Ба қоидаҳои бехатарии техникӣ риоя мекунем. Ҳама ҷо тозаву озода, равған чакад, лесидан мумкин. Ягон эродатон бошад, гӯед?
‒ Эрод нест.
‒ Эрод набошад, натиҷаи аризаи мо чӣ шуд?
‒ Нашуд. Бо мудири шӯъбаи кадрҳо қонуну ҳуҷҷатҳоро варақгардон кардем. Мувофиқи кодекси меҳнатӣ сагҳоро ба кор қабул намекардаанд. Фақат он сагҳое, ки мактаби кинеологҳоро тамом карда, дар сарҳад, постҳои гумрукӣ кор кунанд, дар ёфтани яроқу аслиҳа ва моддаҳои нашъаовар ёрӣ расонанд, ҳамчун ҷонвари хизматӣ ба ҳисоб гирифта, моҳонаи муайяне барои хӯроку нигоҳубинашон ҷудо мекардаанд. Вале ин ҷо  сарҳад не. Барои ҳамин ба ариза ҷавоби рад доданд.
‒ Ин аз рӯйи инсоф нест, Ашрафака, - ба шӯр омада гуфт Толиб. ‒Охир саге, ки бо зиракиву ҳушёриаш ба ману шумо ва давлат садҳо ҳазор сӯмина фойида биёрад, чаро ба кор гирифтан мумкин нест?
‒ Ба ман бошад, ҷон–ҷон гуфта, ба кор мегирифтам. Вале қонун иҷозат надиҳад, аз дасти ман дигар чӣ кор ҳам меояд?
‒ Хайр, Ашрафакаҷон, моро ноумед накунед, қонун иҷозат надиҳад, ки аз худатон ягон чиз диҳед. Саг рӯҳбаланд шавад.
Ашраф даст ба киса бурд. Толиб зуд ба гап даромада, ба оташафрӯзии ҷӯши ҳимматаш кӯшид.
‒ Э раҳмат! Аз худатон намонем, Ашрафакаҷон. Фақат ҳимматро баландтар гиред. Дастатон наларзида, нотарсона ба як кило гӯшт, ду кило биринҷ, чорта нон, дута арақ…
‒ Иштиҳтон зӯр-ку?! Ба Ғамхор палаву арақ чӣ лозим?
‒ Палав шоҳи таомҳо, мо хӯрем, Ғамхор ҳам хӯдагӣ барин мешавад. Худатон ҳам дар пешгоҳ мешинед. Дар як сол як бор рӯзи таваллуди  Ғамхорро ҳам гузаронем, чӣ шудааст. О гуфтам-ку, ҳиммата баланд бардоред.
‒ Боз арақхӯрӣ нашавад.
‒ Ягон бор арақхӯрии моро дар ҷойи кор дидед? – ва хандида илова кард. –Мо одамҳои аҳли фаҳм, Ашрафакаҷон. Бе шумо хӯрем, заҳру зақум мешавад.
Бо ҳазлу ханда Толиб пулро рӯёнд. Баъди рафтани Ашраф Ғамхорро ба наздаш ҷеғ зад.
‒ Ана Ҷӯра дидӣ? Фақат ту аз пушти мо не, гоҳо мо ҳам аз пушти ту як маишат кунем, мешудааст. Э садқаи одам шавад Ҳайдарқул! Вай дар сад сол ҳам ба қадри ту намерасад...
Шабона баъде, ки ҳама ҷо сокину ором гашт ва мардум ба хоби ноз рафтанд, садоҳои дур ҳам ба гӯш мерасанд. Ҳоло бар замми аккосу уллоси баъзе сагҳо, ҳо аз он деҳаи боло, ҳангоси хар шунида мешуд. Шаввоси оби наҳр бо як маром садо медод. Он ба як мусиқии аҷибе шабоҳат дошт ва гӯё одамро алла мегуфт. «Дарё дар чӣ хусус суруд мехонда бошад? – аз дил гузаронд мӯйсафед. – Сурудаш дурударозу беохир. Аз афт, ҳамчун бахшӣ аз саргузашти талхи худ қисса мекунад. Месарояд, ки аз куҷоҳо сарчашма мегирад, раҳораҳ чиҳоро мебинад, чӣ хел ба шохобаҳо тақсим мегардад. Маҷрои вай дар давоми солҳои тӯлонӣ чӣ қадар чархи осиёбу обҷувозҳоро чарх мезанонад, бо қувваи стансияҳои электрикии обӣ ба хонаҳои мардум нуру зиёд мебахшад, оби ҷонбахшаш чӣ қадар заминҳоро сабзу хуррам ва шодоб гардонида, чӯлҳоро гулистон сохтааст… Э-ҳе, дар бораи ҳамаи корномаҳояш шабу рӯз суруд хонад, ки ҳеҷ гоҳ тамом нашавад даркор. Гоҳо сурудҳои ҳазинаш дар мотами ғарқшудагон бошад ҳам, аҷаб нест. Вай худ ҳеҷ касро ба коми худ накашидааст. Баъзеҳо аз беэътиборӣ афтода бошанд, баъзеҳо бо мақсади худкушӣ худро ба оғӯши Дарғам партофтаанд. Дар ин хел вазъиятҳо, вақте ки барои наҷоти худ кӯшише намекунанд, дар талвосаи ҷон дасту по зада, худро ба соҳил намегиранд, ӯ айбдор нест».
Дар ин ҷойи андешаҳояш мӯйсафед, як қад парид. Ӯ, ки тамоми ин садову овозҳои Дарғамро шунида истодааст, ба гӯши ҷавонзан ҳам расад, боз андешаи худкушӣ ба сараш наояд?!
Шукри Худо ӯ ду духтару як писар дорад. Ҳамаашонро хонаву ҷойдор, ба қавле, сар ба қолиб кардааст. Набераҳояш ҳам бисёр. Вале набераи калонии бехиаш айнан худи ӯ барин. Тарҳи рӯй, чашму бинӣ, даҳону манаҳашро кандагию гирифтагӣ. Хӯю хислаташ калонсолона. Андешидаву пухта гап мезанад. Шояд барои ҳамин бошад, меҳраш баландтар.
Ҳозир онҳо дар шаҳр зиндагонӣ мекунанд. Хумори набераҳояш гирад, мӯйсафед гоҳо хабаргирӣ меравад. Як – ду рӯз меҳмон нашуда, зиқ мегардад.
‒ Ин хона не, катакҳои мурғхона ‒ ба чор тарафи деворҳои хона нигоҳ карда, барои зуд баргашта рафтан далел пеш меорад ӯ. –Шумо дар ин ҷо чӣ хел зиндагонӣ мекунед, ман ҳайрон. Охир баъди мурдан ҷоямон гӯри тангу торик мешавад. Ҳоло дар ҷойи кушоду васеъ, дар ҳавлӣ зиндагӣ кардан нағз нест? – бо ин суханон ӯ ҳавлиро ёдрас месозад, ки барои зиндагии писару келинаш ва давутозу бозии набераҳо тамоми шароитҳо дорад. –Дар ҷойи кушод дили одам васеъ мегардад, сабзу хуррамии рӯйи ҳавлӣ ба чашмҳо нуру ба тан қувва ва ба одам ҳузуру ҳаловат мебахшад.
Вале онҳо, эҳтимол, бо якравии келин, ки шаҳрӣ аст, ин хонаву ҷойҳояшонро авло медонанд.
Панҷ сол пештар мӯйсафед хабаргирӣ рафта буд. Писараш аз Исфандиёр шикоят карда гуфт, ки бо набераи эркатулфораш як гапзанон карда бинад.
‒ Исфандиёр чӣ гуноҳ кард?
‒ Ҳеҷ гуноҳ не, дада – забон хойида гуфт писараш, - хумории компутер шудагӣ. Гум кунем, аз компутерхонаҳо меёбем. Дар хона намешинад, ҳазор бор ҷанг кунем, ки бефоида.
‒ Бо манъ кардану ҷанг кардан масъала ҳал нашавад, илоҷи дигарашро ёфтан лозим. Худат ҳам ҳамин хел будӣ – ку?! Ҳар рӯз ба мулоқот рафта, ягон кору бори хонаро ба ҷо намеовардӣ. Келинро овардем, ки аз хона намебаромадагӣ шудӣ.
Писараш аз хиҷолат сурх шуда, сар хам кард.
Мӯйсафед худаш намедонист, ки компутераш чист. Агар корҳои боғбониву деҳқонӣ бошад, фаҳмаш мегирифт. Вале дар бобати техника, махсусан техникаи охирзамон кундаи таппа–тайёр буд. Бинобар ҳамин, аз чанд кас пурсида, фаҳмид, ки технологияи коммуникатсионии нав асту ба воситаи он ҳазорҳо амалиётро якбора иҷро кардан мумкин ва дар оянда бе ин хел «чизҳо» зиндагӣ кардан душвор аст, ба Исфандиёр компутер харидани шуд. Пулҳои ҷамъшудаи нафақаву маошашро аз ҳавлӣ гирифта, бо Исфандиёр ба магазини компутерфурӯшӣ рафт. Дар магазин компутерҳои рангорангро дида, чашмони Исфандиёр барқ мезаданд.
‒ Чӣ хизмат кунам, бобо? – ҷавони хушсару либосе баъди салому алейк ба назди мӯйсафеду наберааш ҳозир шуд.
‒ Ба ҳамин набераи ман якта компутери нағз ёфта деҳ.
‒ Ин ҳоло хурд не, бобо? – ба сӯйи Исфандиёр нигариста, пурсид ҷавон.
Исфандиёр ба фурӯшанда ало нигоҳ карда, дандонҳояшро ба ҳам соид. Ӯ ин вақт дар синфи сеюм мехонд. Қоқу хароб, ки буд, ба назар боз ҳам хурдсолтар менамуд.
‒ Майда бошад, ки ақлаш калон, - сари набераашро сила карда гуфт мӯйсафед. Аз таърифи бобо даҳони Исфандиёр ба бехи гӯшаш расид. –Зӯраша ёфта деҳ.
‒ Албатта, бобоҷон. Ба шумо чӣ хел тамғааш маъқул?
‒ Ман намедонам. Ин тарафаш ихтиёри ту. Тасаввур кун, ки ту намефурӯшӣ, балки компутер мехарӣ. Ту чизи гандаро харидан мехоҳӣ?
‒ Не, бобоҷон.
‒ Не бошад, ана ҳамин хел.
‒ Одами аҷоиб–ку шумо, бобо. Хайр чандпулааш бошад?
‒ Намедонам, бачем. Ана пул, - пули даруни плёнкахалтаро ба пештахтаи магазин холӣ кард. Даруни халта даста – даста пулҳои ҳархела бетартибу нашумурда мехобиданд. –Худат шумурда бин.
‒ Шумо нашумурдед?
‒ Ман пулшумориро бад мебинам. Мувофиқи ҳамин пул компутер интихоб кун. Фақат Худо ба ту инсоф диҳаду моро камтар фиреб деҳ.
Ҷавони фурӯшанда хандида, пулҳоро даста кард ва шумурда истода гуфт:
‒ Э бобо, ман ин хел не. Ҳозир дар ҳама ҷо фиребгару қаллобҳо пур шудаанд. Ба ҳар кас ҳам бовар карда, ин хел пулҳоро ба пешаш напартоед. Чашматонро хато карда, дуздиданашон мумкин.
‒ Дар боло Худо ҳаст.
Ҷавон бо колкулятор ҳисобу китоб кард.
‒ Ба компутери зӯри зӯраш не, пулатон ба миёнаи нағзаш мерасад ва боз камтар зиёдатӣ мекунад. Майлаш, аз ман равад, ки ба шумо боз як нағзӣ кунам. Ҳамкорамон бо мошинаш ба хонаатон бурда, ҷо ба ҷо карда медиҳад. Фақат шумо як дуо кунед, шуд.
‒ Албатта, бачаам.
Бо ходими магазин компутерро ба хона оварданд. Дар ним соат усто онҳоро ба кор андохт. Исфандиёр парвонаи гирди бобояш буд. Баъд аз гардани бобояш оғӯш карда, аз ду барии рӯяш сахт‒сахт бӯсид…
Аз он айём 5 ‒ 6 сол гузашт.
Ба қарибӣ равад, боз писараш шикоят кард. Яъне, Исфандиёр шабу рӯз дар пеши компутер нишаста, ҳатто барои ҳавохӯрӣ ба кӯча намебарояд. Ин кораш ба саломатиаш зарар дорад.
Чашм намерасад, худи Исфандиёр ҳам бало. Ақлаш зӯру майнааш тоза. Бо тамоми ангуштонаш дар компутер кор мекунад. Ҳангоми кораш дар телевизор – монитори компутер ҳазору як хел чизҳо, ки ба ягонтои онҳо ақли мӯйсафед намерасад, пайдову ғоиб мегарданд.
Ана ҳамин набераи меҳрубонаш гоҳ – гоҳ ба ӯ ақл ёд медиҳад:
‒ Ана ин, бобо, - бо қуттии чоркунҷашакли на он қадар калони сиёҳ, ки дар пешаш якчанд нуқтаҳои сурху сабзу зард фурӯзону хомӯшшаванда доранд, нишон дода мегӯяд, - майнаи компутер – просессор аст. Дар майнаи оҳанинаш миллионҳо гапу сурату мусиқаву киноро ҷой кардан мумкин аст. Майнаи компутер аз майнаи одам зӯр. Одам гоҳо ягон кор кардани мешаваду баъд аз ёдаш мебарояд. Вале компутер ин хел не. Агар ягон амалро ба нақша гирифта бошеду ба компутер фармоед ва баъд аз ёдатон баромада, ба дигар корҳо машғул шавед, ки ба хотиратон меорад. Хоҳед, бо овоз мегӯяд, хоҳед, бо воситаи монитораш – телевизорчааш нишон медиҳад.
‒ Ин хел бошад, - хандида гуфта буд мӯйсафед, - компутерро барои бекаллаҳо ихтироъ карда будаанд–дия. Одам майна об карда намешинаду ба ҷойи вай компутер кор мекунад.
Ин гап, эҳтимол, ба Исфандиёр маъқул нашуд, ки тарафи компутерро гирифт:
‒ Компутер барои бекаллаҳо неву, бобо, барои осон кардани кори одамон ихтироъ карда шудааст.
Ана ҳамон гуфтаи Исфандиёр барин ҳоло ҳар замон дар майнаи монитори он ҷавонзан ба наҳр партофта, худкушӣ кардан ҷилвагар шавад чӣ? Мӯйсафед ин гуна ҳолатро дар пеши назараш тасаввур карда, ларзида рафт. Арақи сарде тахтапушташро пахш кард. «Не, набояд хобид! Хоб додари марг аст. Ғофил монданам хуб нест» - ва чашмонашро молида кушод. Каҷпаҳлӯ зада, кафи даст зери манаҳ оринҷашро сутун сохт, ки хобаш набарад.
Чӣ ин ҷавонзанро маҷбур сохтааст, ки ба ҷони ширинаш қасд карда, худро ба Дарғом партояд? Аз афташ, дарду аламаш аз ҳад зӯр аст. То азобу шиканҷа аз ҷавҳари ҷони одам нагузарад, ҳар кас ҳам ба ин хел қарори қатъӣ намеояд. Ҷон барои ҳама ширин. О мегӯянд–ку: молу чиз равад – равад, ки ҷон наравад. Дар сухан ҳар кас ҳар чиз гӯяд, ки саҳл ягон ҷояш дард кунад ё ба пояш хоре халад, баъд доду войи онҳоро бинед. Як пирамарду пиразанҳоеро ӯ дидааст, ки қариб ба сад дароянд ҳам, мурдан намехоҳанд. Наздикрасии мурданашонро донанд, ки боз чанд рӯзи дигар ҳаёт дидан мехоҳанд. Шамол хӯранд, ки фарзанду набераҳояшонро маҷбур мекунанд, ки онҳоро ба духтурхона баранд. Худоё, намедонанд, ки давои тамоми дардҳои давраи пирӣ марг аст!
Умуман, худкушӣ ‒ ҳаром. Аксарият онро маҳкум мекунанд. Вале дурусттар, амиқу ҳаматарафа андеша ронед, ба ин кор  даст задании одами соқ як ҷасорати бемислу монанд аст. Дидаву дониста одам худро ба коми фано намеандозад. Агар одам ҷинӣ ё беҳуши аз ҳад гузаро набошад, ҳеҷ кас ба ин кор азм намекунад. Ҳатто аз хаёлаш гузаронад, ки ба даҳшат афтода, ранги рӯяш чурт мепарад. Ин зан, маълум, ки ноқисулақл нест. Агар девонаавзо мебуд, баъди хӯрок хӯрдан зарфҳоро шуста намемонд. Аниқ, ки дарду алами дарунӣ, шаттаву шаллоқ ё таҳқиру маломатҳои беохир ӯро ба ин кӯй андохтааст. Худаш ҷавону ин қадар азобу машаққат аз куҷо ба сараш афтодааст?
Худоё! Ту Кариму Раҳим ҳастӣ, худат ба ҳар кас ҳам тавфиқу инсоф деҳ…
Чизе ғиҷиррос зад. Онро шунида, Ғамхор аз таги чорпоя овоз баровард.
Мӯйсафед чашмонашро калонтар кушода, ба сӯйи даричаи посбонхона нигарист. Он мисли пештара маҳкам буд. «Эҳ-ҳ калла!» - аз рӯйи одат як шаппотӣ ба пешонааш зад. –Охир ин овози симкати шалақи посбонхона–ку? Рӯзона ҳазорҳо бор овоз барорад, ки касе эътибор намедиҳад. Ҳоло, ногоҳ аз афташ, ҷавонзан паҳлӯ гашт, ки зуд шунид. Худи он симкат ҳам кӯҳнаи кӯҳна. Ба қавле, аз Дақёнус мондааст. Вале шаллақбардору пурбардошт. Дар садҳо ҷой бурда, кор фармудаанд. Сонӣ, аз куҷое ба ин ҷо овардаанд. Мӯйсафед ба кор омад, ки он буд. Тобистон ба берун мебароранду тирамоҳ – ба посбонхона. Вазифаҳои зиёде дорад симкати бечора. Ба болояш чизу чора мемонанд. Зурур шавад, бо он пору мебезанд. Ҳайдарқул бо мӯзаву корҷомаи чиркину равғанолудаш ба болояш меғелад. Агар ин хел дароз кашидани ӯро Толиб бинад, сарзаниш карда, гоҳо дашном ҳам медиҳад. Вале онҳо ба Ҳайдарқул заррае таъсир намекунад. Чашми одамро, ки хато кард, аз рӯйи одаташ амал мекунад.
Вай аз ҳама бештар ҳамчун кати хоб хизмат мекунад. Ҷойи хоби мӯйсафед ҳам болои он аст.
Ҳоло мӯйсафед аз ғиҷирроси кати шалақ миннатдор буд. Ӯ аз ҷойи хобидааш ҳис кард, ки зан дар хона аст. Барои ӯ муждарасон гашт кат. Дар ин дунёи васеъ ҳар чизи бад ҳам, ягон ҷиҳати нағз доштааст.
«Худоё, хобам набарад!» 
Кори ин дунё ҳамааш чаппа будааст. Гоҳо мешуд, ки мӯйсафед шаби дароз миҷҷа назада мебаромад. Ҳазор бор хобидан хоҳад ҳам, хоб ба пилки чашмонаш ақаллан раҳгузар намешуд. Имшаб бошад, хобидан нахоҳад, ки хоби зормонда ғалаба мекардагӣ барин.
Мӯйсафед аз ҷой хеста, беовоз офтобаро ба даст гирифт. Бо оби сард сару рӯяшро нағзакак шуст. Ғамхор ҳам аз таги чӯбкат баромада, ҳайрон–ҳайрон ба мӯйсафед нигарист.
‒ Ҷим! – бо ишораи ангушт фаҳмонд ӯ. –Овоз набарор. Меҳмон хоб аст. Аз хоб сер шуда хезад, хеле сабук мешавад. Хоб доруи бисёр дарду аламҳо. Фақат ту бохабар шав. Мабодо хобамон бурда монад, боз баромада худро ба Дарғам напартояд. Агар ҳамин хел шавад, уболаш ба гардани ману ту!
Ба қавли Толиб гӯри бетақар – туқур нест. Ҳоло ягон оилаи тинҷу ором, беҷангу ҷанҷол ёфтан душвор. Эҳтимол, то ҳаёт ҳаст, муборизаи байни хайру шарр давом меёбад. Вале, вақтҳои охир, ҷангу ҷанҷол, асабвайронкунӣ, дилхунукиву дилсиёҳӣ дар байни оилаҳои ҷавон бисёр шуда истодаанд. Байни ӯву раҳматӣ ҳамсараш, ки қариб чил сол якҷоя умр ба сар бурданд, баъзан нофаҳмиҳо, гапҳои пасту баланд ба амал меомад.
Занаш ҳарчанд ранҷад, қаҳр кунад ё ногап шавад, ки рӯзи дигараш, пагоҳӣ, пас аз дасту рӯ шуста омадан салом медод. Саломаш рамзи оштӣ буд ё қарзи Худо, ҳоло аниқ намедонад, вале ҳамин хел як хислат дошт раҳматӣ. Бисёри бисёраш ду–се рӯз ногап шавад, ки як рӯз дар лабонаш табассум мешукуфт. Боз ҳамааш фаромӯш мегашт.
Э-ҳе, якҷоя чӣ қадар ранҷу азоби зиндагиро чашиданд. Хонаву дар бунёд карданд. Дар рафти сохтмон ҳар коре, ки аз дасташ меомад, чӣ бетонрезию хиштрезӣ ва чӣ ловидану андовидан ёрӣ мерасонд. Ноилоҷ монанд, ана баъд усто даъват менамуданд. Се нафар фарзанд – ду духтару як писарро сиҳату саломат ба воя расонданд. Хононданд. Аз рӯйи имкон оиладор ва хонаву ҷойдор карданд.
Зани бадасту панҷа ва ҳунарманде буд ҳамсараш. Лаҳзае бекор набуд. Рӯфтурӯбу ҷомашӯӣ ё пухтупаз барин корҳо набошад, дар паси мошинаи дарздӯзӣ менишаст. Ё шерозаҳои пойҷома медӯхт. Аксаран дар рӯйи ҳавлӣ меҷунбид. Гулро дӯст медошт. Куҷое, ки як ваҷаб ҷойи холӣ ёбад, гул мекошт.  Гулҳои шукуфони ҳархела дар ҳар ҷо аҷаб ғайриоддиву дилкаш метофтанд. Занаш аз гулҳои шукуфону рангоранги парваридаи худ ба завқ омада, мегуфт:
‒ Дидед, бо гулҳо ҳавлӣ чӣ хел хушрӯву зебо мешавад?
‒ Гулҳо не, - хандида дар ҷавоб мегуфт ӯ, – гули асосӣ ва зеби ҳавлӣ худат ҳастӣ. Ту набошӣ, ин гулу гулистонҳо ба назарам мисли чӯли бегулу гиёҳ меботад.
Ҳамсараш механдид ва ба чашмони ӯ боз ҳам зеботар менамуд.
Умуман, шавҳар аз занаш пештар мурад, беҳтар будааст. Дар акси ҳол, мисли ӯ, бо вуҷуди пиронсолӣ ятим мегаштааст. Ҳоло ӯ баъзан худро мисли як шахси бепушту паноҳ тасаввур мекунад. Келину духтарҳо тамоми хизматҳояшро кунонд, ки табъи дилаш не. Ҷойи ҳар кадоме дигар будааст. Баъде, ки бо якравии келин писараш хона харида, ба шаҳр кӯчид, мӯйсафед яккаву танҳо монд. Ба тақдираш розӣ шуд ва дар назди онҳо як шарт монд: ҳавлиро намефурӯшанд. Чароғи хона бояд ҳамеша фурӯзон бошад. Вай то зинда аст, чӣ хеле, ки хоҳад, зиндагонӣ мекунад. Ҳавлӣ аз они Исфандиёр аст. Ба номаш гузаронида, хату мӯҳр карда мемонад.
Ҳоло ҳамин хел: охирҳои тирамоҳу тамоми фасли зимистон ва аввали баҳор ӯ посбони стансияи обкашӣ аст. Тобистон, ки кори насосчиҳо меҷӯшад ва ҳар рӯз онҳо бо навбат кор мекунанд, ӯ дар ҳавлиаш бо кору бори худ машғул мегардад. Ба замини рӯйи ҳавлӣ сабзавоту кабудӣ мекорад. Ба гулу ниҳолу дарахтон нигоҳубин мекунад. Бо ҳосилаш оилаи писару духтаронашро таъмин месозад. Ба ҳамсояҳо медиҳад. Аз рӯйи таомул вай бояд бо писараш зиндагӣ кунад. Вале кам андар кам ба хонаи писараш меравад. Равад ҳам, аз ду–се шаб истода наметавонад.
Ба келинаш сару либосҳои худро шустан намемонад. Ҳамсараш бошад, гапи дигар буд. Охир либосҳои таҳпӯшии худро чӣ хел ба келин медиҳед, ки шӯяд? Вале духтаронаш ба ин келинро маҷбур мекунад. «Вазифааш, кунад!» мегӯянд. Мӯйсафед ятимаки бепушту паноҳ барин гоҳ аз писару гоҳо аз духтаронаш гап мешунавад, ки коре бошад, фармояд, онҳо ба ҳамааш тайёр!
Аз танҳоӣ гоҳо дилаш торс кафам мегӯяд. Одам дар пиронсолӣ ягон каси ғамгусор дошта бошад, нағз будааст. Агар раҳматӣ ҳамсараш зинда мебуд, ҳаргиз ба ин хел зиқу зардоб шудани ӯ роҳ намедод…
Кат боз ғиҷиррос зад. Ин дафъа мӯйсафед аз овозбарории симу ҳалқаву пружинаҳои кӯҳнаву зангзадаи кат натарсид. Баръакс, хурсанд шуд. Набинад, ки медонист: ҷавонзан дар посбонхона, ба ҷое гурехта нарафтааст. Акнун ҳатто ба сар бардошта ба сӯйи посбонхона нигоҳ кардан ва ё гӯшҳоро сих карда шунидан ҳоҷат нест. Аз ҳамин ҷое, ки дароз кашида хобидааст, бараъло аз ҳолату кирдори ҷавонзан бохабар аст.
Хоби Ҳайдарқул безеб аст. Вай ба кат дароз кашад, хобу хоболуд гоҳ ба пойи мӯзадораш тараққӣ ба оҳани кат мезанаду гоҳ дағалона паҳлӯ мегардад. Ба гӯш овози пойзаниву паҳлӯгардии ӯ дағалу воҳимаангез мерасад. Симу пружинаҳои кат ҳамин хел як овози одатии худро намебарорад, балки гӯё ҷон дошта бошад, ба доду фарёд меояд.
Чаро аввалҳо ба садои ғиҷирроси симкат эътибор намедод? Ё ҳушу ёдаш ба корҳои дигар банд буд, ки намешунавид? Шояд ҷавонзан хеле мондаву лакот буд, ки дар поси аввали шаб ҷурғот барин хобаш бурд. Баъде, ки тану ҷонаш каме осоишу фароғат ёфт, аз як хел хобидан пушт ё паҳлӯяш ба дард омаданд, ки тарзи хобашро дигар сохт. Кӣ медонад? Ё хоб мебинад? Хоббинӣ ҳам аз кароматҳои Худованди бузург. Дар хоб баъзан ҳаёти гузашта ба пеши назар ҷилвагар шавад, гоҳо хешу аҷдодони пешина ба хоби кас медароянд. Хобро ҳар кас ҳар хел таъбиру маънидод мекунад. Вале ӯ хуб медонад, ки хобҳо ҳар хеланд: яке хобҳои номафҳуму парешон, баъзе хобҳо равшану возеҳ. Баъзе хобҳо рост мебароянду баъзе хобҳо – дурӯғ. Ин албатта, ба кадом вақти шаб хоб дидани одам, чӣ хел хӯрок хӯрдан, чӣ тавр хобидан, чӣ хел гузаронидани ҳамон рӯз ва ғайраҳо вобастагӣ дорад. Эҳ, вай дар ин бора бисёр чизҳоро медонад. Хобҳоро бемалол таъбир ҳам карда метавонад. Вале аз пирӣ ё сабабҳои дигар бошад, ки қувваи ҳофизаш ҳоло суст шудааст. Ному фамилия, солу моҳҳо ва воқеаву ҳодисаҳоро баъзан аниқ ба хотир оварда наметавонад. Ба гуфти Исфандиёр, ба мағзи сараш вирус даромадагӣ. Барои ҳамин «памяташ» суст. Вале вай, падарқусур, «памят»-и компутерашро таъриф мекунад, ки зӯр аст. Ягон чизро ба хотирааш ҷой кунед, баъди сад сол даркор шавад, ки гуфта, навишта ё нишон дода метавонад. Аҷали «памят»-и компутераш вирус будааст. Чӣ хел будани вирусро мӯйсафед сад калла об кунад, ки тасаввур карда наметавонад.
‒ Ба хотираи ман ҳам, - хандида мегӯяд мӯйсафед ба наберааш, - шояд вирус даромада бошад, корашро кардагӣ–дия.
Исфандиёр аз «нодониву нофаҳми»-и бобояш, ки аз ӯ хеле ва хеле калон аст, ба завқ омада, қоҳ – қоҳзанон ва чашмонашро бозӣ доронда механдад.
Хонаи шаҳрии писараш сеҳуҷрагӣ аст. Дар як хона писару келинаш зиндагӣ кунанд, як хонаро барои бачаҳо ҷудо карда додаанд. Меҳмонхона – барои меҳмонон. Аз ҳисоби пешайвон як хонаи хурдтаре сохтаанд, ки кати хобу дастархонмизе дорад ва як тирезааш ба саҳни бино кушода мешавад, аз они мӯйсафед аст.
‒ Ин хонаи шумо, - гуфта буд писараш. –Кай вақте оед, чӣ хеле хоҳед, зиндагӣ кунед.
Вале вай бар зидди хоҳиши худ зиндагӣ карда наметавонад. Одаме, ки як умр дар ҳавливу ҷойи васеъ ҳаёт гузаронидааст, худро дар шаҳр ҳамчун як одами бегона ҳис мекунад. Ҳар боре, ки равад, писараш мепурсад:
‒ Хайр дада, худатон сиҳату саломат ҳастед? Корҳоятон хуб аст? Ягон камбудӣ нест?
‒ Нағз, - ҷавоб медиҳад ӯ. –Камбудӣ нест.
Ва бо ҳамин тамом. Дигар барои сӯҳбату гуфтугӯ байни падару писар мавзӯе намемонад.
Келинаш мепурсад:
‒ Чизҳои чиркинатон бошад, диҳед, муллоамак, ман шӯям.
‒ Ҳамааш тоза, - ҷавоб медиҳад мӯйсафед.
Боз мепурсад:
‒ Муллоамак, дилатон чӣ мехоҳад? Бароятон чӣ хел таом пазам?
Вай аз рӯйи одати деринааш ҷавоб медиҳад:
‒ Барои ман шуда, шумо келинпошшо ташвиш кашида нашинед. Аз рӯяш гардам, чизе набошад, ишкам сер шавад, шуд.
Аз тирезаи хоначаи шаҳриаш бисёр ҷойҳоро дидан мумкин аст. Ба берун нигарад, дилаш хеле бардошта мешавад. Вале ин ҳолат дер давом намекунад. Гӯё ҳаёти шаҳр ба назараш якрангу якнавохт аст. Мардум байни чор девор зиндагӣ доранду аз ҳолу аҳволи якдигар бехабар. Ҳар кас банди ғаму ташвиши худ. Асосан онҳо ғами сару тан ва ишками худро мехӯранду баъд пеши телевизорро иҷора мегиранд.
Дар қишлоқ бошад, аҳвол ба куллӣ дигар аст. Меҳру оқибати мардум ҳам баланд. Кӣ ба чӣ кор машғул аст, напурсидаву нашунида ҳам, фаҳмидан мумкин. Масалан, яке дар китф каланд бардошта, меравад. Маълум, ки ба корӣ саҳро. Дигаре либосҳои зебо дорад – ба меҳмонӣ ё шаҳр меравад. На танҳо ҷунбуҷӯли одамон, балки тағйироти дору дарахт, гиёҳу сабзаҳо, паррандаву чаррандаҳоро дар сари ҳар қадам бинед, ҳис кунед, нағз аст. Эҳсоси ҷӯшу хурӯши ҳаёт мазмуни зиндагии одам аст.
Вай дар хонаи шаҳрӣ зиқ шуда, гоҳ–гоҳ ба хонаи бачаҳо медарояд. Ягон моҳ пеш ҳам ҳамин хел шуду Исфандиёр ӯро қоил кард.  
‒ Асали бобо, мумкин? – пеш аз даромадан пурсид ӯ.
‒ Биёед, бобоҷон, дароед, - аз рӯйи меҳмоннавозӣ як курсиро ба паҳлӯйи худ – назди компутер гузашта гуфт Исфандиёр.
‒ Хӯш, асали бобо, корҳо чӣ хел?
‒ Зӯр бобоҷон, - мамнун ҷавоб дод Исфандиёр. –Фақат ба додому очаам гӯед, ки ин компутерро шумо барои ман харида додаед. Фарангис ҳам аз худ рафтааст. Ба вай ҳам компутербозӣ хоббӣ шудааст.
«Хобби»-ро нафаҳмад ҳам, мӯйсафед чизе нагуфт. Падарқусури Исфандиёр агар инро фаҳмад, боз аз болои бобояш механдид.
‒ Мегӯям, - ваъда дод мӯйсафед ва ба компутер ишора карда, илова намуд. –Худатон ҳам, асали бобо, ин бечораро бисёр истисмор накунед–дия.
‒ Не, бобоҷон, ин даҳҳо шабу рӯз кор кунад, ки ҳеҷ бало намезанад.
‒ Набошад компутер шуморо азоб надиҳад?
‒ Чӣ хел, бобоҷон?!
– Ҳамин хел. Одам гоҳ–гоҳ берун барояд, аз обу ҳавои тоза нафас гирад, дар оғӯши табиат гардад, нағз. Ҳа, асали бобо, дар хона, пеши компутер мағор баста, гули момочучук барин обу адо шудан ба саломатӣ зарар дорад.
‒ О ман ба мактаб рафта меоям–ку. Боз сатили хокрӯбаро холӣ мекунам. Гоҳ–гоҳ барои нону ширхарӣ ба магазин меравам, - гӯё ҳаминҳо ҳам кор бошанд,  як–як номбар кард Исфандиёр.
Ба саволҳои бобояш ҷавоб диҳад, ки ҳамон чашм аз монитор намеканд. Мушаки компутерро чиқ–чиқ зер карда, ҳазору як хел чизҳоро ба рӯйи монитор мебаровард. Мӯйсафед ба ҳаракату рафтор, ҷеҳраи ҷиддии наберааш нигоҳ карда истода ҳайрон мемонд. «Ин хел аҳвол давом кардан гирад, одамҳои оянда шояд падару модарҳои худро ҳам фаромӯш кунанд аҷаб нест, - худ ба худ андешид ӯ.
‒ Бобоҷон, шумо аз афташ, зиқ мешавед?
‒ Ҳа.
‒ Аз набудани бибиҷонам?
‒ Аз набудани вай ҳам.
‒ Агар хоҳед, - Исфандиёр ҷиддӣ пурсид, - барои шумо ягонта кампир ёбам?
‒ Чӣ хел? Шумо, асали бобо, худатон як ваҷаб бачаву ба ман чӣ хел кампир ёфта метавонед?
‒ Ин кори осон, бобоҷон. Ба сайти «Шинос мешавем»-и интернет медароед. Дар он ҷо расму маълумотҳои як олам занҳо ҷойгир мебошад. Кадомаш, ки маъқул шавад, хушрӯгияш, маълумоташ, дарозии қадаш, чӣ хел чизҳоро дӯст доштанаш ё бад диданашро фаҳмида, интихоб мекунед. Баъд ба номаш хат менависед.
‒ Чӣ гуфта хат менависам, асали бобо?
Исфандиёр хандид, ки бобои мӯйсафедаш ҳамин чизҳои оддиро ҳам намедонад ва худро калон гирифта, фаҳмонд:
‒ Хат менависед, ки бо одобу ахлоқатон шинос шудам, шумо ба ман маъқул, биёед, вомехӯрем ситораҳоямон рост ояд, оила бунёд мекунем.
‒ Не, асали бобо, ин хел хатнависию ишқбозӣ ба як мӯйсафеди синнаш аз шаст гузашта намезебад.
‒ Набошад, сурату маълумотҳоро дар бораи худатон ба сайт ҷойгир мекунем. Шумо нахоҳед, занҳо шуморо интихоб кунанд. Ба инаш, бобоҷон, чӣ мегӯед?
‒ Намешавад! Компутери ту хостгорӣ нағз набудаги барин, асали бобо?
‒ Нағз, бобоҷон. Инро ҳеҷ кас намефаҳмад, айб ҳам намекунад. Ба воситаи интернет кампири маъқулро меёбед.
‒ Дили одам барин дил ҳам ёфта мешавад?
‒ Инашро, бобоҷон, ман намедонам.
‒ Ҳмм, ин хел бошад, аз дасти компутерат ҳам ҳеҷ бало намеомадааст. Одамизод, асали бобо, як махлуқи мураккаб аст. Дар дилаш чӣ гап, дар сараш чӣ хаёл аст, ҳеҷ кас намедонад.
‒ Хайр, набошад, бобоҷон барои шумо кампир намеёбем?
‒ Монед, асали бобо, даркор не. Шуморо ҳам ба ташвиш монондан хуб нест. Аз афт, ҳеҷ кадомаш ҷойи бибиҷони худатонро гирифта наметавонад. Вай дар он дунё маро интизор. Равам, боз якҷоя мешавем.
‒ Ин хел нагӯед, бобоҷон. Ҳоло боз орзую умедҳо доштагистед?
‒ Ягона умедам ба шумо, асали бобо. Мехоҳам, ки калон шаведу келинро дар ҳавлӣ фарорем. Шумо соҳиби ҳавливу ҷойи ман шавед, аз дасти келин як пиёла чой нӯшам…
‒ Э бобоҷон, - сурх шуда, сар хам кард Исфандиёр, - ҳоло ман майда. Зан намегирам.
‒ Дадет ҳам ҳамин хел мегуфт. Ана акнун очаатон барояш ширин. «Асалакам» мегӯяд.
Исфандиёр аз хиҷолат сурху ҷигарӣ шуда бошад, ки чашмонаш дурахшиданд.
‒ Гап ҳамин, асали бобо. Барои шумо дар ҳамон ҷо келин меорем. Ба ҳамаи гапҳои шумо ман «хуб» мегӯям–ку, шумо ҳам «хайр» гӯед.
‒ Хайр, бобоҷон.
Баъди ин хел шунидани ҷавоби тасдиқи наберааш мӯйсафед аз хонаи Исфандиёр баромад. Бо ӯ ҳамчун калонсол муомилаву муносибат кунад, ки ҳанӯз Исфандиёр бача–дия. Ҳушу хаёлаш ба компутер банд мегардид. Хайр, Худо умрашро диҳад, ҳамааш нағз мешудагист.
Мӯйсафед як қад парида аз хоб бедор шуд.
«Э Худо занад мани пирро! – ба маломати худ пардохт мӯйсафед. –Аз афташ, хобам бурда мондааст. Ин чӣ хел шуд-а?»
Чашми рӯз акнун мекафид. Ҳаво ранги хокистарӣ дошт. Дар қаъри осмон ягон – ягон ситораҳо ба назар мерасиданд. Ҳаво назар ба дигар рӯзҳо сардтар буд. Ё пештар мӯйсафед дар посбонхона мехобиду ин хел сардии субҳгоҳро ҳис намекард, ки баданаш меларзид.
Аз афт, бо ҳамон каҷпаҳлӯ задан дар гирдоби хаёлот фурӯ рафта, хобаш бурдааст, ки оринҷу дастонаш дард мекарданд. Рагу мушакҳои гарданаш кашиш мехӯрданду дар иҷрои вазифаҳои худ танбалӣ менамуданд.
Вай саросема ба дари посбонхона нигарист. Химчае, ки номаълум ба пушти дар такя монда буд, якзайл меистод. Маълум, ки ҷавонзан ҳанӯз аз хона набаромадааст. Ғамхор дар ҷойи доимии худ, ки зери чорпоя мехобид, набуд. Эҳтимол, вай ба тафтиши ҳудуди дидгоҳҳои худ рафтааст.
Мӯйсафед бо шитоб аз ҷой хест. Кафшашро ба по карда, ҷомаро пӯшида, миёнбандро ба сари китфаш партофт. Ба ҳоҷатхона даромад. Аз ҳавзчаи назди насосхона ба офтоба об гирифта, таҳорат кард. Баъди адои намози саҳар хеле сабуку ҳушёр шуд. Гирду атрофии насосхонаро чарх зад. Лаби наҳр рафт: оби Дарғам аз ҳад зиёд ва чун ҳамешагӣ дар ин фасли сол софу зулол буд. Баргҳои зарду сурх ва хазонҳои дарахтони ду соҳил, ки дар болооби Дарғом воқеанд, рехта рӯ–рӯйи об ҳамчун барги гулҳои садбарги ҳарранга тоб хӯрдаву ҷастухезкунон «сайр» мекарданд. Гӯё онҳо, ки як умр дар шоху навдаҳои дарахтон зиндагонӣ мекарданд, дар лаҳзаҳои охирини ҳаёташон ба сафар баромада буданд. Ё мисли одамоне, ки баъди мурдан анбӯҳи мардум тобуташонро ба сари китф бардошта, дар кӯчаҳо мавҷзанон ба хокҷо мебаранд, баргҳоро ҳам об ба манзили охиринашон мебурд. Ба ҳар ҳол ба долу дарахт, гулу гиёҳҳо нағз будагист. Зимистон мехобанд. Ҳамчун мурда шоху навдаҳояшон карахт ва беҳиссу ҳаракат мегарданд. Баҳор боз ҷон гирифта, сабз ва зинда мешаванд. Вале одамизод, баъде ки мурд ва ба хок супурданд, дигар мисли гулу гиёҳ сабзида намебарояд. Аҷаб дунёе! Ҳазрати одам, ки як маротиба ба дунё меояд, ақаллан одамвор зиндагонӣ кунад. Ҳамон 60 – 70 соле, ки дар давоми зиндагиаш умр мебинад, як рӯзи осоише надорад! Ҳар рӯзи Худо ғаму ташвиши нав. Баъзеҳо «дар пиронсолӣ, вақте ки фарзандонро хонаву ҷойдор сохта, ба нафақа мебароем, ана баъд нафасе озода кашида, беғаму ташвиш давлати пирӣ меронем» мегӯянд, аз куҷо? Боз хаёлашон хом мебарояд. Ба бемориҳо мепечанд, табъи дил се–чор сол давру даврон наронда, «роҳхат» меояд: марҳамат, ҷони ширинро ба Ҷонофарин супорад. Хайр, калонсолон кам ё беш, ба ҳар ҳол умр мебинанд, вале ана ин келинчаки бечора чӣ? Чӣ будани ҳузуру ҳаловати зиндагиро начашида, тарки дунё кардан мехоҳад?!
Ғамхор аз куҷое пайдо шуда омада, аккос зад.
Мӯйсафед аз ҷанголи хаёлот раҳо ёфта, бо шаст ба оқибаш роҳ пеш гирифт. Чанд қадам намонда, дид, ки ҷавонзан ҳам ба ҳамин сӯй меояд. «Худро ба дарё партофтанист!» аз дил гузаронд мӯйсафед ва ба баданаш мурғак давид. Вай ҳам ба муқобили ҷавонзан гӯё солору бепарвоёна қадам мезад ва баъде, ки рӯ ба рӯ омад, пурсид:
‒ Ҳа, духтарам?
Ҷавонзан ба сӯйи баландии болои ҷари Дарғам, ки дирӯз мӯйсафед аз он ҷо партофтанашро маслаҳат дода буд, нигоҳе афканда, мақсадашро бегап фаҳмонд.
‒ Э духтарам, шумо аз модар сарсахт ё дар зери ситораи наҳс таваллуд шудаед, ки бахт надоред. Ман ҳозир оби Дарғамро хабар гирифта, омада истодаам. Ҳар рӯз пагоҳӣ обаш ончунон бисёр мешуд, ки одамро воҳима зер мекард. Имшаб обро аз боло бастаанд, ки кам аст, ҳатто то зону намеояд. Рафтем, шояд пагоҳ об зиёд шавад, ана баъд бемалол худатонро мепартоед. Шумо натарсед, Дарғом ба ҳеҷ куҷо гурехта намеравад. Асрҳои аср боз равон аст, боз садҳо сол равон мешавад. Рафтем, ана Ғамхор ҳам аз роҳатон гардед мегӯяд, - дар пеши роҳи ҷавонзан истодани Ғамхорро нишон дода гуфт мӯйсафед.
Саг, ки дар ҳамон гирду атроф ҳар чизро бӯй мекашид, номашро шунида, гӯё барои тасдиқи суханони мӯйсафед  як–ду маротиба аккос зада монд.
Ҷавонзан дудила шуд. Як ба сӯйи наҳр ва як ба сӯйи посбонхона нигарист.
‒ Ман як умр бахт надорам, - якбора мисли вулқоне, ки дар таги замин худ ба худ солҳову моҳҳо ҷӯшида бошад, ҳунгосзанон гириста фиристод ҷавонзан. ‒ Дар дунё аз ман дида, одами бадбахттар нест-е! Модарарӯсам шабу рӯз маро устухон барин мехоянд. Муллоамакамро ҳам зиқу зардоб карда куштаанд, ҳамон кас. Хоҳарарӯсонам ҳам аждар. Ду нафарашон ба хона гашта омадагӣ. Барои аз шавҳарашон ҷудо шуданашон гӯë ман гунаҳкор бошам, рӯз нишон намедиҳанд. Пеш–пеши пояшон давида, тамоми гуфтаҳояшонро иҷро кунам, ки боз ман ганда. Як моҳ пеш маро хуб аз гӯр гирифта, ба гӯр заданд, дошта кӯфтанд. Шаби дароз хориам омада, гиря карда баромадам. Саҳарӣ хеста, як сими луччакро қат карда, аз ду тарафаш доштам ва нӯгҳояшро ба сӯрохиҳои резетка халондам «Якбора мураму монам, ҷонам аз ҳамааш халос мешавад» гуфтам. Вале свет маро як бардошта заду «часаррӣ» карда, аз счётчик мурд. Эҳ Худоё, аз дасти онҳо одам ақаллан мурда ҳам халос шуда наметавонад! ‒ Ҷавонзан гӯё дар мурдахона бошад, овозашро сар дода мегирист. Ашки чашмонаш аз ду барии рӯйи рангпаридааш ба зер мешориданд. Вай рӯмолча надошт, ки онро пок кунад ва ҳар замон бо пушти дасташ оби чашмонашро пок карда, ба замин меафшонд. Ҳамин вақт мӯйсафед ба ӯ дурусттар зеҳн монд: сурхие дар рӯй надорад. Рангаш кандаву заҳиртобу аз хароби ду чашмонаш ба косахонааш фурӯ рафтаанд. Теғи биниву устухонҳои ду чаккаи рӯ ва манаҳаш баръало менамояд. Дар тан куртаи кабуди доғдори обшуста, пойҷомаи нимдошти майдагули сурх ва дар по пойафзоли латтагӣ, ба қавли занҳо, шлёпкаи кабудранге дорад. Дар сар рӯймолчаи зангориранг. На дар ангуштонаш ангуштпонаву ва на дар гӯшҳояш ҳалқа дошт. Мӯйсафед дарду ҳасрати ӯро шунида таҳаммул мекард ва роҳи аз раъяш гардонда бурданро меандешид. Мард мебуд, аз дасташ дошта, рӯяшро ба сӯйи посбонхона мегардонду кашола мекард. Ҳоло, ки чунин зӯравориро ба як ҷавонзани бегона раво дида наметавонист, оҳиста гуфт:
‒ Рафтем, духтарам. Ҳеҷ гоҳ кори дунё табъи дили одамизод нест. Дунёро дигар кардан аз дастамон наояд, ноилоҷ ба тақдир тан додан даркор.
Зан ҳанӯз дудила буд. Ғамхор ба сӯйи ӯ нигариста, дар атрофаш як–ду чарх зад. Ҷавонзан бо ишораи мӯйсафед баргашта, ба сӯйи посбонхона роҳ пеш гирифт ва ҳамон ҳиққосзанон суханашро давом медод.
‒ Дирӯз ҳам аз ғурбату ҷанҷолашон сер шуда, ба кӯча баромадам. Аҳд кардам, ки ин дафъа худамро ба таги ягон партофта мекушам. Аз рӯ ба рӯ як мошини КамАЗ-и калон омад. Давида рафта, худамро ба пешаш партофтам. Овози даҳшатноки тормози чархҳо ва ба чизе «тараққи» рафта задани мошин гӯшҳоямро кар карду ман зинда будам. Бинам, мошин яктарафаю чархҳои пешаш ба даруни ҷӯйи он лаби роҳ. Шофирбача бо рангу рӯйи парида давида, ба сарам омад ва девонавор ду–се лагад ба пушту сарам зада, ҳақорати обдоре дод: «Э очағар, мурдан хоҳӣ, садқаи сарам! - гуфт. –Вале ман чӣ гуноҳ дорам, ки ба турма рафта шинам!! Қанчиқ мурдан хоҳӣ, рав, худатро ба Дарғом парто!»
Шофирбача дид, ки ман ҳамон дар рӯйи замин чалпак барин ноҷунбон ва як аҳволи табоҳе дорам, аз афт, девона гумон кард, ки бо ду даст сарашро дошта, бо қаҳру ғазаб пой бар замин зад ва ба пеши мошинаш рафт. Дар як лаҳза одамони зиёде пайдо шуданд. Чӣ аҳвол доштам, чӣ хел аз ҷой хестам, карахту гаранг ба куҷоҳо рафтам, чӣ корҳо кардам, худам намедонам. Сарсонам баромада, ба болои кӯпрук оям, боз ина бинед, ки оби Дарғам каму шумо намондед…
‒ Ҳа, духтарам. Дунё аз рӯзи бунёдаш ҳамин хел: як бахти одам чаппа гардад, чанд вақт рӯзи сафедаш сиёҳ мешавад. Хайр, дилмонда шудан даркор не. Ноумед дар ин дунё фақат шайтон. Имрӯз як кори одам буд нашавад, пагоҳ буд мешавад. Рӯзи Худо бисёр, духтарам.
            ‒ Раҳмат бобоҷон.
‒ Ҳеҷ гап не, духтарам, ‒ мӯйсафед ҳамроҳи ӯ қадам зада, раҳораҳ мегуфт. ‒Ҳозир мераваму таввал ишкамро сер мекунем. Ҳангоми ҷангу хунрезиҳо ҳам, аввал аскарон дар вақташ хӯрокашонро мехӯрдаанд. Ишкам сер шавад, он тарафаш Худо подшоҳ.
Онҳо ба посбонхона расиданду ба сари мӯйсафед зад, ки нон надоранд. Чиро мехӯранд? Дигар вақт мебуд, давида рафта, гӯшту нон харида меомад. Вале ҳоло… Ҷавонзан танҳо монад, бо васвасаи худкушӣ худро ба дарё напартояд! Ҳамин вақт ба ёдаш халтаи орд расид. Аз Толибҷон яке ба ҳазрр миннатдор шуд. Кадом рӯз баъди ба ҷону ҳоли Ашраф намондан инженер як халта орд овард, ки ҳаққи Ғамхор аст. Ҳозир рафта, аз ҳамон ягон чиз мепазанд. Тобаву плитка ҳаст. Дар берун оташдон доранд. Ҳезум деҳқонӣ…
Мӯйсафед ба посбохона даромад. Онро шинохта намешуд. Ҷавонзан ба қадри имкон хоначаро рӯфта тоза кардааст. Зарфҳо тозаву озода. Болои плитка ялаққос мезанад. Ҷойхоб ‒ ботартиб. Болиштро фаххак карда, ҳамчун таксарӣ дар ҷойи худ гузаштааст.
‒ Духтарам, дар ҳақиқат бахт аз шумо рӯй гардонагӣ барин, ‒ баъди андешаҳои зиёд ин суханонро ба забон овард мӯйсафед. ‒Чӣ хел шуда, шумо ба кулбаи мо меҳмон шудеду барои хӯрдан ҳатто нон надорем.
‒ Ҳа, бобоҷон. Як духтарҳои баду балои кӯчагард соҳиби бахту тахт шуданду мани қобилу гаправ бадбахт.
‒ Кори дунё доимо ҳамин хел чаппа. Лекин шумо дилмонда нашавед. Орд дорем, ягон илоҷашро меёбем. Равған ҳаст. Ҳозир ман нони қотурма мепазам. Номашро қотурма гӯянд ҳам, нони даҳмардаҳо. Одамро сер нигоҳ медорад. ‒ Мӯйсафед тоси калонеро гирифта, ба кунҷи посбонхона, ки болои қуттие халтаи орд меистод, рафт.
‒ Агар иҷозат диҳед, ман пазам, бибиҷон. Ин кори занона.
‒ Шумо, меҳмон, чӣ хел кор фармудан мумкин...
‒ Ман меҳмони гӯр, ба шумо дарди сар шудам.
‒Ин хел нагӯед, духтарам. Шумо меҳмон. Меҳмон ‒ атои Худо. Бе ҳамин ҳам хоначаи моро рӯбучин карда, музей барин хушрӯ кардед. Одам шарм медорад…
Ҷавонзан аллакай тосро аз дасти мӯйсафед гирифта, онро бо орд пур карда буд.
‒ Элак надоред?
‒ Не, духтарам. Дар хона сол аз дувоздаҳ моҳ бекор мехобаду ба овардан ақлам нагирифтааст. Орд бояд тоза бошад. Ҳамин тавр хамир кардан гиред. Наход ду каси калон шуда, аз дастамон рӯдаву меъдаро фиреб додан наояд.
Дасту панҷаҳои ҷавонзан ба ин гуна корҳо мечаспид. Маълум, ки ба нону тушбераву мантупазӣ барин корҳо бисёр машғул шудааст. Зуд хамирро тайёр карда, болояшро бо як лаби дастархон пӯшид.
‒ Дар берун пиёз буд, чорта канда оям, ягон кас ҷанг намекунад?
‒ Не, духтарам, бемалол. Дина гуфта будам‒ку, ҳар чӣ коре кардан хоҳед, марҳамат. Ҳамаи ин ҷойҳо, долу дарахт, заминҳои кишт дар ихтиёри ман.
Ҷавонзан берун баромад. Мӯйсафед, аз шарм замин намекафид, ки дарояд. Бо вуҷуди он мамнун буд. Мамнун аз он, ки ӯро ба коре банд сохта, хаёлҳои мудҳишро аз сараш дур месозад. Боз аз он меболид, ки шарикаш имрӯз ба посбониаш намеояд. Аз ӯ боз як шабонарӯз посбонӣ карданро илтимос карда буд. Агар вай ба навбаташ меомад, кор расво шуданаш мумкин буд. Сабаби бенон монданаш ҳам дар ҳамин буд.
Ҷавонзан бо як даста кабудӣ баргашт. Даруни онҳо пиёзи кабуд, шибит ва чанд шоха райҳон ҳам буд. Онҳоро дар берун тоза кардаву шустааст, ки қатраҳои оби он ба замин мечакид.
Онҳоро ҷавонзан болои тахтача маҳин реза кард. Бо каме намаку қаланфур омехта, ба болои хамир рехт. Аз нав хамирро бо онҳо омехта, баъд ба зуволаҳо тақсим кард.
Мӯйсафед ба ӯ ёрӣ мерасонд. Болои плиткаи барқӣ тобаи калонро гузошт. Онро баъди хуб тафсондан пурсид:
‒ Бо равған мепазед ë бе равған?
‒ Ба шумо кадомаш маъқул?
‒ Барои ман фарқе надорад: ишкам сер шавад, шуд.
‒ Серравған гардад, роҳи гулӯро гирифта, хӯрда намешавад. Барои ҳамин кам‒кам ба таги тоба равған меандозем. Ҳам равған сарфа ва ҳам қотурма хушхӯр мешавад.
‒ Майлаш.
Ҷавонзан ба пухтани қотурмаҳои пиёздор сар кард. То яке мепухт, ки вай дигарашро паҳну гирда мекард. Ҳар замон қотурмаи даруни тобар чаппа месохт. Баробари ҳамин табақи калонеро барои қотурмаҳои пухтааш ҷудо карда, дар паҳлӯйи тоба ‒ болои миз гузошт. Вай ҳамчун мокуи бофанда, байни онҳо тор метанид. Дар як лаҳза бӯйи хуши қотурмаҳо ба чор тараф паҳн гардид ва иштиҳои одамро қозгир мекард. Ғамхор аз паси дар дур намешуд.
Ҷавонзан дастархон партофт. Табақи қотурмаҳоро ба рӯйи дастархон гузошт. Барои шиштани мӯйсафед курсӣ монд. Вай ҳамаи ин корҳоро мисли роботе, ки дар майнааш иҷрои онҳоро пешкакӣ сабт карда бошанд, бе гапу ҳарфи барзиёд ба ҷо меовард. То пухтани қотурмаи навбатӣ, дар фурсате, ки имкон дошт, вай корҳои дигарро саранҷом менамуд.
‒ Ин духтарам, қотурма не, қалама не, аниқтараш малҳами ҷон шудагӣ барин, ‒ хандон гуфт мӯйсафед. ‒Ҳоло нахӯрда, бӯяш одамро девона мекунад.
‒ Ош шавад, бобоҷон. Шумо бо иштиҳо хӯрдан гиред.
‒ Не, якҷоя мехӯрем. Чойнакро болои плитка монед. Аввал чой ҷӯшад. Боқимондаашро баъд мепазед. Якҷоя мехӯрем, ки ош шавад.
Ҷавонзан чолокона корҳои дигарро ба анҷом расонида, ба курсии рӯ ба рӯйи мӯйсафед нишаст. Мӯйсафед як қотурмаро ба даст гирифта, пора кард ва чанд бурдаашро ба назди ҷавонзан гузошт. Аз байни онҳо қотурмаи саҳл сӯхта ва ë нимхотарашро кофт. Вале ин хел қотурма ба назараш нарасид. Ҳамааш, ба қавле, бозоргир буд. Ноилоҷ аз қотурмае як бурдаи калонашро шикаста, аз дар берун гузошт.
‒ Ана ту ҳам хӯр, ҷонвор. Баъди мазза карда хӯрдан раҳмат гуфтан аз ёдат набарояд.
Ғамхор аз ин гуна зиёфати ғайричашмдошт дум ликконда, овози миннатдорона баровард.
‒ Бай‒бай! ‒ луқмаеро ба даҳон бурда гуфт мӯйсафед. ‒ Гиред шумо ҳам. Зӯр шудааст. Шояд таҳтӯли подшоҳҳо ҳам аз ин зиёд набошад. Э раҳмат, духтарам, дастатон дардро набинад.
Ҷавонзан, ки аз афташ, то ҳол ин хел таърифу тавсифҳоро нашунида буд, мамнун гашт. Вале ин дар чеҳраи ғамзадаву рӯҳафтодааш чандон аён намешуд.
Баъди таҳтӯл дар рухсораҳои ҷавонзан каме ранг дамид. «Бечора, чанд рӯз боз дуруст хӯрок ҳам нахӯрдагӣ барин, ‒ аз дил гузаронд мӯйсафед. ‒ Худоё, мадад! Боз чӣ гӯям ва ë ба чӣ коре водор созам, ки хаёлҳои мудҳиши аз сараш дур шаванд!»
Мӯйсафед дар ҳаққи неъматҳои рӯйи дастархон дуои дурударозе хонда, умри дарозу бахту саодати ҷавонзанро ҳам аз Худованди кариму раҳим илтиҷо кард ва даст ба рӯй кашид.
Баъд ба ҷавонзан рӯ оварда, гуфт:
‒ Духтарам, қотурмаатон аз қаламаву фатирмаска ҳам зӯр шудааст. Ман мепухтам, нисфаш месӯхту нисфи дигираш хом мемонд. Ба шумо ҳазорҳо раҳмат. Мондагиашро ҳам пухта гиред. Ман ҳо ба даруни он замин рафта, камтар хишова мекунам. Боумед шибит коридагӣ. Вай замини Толиб. Бачаҳои хурдсолаш бисёру занаш касалманд. Дасташ намерасад. Ҷони шибитро аз дасти алафҳои бегона халос кунам, нағз.
Мӯйсафед аз посбонхона баромад. Офтоб акнун баланд шуда, ба бадан гармӣ мебахшид. Ҳаво софу беғубор буд. Аз гирду атроф бӯйи хуши гулу гиёҳҳои тирамоҳӣ ба машом мезад. Агар гоҳ‒гоҳ вазиши ҳавои серуни Дарғамро ба назар нагирад, табиат як муҳити рӯҳафзое дошт. Он касро ба зиндагӣ дилгармтар ва барои ҳаёти беҳтаре ҷаҳду талош кардан қувваю нерӯи иловагӣ мебахшид.
Мӯйсафед беҳуда замини шибити Толибро интихоб накарда буд. Умуман, барои ӯ ба хишоваи кадом замине ҷунбида, вақтгузаронӣ кардан фарқе надошт. Вай аз рӯйи одат ба замини кадоме набошад, ёрдам медод. Фақат аз Ҳайдарқул мекебид. Агар дили одам бад бошад, гапҳои фачу лач ҳам ба забон меояд. Вай аз ҳама гумони бад дорад. Худаш дуруст заҳмат намекашаду боз гиламанд мешавад, ки ҳосили заминаш кироӣ нест. Ин қадар ë он қадар қувваю маблағ сарф кардаасту даромади заминҳо дарбеҳи хароҷотҳояш намешаванд. Толиб баръакс. Дилаш соф. Ҳосилаш кироӣ мешавад. Ҳар чиз ба дилу нияти соҳибаш мерафтааст.
Қитъаи замини шибити Толиб дар мавзеи кушодтаре, дар ҷое, ки ҳам посбонхона менамуду ҳам рафтуои касеро ба лаби Дарғам дидан мумкин буд, воқеъ аст. Мабодо ҷавонзан худро ба Дарғам партофтани шавад, аз ин ҷо бемалол дида ва пешгирӣ карда метавонист.
Мӯйсафед гоҳ диккаку гоҳ нимхам шуда, алафҳои бегонаи даруни шибитро мечид. Баъзе алафҳои шамаку саломалейк калон шуда, хуб реша давонда буданд. Канда партофтани онҳо ба осонӣ муяссар намегашт. Баъзеи онҳо аз бехашон канда шаванд, ки боз решаҳояшон дар замин мемонданд. Саргарми хишоваю хаёлҳои гуногун чӣ қадар вақт гузашт, мӯйсафед намедонад. Як вақт бинад, ки ҷавонзан ба ҳамин сӯ меояд. Ғамхор ҳам ҳамроҳаш. Саг гирд‒гирди ӯ чарх зада, хушҳолона бозӣ мекард. Дар шоху навдаҳои дарахтони назди посбонхона сачоқу дастархон ва боз чизҳои дигар овезон. Маълум, ки ҷавонзан онҳоро шуста, барои хушк шудан паҳн кардааст.
Мӯйсафед гӯë ғарқи кор бошад, худро надида гирифт. Ку, ҷавонзан ба куҷо меравад? Не, вай нияти тоб хӯрда, ба сӯйи наҳр рафтан надошт. Рост ба сӯйи мӯйсафед омад.
«Худоё, Худовандо! ‒ дар дил аз Худо илтиҷо кард мӯйсафед. ‒Илоҳо ин бечораро ҳамроҳи ӯ Ҳайдарқули бетамиз набинад. Бинад, тамом. Дилаш, ки ганда аст, гапу калоча паҳн мекунад, ҳазору як тӯҳмату бӯҳтонҳои беҷову нораворо ба пояш мепечонад. Даҳони мардум дарвозаи шаҳр нест, ки баста шавад. Яке ба гапи мӯйсафед бовар кунад, дигаре гапҳои шалақу ночаспони Ҳайдарқулро маъқул мекунад. Эй Худои қодиру корсоз, худат маро аз шармандагиву беобрӯйи дар паноҳи исматат нигоҳ дор!»
‒ Монда набошед, бобоҷон, ёрдам диҳам.
‒ Кошкӣ, духтарам. Шибити бечораро аз дасти алафҳои бегона халос кунед, дар ҳаққатон як олам дуо мекунед.
Ҷавонзан ба ҷӯяки паҳлӯ гузашт ва ба кор даромад. Ӯ дар дигар корҳо дасту панҷаҳояш часпанд, ки дар хишовакунӣ маҳорат надошт. Маълум, ки аз ин пештар ба ин хел корҳо машғул нашудааст.
Мӯйсафед номаълум ба сӯйи ҷавонзан нигарист: «Чӣ хел зуд либосашро шуставу хушк карда, пӯшидааст ë тавба! Барои ҳамаи инҳо чӣ хел вақт ёфтааст‒а?!»
Баробари куртаи танаш ранги рӯйи ҷавонзан ҳам кушода шуда буд.
Мӯйсафед аҳд кард, ки аз ҷавонзан чизеро намепурсад. Охир саҳл гапи беҷое аз даҳонаш баромада монад, корро расво карданаш мумкин. Агар лозим донад, худаш мегӯяд, лозим надонад ‒ не. Ба ҳар ҳол одам дилашро холӣ кунад, нағз аст, сабук мешавад. Сиришти одамизод ҳам мисли табиат аст. Гоҳо табиат ҳам ба қаҳр омада, ҳаво пурабр мешавад. Абрҳо мотамзада барин аз як гӯшаи осмон ба гӯшаи дигараш парвоз менамоянд. Шамоли дайдуе вазида, онҳоро ба чор тараф мебаранд. Мисли одамони ғамзадаву мотамдор абрӯ чин карда, дили ҳамаро сиёҳ месозанд. Вале бо гулдуроси раъду чашмакзаниҳои барқ бороне борад, чеҳраи осмон кушода мешавад. Офтоб рухашро аз паси чодари абрҳо намоён мекунад. Олам равшан мегардаду дили одам ‒ кушода.
Мӯйсафед аҳдашро шикаста, ба гап сар кард.
‒ Духтарам, пурсидан айбе надорад. Шумо азодор. Аз хешу таборатон кӣ мурдаанд?
‒ Чор сол пеш холаам мурда буданд. Ба қатори дигарон ба ман ҳам куртаи кабуд карданд, ки то рӯзи чил пӯшам.
‒ Чор сол гузашта бошад, ки ҳамин куртаи кабудро аз танатон намепартофтед?
‒ Партофта будам. Вале чизи мепӯшидагии дигар надорам, ‒ бо сари хам ба гап даромад ҷавонзан. ‒ Ҳар чизе, ки доштам, хоҳарарӯсонам пӯшиданд, фурӯхтанд, материалҳои куртаворро аз сандуқ гирифта, ба пеши меҳмонҳо гузоштанд. Хоҳарарӯси калонам бо шавҳарашон бошанд, ки ҳар рӯз дар хонаи мо. Ана ҳамонҳо маро бутун таги по кардагӣ, бобоҷон. Модарарӯсам ҳам тарафи онҳоро мегиранд. Ман аз чӯриву ғуломҳои хонаашон ҳам бадтар. Як куртаи дурустаре доштам. Кадом рӯз онро шуста, ба тор паҳн кунам, ҷӯгизане ояд, хоҳарарӯси хурдиам ҳамонро ҳамчун пеши фол ба ҷӯгизан додаанд. Мани сарсахт, маҷбур боз ҳамин куртаи кабудамро ёфта пӯшидам.
‒ Падару модаратон ҳастан ë?...
‒ Ҳастанд, бобоҷон. Онҳо ҳам ин хел ҳаёту зиндагии маро дида, дар равғани худ бирён шудаанд. Лекин аз дасти онҳо ҳам чӣ меояд? Пештар, ҳар боре, ки ҷанҷолу ғурбат хезонда, дукасаву секаса маро дошта кӯбанд, қаҳр карда ба хонаамон мерафтам. Падару модарам ҳам маро ҷанг мекарданд. Ба гӯшам насиҳат мехонданд, ки вазнин шавам. Санги вазнинро об намебарад. Духтарбача мол нест, ки аз як кас гашта гирифта, ба каси дигар фурӯхта шавад. Тақдират ҳамин хел будааст. Ба тақдират тан деҳ. Аз сарнавишт ҷойи гурез нест. Ту фақат тоқат кун, духтарҷон, ҳамааш нағз мешавад. Ягон рӯз Худо ба онҳо ҳам инсоф медодагист, гуфта, ба оилаашон ë худам ҳар чизе лозим бошад, харида дода, боз ба хонаи шавҳарам оварда мемонданд. Ман мефаҳмам, ба онҳо ҳам осон не. Асбобу анҷомҳои рӯзгор, то картошкаву сабзиву пиёз меоварданд. Чизу чораҳоро дида, ду‒се рӯз дами табарро пахта мегирифт. Бийимуллом ба рӯяшон хандида, гапҳои хуш зананд ҳам, баъди рафтани падару модарам боз нағмаву қилиқҳояшонро сар мекарданд. Як рӯз дадаам ба калонҳои қишлоқ омада, арз карданд, ки онҳоро ба инсофу одамгарӣ даъват кунанд. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки ба инҳо Худо бас наояд, бандаҳояш бас омада наметавонад, монед, сари беҷанҷоламонро ба ҷанҷол мононда, чӣ кор мекунед? Ба пеши мо омадани шуморо фаҳманд, рӯзи духтаратонро боз қаттолтар мекунанд.
‒ Э гӯрашон сӯзад, ҳоло ҳамин хел гӯед.
‒ Ҳа, бобоҷон. На танҳо модарарӯсам, духтаронашон ҳам ғазаби Худо. Ман‒ман мегуфтаги йигитҳои шерҷигар ҳам аз онҳо метарсанд. Одамҳои медонистагӣ аз рӯ ба рӯ омадан ҳазар мекунанд. Ягон кас саҳл ба тобъашон нафорад ë аз бинӣ боло гап занад, дунёро ба сараш чаппа месозанд. Судбозиву милитсадавӣ мекунанд, пулу молашонро ҷӯшида мехӯранд. Аз ҳама ойтимуллои хурдиам офати охирзамон. Рангашон заъфарону хароби мемурдагӣ барин. Боз ба лабу рӯй ва чашму қошашон сурхиву сафедӣ ва ӯсмаву сурма мемоланд, ки дили одам беҷо мешавад. Ба ҷойи нур аз ду барии рӯяшон гӯë наҳсу накбат меборад. Ҳамон кас роҳи зӯри беобрӯйиро ёд гирифтагӣ: бо доду вой пеши куртаашонро дарронда, тӯҳмат мекунанд, ки… он тарафашро худатон медонед. Ана баъди ин хел беобрӯйи зориву таваллои он хел одамҳоро бинед. Бечораҳо аз хонавайроншавӣ ва ë беобрӯйӣ тарсида, ба ҳама шарту байъи он кас розӣ шуда, аз болояшон пул мепошанд.
Мақсади зиндагии онҳо якта: нағз хӯрему пӯшем ва кайф карда гардем. Дигар ғаме надоранд.
Мӯйсафед, дид, ки гапи ҷавонзан тамом мешудагӣ барин, мисли ду‒се чӯбе, ки болои оташ партоед, он боз чанд муддат дармегирад, пурсид:
‒ Хайр духтарам, мегӯянд, ки падарарӯсҳо ба келин меҳрубон мешаванд. Падарарӯсатон ҳам тарафи онҳо?
‒ Афсӯс, ки падарарӯсам нестанд, ‒ оҳе кашид ҷавонзан. ‒Ман он касро надидаам. Вале ҳаққу ҳамсояҳо таъриф мекунанд. Мегӯянд, ки як шахси мулоимтабиати хушгапи беозоре будаанд. Забонашон ширину ба касе бадиро раво намедидаанд. Дар кадом як ташкилот боғбонӣ мекардаанд. Ҳама ба ҷойи кор белу каланд ë дигар асбобҳои кориашро бардошта барад, он кас дуторашонро бурда меовардаанд. Ягон лаҳза бекор монанд, дуторро ба даст мегирифтаанд. Дутор ягона марҳаму ғамбарорашон будааст. Рӯзе чӣ гапашон бо модарарӯсам гурехтаасту бо ҳамон дутор ба сари модарарӯсам якта задаанд. Баъд дутори шикаста дар даст ба хона даромадаанд. Ба кунҷи хона сарашонро монда, дигар нахестаанд ва се рӯз нагузашта, бегапу ҳарф аз олам гузаштаанд. Хешу таборонашон он касро бо дутори шикастаашон гӯронидаанд. Додару хоҳаронашон ҳамаашро аз модарарӯсам дониста, баъди гӯру чӯби муллоамакам дигар қадамашонро ба ин даргоҳ намондаанд.
‒ Э бечора‒е! Ба нағзҳо дар ин дунё зиндагӣ кардан душвор, духтарам. Хайр, шавҳарат чӣ хел йигит? Хоҳару модараш ин хел бошанд, вай ҳам мисли онҳо, ë тарафатонро мегиранд?
‒ Шавҳарам ганда не, фақат беҷуръату тарсончак. Дар байни фарзандҳо фақат он кас ба муллоамакам рафтагӣ барин. Бийимуллому ойтимуллоҳоям чизе нагӯянд, он кас ҷим мешинанд. Гапашон аз даҳонашон базӯр мебарояд. Ойтиҳояшон ҳам доимо он касро ҷанг мекунанд, ки власта аз даст надеҳ, агар ҳамин хел сусту муст шавӣ, занат туро хар карда, ба болоят савор шуда мегирад. Алав мегиронанд. Баъд он кас ҳам ҷинӣ шуда, маро дошта, мушту лагаткорӣ мекунанд.
‒ Шавҳаратон ягон ҳунар доранд?
‒ Ҳа, устои дуредгар. Пештар касбу корашон нағз буд. Баъди бева шуда омадани ойтиҳояшон зиндагонимон нотинҷ шуд. Ҳар рӯз ғурбату ҷанҷол. Ҳозир корашон барор надорад, талабгоронашон кам. Баъде, ки ду дафъа кӯдаконамон се‒чормоҳа нашуда афтид, он кас кам‒кам менӯшидагӣ шуданд. Ду сол ба Россия рафтанд. Дар набуданашон дандон ба дандон монда, ба ҳамаи хориву зориҳо тоқат кардам, ки аҳволамон беҳ мешавад. Вале он кас… Ҳама баъди дар Россия пул кор карда омадан хонаву ҷой созад, тӯй кунад ë дӯкону корхона кушояд, он кас ду даст дар бинӣ омаданд. Ин кам будагӣ барин боз майзада шудаанд. Ҳоло аз чандин магазину дӯконҳо қарздор. Лекин ин айби ман не. Духтурон мегӯянд, ки таваллуди кӯдаки норасида аз беқувватию камхунӣ аст. Табобат кардан даркор. Барои ба беморхона хобидану дорую дармон пул нест. Падару модарам хоҳанд, ки модарарӯсам намехоҳанд…
‒ Ҳа духтарам, шумо ин гапҳоро мегӯеду ман дарун‒дарун сӯхта истодаам. Онҳо ҳаётро барои шумо дӯзах гардонда будаанд.
‒ Аз дӯзах ҳам бадтар, бобоҷон, ‒ бо оби чашмони шашқатор гиреҳи ғаму аламҳояшон мекушод ҷавонзан. ‒Хоҳарарӯси хурдиам аз хонаи рӯфтаам ҳам айб меёбанду аз оши пухтаам ҳам. На худам, на корам ба он кас маъқул. Диданд, ки шиштаам, ҳазору як корро қатор мекунанд. Хеста боз кор кардани шавам, хоб зер мекунад. Худашон як духтарча доранд. Рӯзи дароз аз дасташон намемонанд. Вале шустани эзорчаҳояш ҳам ба гардани ман. Ба Худо, ки ман аз кор наметарсам. Чӣ қадар коре бошад, мекунам, вале таги пою хору зор карданашон алам мекунад. Дирӯз ҳам ҷангу ҷанҷолро бардоштагӣ ҳамон кас. «Ту безурриёт баъди сари модарам ин ҳавлию ҷой ба ту мемонад. Не, ман ба ин роҳ намедиҳам, аз очаам пештар сари туро мехӯрам» гуфта ғурбат карданд. Дигарҳояшон ҳам ба он кас ҳамроҳ шудаанд. Ду‒се кӯрпаву болишт ва чизҳои дигарамро ба рӯйи ҳавлӣ бароварда партфотаанд, ки дафъ шавам! «Инҳо  ба ман рӯз нишон надода задаву кӯфта аз дар пеш кунанд, ман ба ҳеҷ кас даркор набудаам‒дия», - гуфта худ ба худ хориям омад. Овоз андохта гиря кардам. Худамро куштани шудам. Охир худатон гӯед, бобоҷон, аз ин хел рӯз дидана мурданам беҳтар нест?! ‒ҳиққосзанон ӯ боз оби чашмонашро бо пушти дастони алафолудаш пок кард.
‒ Ҳеҷ гап не, духтарҷон, ë аввал ë охир гуфтаанд. Дар аввали зиндагӣ ҳаёти одам нағз нашавад, дар охир беҳ мегардад. Одами нек нонашро хӯрад, одами бад ‒ сарашро. Худо ғамхору меҳрубон аст. Албатта, аз ману шумо ҳам меҳру муҳаббаташро дареғ намедорад. Ноумедӣ ‒ куфр. Дар ин дунё танҳо шайтони раҷим ноумед аст, ‒ баъди гуфтани ин хел суханҳо мӯйсафед дарк кард, ки боз ягон чиз гӯяд, ҷароҳати ҷавонзан тоза шуда, бештар хориву зорияш наояд, гапро бо дигар сӯ кашид. ‒ Рӯз аз пешин гузаштагӣ барин‒а? Пагоҳи бо шарофати шумо зиёфат зӯр шуду ҳоло ишкам сер. Бо вуҷуди он пешинӣ ягон чиз хӯрдан лозим. Ман давида рафта нону гӯшт биёрам гӯям, постро партофта рафтанам мумкин не. Ҳамон фатармаскаи боқимондаро мехӯрем ë рафта ман ягон пиёва‒миёва андозам?
‒ Шумо, бобоҷон, ташвиш накашед. Ман аз рӯйи будаш ягон чиз мекунам. Ишкам сер шавад, шуд гуфта будед‒ку.
‒ Ҳа, духтарам. Дасту панҷаҳои шумо ширин. Ҳарчӣ хоҳед, тайёр кунед, мо ҷон‒ҷон гуфта мехӯрем.
‒ Майлаш, бобоҷон. Лекин хишова чӣ мешавад?
‒ Ҳеҷ чиз намешавад. Ин замини ман не. Ҳамту ёрдам додем.
Ҷавонзан ба сӯйи посбонхона рафт. Ғамхор ба ӯ соя шуд. Вай ҷавонзанро посбонӣ мекард ë аллакай унс гирифта буд, кас намефаҳмид.
«Э Худоё, гуноҳи ин бандаи ношукру беимонатро худат бахш-дия! Боз дурӯғ гуфтам. Охир дурӯғгӯйӣ гуноҳи азим аст!»
            Мӯйсафуд ҳам аз ҷой хеста, дастонашро дар кӯлмаки замини пиёзи Ҳайдарқул шуст. Ба назди посбонхона омад. Офтобаро гирифта, обгардон ва бо оби тоза пур карда, ба паси насосхона гузашт. Таҳорат карда, намози пешинро хонд. Ҳанӯз аз рӯйи ҷойнамозе, ки болои шолча партофта буд, нахеста, овози бадвоҳимаи Ғамхор баланд шуд. Вай аз теппаи паҳлӯйи насосхона, ба сӯйи Дарғам нигариста аккос мезад.
            Дилаш шуввӣ кард. Ба сӯйи посбонхона нигарист. Сояи ҷавонзан дар он ҷо ҷунбуҷӯл дошт.
            Мӯйсафед  даст ба рӯй кашида, боз як бор аз Худо омурзиш пурсид ва аз ҷой хест. Ҷойнамозро ба шохи ҷормағз овехта, ба сӯйи наҳр роҳ пеш гирифт.
Овози саг акнун аз лаби наҳр меомад. Худи Ғамхор наменамуд.
«Кӣ бошад?» Мӯйсафед қадаммониашро тезонд. Аз дур шабеҳи ҷавонеро дид, ки ду даст дар киса ба костуми тунукаш печида лаб-лаби Дарғам мегашт ва ҳаросон ба ин соҳилу он соҳили наҳр менигарист. Вай давон ба сӯяш омада истодани сагро дида, дар ҷояш ҳайкал барин шах шуд. Ғамхор ба сӯйи касе аккосзанон ҳамла карда раваду вай дар ҷояш ноҷунбон истад ё шинад, кордор намешуд. Фақат ду чашмашро аз вай наканда, аз масофаи муайяне бо ғурросу таҳдиди дандонҳои тезаш одамро ҷунбидан намемонд.
Мӯйсафед наздик шуда, Ғамхорро ором кард.
‒ Бобо, дирӯз шумо дар ин гирду атроф ягон келинчакро надидед, - бо овози ларзон  пурсид ҷавон.
Мӯйсафед ҷавоб надод. Вай тахмин кард, ки ӯ шавҳари ҷавонзан аст. Аз зумраи ҷавонони ҳузарби чор кас медидагӣ набуд. Лоғарандом. Рангзард ва харобу қоқ. Боз аз хунукӣ ё тарсу ваҳм бошад, ки ду дасташро аз кисаҳои костумаш набароварда, ба он сахттар мепечид.
‒ Дар сараш рӯймолча, дар танаш куртаи обшустаи кабуд? – ҳамон ларзидаву аз хунукии лаби наҳр дандон ба дандон зада, пурсиши аввалаашро пурратар кард.
Нафрати мӯйсафед аланга гирифт. Хост бо ҷаҳл ду–се мушту лагад занад ва қаҳру аламашро фурӯ нишонад. Вале боз андеша кард: худаш мурда истодаасту куҷои ӯро мезанад?!
‒ Дина пагоҳӣ аз хона баромадааст. Ҳама ҷоро кофтем. Дар ҳеҷ куҷо нест. Баъзеҳо ба ҳамин тараф омаданашро гуфтанд. Кофта – кофта ба ин ҷо омадам.
‒ Ягон хешат? – бо зарда пурсид мӯйсафед.
‒ Не, занам.
‒ Дарғам калон. Аз ҷонаш сер шуда худро партофта бошад, камаш 15 сол медиҳанд.
Ҷавон пояҳои ҳазорӯсфанди болои лағча барин ба худ печид. Ба назари мӯйсафед дар ҷойи истодааш сад бор мурда, зинда шуд.
‒ Ту худат мард ҳастӣ? – пурсид мӯйсафед.
Ҷавон забон хойид.
‒ Латта не, одам мард шуданаш даркор. О бурук пӯшида гаштӣ–ку?!
Мӯйсафед инро гуфта қафо гашт ва имо кард, ки аз пасаш ояд.
Ҷавон пойҳояшро базӯр кашола мекард.
Мӯйсафед ба назди посбонхона расид. Тоб хӯрда, бо нафрат ба сӯйи ҷавон нигарист ва бо имои чашм дар ҳамон ҷо истоданашро фаҳмонд. Худаш ба хонача даромад. Ҷавонзан саргарми кор буд. Бӯйи картошкабирён тамоми посбонхонаро фаро гирифта буд.
‒ Бобоҷон, картошкабирён пухта истодаам. Вале, ҳоло тайёр не.
‒ Медонам, - сар хам кард мӯйсафед.
‒ Чӣ гап шуд!
‒ Ҳеҷ гап не, - ба курсие нишаста бо сари хам гуфт мӯйсафед. –Бахтатон боз пастӣ кард, духтарам. Картошкабирёнро ҳам якҷоя хӯрда наметавонем. Шавҳаратон кофта омадааст. Вай дар берун. Барои ҳар як зан шавҳар мисли Худо. Акнун хоҳ–нохоҳ ҳамроҳаш рафтанатон даркор. Худкушӣ насиб накарда бошад, ба зиндагӣ кардан маҷбур ҳастед. Рафтем, духтарам, ман шуморо гусел мекунам.
Ҷавонзан лолу карахт гардид. Лаҳзае гӯё беҳушу хаёл шуд. Мӯйсафед хеста, аз дар баромад. Ҷавонзан ҳам аз ҷой хест. Мӯйсафед пеш–пешу ҷавонзан аз паси ӯ. Шавҳараш зани худро зиндаву саломат дида, дастонашро аз киссааш баровард. На ба сӯйи занаш омаданро медонисту на ягон ҳаракати дигаре кардан.
Мӯйсафед ба ӯ наздик шуда, бо оҳанги таҳдид дӯғ зад:
‒ Ҳӯ бача, мард бош! Боз аз чашмони духтарам ягон қатра ашк резад ё ба пояш хоре халад, аҷалат дар дасти худам, – ва ин гапро ӯ ҳамин тавр не, ҷояш ояд, ҳатман ҳамин хел ҳам мекунад, дасташро шоф карда, ба таги гулӯяш бурд ва амали чӣ хел куштанро нишон дод. – Фаҳмидӣ?
            ‒ Фаҳмидам, - аз тарс нимғурма ҷавоб дод ва бо имои сар розӣ буданашро фаҳмонд.
            Мӯйсафед пеши ҷавонзан омада, бо оҳанги пурмеҳру дилсӯзона, ки овозаш қариб намебаромад, гуфт:
            ‒ Равед духтарам. Пешонаатонро Худо кушояд, ҳамааш нағз мешавад.
            Ҷавонзан оҳиставу бемадорона қадам ба сӯйи шавҳараш гузошт. Ҷавон ноҷунбон. Ба ӯ қариб наздик шуда буд, ки ҷавон роҳ пеш гирифт. Мӯйсафед ду чашмонашро аз онҳо намеканд.
            Ғамхор байни онҳову мӯйсафед рафтуо мекард.
            Ягон панҷоҳ қадам нарафта, ҷавонзан якбора тоб хӯрд ва тозон ба сӯйи мӯйсафед омад. Сари худро ба сари синаи мӯйсафед гузашта, бо тамоми овоз лаҷоми гиряро сар дод.
            ‒ Гиря кунед, духтарам, гиря кунед! ‒мӯйсафед бехудона сари ӯро сила мекард.    
‒ Шарм надоред. Тамоми овозатонро сар дода, гиря кунед. Дилатон холиву худатон сабук мешавед. Шумо духтари қиёматиам ҳастед. Аз ман шарм надоред, ҳар вақт хоҳед, биёед, ман рӯздармиён дар ҳамин ҷо. Агар хоҳед, ҳамроҳи шавҳаратон дар ҳавлиям ҷой медиҳам. То калон шудани Исфандиёр боз чандин харбузапаз ҳаст. Ҳавлию ҷойи маро обод мекунед. Пеши кори шавҳаратон кушода шавад, шумо ҳам соҳиби хонаву ҷой мешавед, рӯйи фарзандро мебинед. Марг чӣ қадаре, ки мушкил набошад, зиндагӣ аз он ҳам мушкилтар аст! Чӣ илоҷ, духтарам? Одамизод бояд ба ҳамааш тоқат кунад. Гап ҳамин, ‒ аз ларзидаву такон хӯрда гиря кардани ҷавонзан баъзан мӯйсафед мувозинаташро гум мекард.
Баъде, ки ҷӯши гиряву нолаи ҷавонзан каме суст шуда, ба ҳиқ-ҳиқ даромад, мӯйсафед оҳиста ӯро аз худ дур сохта гуфт:
‒ Шуд акнун, духтарам, равед. Худо хоҳад, ҳамааш нағз мешавад, - ва рӯйи ҷавонзанро оҳиста ба сӯйи шавҳараш гардонд. – Ғамхор то назди кӯпрук шуморо гусел мекунад. «Шуд акнун, рав!» гӯед, худаш гашта меояд.
Ҷавонзан ба сӯйи шавҳараш рафт. Шавҳараш ҳам ба роҳ даромад. Шавҳараш пеш-пешу ҷавонзан аз пасаш қадам мезад. Хеле баъд онҳо бо ҳам баробар, сонӣ паҳлӯ ба паҳлӯ шуданд.
Дар назди кӯпрук Ғамхор дар ҷояш истод ва бо ду пойи пеш рост истода, як–ду аккос зад ва чашмонашро аз онҳо намеканд.
‒ Шукр ба даргоҳат, эй Парвардигор! Гуноҳи ин бандаи осиятрро бахш. Ба онҳо кушоиши кору зиндагониашонро деҳ. Ҳама аз даргоҳат умедворанд. Ҳеҷ касро ноумед нагардон…

6‒14 ‒ уми ноябри соли 2008,
20 ‒ 31 декабри соли 2013.
Таҳрири 25,05,2014.      

2 комментария:

  1. Kissaro khondam khele khub u ommafahm baromadaast.hayoti deha pesh I nazaram jivagar gash VA man khudi ba deha rafts omadagi brain dhudam.dacti Navicat da bakhtyor dardro Nabinad.

    ОтветитьУдалить
  2. Kissaro khondam khele khub u ommafahm baromadaast.hayoti deha pesh I nazaram jivagar gash VA man khudi ba deha rafts omadagi brain dhudam.dacti Navicat da bakhtyor dardro Nabinad.

    ОтветитьУдалить