пятница, 27 марта 2015 г.

ҲУНАР – КОНИ ЗАР



            Буд набуд як Малахаки сиёҳ буд. Вай тӯю сурро дӯст медошт. Чунки дар ин хел рӯзҳо ҳама шодиву хурсандӣ мекунанд. Ҳофизон бо  савту суруд тӯйҳоро тафсонда, бо мардум завқу хушҳолӣ мебахшанд. Барои суруду мусиқӣ бошад, карнаю сурнай, доираву думбак ва ғиҷҷаку рубоб зарур аст. Малахак мехост, ки ҳамин хел асбобҳо созад ва ҳама навохта, хурсандӣ кунанд. Аҳдаш, ки қатъӣ буд, вай ба сохтани асбобҳои мусиқӣ сар кард. Вале сохтани онҳо кори осон набуд. Дар он гирду атроф ягон устои ин соҳа набуд, ки аз вай ёд гирад. Бинобар ҳамин, аз рӯйи донишу тасаввуроти худ қуттичаи доирашаклеро ёфта, аз он доира месохт. Аз ҳар ҷойи қамиши лаби дарё сӯрох карда, ҳамчун най менавохт. Бо чӯбаке ду тор баста, ба рӯйи торҳо нохун мезад. Чӣ қадаре кӯшиш накунад, овози асбобҳои сохтааш табъи дилаш намешуданд. Малахаки сиёҳи санъатдӯст онҳоро вайрон карда, аз сари нав ба сохтан медаромад.

            Ҳар рӯз аз пагоҳ то бегоҳ кору бори ӯ ҳамин буд. Падараш ин ҷунбуҷӯлҳои беохири ӯро дида, сарзанишомез мегуфт:
            − Аз ин хел бозӣ чӣ фоида? Коре кун, ки фоида дошта бошад. Ана, ҳо вай писараки ҳамсояро бин. Вай ба корҳои хонаашон ёрӣ мерасонад. Ҳамроҳи падаур модараш дону мағз кашонда, барои зимистон захира мекунад. Ту бошӣ, рӯзи дароз бо диринг – диринг машғул.
            Малахаки сиёҳи санъатдӯст бо сари хам гапҳои падарашро мешуниду боз бо кори худ машғул мегашт. Сарзанишҳои падараш торафт зиёд мешуданд. Аз ин гуна гапҳои падараш як рӯз сахт зиқ шуда, ба назди ҳамон Малахаки дастиёр рафта, пурсид:
            − Падарам доимо туро намунаи ибрат нишон медиҳанд. Ба корҳои падару модараш ёрӣ расонда, рисқу рӯзии зимистонаашонро мекашонанд мегӯянд. Ҳамин гапҳо рост аст?
            − Рост, − каме ғамгинона ҷавоб дод Малахаки дастиёр. – Ман ҳамин қадар кор кунам, ҳамроҳи падарам дону реза кашонам, ки онҳо ҳам маро сарзаниш мекунанд.
            − Чаро? –ҳайрон шуд Малахаки сиёҳи санъатдӯст.
            − Чиркинхӯҷа мегӯянд. Охир кас даруни хоку лой кор кунад, албатта дасту пой ва либосҳояш чиркин мешавад–дия. Вале падарам писараки ҳамсояро таъриф мекунанд. Вайро писараки тозаву озода мегӯянд. Дар либосаш гарду чангеро намебинед мегӯянд.
            Малахаки сиёҳи санъатдӯст бо ӯ хайрухуш карда, ба назди Малахаки озода рафт.
            − Туро ҳамсоя ба писарашон намунаи ибрат нишон медодаанд, ки ҳамеша тозаву озода мегаштаӣ? Ту дар ҳақиқат ҳамин хел? ‒ пурсид аз ӯ Малахаки сиёҳи санъатдӯст.
            Малахаки озода, ки дар ҳақиқат бо либоси рангинаш хеле тозаву озода буд ва дар сару танаш ягон гарду чанге ба чашм наменамуд, бо сари хам гуфт:
            − Ин рост аст. Ман ҳамеша тозаву озода мегардам. Вале падару модарам дар назди ман писари ҳо, ана он ҳамсояро мисол меоранд. Мегӯянд, ки вай бачаи баодоб аст, хурдсолонро эҳтиром мекунад, калонсолонро бинад, боадабона даст пеши бар гирифта, салом медиҳад…
            Малахаки сиёҳи санъатдӯст бо ӯ ҳам видоъ карда, роҳи хонаи Малахаки боодабро пеш гирифт. Малахаки боодоб ӯро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, боадабона салом дод ва гарму ҷӯшон аҳволпурсӣ кард. Малахаки сиёҳи санъатдӯст мақсади омаданашро гуфт. Вале ба Малахаки боодоб ҳам, падару модараш малахаки дигареро намунаи ибрат нишон медодаанд.
            − Падару модарам ба ман доимо писараки ҳамсояро таъриф мекунанд. Мегӯянд, ки вай бачаи гапдаро аст. Ягон коре фармоянд, «не» намегӯяд.
            Малахаки сиёҳи санъатдӯст аз пеши ӯ баромада, ба хонаи Малахаки гапдаро рафт. Малахаки гапдаро, ки чаққону ба ҳар кор ҳозир буд, гуфт, ки ба ӯ бачаи ҳамсояро мисол нишон медиҳанд, ки бо укаҳояш бозӣ мекунад, ба онҳо ғамхор аст.
            Ба Малахаки ғамхору меҳрубон падару модараш малахаки дигареро мисол меовардаанд. Ба вай падару модараш боз дигареро. Малахаки сиёҳи санъатдӯст як – як ба назди онҳо рафта, пурсид. Ниҳоят як малахак гуфт:
            − Падару модари ман дар байни ду гап аз ту дарси ибрат омӯхтанамро ба забон меоранд. Онҳо мегӯянд, ки ту ниҳоят Малахаки қавиирода ҳастӣ, аз пагоҳ то бегоҳ ба сохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мешавад, бо чунин ҷидду ҷаҳд ҳатман як рӯз не, як рӯз ба мақсад мерасад, устои нодир мешавад. Ҳунар бошад, кони зар аст!
            Инро шунида, Малахаки сиёҳи санъатдӯст мамнун ба сӯйи хонаашон баргашт. Раҳораҳ ба моҳияти сарзанишҳои падару модарон сарфаҳм рафт: ҳама мехостаанд, ки фарзандонашон нағз шаванд!

Комментариев нет:

Отправить комментарий